КДАМ модар ва бародари рӯзноманигор Анора Саркороваро бурд

Анора Саркорова, фаъоли иҷтимоӣ ва рӯзномангори тоҷик, чанд дақиқа пеш дар ёддоште кӯтоҳ навишт, ки модар ва бародари ӯ аз сӯи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон бурда шуданд ва маҳалли нигоҳдории онҳо маълум нест.

Ин рӯзноманигори фаъоли тоҷик дар сафҳаи худ дар Фейсбук ҳамчунин навиштааст, ки чанд рӯз пеш аз ин, маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) бастагони ӯ дар Помирро мавриди пурсуҷӯ қарор додаанд.

Вай, бо таъкид бар ин ки “ин аст адолат ба тоҷикӣ” навиштааст: “Дар Тоҷикистон падар масъули писар, модар масъули духтар ва бародар масъули хоҳар аст. Мақомоти Тоҷикистон бо ин роҳ мехоҳанд, ҳама хомӯш бошад ва аз қонунвайронкуниҳо ва поймол шудани ҳукқуқи башар касе ҳарф назанад.”

Анора Саркорова афзудааст: “Бо ин роҳ мехоҳанд, ҳеч кас дар бораи поймол шудани густурдаи ҳуқуқи башр дар кишвар сухан нагӯяд.”

Гуфтанист, ин рӯзноманигори тоҷик ҳамроҳ бо шавҳараш Рустами Ҷонӣ, аз фаъолтарин рӯзноманигорони тоҷик дар мунъакис кардани рӯйдодҳои ваҳшатноки чанд моҳи ахир дар Бадахшон буданд. Ӯ ва ҳамчунин Рустами Ҷонӣ тақрибан ҳар рӯз дар сафҳаи худ дар бораи ин мусибатҳо бо такя ба ахборе, ки ба дасти онҳо мерасид, менавиштанд.

Лозим ба ёдоварист, Анора Саркорова рӯзноманигори маъруфи тоҷик аст.

Ӯ фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1997 мебошад.

Анора Саркорова аз соли 1995 то 1996 ба унвони сардабири барномаи “Диалог”-и радиои ҷавони Ҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1997 то 2003 дар бахши тоҷикии Радио ва телевизиони “Мир” машғул ба кор буда. Дар солҳои 1997-1998 дар “Вместе” – барномаи Кишварҳои Мустақилли Муштаракулманофеъ (СНГ) Тоҷикистонро намояндагӣ мекард.

Ӯ 18 сол ба унвони хабарнигор дар шабакаи ВВС русӣ дар Тоҷикистон кор кардааст.

Дар сентябри 2017 Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) эътибори ӯро пасгирифта ва ӯро аз кор дар расонаҳои хориҷӣ манъ карданд.

Маҳрум кардани ӯ аз эътибор ва манъаш аз кор, ба мавзеъи усулӣ ва фаъолиятҳои рӯзноманигории Анора Саркорова марбут будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: