Ба муносибати Ҳафтаи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад
Ин ҳафта барои зиндонии сиёсӣ, он фақеҳи олиқадр ва коршиноси мароифи исломӣ, аз шогирдони боризи марҳум Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ, узви Комиссияи Оштии Миллӣ дар собиқ, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва раиси Комиссияи тафтишотии ин ҳизб, Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ихтисос дода шудааст.
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад кист?
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад зодаи 3 январи соли 1959 дар деҳаи Сурхои ноҳияи Ховалинги Кӯлоб (дар ҳоли ҳозир ҷузъи вилояти Хатлон) аст. Ӯ дар як хонаводаи руҳонӣ таваллуд шудааст. Падараш аз мардуми Вахё (Тавилдара) ва модараш зодаи Ховалинг буд.
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад бо номи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ маъруф аст. Ӯ яке аз камшумортарин олимони улуми динӣ дар Тоҷикистон аст. Ӯро метавон дар радифи бузургоне мисли Муҳаммадшариф Ҳимматзода, Абдуллоҳ Нурӣ ва Мавлавӣ Қумсангирӣ ном бурд.
Вай улуми диниро аз олимони замони худ Қорӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ маъруф ба Ҳиндустонӣ ва домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ фаро гирифта ва дар улуми исломӣ мисли сарфу наҳв, фасоҳат ва балоғат, мантиқ, таърих, фиқҳ, усули фиқҳ, тафсир ва ҳадис яке аз олимони барҷастаи замони мо шинохта мешавад.
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад дар авоили даҳаи 90-ум ба унвони сархатиби ноҳияи Панҷ ифои вазифа кардааст.
Вай солҳои 90-ум ба ҲНИТ пайваста ва аз он замон то замони боздошт яке аз чеҳраҳои руҳонии маъруфи ин ҳизб ба шумор мерафт.
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ ва ҳамчунин узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ин ҳизб буд.
Нақш ва хидмати ӯ дар Комиссияи Оштии Миллӣ (КОМ) дар расидан ба Созишномаи сулҳ ва барқарори субот дар Тоҷикистон намоён аст. Мавлавӣ дар КОМ ба унвони узви зеркомиссия оид ба муҳоҷирин кор кардааст. Хидматҳои вай бо он ҷойгоҳе, ки миёни муҷоҳидин тоҷик дошт, дар мутақоид сохтани онҳо барои расидан ба сулҳу ваҳдат камназир аст. Вай ҷиҳати фаъолиятҳои пурсамараш дар ин замина, дар таърихи 18 августи соли 1998 бо ордени “Дӯстӣ” мукофотонида шудааст.
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ аз соли 1999 то замони боздошт раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ буд, ки аз тариқи анҷумани ин ҳизб интихоб мешавад.
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ донандаи забонҳои русӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад.
Вай оиладор ва соҳиби 11 фарзанд аст.

Боздошт ва зиндонӣ карданӣ Мавлавӣ Муҳаммадалӣ
Кормандони КДАМ дар таърихи 16-уми сентябри соли 2015, 13 тан аз масъулони аршади ҲНИТ, аз ҷумла Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи шаҳид Абдулҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хонааш боздошт карданд. Иттиҳоме, ки ҲНИТ ба шиддат онро рад кардааст.
Бар асоси гузорише дар таърихи 17 сентябри ҳамон сол, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар вокуниш ба ин иттиҳом гуфт: ”Ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Додситонии кул ҳанӯз аз ин пеш алайҳи ман бо мавридҳои сохтаи иқтисодӣ парванда омода карда буд. Барои онки маро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор бидиҳанд, ба онҳо лозим аст, то моро ба ошӯбе, ки мо ба он ягон робита надорем, бипайванданд.”
Вай афзуд: “Тамоми талошҳои мақомот барои таҳрики ҳизби мо ба иқдомоти тунд ва тундраву ифротгаро эълон кардани мо натиҷа надод ва дар ниҳоят ошӯби генерал Назарзода дасти онҳоро кушод. Ошӯби генерал танҳо баҳои хубе барои иҷрои нақшае гардид, ки кайҳо боз омода мешуд.”
Созмони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) дар таърихи 18-уми сентябри ҳамон сол дар якҷоягӣ бо Иттиҳодия оид ба ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ ва Кумитаи Ҳелсенкии Норвежӣ аз давлати Тоҷикистон хостанд, ки фаълони ҲНИТ-ро бидуни таъхир раҳо намояд.
Созмони ҳуқуқи башар, ҳамчунин аз эҳтимоли ба шиканҷа рӯбарӯ шудани боздоштшудагон нигаронӣ кард. Дар ин изҳорот аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигар шарикони байналмилалии Тоҷикистон тақозо шудааст, ки ба ҳукумати он кишвар фишор биёранд, то ӯҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро намуда ва озодиҳои баён, эътиқод ва фаъолиятҳои сиёсиро эҳтиром намояд.
Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар ибтидои моҳи ноябри ҳамон сол дар як гузориш гуфт, дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон ҳудуди 200 тан аз фаъолон ва ҳаводорони ҲНИТ дастгир шуда, бархеи онҳо дар боздошт мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтаанд.
Бино ба гузорише дар таърихи 2 июни соли 2016, Додгоҳи олии Тоҷикистон Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро ба 23 сол зиндон маҳкум кард.

КШНГЗС хостори озодии фаврии Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ва ҳамроҳонаш шуд
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗ), бо интишори баёнияе дар 30 октябри 2018, нигаронии амиқи худро аз идомаи шиканҷаи зиндониҳои сиёсӣ иброз намуд.
Дар баёнияи КШНГЗС аз ҷумла омадааст: “Мо аз мақомоти Тоҷикистон талаб менамоем, ки рафторҳои ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ нисбат ба зиндониёни сиёсиро бас кунанд. Ҳамчунин, диққати созмонҳои байналмилалиро ба ин нукта ҷалб менамоем, ки мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба таври ошкор ҳуқуқҳои асосӣ ва конвенсияҳои байналмилалиро вайрон мекунанд.”
Ҳамчунин афзудааст: “Мо талаб мекунем, ки ба хешовандони маҳкумон ва вакилони дифоъи онҳо иҷоза дода шавад, то бо маҳкумон вохӯрӣ намоянд. Пештар расонаҳо гузориш дода буданд, ки ду узви Раёсати олии ҲНИТ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ва Ҳикматулло Сайфуллозода, аз зиндон ба СИЗО мунтақил карда шудаанд, аммо сабаби он тавзеҳ дода нашуда буд.”

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ҳамаи 11 зиндонӣ аз ҷумла Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммадро озод кунад
Бар асоси гузориши таърихи 11 феврали соли 2020, гурӯҳе аз ҳуқуқшиносони Созмони Милал баъди таҳқиқи парвандаҳои 11 узви ҲНИТ, ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бар хилофи ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон онҳоро дастгир кардааст. Дар хулосаи Гурӯҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона, ки дар таърихи 11-уми феврали 2020 расонаӣ шуд, омадааст: “Возеҳ аст, ки ангезаҳо барои боздошт ва зиндонӣ кардани 11 узви ҲНИТ дар воқеъ истифодаи онҳо аз ҳаққашон барои озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ будааст.” СММ аз ҳукумат хост, ҳамаи 11 зиндонӣ аз ҷумла Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад ро озод кунад.
Парвандаи боздошти 11 нафарро созмони Freedom Now ва ҳуқуқшиносони муассисаи Ҳоган Левел дар Амрико тақрибан як сол пеш ба Созмони Милал пешниҳод кардаанд.
Дар парвандаи пешниҳодии Freedom Now ба СММ омадааст, ки боздошту муҳокимаи аъзои раёсати ҲНИТ бо қонуншиканиҳои зиёд, бо истифода аз шиканҷаву бадрафторӣ ва паси дарҳои баста сурат гирифтааст. Онҳо дастрасии муносиб ба вакили дифоъ надоштаанд ва бар хилофи қонун мақомот ин афродро пеш аз муҳокима “террорист” номидаанд.
