Имрӯз (24 июн) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, сиёсатмадор, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҲҲНИТ), раиси шӯъбаи ин ҳизб дар шаҳри Душанбе, раиси собиқи шӯъбаи ҷавонон ва варзиш ва корманди пешини Дастгоҳи ҲНИТ ва мутахассис дар забони арабӣ, Қиёмиддини Аваз аст.
Қиёмиддини Аваз (Авазов Қиёмиддин Курумҷонович) 24-уми июни соли 1973 дар деҳаи 1-уми майи ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш дар хонаводаи коргар таваллуд шудааст.
Вай пас аз хатми мактаби миёна, дар Донишкадаи исломии Либӣ, дар риштаи забон ва адабиёти араб таҳсил ва дар соли 2002 аз он фориғуттаҳсил шудааст.
Қиёмиддин ҳамчунин дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) таҳсил ва муваффақ ба дарёфти дипломи магистратураи факултаи иқтисод ва идораи ин донишгоҳ шудааст.
Қиёмиддин Авазов дар авони ҷавонӣ ба ҲНИТ пайваст ва пас аз итмоми таҳсилоти олӣ, аз соли 2003 то 2005 ба унвони масъули бойгонии Дастгоҳи ҲНИТ фаъолият кардааст.
Ӯ аз соли 2006 то 2007 ёвари раиси Дастгоҳи ҲНИТ ва сипас аз 2008 то 2012 раиси шӯъбаи ҷавонон ва варзиши ин ҳизб будааст.
Қиёмиддин дар соли 2012 ба ҳайси муовини раиси шӯъбаи ҲНИТ дар Душанбе интихоб шуда, сипас аз ибтидои 2014 то замони боздошт раиси бахши мазкур будааст.
Ӯ рӯзи 16-уми сентябри 2015 аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Кормандони КДАМ дар ин рӯз 13 нафар аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла Қиёмиддин Авазовро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи шаҳид генерал Ҳоҷӣ Абдулҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт карданд. Иттиҳоме, ки ҲНИТ ба шиддат онро рад мекунад.
Қиёмиддин донандаи забонҳои форсӣ, англисӣ ва арабӣ мебошад.
Ӯ оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зимни табрики ин сиёсатмадор ба зодрӯзаш, таманнои озодии ҳарчи зудтари вай ва ҳамроҳонашро дорад.
Зодрӯзат муборак, Қиёмиддини азиз!
Добавить комментарий