Ба муносибати Ҳафтаи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад
Яке аз корҳое, ки бояд мешуд ва то ҳанӯз мутаассифона нашуда ин аст, ки назари Ислом дар бораи мавзӯъҳои доғи рӯз аз дидгоҳи уламои муосири исломӣ дар Тоҷикистон – ки ба ин ё он муносибат дар расонаҳо изҳор доштаанд – ҷамъоварӣ ва пешкаши алоқамандон бишавад. Ин кори бисёр арзишманде аст. Банда надидам, ки касе ин корро карда бошад, ё шояд кардаанд ва ман огоҳ нестам.
Ба ҳар сурат, дар Ҳафтаи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад – ки бешак, яке аз огоҳон ва коршиносони маорифи исломӣ дар кишвари мост ва дар ҳоли ҳозир дар паси панҷараи зиндон қарор дорад ва дуо мекунам, ҳар чи зудтар ин донишманд озод шавад – шоиста дидам, назароти ин донишманд дар бархе мавзӯъҳои рӯзро, ки дар расонаҳо ва бештар дар Радиои Озодӣ дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорони арҷманд, ҷаноби Сайидқосими Қиёмпур ва гоҳе Каюмарси Ато изҳор доштааст, гирд оварам ва пешкаши хонандаи азиз бикунам.
Инак, изҳори назарҳои Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад дар мавзӯъҳои доғи рӯз:
1) Сабр ва таҳаммулгароӣ:
Таҳаммул аз муҳимтарин нуктаи таълимоти Ислом будааст ва ин дин ҳамеша пайравони худро ба сабр, тоқат ва шикебоӣ даъват кардааст. Ҳазору чорсаду сӣ сол мешавад, ки Исломро зиёда аз се як ҳиссаи ҷомеаи башарӣ як дини мақбул медонанд. Зеро дар дохили Ислом таълимоте мисли инсонсозӣ ва ҷомеасозӣ зиёд аст, ки яке аз ҳамин шохаҳо таҳаммулпазирист.
Дар сураи Фурқон омадааст: “Инҳо ҳамон касонанд, ки ба хотири сабре, ки таҳаммул кардаанд, ғурфаҳои биҳиштро музд ёбанд ва дар он ҷо ба дуруду саломашон бинавозанд”.
Дар ахири сураи Аср “ватавосав билҳаққӣ ва тавосав биссабр” ҳаст, ки Худованд васияти сабр карданро ба бандагонаш имтиёз додааст. Ба сабр васият кардан яке аз имтиёзҳои бандагони мӯъмин аст, ки ҳамдигарро дар мушкилиҳо ба сабр даъват кунанд.
Албатта, бояд сабр ҳам ҳадду канор дошта бошад. Вагарна, он сӯи марзи сабр тарсуии бандагони Худо хоҳад буд. Он мақоле, ки касе як шаппотӣ ба ин тарафи рӯят зад, он тарафи рӯятро бидор, ғалат аст. Инро сабр намегӯянд. Ин таҳаммул не, ин тарс аст. Набояд инсон сабр мекунам гуфта, тарсад ва ҳар кас ӯро зери по кунад. Инро шариати мову шумо тавсия намедиҳад. Шариати мо мардумро ба ин хел хориву залилӣ намебарад. Вақте инсон, ки хор шуд, бояд дар муқобили нафари хоркунанда амале нишон диҳад.
Худованд “ашиддоу алал куффор” гуфтааст, яъне сахтгиранд, мусулмонҳо бар кофирҳо. Аммо “руҳамоу байнуҳум”, аммо дар байни худашон бисёр бо раҳм бо шафқат ҳамдигарро лутфу меҳрубонӣ доранд.
2) Ислом ва мусиқӣ:
Дар Қуръону ҳадис, он гуна, ки баъзе аз муҷтаҳидин сахтгирона дар қиболи мусиқӣ ва анвоъи он сӯҳбат мекунанд, ишораҳо нарафтааст.
Байни уламо ва донишмандон баҳс аст, дар худи Қуръон лафзи сареҳе нест. Дар ҳадисҳо низ мамнӯъияти сахте нест. Дар як ҷо ривояте аз ҳазрати Умар ҳаст, ки гӯиё овози найро шунида, гӯшҳояшро пӯшида бошад. Ин амалҳои саҳобаҳо аст.
Албатта, набояд аз мавқеи донишмандони мӯътадили дини ислом, ки бо вуҷуди накӯҳишҳо шунидани мусиқӣ ва навохтани асбобҳои мусиқиро ҷоиз шуморидаанд, суистифода шавад. Мусиқиҳои муосир, ки мардумро ба гумроҳиву ғалат мебаранд, манъ карданашон беҳтар аст. Баъзе аз мардум аз шаб то рӯз ба мусиқӣ машғуланд ва як бор ёди Худо намекунанд. Воқеан, ин барои мусулмон муносибу шоиста нест.
3) Ҷинну аҷинна:
Ҷин дар луғат ба маънои пӯшида ва ноаён будан омадааст. Дар китоби Қуръон дар бораи ҷинҳо таъкид шуда ва сурае бо номи “Ҷин” ҳам нозил гардидааст. Касе, ки ба вуҷуди ин олами ғайб имон надорад, аз ҷумлаи муртадҳо хоҳад буд.
Дар замони Шӯравӣ, ки диндориву дуохонӣ мамнӯъ буд, рӯҳониён ба таври пинҳонӣ дуохонӣ ва ё “Чилёсин” мекарданд. Аксарият онҳоро фиребкору ҳиллагар ва қаллоб ном мебурданд. Аз ин сабаб камтар ба назар мерасид. Дар ҷои мо фақат дуохонӣ, қасидахонӣ ё “Чилёсин” буд. Бештари онҳое, ки ҷинзада буданд, ба баракати хондани ҳазрати Ёсин шифо меёфтанд.
Бояд миёни сеҳру ҷоду ва ҷинхониву ҷинбарорӣ фарқ гузошт. Ҷинбарорӣ сеҳру ҷоду нест, балки мубориза тавассути Қуръон бо сеҳргарону ҷодугарон ва олами ҷинҳоест, ки ҷони инсонҳоро дар хатар мегузоранд.
4) Чок кардани мурдаҳо:
Аксаран нафароне, ки дидгоҳи танг доранд ва аз Ислом хуб огаҳ нестанд, ин амалро (чок кардани мурдаҳоро) хилофи кори падарону бобоҳо медонанд. Ва мо онҳоеро, ки барои пешрафти илм, ташреҳу таҳқиқ кардан монеа эҷод мекунанд, маҳкум менамоем. Ман инро як фаризаи табибон медонам, ки бояд талош намоянд роҳеро пайдо намоянд, ки ин корро анҷом бидиҳанд ва таҷрибаи худро бештар намоянд.
5) Дастбӯсӣ ва китфбӯсии муллоҳо:
Масъалаи дар даҳони кӯдак туф андохтани рӯҳониён ин суннат аз паёмбари Ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) боқӣ мондааст. Ҳар кӯдакеро ба пеши паёмбар меоварданд, ҳам ном мегузошту ҳам хурморо хоида, ширинии онро дар коми кӯдак мемолид. Ин суннатҳои хуби паёмбари Ислом набояд мояи кибру ғурури рӯҳониён ва фосилаи миёни онҳову сокинони оддии кишвар бишаванд. Иззату ҳурмат бояд аз ду тараф сурат гирад, яъне, агар дасти рӯҳониеро бӯсиданд, бояд рӯҳонӣ ҳам дар ҷавоб дасти ҳаводорони худро бибӯсад, то ин арҷгузорӣ холӣ аз кибру ғурур бошад.
6) Илм ва Ислом:
Дини мубини Ислом ҳаргиз монеи илмомӯзӣ ва пажӯҳишҳо набуда, балки аз оғози пайдоишаш ба хондану омӯхтан ташвиқ кардааст. Ҳар як калима ва ҷумлаҳое, ки дар Қуръон ҳаст, тақозо мекунад, ки инсон бояд аз илми баланд бархӯрдор бошад. Барои ҳамин, Ислом ҳеч вақт садди роҳи илмомӯзӣ ва пажӯҳишҳо набуд. Касе фикр дорад, ки Ислом монеи рушди илм шудааст, дидгоҳи танги ӯ дар бораи Ислом аст.
7) Талоқ:
Тарки зан ва сарпечӣ аз талоқи ӯ, аз нигоҳи дини Ислом зулм аст ва зан бояд ин гуна марди золимро ба маҳкама кашад ва аз роҳи қонунӣ аз ӯ ҷудо шавад. Мард чун золим гунаҳкор мешавад, аммо зан то гирифтани фатво ё ҳукми додгоҳ ҳаққи худсарӣ, аз ҷумла, аз пеши худ шавҳар карданро надорад.
