Андар “хоҷагони хориҷӣ”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин ҳафтаро барои ду фаъоли шаҳрвандӣ, Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқаш, Холбаш Холбашев, ки ахиран дар пайи ҳодисаҳои Бадахшон боздошт шуданд, ихтисос додааст. Барои ошноӣ бо шарҳи ҳоли ин ду фаъоли маданӣ, азизон лутфан шарҳи ҳоли онҳоро мутолеа кунанд. Ва аммо мавзӯе, ки дар ин ёддошт мавриди баҳси мост, ба ин муносибат берабт нест.

Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз пеш яъне дар 18 июни соли ҷорӣ, дар сӯҳбат бо фаъолони вилояти Хатлон, ба ҳодисаҳои ғамангези ахир дар Бадахшон ишора кард ва бо эътироф ба ин ки шахсан дастури куштан ва ба қавли худаш, “безарар” кардани роҳбарони ин минтақаро додааст, ин ҷиноятро мисли ҳамеша ба гардани Ҳизби наҳзати исломӣ андохт ва гуфт: “Вақте ки корҳои охирон карданд, мо маълумот доштем, инҳоро лаҷомашонро хоҷаҳои хориҷӣ ба даст гирифтанд. Дар як муддати кӯтоҳ 26 миллион сомонӣ маблағгузориашон карданд. 26 миллион! Ҳамин гурӯҳҳо! Ва роҳбариашон мекарданд аз хориҷа. Ҳамон ҳизби террористии наҳзати ислом! Ва хоҷагонаш. Ҳамон! Ҳадаф, мақсад – табаддулот кардан!

Ба ҳамин муносибат, лозим дидам, дар бораи “хоҷагони хориҷӣ”, ки Эмомалӣ Раҳмон 30 сол аст аз он мегӯяд ва ҳар ғалат ва иштибоҳе, ки анҷом медиҳад, ба гардани ҲНИТ – ки гӯӣ ба дастури “хоҷагони хориҷӣ”-аш муртакиб шудааст – бор мекунад ва ба табаъи ӯ навкаронаш низ мисли тӯтӣ такрораш мекунанд, сӯҳбат кунам.

Мехоҳем бибинем, ин “хоҷагони хориҷӣ” – ки ҳамеша аз ӯ мегӯянд, вале ҳаргиз вуҷудаш ламс нашуд – чӣ касе аст ва аслан, вуҷуди хориҷӣ дорад?

Ҳол, манзури худро дар чанд нукта баён медорам:

1) Бар фарз агар бипазирем (бар фарзи маҳол), ки дар пушти моҷарои ахири Бадахшон ва пеш аз он, соири ҳодисаҳои мушобеҳ, ки дар 30 соли ахир дар Тоҷикистон воқеъ шудаанд, ҲНИТ меистода ва ин ҳизб гӯӣ “хоҷагони хориҷӣ” дорад ва ба дастури онҳо муртакиби ин аъмол мешавад, дар ин сурат, ин “хоҷагони хориҷӣ” чӣ касе ва чӣ ҷиҳате метавонад бошад? Билохира, “миррихиҳо”, ки нестанд, агар ҳастанд, аз ҳамин кураи замин ҳастанд ва барои касе, лоақал барои коршиносон ва огоҳони умур, пинҳон намемонанд. Хуб, бибинем, ин “хоҷаи хориҷӣ” чӣ касе метавонад бошад?

а) Эҳтимоли аввал ин аст, ки ҳомии ҲНИТ ва пуштибонаш, Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад, бахусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳар вақт мақомоти Тоҷикистон аз ҲНИТ ва “хоҷаи хориҷӣ”-и он ёд мекунанд, билофосила ҶИЭ ба зеҳнҳо табодур мекунад.

Ин эҳтимол ворид нест. Ба ду далел. Далели аввал ин ки: воқеиятҳо мегӯянд ва таҷриба низ онро собит кардааст, ки ҳар гурӯҳ ва ҳизбе дар дунё, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ӯ пуштибонии низомӣ кунад, то охир ва дар ҳар шароит ва то пирӯз шудан аз он гурӯҳ ҳимоят мекунад, ҳатто дар сахттарин шароит. Ва аланӣ ва ошкоро ҳам ҳимоят мекунад, на ин ки аз касе пинҳонаш кунад. Чунон ки ин воқеиятро дар мисоли Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ҷиҳоди Исломӣ ва Ҳамоси Фаластин, Ансоруллоҳи Яман, Ҳашдушшаъбии Ироқ ва давлати Сурия мушоҳида мекунем.

Бинобар ин, агар ин фарзро бипазирем (ки албатта, сиҳҳат надорад, ҳоло фарз кунем), ки дар пушти моҷарои ахир дар Бадахшон ва қабл аз он дар моҷарои шаҳид женерол Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, ҲНИТ меистода ва пуштибон ва ҳомиаш ва ба қавли Раҳмон, “хоҷаи хориҷӣ”-аш Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст, дар ин сурат, баъид аст – ва аслан маҳол аст – ки ҶИЭ ҲНИТ-ро дар нимаи роҳ ва бе он ки ин ҳизб ба ҳадафаш бирасад, ки бино бар иддаои Раҳмон, кудато (табаддулоти давлатӣ) будааст, раҳо кунад. Ин маҳол аст. Таҷриба нишон додааст, ки ҶИЭ ҳаргиз ва абадан ҳампаймонҳои худро дар нимаи роҳ тарк накарда.

Далели дигар он аст, ки: ин чӣ “хоҷаи хориҷӣ” будааст, ки дар авҷи моҷаро, аз Эмомалӣ Раҳмон даъват мекунад ва аз ӯ истиқболи бисёр гарм менамояд?! “Хоҷае”, ки ба дунболи сарнагунии Раҳмон аст. Ин чӣ “хоҷаи” аҷибу ғариб?! Бахусус бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Раҳмонро дар сафари ахираш ба ҶИЭ, раҳбари ин кишвар шахсан пазируфт. Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳар касеро, бахусус агар бо ӯ сари душманӣ дошта бошад, намепазирад. Ӯ таъоруф надорад. Ин дуруст мисли онро мемонад, ки бигӯем, Абдураббуҳ Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури худхондаи Яман, ба ҶИЭ сафар карда ва Оятуллоҳ Хоманаӣ аз вай шахсан истиқбол намуда.

Бале, дуруст аст, ки ҶИЭ аз ҲНИТ дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон ҳимоят мекард, зеро ҳимоят аз ҲНИТ, хости ин ё он кобина (Рафсанҷонӣ ё Хотамӣ) дар Эрон набуд, балки дар Қонуни асосии ин кишвар омадааст, ки низоми он қонунан муваззаф аст, аз ҳар гурӯҳи исломӣ дар ҷаҳон ҳимоят ба амал оварад.

Аммо чӣ ҳимояте? Оё лузуман низомӣ? На! Балки бино бар он чи аз сиёсатҳои ин кишвар равшан аст ва мақомоташ тасреҳ ҳам мекунанд ва ибое аз гуфтани он надоранд, онҳо фақат аз “меҳвари” ба қавли онҳо “муқовимат” дар баробари режими “Исроил” ва Омрико ҳимояти низомӣ мекунанд, мисли Ҷиҳоди Исломӣ ва Ҳамос дар Фаластин, Ансоруллоҳ дар Яман ва ғайра. Аммо аз соири аҳзоб ва гурӯҳҳои исломӣ, маъмулан ҳимояти сиёсӣ ва аҳёнан молӣ мекунанд, на низомӣ.

Ва ин, илова бар он аст, ки дар чанд соли ахир ин кишвар на танҳо аз ҲНИТ ҳимоят накарда, ки баръакс рӯи фаъолони ин ҳизб фишорҳое ҳам ворид кардааст, масалан, чанд сол пеш рӯи шуморе аз фаъолони ҲНИТ, ки дар ҶИЭ зиндагӣ мекарданд, фишор овард ва онҳо маҷбур ба тарки ин кишвар ва муҳоҷират ба кишварҳои урупоӣ шуданд.

Сукуташ дар баробари қонуншиканиҳои Раҳмон ва аз нақзаш муҳтавои Созишномаи сулҳро, ҷойи худ, ба ҳадде, ки ПМТ – ки меросбари ИНОТ дар Тоҷикистон аст ва як тарафи ин сулҳ ба шумор меравад – ба мақомоти ин кишвар ба унвони зомин ва кафили созишномаи сулҳи Тоҷикистон, нома навишта ва аз сукути онҳо шикоят кардааст.

б) Эҳтимоли дуввум ин аст, ки ҳомӣ ва пуштибони ҲНИТ ва ба қавли Раҳмон, “хоҷаи хориҷӣ”-аш дар моҷарои ахир, Урупо ва дурусттараш, чанд кишвари урупоӣ ҳамроҳ бо Омрико бошанд. Ин эҳтимол низ ворид нест ва ба дур аст.

Зеро аз сиёсатҳое, ки Омрико ва кишварҳои урупоӣ дар қиболи Тоҷикистон дар чанд соли ахир пеш гирифтаанд, баръало дида мешавад, ки онҳо дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки чандон аҳаммияте барояшон надорад, агар ҳимояте аз ҷиҳате кунанд, тарҷеҳ медиҳанд, ки аз режимҳое мисли режими Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят кунанд. Барои онҳо вуҷуди режимҳое мисли режими Эмомалӣ Раҳмон, ки ба зоҳир “секулор” аст, аз вуҷуди мисли ҲНИТ дар сари қудрат дар ин кишварҳо, арҷаҳият дорад. Барои як таҳлилгар ва коршиноси зубда ва хибра, ки аз муъодилоти ҷаҳонӣ огоҳ аст, ин нукта равшан аст.

Аммо ин ки фаъолон ва раҳбарони ҲНИТ дар ҳоли ҳозир дар ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд ва барои онҳо паноҳандагӣ дода шудааст ва онҳо дар ҳаракот ва фаъолияти худ озоданд, ин масъала ҳаргиз ба маънои ҳимоят ва пуштибонии ҳамаҷонибаи ин кишварҳо аз ҲНИТ нест. Зеро сиёсати ин кишварҳо ҳамин аст. На танҳо ҲНИТ, балки ҳар гурӯҳ ва аз ҳар кишваре, ки таҳти таъқиби ҳукуматаш бошад, Урупо ва Омрико ба онҳо паноҳандагӣ медиҳад. Ин, аз усули сиёсати ин кишварҳост ва рабте ҳам ба ин надорад, ки дар раъси қудрат чӣ ҳизб ва бо чӣ гароише қарор гирифтааст.

в) Эҳтимоли севвум ин аст, ки ҳомии ҲНИТ дар моҷарои ахир дар Бадахшонро Русия бидонем. Ин эҳтимол на танҳо ворид нест, балки акси он содиқ аст. Яъне ҳукумати кунунии Русия ошкоро аз Раҳмон ва қонуншиканиҳои вай ҳимоят кардааст. Ва ҳатто дар моҷарои ахир, ки таваққӯъ мерафт, Русия аз бадахшониҳо лоақал ба забон ва расонаӣ ҳимоят кунад – ки таърихан чунин будааст – накард. Ва ин, мояи таъаҷҷуби бисёре аз огоҳон ба умур буд.

Бинобар ин, ин кишварро на танҳо “хоҷаи хориҷӣ”-и ҲНИТ пиндоштан ба дур аз тасаввур аст, балки баръакс, наздик ба воқеият хоҳад буд агар бигӯем, мақомоти ин кишвар “хоҷаи хориҷӣ”-и Эмомалӣ Раҳмонанд.

г) Эҳтимоли чаҳорум ва ахир он аст, ки “хоҷаи хориҷӣ”-и мафрузро кишварҳои арабӣ ва ё лоақал баъзе аз кишварҳои арабӣ ва Туркия бидонем. Ин эҳтимол на танҳо баъид ва ба дур аз зеҳн аст, балки ҳатто мақомоти Тоҷикистон низ ҳаргиз ин кишварҳоро ба унвони “хоҷаи хориҷӣ”-и ҲНИТ надонистаанд. Барои онҳо ҳолати идеол он аст, ки дар раъси қудрат дар кишваре мисли Тоҷикистон, амсоли Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷинси худашон аст, қарор дошта бошад.

Хуб, ин буд чаҳор эҳтимол дар бораи вуҷуди “хоҷаи хориҷӣ”, ки барои ҲНИТ фарз мешавад. Метавон гуфт, ин тақсимбандӣ шабеҳи як ҳасри ақлӣ аст, ки эҳтимоли дигаре надорад, магар он ки гумон кунем, “хоҷаи хориҷӣ”-е, ки Эмомалӣ Раҳмон ва дунболаравонаш аз он мегӯянд, аз “Миррих” буда ва аҳаде ба ғайр аз Раҳмону навкаронаш аз вуҷуди ӯ огоҳ набошад.

2) Бино бар он чи дар боло арз шуд, метавон гуфт, ин иддаое, ки Эмомалӣ Раҳмон ва дунболаравонаш мекунанд ва 30 сол аст гӯшҳо аз он пур шудааст, мабнӣ бар ин ки ҳар балое, ки дар Тоҷикистон рух медиҳад, гӯӣ ҲНИТ пушти он буда ва ба дастури “хоҷагони хориҷӣ”-аш муртакиб мешавад, як иддаои пуч ва беасос аст, ба гунае, ки ҳатто худи Раҳмон низ нек медонад, ки ин ҳарфҳо пуч ва дурӯғ ҳастанд.

Хуб, пас, чаро чунин иддаое мекунад? Посухаш он аст, ки ӯ мепиндорад – ки ҳатман мушовироне дорад, ки ёдаш медиҳанд – ки тасвири як душмани хаёлӣ, ҳамеша ба нафъи ӯст, то битавонад ҳар айберо ба сари ӯ бор кунад ва бигӯяд, ин айби ман нест, балки айби он “душман” ва “хоҷаи хориҷӣ”-и ӯст.

Яке аз усули сиёсати мокиёвеллистӣ ҳамин аст, ки шумо як душман ба тасвир кашед, ҳарчанд хаёлӣ, ва мудом айбҳо ва нуқсонҳои худро ба сари ӯ бор кунед ва хештанро софу пок нишон бидиҳед.

Мутаассифона, ҷомеа ва ҳатто баъзе нухбаҳои тоҷик гӯли ин ҳарфҳоро мехӯранд ва боварашон шудааст, ки ҳар бало ва мусибате, ки гиребонгири ин кишвар мешавад, айб дар он, мутаваҷҷеҳи ҲНИТ ва “хоҷаи хориҷӣ”-и ӯст.

3) Албатта, аз як назар, ҳам метавон барои Эмомалӣ Раҳмон “хоҷаи хориҷӣ” фарз кард ва ҳам барои ҲНИТ. Чӣ хел? Ҳоло арз мекунам.

Ҳамин ду рӯз пеш дар як сӯҳбати телефонӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ – ки инсофан одами вориде аст – аз чароӣ ва иллати ҳуҷуми Раҳмон ба Бадахшон пурсидам, зеро Бадахшон ва вуҷуди раҳбарони ба истилоҳ, “ғайрирасмӣ” дар он, чандон таҳдиде барои Раҳмон ва қудрати ӯ маҳсуб намешуд, ки ӯ даст ба кор шавад ва ба фикри ҳазфи онҳо барояд. Онҳо ҳаргиз нагуфтаанд ва намегуфтанд, ки мехоҳанд, Раҳмонро сарнагун кунанд. Оромӣ ва субот ва назм дар ин минтақа низ, дар воқеъ марҳуни вуҷуди он раҳбарон буд. Раҳмон ба ҷойи ҳазфи онҳо, метавонист аз вуҷуди онҳо барои мустаҳкам кардани қудрати худ баҳра гирад. Аммо ба онҷо ҳамла кард ва ин ҳама кушту кушторро роҳ андохт, ки асари он ҳоло-ҳоло аз байн намеравад ва ӯ бо ин кораш як кина ва адовати хоссеро дар дили фарзандони ин минтақа кошт, ки ба ин зудиҳо фаромӯш намешавад. Масъалае, ки дуруст ба зарари Раҳмон поён ёфт, на ба судаш.

Таҳлили Кабирӣ ин аст – ва дуруст ҳам ба назар мерасад – ки Эмомалӣ Раҳмон гирифтори як навъ таваҳҳумзадагӣ шудааст. Раҳмон ин гумонро дорад — мисли ин ки ин гумон ва таваҳҳум ҳамеша гиребонгири ӯст ва хобаш намебарад – ки ҳаминак дастҳое ӯро аз қудрат сарнагун мекунанд ва ӯ аз ҳама чиз маҳрум мешавад ва аз ин рӯ бояд даст ба кор шуд ва ҳар “душмане”-ро, ки гумон меравад, ки ана ҳамин ҳозир ӯро аз сари қудрат мегиранд, бояд аз сари роҳ бардошт.

Бинобар ин, метавон ҳам барои Эмомалӣ Раҳмон як “хоҷаи хориҷӣ” қоил шуд ва ҳам барои ҲНИТ. “Хоҷаи хориҷӣ”-и Раҳмон, ки ӯ ба дастури вай даст ба кушту куштор мезанад, дар воқеъ ҳамин таваҳҳумзадагии ӯст. Ин таваҳҳум ва гумони ӯ – ки ӯро ҳаминак аз қудрат мегиранд ва ӯ ва авлодаш аз ҳама чиз маҳрум мешаванд – водораш мекунад, ҳамаи “душман”-ҳои эҳтимолӣ ва хаёлиро аз сари роҳ бардорад.

4) Ва аммо “хоҷаи хориҷӣ”-е, ки барои ҲНИТ фарз мешавад, дар воқеъ ин мардуми Тоҷикистон ҳастанд; мардуме, ки опозисиюни Тоҷикистон бо кӯмак ва дастури онҳо, ба зудӣ Раҳмони таваҳҳумзада ва маст аз қудратро аз сари роҳ мегирад. Ин як суннати Худо ва суннати таърих аст ва аз он гурезе нест.

Саломат бошед!

#Ҳафтаи_Улфатхоним_Мамадшоева_ва_Холбаш_Холбашев

#Озодӣ_ба_Улфатхоним_Мамадшоева

#Свободу_Улфатхоним_Мамадшоевой

#Озодӣ_ба_Холбаш_Холбашев

#Свободу_Холбашу_Холбашеву

#Free_Ulfathonim_Mamadshoeva

#Free_Kholbash_Kholbashev

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: