Табъизи табақотӣ ва душманӣ бо ходимони дин, асоси рушди коррупсия ва беназмӣ

Ба баҳонаи Ҳафтаи Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад

Муҳаммадсаъид Ризоӣ

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Мардуми Тоҷикистон, ки аз қарнҳо пеш дини исломро қабул кардаву сарзаминашон исломӣ мебошад, дар нашри ахлоқу одоб ва илму ҳунар таввассути фарзандони донишманд ва ҳунармандони нобиғааш машҳури офоқ гаштааст.

Уламо ва донишмандонро дар ин сарзамин домулло ва як иддаи дигарро, ки ба хонадони нубувват васл мешаванд, сайид, эшон ва махдум (махсум) ном мебаранд. Ин эшону сайидзодаҳо ва махдумҳо ва дар умум мулло ва домуллоҳо аз он хотир, ки ба мардум дар ҳама ҳолат; хурсандӣ ва мушкилот расидагӣ ва дастгирӣ менамуданд, мутақобилан аз тарафи мардуми мусулмон аз эҳтиром ва ҷойгоҳи вижа бархӯрдор мебошанд.

Рӯзгор аз ҳасодат санги маломат ва гирифториҳоро ҳам дар ҳар чанд муддат ба сари ин қишри ба мардум наздик, партоб мекарда, ки ин боз як омили пурқувват гаштани ҷойгоҳ ва боиси эҳтироми бештари онҳо будааст. Қатлу нобудсозии муғул ва дигар истилогарони зулмпеша ва эъдому бадарғаи болшевикҳои руссӣ ва даҳҳо чунин ҳаводиси талхи таърихӣ бе муҳобот далели возеҳ бар ин ҳақиқат мебошанд.

Хидмати домуллоҳо дар кишварҳои мусулмонии зери султаи бехудоӣ қароргирифтаи Шӯравӣ, махусусан Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои дигари Осиёи Марказӣ дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ, суннатҳои бобоӣ ва арзишҳои мардумӣ бештар мебошад. Маҳз ҳамин домуллоҳо буданд, ки бо бардошти дарду ранҷи зиёд, дур аз назари дружиначиёни амниятӣ (КГБ), фарзандони миллати худро бо дарсу омӯзиши хатти ниёгон таъмин ва бо ҳар баҳона дар маҳфилҳо ва ҷашну маросимҳо одоб, фарҳанг ва суннатҳои ҳасанаи гузаштагони худро ба мардум мерасониданд. Онҳо борҳо барои ин корҳояшон аз тарафи хадамоти махсуси давлатӣ боздошт ва (чун барои ин гуна корҳо дар Қонуни асосӣ ҷазо муайян нашуда буд) бо тӯҳматҳои бардурӯғ муҷозот мешуданд.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳамад, ходими дин, собиқ узви Шӯрои уламои Тоҷикистон, сархатиби вақтии ноҳияи Панҷ, устоди тафсир, ҳадис, фиқҳи исломӣ, фароиз, маъонӣ, адаб ва сирату таърих, шахсиятест, ки ҳазорон нафарро илму адаб омӯхта ва даҳҳо ҳазори дигар аз панду андарзҳои ҳакимонаи ӯ баҳравар ва роҳи дурусти инсониро пайдо кардааст.

Ҳазрати Мавлавиро ман аз хеле вақтҳо пеш, ҳанӯз аз 30 соли умраш нагузашта буд, мешиносам. Аввалин бор дар ҷанозаи тағояш, бародари модараш дар деҳаи Авғонои ноҳияи Рудакӣ (Ленини собиқ) бо ҳам дидор доштем. Он вақтҳо пешгирии ҳарҷу масрафҳои зиёдатӣ дар маргу ҷаноза ва маросими тӯю сурҳо, ки ахиран дар ин робита дар Тоҷикистон ба шакли қонун, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну марсимҳо қабул карда шуд, аз тарафи ба истилоҳ муллоҳои навбаромад ба миён омада буд, ҷарру баҳсҳо ҷорӣ буд.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ ҳамроҳ бо се нафар, яке ҷавон ва дуи дигар калонсолтар бо автомошни “Жигули-06”-и сафед, ки худ ронандагӣ мекард омада буд. Вай бо ин вуҷуд, ки аз кормандони идораи Қозиёти вақт ва аз муллоҳои ҷавон ва тарафдори ин андеша ба шумор намерафт, манро, ки сарпарастии ин маросимро бар ӯҳда доштам, ҳимоят ва бидъатҳову хурофотеро, ки ба дини муҳаммадӣ ворид шуда, исломи покро доғдор ва камари тобеъони онро шикастаанд, сахт интиқод гирифт.

Ман борҳо аз ҳазрати Мавлавӣ шунидам, ки аз қабули қонун дар бораи танзим, ки усулан ислом аз он ҳимоят ва як машрӯъи муллоҳо (наҳзатиҳо) дар Тоҷикистон буд, хушнудӣ мекард ва таъкид мекард, агар дар кишвари мо воқеъан ваҳдати миллӣ ҳукумфармо бошад ва тамйизу табъизи табақотӣ вуҷуд намедошт, бояд ин ниҳод ҳамон гуна, ки номгузорӣ шудааст “Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну марсимҳо” бояд муллоҳои дорои маълумоти олии динӣ дар он ба кор гирифта шуда, қарорҳо ва ғояҳои он, ки иҷобӣ (прогрессивӣ) ва кӯмак барои марудуманд, амалӣ мешуд.

Тавре маълум аст, Мавлавӣ пас аз ҳиҷрати иҷборӣ ба Давлати Исломии Авғонистон соли 1992 ба Наҳзат пайваст ва то ба ҳол бар он собит монд. Ин донишманди исломӣ, олими раббонӣ ва устоди ҳазорон тарбиятёфтаи мадрасаи Имом Абӯҳанифа (р) ва ҳамроҳони наҳзатияш бо тӯҳмат ва дурӯғ ба мӯҳлати 23 сол дохили маҳбас қарор дорад. Шахсияте, ки сарбаландии миллаташ ва шукуфоии ватани азизаш дар сухан, таълими шогирдон, орзуву омол ва кору кирдош, баробар бо имон, намозу рӯза ва соири тоъати Парвардгораш таҷаллӣ дорад.

Домулло Муҳаммадсаъид Ризоӣ, руҳонӣ ва фаъоли сиёсии тоҷик

Вақте аз аввалин дидоре, ки бо ҳам доштам ба ӯ ёдовар шудам, дар робита ба автомошина ва ҳамроҳонаш чунин гуфт: “Бале, ҳарчи дида будӣ, айнан ҳамон гуна буд. Дар бораи таъмини зиндагӣ, эҳтиром ва кӯмаку дастгирии мардум, махсусан шогирдон дарёфт мешуд; ба ҳадде ки дар хаҷолат ғарқ будам, мардум ихлос доштанд ва инро хидмати ба дину шариат дедонистанд. Аммо роҳи манъи мардумро намедонистам, то бародарон, муллоҳои ҷавони наҳзатӣ пайдо шуданд. Аз ҷасорат ва ғайрати онҳо ва саъю талошашон барои шариат ва хидмати дин, хидмати мардум ба ҳадде хурсанд будам, ки худ ва Парвардгорам медонем. Барномаҳои дарсӣ кору фаъолият ва муъомилаи бо мардумро комлан навсозӣ намудам.”

Аз бародарон ва мухлисони ҳазрати Мавлавӣ шунидам, ки ӯ автомошина ва бисёре аз дороиҳои шайии худро ба фурӯш гузошта, маблағи онҳоро ба нафрони кӯмаккарда баргардондааст. Вақте онҳо қабул накарданд, ҳамроҳ бо онҳо он маблағҳои пулӣ ва молиро ба муллобачаҳои ниёзманд ҳамчун кӯмак тақдим кардааст, ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад.

Ин буд шаммае аз бузургвории ҳазрати Мавлавӣ Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, ки ёдовар шудам ва аз Аллоҳи тавоно талаб дорам, бародари мо ҳазрати Мавлавӣ ва дигар ҳамроҳонашро дар сиҳҳатии комил нигоҳ дошта, ҳар чи сареътар аз зиндони золими аср раҳоӣ насиб кунад!

#Ҳафтаи_Муҳаммадалӣ_Файзмуҳаммад

#Озодӣ_ба_Муҳаммадалӣ_Файзмуҳаммад

#Свободу_Мухаммадали_Файзмухаммаду

#Free_Muhammadali_Fayzmuhammad

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: