Хотирае бисёр шуниданӣ дар бораи Умаршоҳ Давлатов

Ба муносибати Ҳафтаи Умаршоҳ Давлатов

Маҳмадӣ Тешаев, аз дӯстони бисёр наздики Умаршоҳ Давлатов ва раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар яке аз кишварҳои урупоӣ ба унвони паноҳанда зиндагӣ мекунад, хотираи бисёр аҷибе аз зиндонии сиёсӣ, Умаршоҳ Давлатов нақл кард. Вай гуфт:

“Дар бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳар ҳафта дар рӯзи душанбе ҷаласаи ҳафтина мегузарондем. Рӯзи душанбе буд. Хабари даргузашти амакбачаи бародар Умаршоҳро шунида, бо ҷамъи масъулони бахши ноҳия фотеҳахонӣ рафтем. Марҳум дар ҳамсоягии бародар Умаршоҳ зиндагӣ мекард.

Ба бародар Умаршоҳ гуфтем: “Имрӯз мусибат доред, ҷаласаро ба ҳафтаи дигар монем?”

Дар ҷавоб гуфт: “Шумо қароргоҳ равед, ҷаласаро мегузаронем.”

Маҳмадӣ Тешаев, раиси собиқи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Мо рафтем. Умаршоҳ баъди чанд лаҳза ба қароргоҳ расид. Мо гуфтем: “Чаро омадед? Имрӯз мусибат доштед.”

Дар ҷавоб гуфт: “Бо будани ман, майит зинда намешуд, кори муҳим ин ҷаласа аст.”

Баъд аз ҷаласа ба намози ҷаноза рафтем.”

#Ҳафтаи_Умаршоҳ_Давлатов

#Озодӣ_ба_Умаршоҳ_Давлатов

#Свободу_Умаршоху_Давлатову

#Free_Umarsho_Davlatov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: