Ба муносибати Ҳафтаи Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев
Дӯстон дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ҳафтаи ҷориро барои ду нафар аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ахиран дар пайи ҳодисаҳои ғамангез дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) боздошт ва ҳанӯз сарнавишти онҳо маълум нест, ихтисос доданд: бону Улфатхоним Мамадшоева ва шавҳари собиқи ӯ, генерал Холбаш Холбашев. Бинобар ин, лозим дидем, хонандаи азизро бо ин ду нафар фаъол ошно созем.

Улфатхоним Мамадшоева кист?
Бону Улфатхоним Мамадшоева шахсияти маъруф дар Тоҷикистон аст. Ӯ назди нухбагони тоҷик бахусус дар назди рӯзноманигорон ва ҳунармандон, чеҳраи шинохтае аст. Вай 18 апрели соли 1957 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шудааст. Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон зиндагӣ мекард ва дар зодгоҳи худ, Хоруғ, маркази ВМКБ низ тараддуд дошт.
Улфатхоним Мамадшоева фориғуттаҳсили факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1974 аст.
Ахиран, пас аз боздошти ӯ, рӯзноманигор Елизавета Пестова мақолае нисбатан муфассал дар бораи ин бону, ки дар сайти Mediazona мунташир шудааст навишта ва муаррифиаш кардааст. Навиштаи ин рӯзноманигор, беҳтарин муаррифинома аз Улфатхоним Мамадшоева аст. Ҳол, пораҳое аз ин нигошта меоварем. Вай менависад:
Дар 18 май (-и соли 2022), кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) фаъоли маъруфи ҳуқуқи башар аз ВМКБ, Улфатхоним Мамадшоеваро ба иттиҳоми созмондеҳии нооромиҳои ахир дар ВМКБ, ки мақомот “террористӣ”-аш мехонанд боздошт карданд. Нооромиҳое, ки дар пайи он, ҳадди ақал 20 бадахшонӣ кушта шуданд. Мақомот иддао доранд, ки Мамадшоеваи 65-сола аланан хостори кудато (табаддулот) шудааст.
“Бонуе, ки ҳамеша порчаи сафед баланд кардааст”
Дар соли 1979 студияи “Тоҷикфилм” филми се қисматии “Нисо: аввалин субҳи ҷавонӣ”, ки бар асоси романи рӯзноманигор ва нависандаи замони Шӯравӣ, Павел Лукнитский сохта шудааст, пахш кард.

Бахши аввали ин филм, бо намое аз қуллаҳои пӯшида аз барфи Помир оғоз мешавад. Дар саҳна, зане бо либосҳои кушоди хокистарӣ ва бар сар рӯймол, дар як роҳи санглох қадам мезанад ва духтараке аз паси вай давида меояд. Зан ногоҳ меистад ва мегӯяд: “Ҳамин аст духтарам, бас аст маро гусел кардан, дав пеши холаат рав! Бо ӯ бимон! Хуб аст духтарам? Ман ба зудӣ хоҳам омад.”
Нақши ин занро бонуи зодаи Бадахшон, Улфатхоним Мамадшоева бозӣ кардааст.
Дӯсти Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигори аҳли шаҳри Душанбе, Темур Варқӣ мегӯяд, Улфатхонимро аз аввалҳои даҳаи 90-ум (-и қарни пешин) мешиносад. Онҳо дар августи соли 1991 дар яке аз тазоҳурот барои истеъфои ҳукумати вақти Тоҷикистон, ки ҳомии ГКЧП буд, ошно шуда буданд. Ин тазоҳурот тақрибан то миёнаҳои сентябри ҳамон сол идома дошт ва бо истеъфои аввалин ва охирин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Қаҳҳор Махкамов ба поён расид. Ситоди тазоҳурот як маркази матбуотӣ дошт, ки Варқӣ ҳамонҷо бо Мамадшоева ошно шудааст.
Дар тирамоҳи соли 1991, Улфатхоним дар ситоди интихоботии Давлат Худойназаров, коргардони ҳамон филме, ки Мамадшоева дар он бозӣ кардааст, фаъолият мекард. Худойназаров дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ бо шикаст рӯ ба рӯ ва дар моҳи майи соли 1992 ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон оғоз шуд.
Варқӣ мегӯяд, то соли 1997 Мамадшоева бо як радио дар Хоруғ ҳамкорӣ мекард ва сухангӯи ҷомеаи худмудофиаи Бадахшон буд. Ба гуфтаи Варқӣ, “Улфатхоним дар замони ҷанг, таниш байни ҷомеаи худмудофиаи Бадахшон ва марзбононро ҳал мекард.”
- Расман гуфта мешавад, ки ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон аз соли 1992 то 1997 идома дошт, аммо хусуматҳо қабл аз он ва баъди он низ вуҷуд доштанд.
- Дар як тарафи ҷанг “Фронти халқӣ” ҳузур дошт, ки муташаккил аз намояндагони ҳукумат ва сиёсатмадороне буд, ки аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои олӣ ҳимоят мекарданд. Ва дар тарафи дигари он, нерӯҳои опозитсияи тоҷик буданд, ки аз ҷумла шомили Ҳизб наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ, Ҷунбиши Растохез ва Ҳаракати “Лаъли Бадахшон” буд.
- Созишномаи истиқрори сулҳ дар 27 июни соли 1997 дар Маскав имзо шуд. Бар асоси омори расмии ҳукумати Тоҷикистон, беш аз 60 ҳазор нафар дар тӯли 5 соли ҷанг ҷони худро аз даст доданд.
Варқӣ мегӯяд: “Ин солҳои бисёр сахти муҳосираи Бадахшон аз сӯи режими Раҳмон буд. Дар Бадахшон қаҳтӣ шуд. Танҳо артерияи ҳаёт аз Ӯши Қирғизистон мегузашт. Кӯмакҳои башардӯстонаи Бунёд Оқохон мисли орду шакар, аз онҷо меомад.”
Баъд аз оштӣ ва поёни ҷанги дохилӣ, Мамадшоева “дар чаҳорчӯбаи идғоми нерӯҳои опозитсия дар сохторҳои давлатӣ”, шурӯъ ба хидмат дар нерӯҳои марзбонӣ намуд. Чанд сол баъд, Мамадшоева як духтар аз Холбаш Холбашев ба дунё овард ва бознишаста шуд. Ба гуфтаи Варқӣ, падари ин духтар, ки аз нерӯҳои отряди худмудофиаи Бадахшон буд, Эмомалӣ Раҳмонро аз як сӯиқасд дар даҳаи 1990 наҷот додааст.

Пас аз истеъфо, Мамадшоева ба кори рӯзноманигорӣ бозгашт. Варқӣ идома медиҳад, ки ӯ дар нашрияҳои “Азия-Плюс” ва “Аргументҳои ҳафта” (“Аргументы недели”) кор ва бо “Фарғона” (“Фергана”) ҳамкорӣ мекард.
Варқӣ Мамадшоеваро зане “боҳуш, нарм, боотифа ва бисёр таҳаммулпазир” тавсиф мекунад. Ӯ мегӯяд: “Улфатхоним ба ҳадде инсони меҳрубон, нарм ва таҳаммулпазир аст, ки ҳатто дар сахттарин рӯзҳо ва дақоиқи ҷанги 1992-1997 аз ӯ ҳеч калимаи нописанде дар бораи аҳаде ва ҳатто дар мавриди афроди вобаста ба ҳукумат шунида нашудааст. Улфатхоним табиатан одами сулҳҷӯст. Ӯ занест, ки ҳамеша порчаи сафед байни тарафайни даргир баланд мекунад ва тарафайн таслими хостаҳои ӯ мешаванд. Ба ҳамин далел, ӯ на танҳо дар ҷомеаи Бадахшон, балки дар кулли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мавриди эҳтиром ва муҳаббат аст.”
Дар соли 2014, Мамадшоева дар мулоқот бо мақомот дар Душанбе, дар рӯйхати музокиракунандагон аз сӯи помириҳо қарор дошт. Дар он замон, як тирандозӣ дар Хоруғ рух дод, ки дар пайи он, чаҳор нафар кушта шуданд ва дар шаҳр нооромӣ оғоз шуд. Дар миёни кушташудаҳо, ба сурати иттифоқӣ як раҳгузар вуҷуд дошт. Бадахшониҳо бинои милисаро ба оташ кашиданд. Мақомоти Тоҷикистон иддао карданд, ки тирандозӣ дар ҷараёни як амалиёт алайҳи қочоқчиёни маводди мухаддир оғоз шуд. Мӯътаризон хостори таҳқиқ дар бораи ин рӯйдодҳо шуданд.
Ҳамон тавр, ки “Азия-Плюс” навишта буд, Ҳизби сотсиал-демократ дар соли 2015 Мамадшоеваро ба унвони номзад дар интихоботи порлумонӣ муаррифӣ кард. Ин ҳизб дар ниҳоят аз 5 дарсад оро убур накард.
Варқӣ тавзеҳ медиҳад: “Улфат дар солҳои ахир, созмони ғайридавлатии ҳуқуқи башари “Номус ва инсоф”-ро роҳбарӣ мекард, ки худаш таъсис кардааст. Ӯ бештар ба масъалаҳои ҳуқуқ, тарбия ва омӯзиши кӯдакон ва масоили ҳуқуқи зан диққат медод. Дар ҷомеаи мо инҳо осебпазиртарини бахшҳо ҳастанд.”

Ҳама чиз дар як шаб иттифоқ афтод
Дар 14 майи соли 2022, додгоҳе дар Душанбе ҳукми муборизи маъруфи ММА аз Помир, Чоршанбе Чоршанбиевро дар парвандаи даъват ба кудато (табаддулот) дар Тоҷикистон эълон кард, ӯро барои муддати 8-уним сол ба зиндон маҳкум кард. Билофосила пас аз он, нооромӣ дар ВМКБ шурӯъ шуд. Ба гузориши расонаҳо, аз 200 то 1000 нафар аз сокинони шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ ба хиёбонҳо рехтанд.
Онҳо хоҳони истеъфои Алишер Мирзонабот, раиси вилоят ва ҳамчунин Ризо Назарзода, шаҳрдори Хоруғ ва низ бардоштани ҳамаи блогпостҳо ва поён додан ба озору шиканҷаи сокинони Бадахшон ба далоили сиёсӣ, шуданд. Онҳо бавежа хостори озодии Чоршанбиев, Амриддин Аловатшоев ва дигар ҳамватанони боздоштшуда шуданд.

Мақомоти кишвар ба шиддат вокуниш нишон доданд ва помириҳоро бо гози ашковар ва гулӯлаҳои резинӣ пароканда карданд. Ин минтақа дубора аз ҷаҳон мунзавӣ шуд, алоқаи мобилӣ ва интернет аз байн рафтанд.
Дар 17 май, дафтари Додситонии ВМКБ баёнияе содир кард, ки дар он, Улфатхоним Мамадшоеваро ба унвони созмондиҳандаи гирдиҳамоӣ дар Хоруғ ном бурданд ва гуфтанд, ки як парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ боз кардаанд. Ба гузориши ин ниҳод, шомгоҳи 16 май, раҳбари маҳаллӣ, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров тазоҳуроти ғайриқонуниеро дар Хоруғ ба дастури Мамадшоева ва Алим Шерзамонов — яке аз чеҳраҳои маъруфи опозитсияи тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунад, баргузор кардааст, то рӯи мақомот барои “тасмимгирӣ ба нафъи афроде, ки дар фаъолиятҳои ҷиноятӣ ва ғайриқонунӣ фаъолият мекунанд” таъсир гузорад.
Улфатхоним Мамадшоева пас аз ин иттҳоми Додситонии кулл, ба нашрияи “Фарғона” тавзеҳ дод, ки “ман ахиран дар Помир будам, аммо беш аз як ҳафта дар онҷо набудам ва ба Душанбе баргаштам ва ҳатто тасаввурашро ҳам намекардам, ки дар онҷо иттифоқе меафтад. Баръакс, вақте онҷо будам, мутаваҷҷеҳи коҳиши фаъолиятҳои маданӣ шуда будам. Ва сипас якшаба ҳама чиз якдафъа ранг пайдо кард. Ман фикр мекунам, ки ин иттифоқ пас аз ҳукми ноодилонаи Чоршанбе Чоршанбиев рух дод.”
Дар ҳамон рӯз, яъне дар 17 май, хабарнигорони “Радиои Озодӣ” ва “Настоящая время” ба хонаи Мамадшоева дар Душанбе омаданд, то бо ин фаъоли ҳуқуқи башарӣ сӯҳбат кунанд. Ба гуфтаи “Радиои Озодӣ”, пас аз мусоҳиба, хабарнигорон мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтанд ва тамоми васоил ва гӯшиҳои телефони ҳамроҳро бо худ бурданд. Яке аз коркунони ин расона мавриди зарбу шатм қарор гирифт ва ҳамлагар рӯзноманигорро таҳдид ба “паррондан” кард.
Дар 18 май, Вазорат корҳои дохилаи Тоҷикистон як “амалиёти зидди террористӣ”-ро алайҳи ба қавли онҳо, “аъзоёни як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ”-и тазоҳуркунандагон дар ВМКБ оғоз кард.

“Вақте қонуни ҷалб вориди бозӣ мешавад”
Улфатхоним Мамадшоеваи 65-сола билофосила пас аз шурӯъи “амалиёт” боздошт шуд. Ба гуфтаи бародараш, рӯзноманигор Марат Мамадшоев, ҳудуди соати 8 субҳ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва дафтари Додситонии кулл ин фаъоли ҳуқуқи башариро аз хонааш бурданд. Ӯ гуфт, раиси КДАМ, Саймӯмин Ятимов, мехост бо Мамадшоева сӯҳбат кунад. Хабарнигори Озодӣ гуфт: “Баъд, дар манзили писар ва духтари Улфатхоним кофтуков гузаронда шуд. Улфатхоним гуфт, ки ба суолҳои муфаттишон танҳо дар ҳузури адвокат посух медиҳад.”
Чанд рӯз баъд, дар 20 май, маълум шуд, ки нерӯҳои амниятӣ Улфатхоним Мамадшоеваро ба даъвати оммавӣ барои тағйири хушунатомези сохти конститутсионии Тоҷикистон муттаҳам мекунанд; ҳамон моддаи ҷиноие, ки Чоршанбе Чоршанбиевро ба он муттаҳам кардаанд.
Ба гузориши “Медиазона”, ин фаъоли ҳуқуқи башарӣ аз рӯзи боздошт, эҳтимолан ҳангоми бозпурсӣ ва амалиёти тафтишотӣ, дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳ дошта мешавад. Сабаби сар задани парвандаи ҷиноӣ алайҳи вай маҳз чӣ буд, маълум нест. Вакили дифоъи Мамадшоева бо истинод ба созишномаи ифшо накардан, ба “Радиои Озодӣ” аз додани тавзеҳот дар ин хусус худдорӣ кард.
Барои “Медиазона” муяссар нашуд, ки дар Фейсбуки Мамадшоева сабтҳое пайдо кунад, ки ин бону ба табаддулоти давлатӣ даъват карда бошад. Паёми охирини оммавии ӯ як иқтибос аз як хайрхоҳи омрикоӣ, Эндрю Карнегӣ аст, ки гуфтааст: “Вақте ки шумо воқеан чизе мехоҳед, қонуни ҷалб ба кор меояд.”
Паёмҳои қаблии вай марбут ба ҷустуҷӯи кӯдакони гумшуда аст, ҳамчунин иқтибосҳо ва аксҳои дигар аз наздикони Мамадшоева низ дар сафҳаи корбарии ӯ гузошта шуда. Масалан, Улфатхоним Мамадшоева дар таърихи 16 апрель дар бораи дугонааш чунин навишта буд: “Серёжа Матрохин, дӯст ва рафиқи мост. Ёдам меояд, ки дар шом афсарони марзбонӣ дар Кумитаи радио буданд ва баъд аз шаб ҳама бо ҳам — афсарони марзбонӣ ва хабарнигорони Радио ва телевизион, дар хиёбонҳои Хоруғ қадам задем ва сурудем, ки: “Фақат як лаҳза ҳаст!.. “ Замонҳои фаромӯшнашуданӣ.”

Темур Варқӣ боздошти Улфатхоним Мамадшоеваро кори дасти раиси КДАМ, Саймӯъмин Ятимов медонад
Темур Варқӣ дар ёддоште, бо таъкид бар ин ки Улфатхоним Мамадшоева “ба кори баъзе “коргардонҳо”-и ташаннуҷи вазъият дар Бадахшон; касоне, ки ба дунболи эҷоди нооромӣ дар ин минтақаи ором ҳастанд, халал мерасонд”, тасреҳ кард: “Фикр мекунам, ӯ бо соф кардани ноҳамвориҳо, аз вуқӯъи як кудато (табаддулоти низомӣ) ҷилавгирӣ мекард; кудато аз сӯи касоне, ки худро барои сарнагуни Раҳмон омода мекарданд.”
Инак, порае аз он чи Темур Варқӣ дар ёддошти худ навишта:
Улфатхоним ба ҳадде инсони меҳрубон, нарм ва таҳаммулпазир аст, ки ҳатто дар сахттарин рӯзҳо ва дақоиқи ҷанги 1992-1997 аз ӯ ҳеч калимаи нописанде дар бораи аҳаде ва ҳатто дар мавриди афроди вобаста ба ҳукумат шунида нашудааст.

Боре шоҳиди рафтори хоҳарона ва модаронаи ӯ нисбат ба сарбозони асири ҳукуматӣ будам. Ӯ ба муҷоҳидон рӯ кард ва аз онҳо хост, асиронро нороҳат накунанд ва ба онҳо даст назананд ва ғизо додан ба эшонро ҳаргиз фаромӯш накунанд. Усулан, ин бону медонад, чӣ гуна бо мухотаби худ сӯҳбат ва инсонияти ӯро мавриди хитоби хеш қарор бидиҳад, ба гунае, ки мардони ҳақиқӣ, ки аз худ хиҷолат мекашанд, наметавонанд дархости ӯро рад ё бидуни таваҷҷӯҳ раҳо кунанд.
Ҳаргиз ва ҳеч ҷо нахондаам, ки бону Улафтхоним матлабе зиддиҳукуматӣ навишта бошад. Сабки ӯ ҳамеша роҳнамоӣ ва нигариши ӯ созанда аст. Ман надида ва нашунидаам, ки ин бону касеро сарзаниш кардааст. Ҳатто дар як доираи хусусӣ.
Бинобар ин, ман ҳаргиз бовар намекунам, ӯ касеро барои сарнагунии ҳукумат хонда ва ё ба чунин чизе даъват карда бошад.
Дар Тоҷикистон, барои бисёре аз рӯзноманигорони тоҷик, як мамнӯияти нонавиштае аз иштиғол ба касбашон вуҷуд дорад. Улафтхоним солҳост, ки наметавонад ба унвони рӯзноманигор дар ҷое фаъолият ва чизе мунташир кунад. На ба ин далел, ки ӯ қодир нест, балки сирфан ба ин далел, ки мақомот аз нуфузи ӯ ва эҳтироме, ки дар ҷомеа дорад метарсанд.
Аслан, агар ӯ мехост “фарохони умумӣ” (барои сарнагунии ҳукумат) намояд, фақат метавонист аз ҳисоби корбарии худ дар Фейсбук истифода кунад. Ҳар корбари Фейсбук метавонад, ин иддаоро таъйид кунад, ки ҳеч “фарохоне” (барои сарнагунии ҳукумат) дар сафҳаи корбарии ӯ вуҷуд надорад.
Ин як суоли ҷиддист, ки мехоҳам, аз мақомот ва ҷомеа бипурсам: лутфан, “фарохони умумӣ” (барои сарнагунии ҳукумат) аз ҷониби ӯро ба мардум нишон диҳед! Мантиқан, фарохони умумӣ бояд дар дастраси умум бошад. Манбаъи аслиро ба умуми мардум нишон бидиҳед! Фарохони алании сарнагунии ҳукумат аз тарафи ӯ кай ва куҷо ва ба чӣ шакле буда, ки барои касе маълум нест ва фавқи маҳрамона монда? Чаро мардум аз ин “фарохон” огоҳ ва мутталеъ нестанд?
Посух возеҳ аст. Чунин “фарохоне” аслан вуҷуди хориҷӣ надорад. Ин иттиҳом ҷаълӣ ва сохта аст. Мақомот ва ё касоне, ки амдан касеро ин гуна муттаҳам мекунанд, ба ҳадде барои худ эҳтиром қоил нестанд, ки аланан ва ошкор ва бешармона ба як фард тӯҳмат мезананд. Раҳмон дуруст аз ҳамин ноҳия дар ҷомеа осеб дида ва мебинад.
Ман мутмаин ҳастам, Улфатхоним — ки ба оштӣ додани атроф ва соф кардани ноҳамвориҳо ва ором кардани доғтарини сарҳо машҳур аст – ба кори баъзе “коргардонҳо”-и ташаннуҷи вазъият дар Бадахшон; касоне, ки ба дунболи эҷоди нооромӣ дар ин минтақаи ором ҳастанд, халал мерасонд.
Ҳадаф аз дастгирии ӯ, рехтани бензин бар рӯи оташ аст. Ӯ зотан сулҳталаб аст. Ӯ занест, ки ҳамеша порчаи сафед байни тарафайни даргирӣ баланд карда ва тарафайн ба ҳарфи ӯ гӯш супурда ва ақиб нишастаанд. Ба ҳамин далел, ӯ на танҳо дар Бадахшон, балки дар саросари ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мавриди эҳтиром ва муҳаббат аст.

Дастгирии ӯ як силӣ (шаппотӣ) ба сурати тамоми ҷомеа аст. Фикр мекунам, ӯ бо соф кардани ноҳамвориҳо, аз вуқӯъи як кудато (табаддулоти низомӣ) ҷилавгирӣ мекард; кудато аз сӯи касоне, ки худро барои сарнагуни Раҳмон омода мекарданд.
Имрӯз тамоми қудрати воқеии низомӣ дар Тоҷикистон, дар дастони Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) аст. Ҳеч кас қодир нест, монеъи ӯ шавад. Худаш дар ҷомеа ҳарҷу марҷ роҳ меандозад ва контролаш мекунад. Бале, худи Ятимов ҳарҷу марҷи контролшуда эҷод ва Раҳмонро метарсонад ва боҷ мегирад ва аз ин тариқ ниёзи Раҳмон ба ӯро нишон медиҳад. Қудрати худи Раҳмон ҳар рӯз рӯ ба заъф меоварад ва аз дасташ меравад. Барои Ятимов, то расидан ба қудрати мутлақ дар Тоҷикистон, беш як қадам намонда.
Ҳоло биёед фикр кунем: чӣ касе аз кулли ин бӯҳрон суд мебарад? Чӣ касе аз берун кашидани моҷарои ғуборолуди додситон Абирзода ва тирандозӣ ба Гулбиддин Зиёбекови бесилоҳ – моҷарое, ки Бадахшонро барангехт ва ба як бӯҳрон мунҷар шуд — суд мебарад?
Барои ором кардани авзоъ дар Бадахшон, кофӣ буд фақат як таҳқиқоти шаффоф баргузор ва масъулоне, ки сабабгори шаҳодати Гулбиддин Зиёбеков гардиданд, муҷозот шаванд. Фақат ҳусни ният ва ҳокимияти қонун кофӣ буд. Ҳеч чизи дигар! Аммо чаро ин иттифоқ намеафтад?
Оё намебинед, ки як бозии бисёр касиф дар ҳоли вуқӯъ аст? Ба маҳзи ин ки авзоъ ором мешавад, аз “боло” (рӯяш бензин рехта шуда ва) доғ мегардад. Баъд аз моҷарои Гулбиддин, Амриддин (аз Русия) рабуда мешавад, сипас Чоршанбе. “Коргардон”-и пушти саҳна, ки гӯшҳояш фақат барои нобиноён дида намешавад, мебинад, ки оташ шӯълавар намешавад. Ӯ барои мунфаҷир кардани авзоъ дар Бадахшон ва кишвар, гӯӣ ба шӯълавар гардидани бештаре ниёз дорад.
Дар пасзаминаи сӯзони Укройн ва дурнамои бисёр торики он ва дар канори он, вазъияти печида дар Афғонистон, чӣ касе имрӯз ба эҷоди бӯҳрон дар Бадахшон алоқаманд аст? Чӣ касе ҳар аз гоҳе бензин рӯи оташ мерезад ва мунтазири фароҳам омадани шароит барои ба даст гирифтани қудрат дар Тоҷикистон аст? Хулоса, чӣ касе дар ҳоли гирифтани моҳӣ аз оби гилолуд аст?
Ҳеч нерӯи дигаре дар Тоҷикистон, ба шумули мухолифин, аз доман задан ба хунрезӣ дар Бадахшон суд намебаранд. Опозисиюн нерӯҳои мусаллаҳе надорад, ки ба муқобила бо сохторҳои қудратӣ даст ёзанд. Ба илова, қудрати Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш дар пасзаминаи бӯҳрони иқтисодӣ, афзоиши фоҷеабори қиматҳо ва фақр, ба суръат дар ҳоли коҳиш аст.
Дар авҷи ҳамагирӣ (пандемия)-и Ковид-19, бо пешниҳоди сардори ситоди давлатии мубориза бо пандемия таъйин шудани Саймӯъмин Ятимов, аллакай як баллони озмоишӣ партоб шуда буд.
Ба назар мерасад, имрӯз кор ба самте пеш меравад, ки оташ ба соири нуқоти кишвар низ сироят хоҳад кард. Сипас пешниҳоди эҷоди як ситоди зиддибӯҳрон, ки вазъияти фавқулъода эълом мекунад, ироа мешавад. Нерӯҳои низомӣ ба хиёбонҳо хоҳанд омад. Мавзӯъ пас аз он, дигар техникӣ аст.
Дар Тоҷикистон, ба ҷои як диктотурӣ, як хунтаи низомӣ ҳукмронӣ хоҳад кард, ки иқтисод ва кишварро ба фурӯпошии комил ва ба тақсим мебарад. Фикр мекунед, дар ин сурат оё касе ҳозир аст барои дифоъ аз марзҳои кишвари дар ҳоли тақсим биравад? Магар дар Исфара генерал-қаҳрамони помирӣ, Холбаш Холбашовро дастгир накардаанд?
Қудрат дар кишвари дар ҳоли суқутро фақат як чекист тасоҳуб ва аз худ мекунад. Додситонии кулл (Прокуратураи генералӣ) ва Вазорати умури дохила фақат абзори дасти ӯст.
Бале, фақат бону Улфатхоним Мамадшоева, ин ҳофизи сулҳ буд, ки монеъи сари роҳи он чекист буд.
Оё шумо мӯътақидед, ки Улфатхоним Мамадшоева як ифротӣ ва терурист аст?
Бовар кунед, дар зарари бештар расондан ба Раҳмон ва паст задани нуфузи ӯ ва пойин овардани эътибораш на танҳо дар Бадахшон, балки дар Душанбе, беҳтар аз ин коре, ки Ятимов дар ҳоли анҷоми он аст, вуҷуд надорад.
Ҳоло, қудрати Раҳмон ба дарак, аммо вазъият хеле хатарноктар аз он аст. Ҳатто тасаввури он душвор аст, чун ин хатар суботу якпорчагии Тоҷикистонро таҳдид мекунад.
Фақат ин нукта мондааст бифаҳмем, ки оё ин кор як дебилизм аст ё хиёнат ба Ватан, ваҳдати миллӣ, ҷудонопазирӣ ва тамомияти арзии он?”

Генерал Холбаш Холбашев кист?
Дар таърихи 20 феврали соли 2013, Эмомалӣ Раҳмон аз шуморе аз мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири хидматҳое, ки барои кишвар намудаанд, қадрдонӣ кард. Аз ҷумла, аз Холбаш Холбашев. Бино бар гузорише дар ҳамин таърих дар сайти Prezident.tj, дар ин рӯз Сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Холбаш Холбашев, ба дасти Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи генерал-майор сарфароз гардонда шуд.

Холбашев Холбаш Мамадназарович 23 апрели соли 1965 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Ӯ дорои маълумоти олӣ мебошад. Холбашев то соли 1992 дар мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ кор карда. Аз тобистони соли 1994 дар Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ машғул ба кор шудааст. Муддате Сардори комендатураи “Рӯшон” буд. Аз декабри соли 2001 муовини фармондеҳи Гурӯҳи сарҳадии оперативӣ ва ҳамзамон Сардори ситод буд. Холбашев то замони боздошташ, дар вилояти Суғд машғули вазифа ва аз марзҳои Тоҷикистон муҳофизат мекард.
Бале, генерал-майор Холбаш Холбашев аз марзҳои Тоҷикистон муҳофизат мекард ва дар Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ машғул ба хидмат буд. Дар бораи қаҳрамониҳои ӯ бахусус дар марз бо Қирғизистон ва дар ҷиҳати муҳофизат аз миҳан, бисёр гуфтаанд.

Наҷоти Раҳмон тавассути Холбашев аз як сӯиқасд
Хидматҳои Холбаш Холбашев дар марзҳои кишварамон, тамоми достон дар бораи қаҳрамониҳои ин мард нест. Достони наҷот додани ӯ Раҳмонро аз як сӯиқасд, бисёр шуниданист. Лозим ба ёдоварист, дар робита бо сӯиқасд ба ҷони Эмомалӣ Раҳмон, он чи маъруф аст ва бисёр ба забонҳо оварда мешавад ин аст, ки дар апрели соли 1997 ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд, талоши сӯқасд ба ҷони ӯ сурат гирифт ва генерал Ёқуб Салимов, раиси вақти Кумитаи гумруки ҶТ, ҷони худро сипар намуд ва Раҳмонро аз ин сӯиқасд наҷот дод. Вале ин нахустин талош барои сӯиқасд ба Раҳмон набуд.
Бар асоси гузорише дар сайти Бомдод (дар таърихи 19.05.2022), номи Холбаш Холбашев “вақте вирди забонҳо шуд, ки ӯ аз як сӯиқасди мусаллаҳона ба ҷони президент Эмомалӣ Раҳмон ҷилавгирӣ кард ва нагузошт, ки силоҳбадастони як гурӯҳи дигари мухолифин Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо нахустин сафари корӣ ба Бадахшон омада буд, бикушанд.”
Шаҳрзоди Амин дар мақолае дар нашрияи СССР (дар таърихи 07.06.2018) – нашрияи тарафдори парупоқурси режим, ки ҳамеша дидгоҳҳо ва мавозеъи ҳукуматро мунъакис мекунад – навиштааст: “То ҷое огоҳем, аввалин сӯиқасд ба президент дар соли 1996 дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон будӣ. Тавре хабарнигори мардумии СССР — Меҳриддин Замонов қаблан ёддошти худро дар СССР навишта буд, “ягон кас намедонист, ки Президент ба ноҳияи Рӯшон мебиёяд. Фақат ним соат пеш раиси ноҳия Шомансуров ба ман гуфт, ки худи Президент ба ноҳия меояд ва бо дастаи ҳофизон ба пешвози меҳмонон ба фурудгоҳ рафтем. Бояд гуфт, ки дар ҳамин вақт вазъи сиёсии ноҳия ба эътидол омада буд ва ягонтои мо гумон надоштем, ки чунин воқеаи ногувор рӯй медиҳад. Баъди 200 метри аз фурудгоҳ баромадан, пеши роҳи мошини “Волга”-ро, ки дар он президент Э.Раҳмон, Қозидавлат Қоимдодов, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва ҷонишини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон менишастанд, гурӯҳи мусаллаҳ бо гранотамету автомати АК, иборат аз 3 тан садди роҳ шуданд. Қӯмандони қисми марзӣ, Холбаш Холбашов ва раиси ноҳия Шомансуров бо Навоӣ Хушенов — садри ин гурӯҳи мусаллаҳ гуфтугӯ карда, роҳро кушоданду рост ба қисми марзӣ (собиқ бинои Кумитаи ҳизби коммунистӣ) ворид гаштем. Табъи ҳамаи мо аз ин лаҳзаҳои нохуш хира буд. Дар ин вақт дар театри халқии ноҳия мардум ҷамъ омада, интизори вохӯрӣ бо Президент буданд. Баъди воқеа аксарияти меҳмонон розӣ набуданд, ки Президент ба вохӯрӣ равад. Зеро хатари такрор шудани моҷаро аён буд…”
Воқеан аҷиб аст, ки қаҳрамонони ин марзу бум; касоне, ки мухлисона барои миҳани худ хидмат ва ҳатто ҳозир буданд, ҷони худро барои раисиҷумҳури он нисор кунанд, аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон ва давру бариҳояш аввал ба унвони “террорист” эълон ва сипас ба зиндон фиристода мешаванд. Ин воқеан аҷиб аст! Ин ду мард яъне Ёқуб Салимов ва Холбаш Холбашев намунаи боризи чунин қаҳрамонҳои Тоҷикистонанд.
Одам гоҳе дар шак меафтад, ки дар кишвари мо гӯё қасдан тоҷикони воқеиро несту нобуд ва аз сари роҳ бармедоранд. Шаҳид полковник Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров низ саргузашти мушобеҳе бо сарнавишти генерал-майор Холбаш Холбашев дорад. Шаҳид Маҳмадбоқир низ муддате аз марзу буми ин кишвар муҳофизат мекард. Дар бораи ҷоннисориҳои ӯ дар марз бо Чин шунидаед.

Боздошт ва тӯҳмат ба генерал-майор Холбаш Холбашев ва зиндонӣ кардани вай
Генерал-майор Холбаш Холбашев рӯзи 18 майи 2021 ҳангоми бозгашт аз Ворух дар Исфара дастгир шуд. Ҳамсари собиқи ӯ, Улфатхоним Мамадшоеваро субҳи 18 майи ҳамин сол дар Душанбе боздошт карданд.
Бино бар гузориши сайти Бомдод дар таърихи 19.05.2022, “Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон шоми 19 майи соли 2022 дар як изҳороти вижа гуфт, нооромиҳои ахиррро дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алим Шерзамонов, Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекарданд.”
Режими Раҳмон чизеро ба ин се миҳанпараст бофт, ки ҳатто ба хоби онҳо намеомад. Бар асоси ин гузориш, “Улфатхоним Мамадшоева рӯзи 18 май дар шаҳри Душанбе ва бино ба иттилои дарёфтии ҳанӯз расман тасдиқношуда, полковник Холбаш Холбашев, фармондеҳи собиқи як қисми марзбонӣ дар Бадахшон низ рӯзи 18 май дар ҳудуди вилояти Суғд дастгир шудаанд. Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллӣ, як эътилофи дар Тоҷикистон феълан мамнӯи нирӯҳои мухолифини тоҷик, аз соли 2017 дар Полша ба сар мебарад.”
Ва ин дар ҳолест, ки бар асоси ҳамин гузориш, “ба фарқ аз дигар фармондеҳони собиқи мухолифин аз Бадахшон, Холбаш Холбашев дар ҳаводиси солҳои ахири Бадахшон бетарафиро ихтиёр карда буд ва бо ҳукумат мухолифат намекард. Вале ВКД дар изҳороти ахираш мегӯяд, рӯзҳои 17-18 майи соли 2022, 200 нафар дар ноҳияи Рӯшон шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Кулмаро дар 3 нуқта баста, ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиётро маҳдуд карданд. ВКД дар изҳороти худ эълом кардааст: ”Онҳо таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии аъзои дар ҷустуҷӯи расмӣ қарордоштаи ташкилоти экстремистӣ-террористӣ Алим Шерзамонов ва ҳаммаслакони ҷиноятии ӯ Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеа шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ бо силоҳу аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ гардиданд.”
Ин иттиҳомот дар ҳолест, ки воқеият тамоман чизе дигар буд. Бино бар гузориши нашрияи бритониёии “The Guardian” дар 19 майи 2021, “дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои ахир дар Бадахшон дастикам 25 сокини ин вилоят кушта шуданд. Сокинони Рӯшон мегӯянд, эътирозгарон силоҳ надоштанд ва нирӯҳои қудратӣ болои издиҳоми мардуми осоишта тир кушоданд.”

Маҷбур кардани Холбашев ва Мамадшоева аз сӯи ВКД ба баёнот
Бар пояи гузориши 25.05.2022 дар сайти Бомдод, шоми 24 май дар Интернет филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” нашр шуд, ки зоҳиран аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳия шудааст. Дар ин филм, ки қариб 17 дақиқа давом мекунад, баёноти Улфатхоним Мамадшоева ва генерал Холбаш Холбашев, ду нафаре, ки бо иттиҳоми ташкилу раҳбарӣ ва сарпарастии эътирозҳои ахири Бадахшон дастгир шудааст, низ нашр шудааст.
Гӯянда, ки гузоришҳову филмҳои мустанади қаблии КДАМ-ро ҳам гӯяндагӣ мекард, дар “Шикасти фитна” мегӯяд, тасмими ташкили эътирозҳо дар Рӯшону Хоруғ рӯзи 26 март дар хонаи Зарифбеков ном сокини маҳаллаи Бархоруғ гирифта шуд. Вале Улфатхоним Мамадшоева мегӯяд, ки ин ҷаласа дар як меҳмонхонаи хусусӣ баргузор шуда буд.
Муаллифони филм мегӯянд, дар нишаст Мамадбоқир Мамадбоқиров (Боқир), Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева ҳузурӣ ва Алим Шерзамонов аз Аврупо тариқи мессенҷер иштирок кардаанд. Ба иддаои мақомоти амниятӣ, дар ин ҷаласа ҳамчунин қарор шудааст, ки Алим Шерзамонов маблағгузории эътирозҳоро ба дӯш мегирад, Холбашев масъулияти ташкили эътироз дар Рӯшон, Боқир масъулияти ташкили эътироз дар Хоруғро. Ба Мамадшоева масъулияти пӯшиши иттилоотии ин эътирозҳоро вогузор мекунанд.
Гӯянда дар филми “Шикасти фитна” ҳамчунин иддао мекунад, ки гӯё Алим Шерзамонов аз Аврупо барои ташкили эътирозҳо дар Рӯшон 6 ҳазор доллар ва барои ташкили эътирозҳо дар Хоруғ 7 ҳазор доллар фиристодааст.
Вале бар асоси ин гузориш, Алим Шерзамонов дар саҳифааш дар Фейсбук ин иддаоро рад карда, бо киноя навишт: ”Дар Тоҷикистон будам, сер намехӯрдам, вале маблағҳои калон мегирифтам, инак Урупо омадам, монолит мезанам ва ба Тоҷикистон пул равон мекунам, ки инқилоб кунанд. Ҳотами Той будаам.”
#Ҳафтаи_Улфатхоним_Мамадшоева_ва_Холбаш_Холбашев
#Озодӣ_ба_Улфатхоним_Мамадшоева
#Свободу_Улфатхоним_Мамадшоевой
#Озодӣ_ба_Холбаш_Холбашев
#Свободу_Холбашу_Холбашеву
#Free_Ulfathonim_Mamadshoeva
#Free_Kholbash_Kholbashev