Амруллоҳи Низом
Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад яке аз раҳбарони зиндонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз собиқ ҳамсафони падарам.
Мане, ки аз хурдсолӣ барои таҳсили илм роҳии диёри ғурбат шуда будам ва то ҳол насиб нашудааст, ки турбати поки модару падарамро зиёрат кунам, дӯстони падарам пас аз реҳлати эшон барои ман дарсҳои зиёде дар ин зиндагӣ омӯхтаанд.
Мане, ки аксари он ёрони ростинро дуруст намешинохтам, вале бо ин ҳол ҳар вақте дар маҳфилҳои илмӣ ва ё тӯйу сӯр бо эшон тасодуфан вомехӯрдам, зери борони лутфу марҳамати эшон қарор мегирифтам. Яке мегуфт, бачаи ҳамдарасаму дигаре ҳамсафу ҳамсафар ва ё ҳамсангарам ва пас аз силаву навозишҳои хосса, ба некӣ ёди падарамро оғоз мекарданд.

Гаҳе бархе он ёрони бовафояш дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ва вақте ҳам дар деҳа мебудам ба маъаракаҳояшон даъватам мекарданд ва гоҳҳое дигар ҳатто пас аз 10-12 соли реҳлати падарам ҳам бо вуҷуди бузургсолӣ ба хонаамон омада, дуову фотиҳахонӣ карда, аз аҳволам бо хабар мешуданд.
Ин марди шариф ҳам яке аз онҳо буд, ки дар боби дӯстӣ бо падарам, ба мо барин фарзандони собиқи дӯстони худ силаи раҳимро ба ҷо меоварданд ва аз маслиҳатҳо ва насиҳатҳои хубашон моро баҳраманд месохтанд.
#Ҳафтаи_Муҳаммадалӣ_Файзмуҳаммад
#Озодӣ_ба_Муҳаммадалӣ_Файзмуҳаммад
#Свободу_Мухаммадали_Файзмухаммаду
#Free_Muhammadali_Fayzmuhammad
Добавить комментарий