Дар шикоят омадааст, ҳангоми бозпурсӣ бо онҳо шиканҷаву бадрафторӣ кардаанд, бо дастони баста ва сару рӯи захмӣ ба муҳокима овардаанд, ки ҳамаи ин мухолифи аҳдномаҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон аст.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад бозбинии парвандаашро хост
Бино бар гузорише дар таърихи 16 сентябри 2021, чаҳор узви зиндонии ҲНИТ аз мақомот бозбинии парвандаашонро талаб кардаанд. Зубайдуллоҳи Розиқ, Ҳикматулло Сайфуллозода, Раҳматуллои Раҷаб ва Муҳаммадалии Файзмуҳаммад дар номае аз зиндон гуфтаанд, ки худро бегуноҳ медонанд. Вале ҳамзамон хостаанд, агар ҳукумат онҳоро гунаҳкор меҳисобад, пас, парвандаашонро “дар ҳузури коршиносон ва нозирони байнулмилалӣ баррасӣ кунад.”
Онҳо дар нома навиштаанд: “Агар моро “гунаҳкор” медонанд, ин ба ҷуз аъзои ҲНИТ будан чизи дигаре нест. Ҳизбе, ки расман дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба таври расмӣ фаъолият мекард…”

Шарҳи ҳоли Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад аз забони худаш
Беҳтарин ошноӣ бо як шахсият, шарҳи ҳоли вай аз забони худи ӯст. Сайти ҲНИТ ба муносибати 40-солагии ҲНИТ, гуфтугӯи муфассале бо ӯ анҷом дода, ки мо лозим дидем, пораҳое аз ин мусоҳибаро биёварем.
Дар муқаддимаи ин мусоҳиба омадааст:
“Ӯро ҳама ба унвони мавлавӣ мешиносанд. Ин унвонро беҳуда ба ӯ надодаанд. Ӯ яке аз шогирдони муваффақи Мавлавии Ҳиндустонӣ шинохта мешавад ва яке аз донандагони хуби илми фиқҳи исломӣ мебошад. Ӯро метавон фақеҳе гуфт, ки метавонист масоилро мутобиқи шароити замону маконаш баррасӣ ва ҳал намояд.
Муҳаммадалии Файзмуҳаммад соли 1959 дар деҳаи Сурхои ноҳияи Ховалинги вилояти Кӯлоб (Хатлон) дар оилаи диндор ба дунё омадааст. Баъди чанде оилаи онҳо ба ноҳияи Панҷ мекӯчад ва ӯ соли 1977 мактаби миёнаро дар ҳамин ноҳия хатм мекунад. Маълумоти диниро нахуст дар назди амаки худ Домулло Мир ва сипас дар назди мулло Саидраҳмони хурдӣ меомӯзад. Ҳамчунин барояш муяссар мегардад, то ба назди Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ рафта, муддате дар назди эшон таълим гирад.
Соли 1990 дар масҷиди ҷомеъи ноҳияи Панҷ имомхатиб таъин мешавад ва аз соли 1992 ба кишвари Афғонистон ҳиҷрат мекунад. Дар Афғонистон ба ҳаракати Наҳзат мепайвандад ва сараввал ба ҳайси раиси Кумитаи муҳоҷирин, сипас раиси Кумитаи иршод ва даъват хидмат мекунад. Соли 1997 ба мақоми Қозии ИНОТ таъйин мешавад ва аз ҳамон рӯз ба лақаби “Қозӣ” маъруф аст. Баъди аз нав ба қайд гирифтани ҲНИТ дар соли 1999 ба узвияти он шомил мегардад ва то ин дам дар бахшҳои мухталифи ин созмони сиёсӣ фаъолият дорад. Соли 1994 ба факултаи Илоҳиёти Донишгоҳи ба номи Абдуллоҳ ибни Масъуди вилояти Тахори Давлати Исломии Афғонистон дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Мавлавӣ Муҳаммадалӣ бо забонҳои форсӣ, арабӣ ва русӣ хуб ҳарф мезанад. Аз соли 1997 узви КОМ шуда, дар зеркомиссияи муҳоҷирин фаъолият кардааст. Барои хидматҳои арзандааш дар барқарории сулҳу оштии миллӣ бо ордени “Дустӣ” сарфароз гардонида шуд.”
Инак, пораеҳое аз ин мусоҳиба:
— Ман аз Худованди Маннон орзу дорам, ки ин ҳаракати худоӣ (ҲНИТ) ва ин чароғи нурониро, ки ба хотири партавфишонии нури илоҳӣ ва нури Қуръон ва интишори маърифати динӣ ва шаръӣ таъсис шудааст, комилу мукаммалтар гардонад. Умед дорам, ки саодатмандию некбахтиро барои тамоми пайравон, мухлисон ва некхоҳони он рӯзӣ гардонида бошад.
— Ин ҳаракат (ҲНИТ) воқеан ҳаракати худоӣ будани худро дар давоми 40 сол исбот кардааст ва он идомаи ҳамон ҳаракати Муҳаммадист (с). Чунончи Паёмбар ва ёронаш баҳри дарёфти ризои Худо ва ба хотири мубориза алайҳи зулму фасод ва ба хотири шикастани бутҳои берунӣ ва дарунӣ заҳмат кашидаанд, иншоаллоҳ, Наҳзат ҳам бо пайравӣ аз эшон дар ин роҳ талош хоҳад кард. Наҳзат талош мекунад, шуъур ва виҷдони мардумро бедор кунад, то аз шарри нафсу шайтон раҳо ёбанд ва аз онҳо инсонҳое бисозад, ки ҷони худро фидои дину оин, миллату Ватан намоянд.
– Ман аз солҳои 90 имомхатиби масҷиди ҷомеъ будам ва сӯҳбатҳову мавъизаҳои аксари имомони он замон сирф сӯҳбатҳои маърифатӣ буданд, мақсад эълои калиматуллоҳ буд ва ман ҳамеша дуо мекардам, ки Ислом сарбаланд шавад ва пешбарандаи зиндагии мардум гардад, то дар зери парчами он осуда зиндагӣ кунанд.
— Марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки он вақт бо номи Мулло Абдуллоҳ машҳур буд, ба ноҳияи мо рафту омад дошт. Эшонро ба ҷамъомадҳо ва маросимҳо даъват мекардем. Собиқ раиси колхози мо Кабуд Сайфуддин ба муносибати ба синни 63-солагӣ расиданаш мавлуд кард ва аз устод Нурӣ даъват ба амал овард. Устод ҳамроҳи махдуми Кароматуллоҳ ва Қорӣ Муҳаммадҷон омаданд, он шаб сӯҳбатҳои ҷолиб карданд. Банда ба ҳайси хатиби ноҳия ҳамроҳ бо муовинам махдуми Садриддин барандаи маҳфил будем. Бо Устод дар ҳамон вақт шинос шудем.
— Мадрасаеро, ки Зубайдуллоҳи Розиқ таъсис дода буд, яке аз мадрасаҳои ҳамин ҷавонон буд ва мо гоҳ-гоҳ барои намозхонӣ ба он масҷид медаромадем ва медидем, ки тартиби дарсхонӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Маҳз дар ҳамин мадрасаҳо ҷавонон бо шавқу завқ таълим мегирифтанд ва низоми ин мадорис хело ҷолиб ва диққатҷалбкунанда буд. Илова бар низоми дуруст ва мураттаб ҳалқаҳои дарсӣ ба монанди занҷира буданд. Шогирд ҳатман бояд шогирд медошт ва шогирдонаш ҳам бояд шогирд мегирифтанд. Дар ҳамон замон барои ҳар ҳалқа масъуле вобаста буд. Ман, агарчи дар ҳиҷрат ба ин ҳаракат пайвастам, вале дар баъзе ҳалқаҳои онҳо пеш аз ҳиҷрат аҳёнан ширкат мекардам ва аз он лаззат мебурдам.
– Ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷон (р) шахсияти бузургу арзанда ва хидмати дину шариатро анҷом медоданд… Он кас аз дасти ҳукуматдорони Шӯравӣ чандин сол зиндонӣ шуда ва азобу машаққатҳои зиёд кашида буданд. Ҳазрати Мавлавӣ аз масоили сиёсӣ ва макру ҳилаҳои қудратмандон огоҳии хуб дошт, пайваста радио гӯш мекард, рӯзномаю маҷаллаҳо, хусусан газетаи “Правда”-ро мутолиа мекард.
— Вақте мо ба Афғонистон ҳиҷрат намудем, мардуми муҳоҷири тоҷик пароканда ва ҳар кас дар фикри худ буд. Бо ташаббуси устод Нурӣ сарварони Наҳзат, домуллоҳо ва шахсиятҳои бонуфуз ҷамъ шуда, ҷаласа оростанд ва ҳаракати Наҳзатро таъсис доданд, яъне ҳизб ба ҳаракат табдил ёфт ва дар ҷаласаи нахустин Устодро роҳбари ҳаракат интихоб карданд. Зеро ӯ ягона шахсияте буд, ки дар он вазъи азҳамрехтагии нерӯҳо ва парокандагии муҳоҷирон тавони ба танзим овардан ва идора карданро дошт. Мо тавонистем дар хориҷ ҳукумати хурдакаке ташкил диҳем, ки яке аз шохаҳои онро Шӯрои ҷиҳодӣ ташкил медод ва 40 нафар узв дошт. Ҳамчунин ба хотири бесавод намондани фарзандони муҳоҷирон Кумитаи илм, Иршод ва фарҳанг таъсис дода шуд. Воқеан, агар Наҳзат намебуд, касе дар он вазъият наметавонист созмон таъсис диҳад ва мардуми овораро сарпарастӣ намояд. Инчунин дар обрӯмандона баргардондани муҳоҷирин Наҳзат нақши калидӣ дорад, мардум ба ҷуз Наҳзат ба ягон нерӯи дигар эътимод ва боварӣ надоштанд. Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ мардум омода буданд, то бо дастури роҳбарияти ИНОТ ба Ватан баргарданд ва бо фармони роҳбари он силоҳҳои худро ба замин бигузоранд ва ба ҳаёти осоишта бозгарданд.

– То замони тарки ватан, Наҳзати исломӣ ва мардуми бечораи тоҷик на силоҳи кофӣ доштанд ва на мутааллиқ ба ягон қудрати хориҷӣ буданд ва ҳар муқобилияте нишон медоданд, ба хотири дифоъ аз дину ҷону моли хеш анҷом медоданд. Табиъист, ки нияти таҷовуз ба ҳарими касеро надоштанд ва бо касе кинаву адоват дар дил намепарвариданд ва бо ҳама гуна ҷангу хунрезӣ мухолиф буданд. Мардуме, ки дар даст силоҳ надошт ва барои ҷанг омода набуд, мавриди зулму ситам қарор гирифтанд ва роҳи ягонаи халоси ёфтани худро дар ҳиҷрат диданд. Чун ба Афғонистон рафтанд, ягона роҳи баргашт ба Ватан ва бозгардондани молу мулк ва хонаву дари хешро дар муқовамати мусаллаҳона диданд, зеро бо зӯргӯ танҳо бо забони зӯр сӯҳбат карда метавон, на бо нармию мулоиматӣ. Пас аз он шӯрои ҷиҳодиро ташкил доданд ва силоҳи кӯҳнаро аз афғонҳо харида, муборизаро оғоз намуданд. Ба таври хулоса гӯем, ҳиҷрати мо барои дифоъ аз ҷон буд ва муқовамати мусаллаҳонаи мо барои баргаштан ба ватан ва гирифтани ҳуқуқҳои аздастрафта.
– Ман ба ҳайси раиси Комиссияи тафтишот орзу дорам, ки то охири умр ҳамчун хидматгузор дар ҲНИТ боқӣ бимонам ва ин худ баёнгари он аст, ки ман ин роҳро роҳи дуруст меҳисобам. Ин роҳ роҳи ислом аст ва ҳар кӣ ба ин корвон ҳамроҳ мешавад, дар ибодат қарор дорад. Масиреро ки устод Нурӣ тай намуда ва масиреро, ки доктор Муҳиддин Кабирӣ идома медиҳад ва дигар аъзо ва масъулини Наҳзат ба он мераванд, беҳтарин масир медонам.
– Яке аз сиёсатҳои пешгирифтаи ҲНИТ дар даврони Кабирӣ ҷавонгароӣ буд, ки бомуваффақият анҷом меёбад. Алҳамдулиллоҳ, ман ҳеҷ сустӣ ва ба қафо рафтанро намебинам ва баръакс пешравиҳои хубе ба назар мерасад. Аз тарафи дигар тағйироте, ки дар самти Наҳзат ба вуқӯъ меояд, вобаста ба афрод ва ашхос нест, балки вобаста ба фазо ва шароити рӯз аст.
#Ҳафтаи_Муҳаммадалӣ_Файзмуҳаммад
#Озодӣ_ба_Муҳаммадалӣ_Файзмуҳаммад
#Свободу_Мухаммадали_Файзмухаммаду
#Free_Muhammadali_Fayzmuhammad