Дар вазъе, ки мард занро тарк кардааст ва аммо аз талоқи шаръӣ ва расмии ӯ сарпечӣ мекунад, зан бояд дар арз ба муфтиёт ё додгоҳ қабл аз ҳама ба он нукта такя кунад, ки ҳангоми хондани хутбаи никоҳ мард барои тайи шаш моҳ додани нафақаи ӯ ва азияту зулм накардани хонумаш ӯҳдадор шуда буд. Агар ҳамин хел ақд карда бошанд, дар шашмоҳаи аввал зан метавонад ду нафарро даъват кунад ва собит кунад, аз он рӯз то ин рӯз, яъне тайи шаш моҳ маро бо нафақа таъмин накардааст ва ман имрӯз ба ихтиёри худ як талоқ мегиронам, яъне талоқ ба дасти худи зан меафтад ва ӯ мухайяра (соҳибихтиёр) мешавад.
8) Издивоҷ бо яҳудӣ:
Ақидае, ки агар фарди мусалмон, аз ҷумла, суннимазҳаб бо яҳудӣ ё ҷӯгӣ ё шиамазҳаб издивоҷ кунад, ҳафт пушташ месӯзад, хурофот аст ва ягон асоси фиқҳӣ ва шаръӣ надорад. Мафҳуми “ҳафт пӯшт месӯзад” агар ба маънои дар дӯзах сӯхтан бошад, ягон инсони боақл инро ҳукм карда наметавонад… Ин як хурофот аст, дар дини мо ягон ишорае нест, дар ягон ҷо надидем, ки ин чиз манъ шуда бошад, вале иҷоза ҳаст, ки мусалмон бо аҳли Китоб якҷоя зиндагӣ кунад. Яъне, бо онҳое, ки имон ба як китоби осмонӣ доранд, китобҳое, ки ба Пайғомбарҳо нозил шудааст, мисли “Таврот” барои Ҳазрати Мӯсо, “Забур” барои Ҳазрати Довуд, “Инҷил” барои Ҳазрати Исо ва “Қуръон” барои Ҳазрати Муҳаммади Мустафо. Дар “Қуръон” барои мусалмонҳо никоҳ бо аҳли Китоб иҷоза дода шудааст.
9) Манъи тавҳини муқаддасоти динӣ:
Дини Ислом таҳқиру тавҳин ба намояндагони дигар динҳои осмонӣ ва ҳатто мушриконро раво намебинад. Худованд ба мусалмонҳо таъкид кардааст, ки шумо ба бутҳои бутпарастҳо тавҳин накунед, ҳарчанд ақли инсонӣ исбот мекунад, ки Бут Худо нест ва Худоеро бояд парастед, ки офаридгори шумост, Худоеро, ки ба шумо фоидаву зиёне расонида метавонад, чӣ гуна ба Бут метавон саҷда кард, ки ҳатто ба худаш нафъ расонда наметавонад ва худашро ҳимоят карда наметавонад.
Дар Қуръон ба тавҳид ва яккапарастӣ таъкид шудааст ва аммо Худованд гуфтааст, ки шумо олиҳа ё ин ки худоҳои бутпарастҳоро, вақте онҳоро муқаддас мехонанд, таҳқир накунед. Ва ташреҳ шудааст, вақте шумо ба онҳо тавҳин мекунед, онҳо ба шумо ҳамлаи бамисл мекунанд.
Худованд бадгӯӣ ва куфр алайҳи бединҳоро ба он хотир манъ кардааст, ки онҳо дар посух ба Худову паёмбарони Исломро тавҳин накунанд. Яъне, ”Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас, то кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт”.
10) Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар:
Амри ба маъруф ва наҳй аз мункар бо ояти қуръонӣ собит шудааст. Дар Қуръони Карим Худованд гуфтааст, ки ”Бояд аз Шумо як қавме, уммате бошад, ки мардумро даъват ба хайр кунанд, яъне ба ислом даъват намоянд ва амри билмаъруф ва наҳӣ аз мункар кунанд”.
“Маъруф” — корҳои урфӣ, корҳои шинохташуда чӣ дар шариат ва чӣ дар қонуни зиндагии башарият аст…
Як касро нафаре бигӯяд, ки “намоз хон!”, ин амри бамаъруф аст, агар касеро бигӯяд, ки “арақ нахӯр!” ин наҳй аз мункар аст. “Мункарот” – чизҳои мамнӯъшудаанд ва “наҳй кардан аз онҳо” – боздоштан мебошад.
Ҳар як рӯҳонӣ ва мусалмон метавонад амри маъруф кунад. Паёмбари Ислом Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ба Ҳазрати Алӣ гуфт, ки ”Эй Алӣ! Агар тавонӣ, ки як касро дар роҳи рост ҳидоят кунӣ, бигирем, намозро медонӣ ва каси дигарро намозхон кунӣ, савобаш бароят аз садақа кардани шутурҳои сурхмӯй бештар аст”.
Албатта, ҳар кас ҳаққи мавъизаи расмӣ доданро надорад, зеро он дониши амиқу омодагии ҷиддиро тақозо мекунад. Фарде, ки рӯи минбар мебарояд ва мавъиза медиҳад, бояд оятҳои Қуръонро комил хонад, ҳадисҳоро хуб донад…
Боз суханварҳо ҳастанд, ки нутқи фасеҳу балиғ доранд, аз ҷумла, шогирдони ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қуқандӣ ё Домулло Абдурашид, ки ҳанӯз замони бединии Шӯравӣ якбора беш аз сӣ шогирди тавоно тарбият карда буд. Дар назди ӯ домуллоҳои зиёде сабақ омӯхтанд, мисли Домулло Саидраҳмон, Махдуми Садриддин, ки ба раҳмати Худо рафтанд, мисли Махдуми Имомиддин, ки аз афроди маъруф миёни уламои дин маҳсуб мешавад.
Ҳамон касоне, ки ҳар рӯз даъвои озодиву мардумсолориву демократия мекунанд, дар роҳи фаъолиятҳои мазҳабии домуллоҳои маъруф монеъаҳо гузоштаанд.
11) Дар бораи тағйири дин:
Аз солҳои 90-ум (-и қарни пешин) ба ин сӯ овозаҳое ба гӯш мерасанд, ки одамон ҳатто ба хотири як маблағи ночиз ва ҳатто як халта орд дини худро тарк мекунанд, ҳарчанд ин боварнокарданист.
Як сабаб шояд ин буду ҳаст, ки мардум Исломро комилу шоиста, он тавре, ки як инсон динашро биомӯзад, наомӯхтаанд, зеро дар аксар ҷойҳо шароити омӯхтани дин мавҷуд нест ва мансабдорон садди роҳи онҳое мешавад, ки мехоҳанд динро ба дигар биомӯзонанд.
Бар пояи таъкиди Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам, қабл аз ҳама бояд талоши рафъи шубҳае шавад, ки дар дили он афрод нисбати дини Ислом пайдо шудааст, яъне, бояд мушаххас кард, ки ин шахс дар дини Ислом чӣ нуқсу камбудиро ошкор кардааст.
Аммо, агар рафъи шубҳа муваффақ нашуд ва мусалмон бидуни далели ҷиддӣ дини дигарро пазируфт, пас ӯ муртад эълон мешавад.
12) Мӯъҷиза, каромот ва сеҳр:
Мардум бояд се чиз – мӯъҷиза, каромот ва сеҳрро аз ҳам фарқ кунанд. Ҳазрати Имоми Аъзам китобе дар ин росто бо номи “Фиқҳи Акбар” таълиф кардааст ва дар он дар бораи мӯъҷизаву каромот гуфта шудааст, ки “Ал-мӯъҷизотул-анбиё вал-каромотул-авлиё ҳаққун”, яъне мӯъҷизаро бояд Паёмбар нишон диҳад. Худо инро як далелу ҳуҷҷате барои шиносоии Паёмбар бо мардум барояш додааст. Ва каромот хосси авлиё, шахси ботақво ва бопарҳез аст. Каромоте, ки як валӣ нишон медиҳад, низ мӯъҷизаи Паёмбарест, ки он валӣ аз динаш пайравӣ мекунад.
Дар китоби Юсуфи Набиҳонӣ тақрибан се ҳазор мӯъҷизаи Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) оварда шудааст…
Баъзеҳо дар ҳолатҳои сангини рӯзгор, бигирем, ҳангоми солҳо бешавҳар мондан ё ҳангоми таҳдиди талоқ аз сӯи шавҳар, рӯ ба сеҳру ҷоду меоваранд, ки хушоянди Аллоҳ нест. Дар бораи заҳри чашм кардану таъсири чашм ва сеҳр дар Қуръони Маҷид дар охири сураи Қалам таъкид шудааст. Илми фиқҳ омӯхтан ибодат маҳсуб мешавад ва аммо сеҳр омӯхтану бо муқтазои сеҳр амал кардан ҳаром шинохта шудааст.
13) Чӣ касе ҳаққи фатво доданро дорад?
Фатво иҷозаи шаръист ва ҳар донишманди илми фиқҳ метавонад муфтӣ ё фатводиҳанда бошад. Вақте Ҳазрати Имом Абӯҳанифаро пурсиданд, ки фақеҳ, донишманди илми фиқҳ кист, посух дод, касе, ки чиҳил ҳадиси Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро донад ва аз каломи поки Илоҳӣ огаҳ бошад, ӯро метавон донишманди илми фиқҳ номид.
Ва ин донишманд ҳақ дорад, ки чизеро фатво диҳад ва ҷавобгӯи масоили аҳкоми фарзияи амалия бошад, яъне ҳалолу ҳаромро ҷудо карда тавонад, кори дурусту савобро аз кори нодурусту гуноҳ фарқ кунад.
Ҳоло даҳҳо донишмандони илми фиқҳ метавонад, ки озодона ҳам Қуръони шариф ва ҳам садҳо ҳадисҳои Паёмбарро тафсир кунанд ва онҳо ҳаққи фатво доданро доранд.
Аммо оё рӯҳониён ба хотири пулу мол ва ё пуштибонӣ аз манфиати гурӯҳе низ фатво содир мекунанд? Умри ин гуна фатвоҳо, таври маъмул, кӯтоҳ аст. Содир шудани ин гуна фатвоҳои бебунёд, аз ҷумла, дар мавриди талоқ, мавриди тайид нест.
14) Исқоти ҳамл:
Агар тавлиди тифл хатар ба ҳалокати модарашро дошта бошад, дар ин маврид исқоти ҳамлро Ислом иҷоза додааст. Ё вақте табибон дақиқ мекунанд, ки инкишофи кӯдак дар батни зан ба саломатии ҷисмониву рӯҳии ӯ хатар дорад. Аммо дар дигар маворид аз байн бурдани насл иҷоза дода намешавад.
15) Дар бораи номгузорӣ:
Солҳои ахир волидайн ба тифлҳои навзод ҳар чи бештар ду номи муборак – Абдуллоҳ ва Абдурраҳмонро мегузоранд. Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ин ду номро “беҳтарини номҳо” гуфтааст. Дар хонаводаҳо ҳоло номҳои Муҳаммад, Довуд, Бибиосия, Сумайя, Бибиоиша, Фотима, Заҳро, Умар ҳам зиёд гузошта мешаванд.
Ҳадиси Паёмбар Муҳаммад (с) аст дар бораи ҳаққи валад бар волид, яъне, ҳар фарзанд бар болои падар чанд ҳақ дорад, ки яке аз онҳо гузоштани номи хуб аст; номе, ки фарзанд баъди бузург шудан аз он хиҷолат накашад. Худи Паёмбар чанд ном, аз ҷумла, Абдуяғус, Абдуссанам, Абдуддорро ба дигар номҳо табдил кард, зеро бандаи Худо неву бандаи ягон санам будан ин ширк аст.
Аз сӯи мақомоти Арабистони Саудӣ манъ шудани гузоштани номҳое чун Абдунабӣ ва Абдуррасул мантиқист, зеро онҳо иштибоҳанд. Абдуррасул не, бояд Абдураббиррасул бошад ё Абдураббиннабӣ, тарҷумаи Абдурабб “бандаи Парвардагор” аст, яъне, ин фард мусалмон бандаи парвардигори Расул ё бандаи парвардигори Набӣ аст…
Агар Шӯрои уламо имом-хатибҳоро муваззаф мекард, ки дар маъвизаҳои худ ба мардум чӣ гуна дуруст ном гузоштанро фаҳмонанд, он гаҳ ин иштибоҳҳо хело камтар мешуданд.
Боваре миёни мардум, ки гӯё бо гузоштани номҳое аз қабили Сангу Гург зиндагии кӯдак ҳифз мешавад, хурофот аст. Инро тафоул мегӯянд ва Ислом ба он мухолиф аст. Агар ба кӯдак Санг ном гузорем, ба умеде, ки сараш аз санг мешаваду аз дунё намегузарад ё ба тифл гург ном гузорем, ӯро Ҳазрати Азроил намеёбад, наъузубиллоҳ, ба Ҳазрати Азроил мухолифат кардан аст… Ин назарҳо ғалат ва хурофотанд.
16) Қисос ва хунбаҳо:
Ба қисос, яъне эъдоми қотил, дар Қуръони Шариф ҳам таъкид шудааст ва ҳадафи он — пок сохтани ҷомеа аз афроди ҷинояткор аст. Худованд дар Қуръони шариф мегӯяд, ки “барои шумо дар қисос ҳаёт аст”. Баъзан як одам ба дараҷае аз сифатҳои разолат доро мешавад, ки даст ба одамкӯшӣ мезанад. Вақте, ки як кас каси дигареро барқасдона мекушад, Худованд ӯро ҳукм ба қисос кардааст, зеро одамон аз ин ибрат мегиранд ва ба чунин ҷиноят даст намезананд ва тавассути қисоси муҷриме, ки ҳаққи зиндагӣ дар ҷомеаро надорад, хатари куштани касони дигар аз байн меравад.
Дар бархе аз давлатҳо, аз ҷумла, дар Эрон, баъзан қисосро бо хунбаҳо иваз мекунанд. Дар асл, хунбаҳо барои кушторҳоест, ки бо амри тасодуф рӯй додаанд. Чанд намуди қатл мавҷуд аст: яке, қатли барқасдона, ки шариати Ислом барои ин қисосро муқаррар кардааст. Дигаре, куштори касе бар асари беэҳтиётӣ, бигирем, як кас дар канори манзилаш чуқурӣ меканад ва каси дигар тасодуфан ба он афтода ба ҳалокат мерасад. Ё бигирем, садамаҳои нақлиёте, ки имрӯзҳо бар асари беэҳтиётии ё ронанда ё шахси пиёдагард рӯй медиҳанд. Куштори дигаре ҳам ҳаст, бигирем, шахсе каси дигарро сайд пиндошта сӯи ӯ оташ мекушояд. Ин ду куштори ахир хунбаҳо доранд.
Ҳодисаҳои фақат аз рӯи шафқат бахшидани фарди муҷрим ҳам кам нестанд. Дар Афғонистон шоҳиди бахшидани шахсе шуда будам, ки мардеро бо тир ба ҳалокат расонда буд. Падари мақтул гуфт, ки хунбаҳо талаб надорад ва хостори эъдоми муҷрим ҳам нест, зеро ин ҳодиса бо амри тасодуф рӯй додааст.
17) Рақс:
Дар бораи рақс, аниқтараш дар бораи рақс бо шамшер, фақат дар “Саҳеҳи Бухорӣ” ишора шудааст. Паёмбарамон Ҳазрати Муҳаммад (с), вақте, ки ҳабашиҳо ба масҷиди набавӣ омаданд ва бо шамшеру найза рақсу бозӣ мекарданд, онро тамошо мекард ва модарамон – Ҳазрати Оиша (р) ҳам хост, ки онро тамошо кунад. Паёмбар ҳамсарашро сари китф нишонд ва Ҳазрати Оиша мегӯяд, ки рухсораи ман бо рухсораи Паёмбар наздик буд. Ҳазрати Оиша мегӯяд, ки ман чанде тамошо кардам ва хаста шудам ва Паёмбар маро пойин кард ва гуфт, ки “рафта дам бигир!”. Ин собит мекунад, ки таронахониҳову рақсҳо бо шамшеру найза замони Ҳазрати Паёмбар вуҷуд доштааст.
Воқеан дар мавриди рақс дар шариат назарҳо гуногунанд, аммо рақси якҷоя ва бағал ба бағали зану мард, ба вижа, зану марди бегона иҷоза нест. Вале агар мардон алоҳида ва занҳо алоҳида тарона хонанду рақс кунанд, ин ба шариати Ислом мухолифате надорад.
18) Чаро солшумории мо ҳиҷрии қамарӣ нест? (садо)
#Ҳафтаи_Муҳаммадалӣ_Файзмуҳаммад
#Озодӣ_ба_Муҳаммадалӣ_Файзмуҳаммад
#Свободу_Мухаммадали_Файзмухаммаду
#Free_Muhammadali_Fayzmuhammad
Добавить комментарий