Касе, ки гули дӯстдоштааш садбарг ва ранги мавриди писандаш сафед аст

Ба муносибати Ҳафтаи Домулло Саъдуддини Рустам

Ӯ гуфт, гули дӯстдоштааш садбарг аст, ранги дӯстдоштааш сафед аст. Аз хислатҳои хуби инсонӣ тавозӯъ ва хоксориро меписандад. Бадтарин хислати инсонро нафрат ва кибру манманӣ медонад. Мусиқии асилро хеле дӯст дорад. Овози най барояш лаззати маънавӣ медиҳад…

Домулло Саъдуддин кист?

Зиндонии сиёсӣ, Рустам Саъдуддин Темурович маъруф ба Домуло Саъдуддини Рустам, узви Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва мушовири раиси ин ҳизб дар умури фарҳангӣ, дар соли 1956 дар қишлоқи Қазноқи ноҳияи Рашт (Ғарми собиқ) таваллуд ёфтааст. Вай оиладор ва соҳиби 7 фарзанд мебошад. Шарҳи ҳоли вайро ба тафсил аз забони худаш – ки дар гуфтугӯе ба муносибати 40-солагии ҲНИТ баён кардааст – дар поён меоварем.

Нерӯҳои амниятии режими Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 23 сентябри соли 2015 ҳамчун соири раҳбарони ҲНИТ Домулло Саъдуддинро ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар ошӯби шаҳид генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт ва сипас барои муддати 20 сол равонаи зиндон карданд. Иттиҳоме, ки ҲНИТ ба шиддат онро рад мекунад.

Бино бар гузорише дар Tojnews, Додгоҳи Олии Тоҷикистон 13 тан аз раҳбарон ва аъзои Раёсати Олии ҲНИТ-ро ба ин иттиҳом боздошт ва додгоҳ Домулло Саъдуддини Рустамро ба муддати 20 сол равонаи зиндон намуд.

Бар пояи гузорише дар таърихи 30 сентябри соли 2015, “Додгоҳи олӣ рӯзи 29-уми сентябр (-и 2015) ҲНИТ-ро созмони “террористӣ” эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард. Ҳамчунин додгоҳ чопи “Наҷот”- нашрияи ин ҳизб ва саҳифаи интернетии ҲНИТ-ро манъ карда ва мунташир намудани наворҳои савтӣ ва видеоӣ, рӯзнома ва адабиёт ва варақҳои ҳизбро ғайри муҷоз хонд… Чанд рӯз қабл низ Додситонии кулли Тоҷикистон мақомоти ин ҳизбро ба даст доштан дар ошӯби ахири генерал Абдуҳалим Назарзода муттаҳам кард. Аммо ҳам Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва ҳам аъзои дигари боздоштшудаи ҲНИТ ин иттиҳомро радд намуданд.”

Саймиддин Дӯстов, рӯзноманигор ва коршиноси сиёсии тоҷик, дар мусоҳибае дар таърихи 31 майи соли 2016, дар ин бора гуфт: “Масъалаи ҳукми додгоҳ барои боздоштшудаҳои ҲНИТ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, як масъалаи болотар аз тақдири инсонҳост ва ин масъала ҳадди аққал аз соли 2010 дар муҳити сиёсии Тоҷикистон ҳалшуда аст. Шурӯъ аз соли 2010 дар муҳити сиёсии Тоҷикистон қарор дар бораи манъ кардани ҲНИТ ва ҳамчунин масъалаи пурра манъ кардани исломи сиёсӣ аз ҷониби нухбагони ҳукмрон матраҳ буд ва ин масъала тадриҷан ба яке аз масъалаҳои асосии муҳити сиёсии Тоҷикистон табдил шудааст. Бархӯрд ба ин масъала аз ҷониби давлати Тоҷикистон хеле ҳам ҷиддӣ аст, чунки масъала дар муносибат ба будан ё набудани исломи сиёсӣ аст. Ин ки ин масъала сеюмин масъалаи асосӣ дар тағйироти конститутсия буд, ки амалӣ шуд, табиист, ки манъи исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳеч гуна раҳм ва ё гуманизмро талаб намекунад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон низоми мустақили судӣ вуҷуд надорад, ки ин масъала танҳо масъалаи додгоҳӣ бошад. Бинобар ин, мӯҳлатҳое, ки додгоҳ ба ин аъзо таъйин мекунад, хеле ҳам сангин ва шикананда хоҳад буд.”

Саймиддин Дӯстов, рӯзноманигор ва коршиноси сиёсии тоҷик

Ин коршиноси сиёсии тоҷик дар гуфтугӯи дигар дар таърихи 2 июни соли 2016, ҳукми аъзои аршади ҲНИТ-ро аз як сӯ “пешгӯишаванда” ва аз тарафи дигар “бениҳоят шадид” номид ва гуфт: “Инҷо ягон ҷойи тааҷҷуб надорад. Дар таърихи сиёсии минтақа ҳадди ақал дар даҳ асри охир ҳамеша бар рақибони сиёсӣ муносибати бераҳмона сурат гирифтааст.”

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси сиёсии дигар гуфт: “Аз додгоҳ дигар натиҷае дар нисбати ҳукми аъзои ҲНИТ интизор шудан мумкин набуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёсӣ террористӣ муаррифӣ кард ва мусалламан дар ҳоли ҳозир ангезаи сиёсӣ дар Тоҷикистон аз арзишҳои ҳуқуқи инсон боло меистад. Аз ин рӯ, додгоҳ дар нисбати онҳо ҳукмҳои

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси сиёсии тоҷик

СММ: “Аъзои ҲНИТ ғайриқонунӣ дастгир шудаанд”

Бино бар гузориши 11 феврали соли 2020, Созмони Милали Муттаҳид (СММ) баъди таҳқиқи парвандаи аъзои ҲНИТ, дар бораи онҳо гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон бар хилофи ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон онҳоро дастгир кардааст. Дар баёнияи СММ омадааст: “Возеҳ аст, ки ангезаҳо барои боздошт ва зиндонӣ кардани 11 узви ҲНИТ дар воқеъ истифодаи онҳо аз ҳаққашон барои озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ буд.” СММ аз ҳукумат хост, ҳамаи 11 зиндониро озод кунад.

Шарҳи ҳоли Домулло Саъдуддини Рустам аз забони худаш

Ба муносибати 40-солагии таъсиси Ҳизби наҳзати исломиии Тоҷикистон (ҲНИТ), гуфтугӯи муфассале бо Домулло Саъдуддини Рустам сурат гирифта ва нашр ҳам шудааст, ки дар Ҳафтаи эшон шоиста дидем, ин мусоҳибаро бе каму кост биёварем. Инак, машрӯҳи мусоҳиба бо Домулло Саъдуддин:

— Мавлавӣ соҳиб, Шумо, ки зодаи водии Қаротегин ҳастед, бигӯед, ки афкори нави ислоҳотхоҳии исломӣ дар ин водӣ, бахусус дар ноҳияи Ғарм кай пайдо гардид, ҳомилони он киҳо буданд ва чӣ тавр Шумо ба ин ақоиди пешқадам ошно шудед?

— Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Пеш аз ҳама ташаккур мекунам, ба хотири он ки Шумо лоиқ дидед ва бо ман мусоҳиб мегардед. Сониян, хидмати Шумо арз кунам, ки зодгоҳи банда деҳаи Қазноқи ноҳияи Ғарм дар гузашта маркази донишмандон, шахсиятҳои рӯҳониву инсонҳои фозил ба шумор мерафт. Аз ҷумла мегӯянд, ки эшони Уроқ, домулло Сӯфӣ ва амсоли инҳо, ки дар мадрасаҳои Бухорои Шариф таҳсили илм карда, дастпарвари чунин як маркази бузурги тамаддуни исломӣ ба шумор мерафтанд ва дар диёри кӯҳистони мо мактабу мадрасаҳо ташкил дода буданд ва чароғи илму маърифатро дар ин водӣ фурӯзон нигоҳ медоштанд. Албатта, банда он шахсиятҳоро надида будам, вале турбатҳои онҳоро зиёрат кардаам. Обрӯву эътибори чунин уламои исломӣ дар байни мардуми мо баъд аз фавташон низ бузург буд.

Мо низ аз овони тифлӣ ва наврасӣ орзу мекардем, ки ба мисли чунин донишмандон дар риштаи улуми дини Ислом соҳиби илм ва маърифат гардем. Ҳамин орзуву омол боис гардид, ки банда соли 1973 баъди ба итмом расонидани мактаби миёна барои такмили дониш ба шаҳри Душанбе омадам. Дар ин ҷо дар назди яке аз олимони маъруфи улуми исломӣ, ки зодаи деҳаи мо буданд, домулло Тоҷиддин ва сипас дар назди шодравон Махдуми Бурҳониддин, таҳсилро идома додам.

Дар бораи ҳаракати исломӣ ё ҷунбиши ислоҳотхоҳии исломӣ чунин гуфта метавонам. Вақте, ки дар маҳаллаи Южнии шаҳри Душанбе таҳсил мекардам, як рӯз ҷавони бисёр зебое, тақрибан 25-26 сола, вориди хонаи акои мулло Эшонҷон гардиданд. Ба мо гуфтанд, ки ин кас мулло Абдуллоҳ аз водии Вахш ҳастанд ва яке аз уламои пешқадам ва рӯшанфикр ба шумор мераванд. Мо дар сӯҳбати ин шахсият нишастем, чуноне ки гуфтам, хеле ҷавон буданд, вале осори ақл ва фазилат аз ҷабини фарохаш, аз чашмони шӯълабораш ҳувайдо буд. Он кас зимни сӯҳбат қайд карданд, ки Худованди Мутаъол мефармояд: “Инналлоҳа ло юғайиру мо биқавмин, ҳатто юғайиру мо бианфусиҳим” (сураи Раъд, ояи 11), яъне “Худованд ҳолати ҳеч қавмро тағйир намедиҳад, то худаш онро тағйир надиҳад” ва дар одобу ахлоқу фарҳангашон тағйироту дигаргунӣ ворид насозанд. Вай дар ҳузури уламои дар он сӯҳбат ширкат дошта, даъват ба сӯи каломи Ҳақ, назаре ба сирати Паёмбари бузурги Ислом (с) ва саҳобагонаш мекард.

Ман он вақт тақрибан 17-сола будам ва бори аввал чунин ақидаҳои пешқадамро мешунидам ва ба онҳо аз самими қалб гӯш медодам ва орзу дар дил пайдо кардам, ки пайрави маслаки ин ҷавони донишманду ғаюр, ки моро ба сирати Паёмбари Ислом (с) даъват мекунад, бигардам. Ин ҷавони донишманд устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буданд.

— Бори нахуст афкори ислоҳотхоҳии исломиро Шумо дар шаҳри Душанбе шунидед ва дар шуури Шумо ангезаи дигарандешӣ ба вуҷуд омад. Яъне гуфтан мумкин аст, ки чунин афкору ақоид ҳоло ба водии Қаротегин густариш наёфта буд. Ҳамин тавр не?

— Бале, зеро водии Қаротегин назар ба дигар водиҳо ҷои танг ба ҳисоб мерафту нисбат ба Душанбе дурафтода буд. Мардум ба афкори гузаштагони худ пайравӣ мекарданд. Ба Шумо маълум аст, ки баъди омадани болшевикҳо осоре аз бузургон ва донишмандони улуми динӣ намонда буд, зеро ҳамаашро сӯзонида буданд ё худи мардум аз тарси ҷон он осори гаронбаҳоро бурда, ба дарёҳо партофта ё гӯр карда буданд, ки ҳамаашон, мутаассифона, талаф ёфтанд. Ба ёдам мерасад, тағое доштам бо номи Махдуми Сайидалӣ, Худо раҳматаш кунад, вақте мехост Қуръон бихонад ба каҳдон мерафт, ҳамон ҷо мутолиа мекард ва он китоби муқаддасро дар ҳамон ҷо пинҳон мекарду бармегашт. Яъне на танҳо мардуми оддӣ, балки якто-нимто муллоҳои чашми хат ва саводдошта низ хеле боэҳтиёт рафтор мекарданд, ки ба азобу уқубати болшевикон дучор нагарданд. Бинобар ин дар диёри кӯҳистони мо чунин афкори пешқадам ва ислоҳотхоҳии исломӣ дар он давраҳо ҳоло пайдо нагардида буд ва табиъист, ки мо ба Душанбе омада, бо чунин афкори пешқадам ошно гардидем.

Шумо таърихро беҳтар медонед, ки то он дам Исломро танҳо дар симои он медиданд, ки касе шахси рӯҳонӣ шавад, бояд беморонро дуъо бихонад, тӯмору таштоб диҳад, бояд гӯру кафану таҷҳиз кунад ва ғайра, вале ҳеҷ кас ҳақ надорад, Қуръонро тарҷума кунад, зеро он каломи Худост ва донистани бандагонаш шарт нест. Онҳо тафсир кардани Қуръонро гуноҳи кабира медонистанд. Чунин афкори барғалатро ҳукуматдорони болшевик тавассути муллотарошон, ки саводи дурусте ҳам надоштанд ва дасти чапашонро аз рост фарқ намекарданд, дар байни мардум паҳн менамуданд, то ки халқ дар гирдоби ғафлату гумроҳӣ монад. Ба ибораи дигар мардумро аз асли Ислом, ки дастурамалаш Қуръони карим ва аҳодиси набавист, дур месохтанд. Баъдтар вақте ки ашъори алломаи бузург Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро мутолиа кардам, дар ҳақи чунин муллотарошон ё ба қавли мардум “нимчамуллоён” чунин суханонро дарёфтам:

Ба банди сӯфию мулло асирӣ,

Ҳаёт аз ҳикмати Қуръон нагирӣ.

Ба оёташ туро коре ҷуз ин нест,

Ки аз “Ёсин”-и ӯ осон бимирӣ.

* * *

Зи ман бар сӯфию мулло саломе,

Ки пайғоми Худо гуфтанд моро.

Вале таъвилашон дар ҳайрат андохт,

Худову Ҷабраилу Мустафоро.

Вале чуноне ки дар боло қайд кардам, вақте бори аввал шунидам, ки чӣ гуна устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ оёти Қуръони каримро мехонду тарҷума ва тафсир мекард, рости гап, дар шуури камина як дигаргуние, як таҳаввулоте ба амал омад ва ман тасмим гирифтам, ки дар ҷодаи густариши ақоиди наву пешқадами исломӣ ва ислоҳоти ҷомеъа қадам бизанам, то ки барои пешрафти халқу миллати тоҷик заррае кӯмак карда бошам.

Баъд ман ба хулосае омадам, ки қабл аз он ки “Мухтасарул-виқоя”, “Шарҳул-виқоя”, сарфу наҳв бихонам, бояд ба каломи Худованд бештар ошноӣ пайдо кунам. Бинобар ин сафар кардам ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба шаҳри Андиҷони водии Фарғона ва он ҷо дар назди Қорӣ Ҳусайн, намедонам, ки алҳол зинда аст ё не, Худованд дунёву охираташро обод кунад, ба ҳифзи Қуръони Маҷид пардохтам ва бо фазли парвардигор 15 пораи онро азхуд кардам ва баъди ду сол, яъне соли 1977 ба Ватан баргаштам.

Чуноне гуфтам, ман орзуи мулоқот бо ҷавони донишманд ва мубориз, яъне устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро дар дил мепарваридам. Аз ин рӯ ҳамроҳи мулло Абдуғаффори Ҷафрӣ (алайҳир-раҳма) озими Вахшонзамин шудем ва ба хонаи устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ меҳмон гардидем. Он кас моро бисёр хушу самимӣ истиқбол гирифтанд ва баъди сӯҳбат ваъда доданд, ки ба наздикӣ ба шаҳри Душанбе меоянд ва бароямон ҳалқаи дарсӣ ташкил медиҳанд. Дар ҳақиқат дере нагузашта устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба қавлашон вафо карданду ба Душанбе омада, барои мо, чанд нафар толибилмон як ҳалқаи дарсӣ таъсис доданд, ки он дар асл яке аз созмонҳои ибтидоии “Наҳзати Ҷавонони Исломии Тоҷикистон” ба шумор мерафт. Ман аз ҳамон сол, яъне соли 1979 ба таври расмӣ узви ҳамин созмони сиёсӣ гардидам ва алҳамдулиллоҳ, то ба имрӯз дар сафҳои он фаъолият дорам.

— Шумо то соли 1979 аз мавҷудияти ҳаракати сиёсии исломӣ дар кишварамон огоҳӣ доштед?

— Бале, ман аз фаъолияти ин созмони исломӣ ҳанӯз соли 1977 иттилоъ ва чуноне ки гуфтам ду сол ман барои таҳсил ба Ӯзбекистон рафта будам. Соли 1979, ки бо ибтикори устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ чунин ҳалқаи омӯзишӣ ё созмони ибтидоӣ ташкил гардид, дар ҷаласаи нахустинаш маро ба узвияти ин ҳаракати сиёсии исломӣ қабул карданд ва масъулияти бахши таблиғ ва иршоди онро ба дӯши ман гузоштанд. Домулло Абдуғаффорро раиси бахши таълиму тарбияи созмони ибтидоии “Наҳзати Ҷавонони Исломии Тоҷикистон” дар ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе интихоб карданд.

Мо бо як шавқу завқ ба фаъолияти таблиғотию ташвиқотӣ дар байни гурӯҳҳо ва табақаҳои мухталифи ҷомеъа пардохтем. Зеро мо ҷавон будем ва бо ғайрати ҷавонӣ ин масъулияти муҳимро ба ӯҳда гирифта, дар ин роҳ кӯшишҳо ба харҷ медодем. На шабро шаб мегуфтем, на рӯзро рӯз мегуфтем, ҳамеша дар талошу фаъолият будем. Масалан, як бегоҳ дар ноҳияи Қубодиён ҷамъомаде буд, ба он ҷо рафтем, мавъиза кардем, амри маъруф ва наҳйи мункар намудем ва шабона баргашта, субҳи рӯзи дигар ба ноҳияи Кофарниҳон рафта, дар маъракаи дигар ширкат варзидем. Ҳазорон нафар мардум суханони моро бо қаноатмандӣ гӯш мекарданд, яъне ба қадри тавоноӣ дар густариши ҳаракати ислоҳотхоҳии исломии Тоҷикистон хидмат кардем.

— Шумо дар фаъолияти минбаъдаатон чӣ вазифаҳои масъулро ба ӯҳда доштед?

— Камина то соли 1986, яъне то ҳабси устод С.А.Нурӣ раиси бахши таблиғ ва иршоди шӯъбаи ноҳияи Марказии Душанбегии ҲНИТ–ро ба дӯш доштам. Ҳангоме ки устод Нуриро дар роҳи Қӯрғонтеппа – Ёвон боздошт намуданд, мо ҳамроҳи мулло Абдуғаффори Ҷафрӣ ба ҷои истиқомати он кас совхози Туркманистони ноҳияи Вахш рафтем ва мулло Абдуғаффор хешу таборон, ёру дӯстон, шогирдону пайравони устодро ба тазоҳуроти эътирозӣ даъват карданд ва худашон пеш даромаданд. Дар натиҷа дар назди бинои кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Қӯрғонтеппа як гирдиҳамоии серодам ташкил додем, ки ин ба ҳукуматдорони вақт таъсири калон бахшид. Онҳо маҷбур шуданд, ки сӣ- чил нафарро чун намоянда ҷудо карда, ба шаҳри Душанбе бурда, устод С.А. Нуриро нишон диҳанд.

Баъде ки устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ зиндонӣ шуданд, аз маҳбас пайғом фиристоданд, ки дар атрофи устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода гирд биёем ва фаъолиятамонро идома бидиҳем. Мо дар ҳалқаҳои дарсӣ дар радифи улуми мардумии динӣ, асарҳои Саид Қутб, Мавдудӣ ва дигар мутафаккирони бузурги олами Исломро ба толибилмон меомӯзондем, то ки дар шуури онон афкори нави ислоҳотхоҳӣ ва озодандешӣ бедор гардад. Ин китобҳо “Шаҳодатул-ҳақ”, “Шубҳаҳот ҳавлал Ислом” (муаллиф Юсуф Қарзовӣ) ва ғайра буданд, ки ҷавононро дар рӯҳи худшиносӣ ва худошиносӣ тарбия мекарданд. Чунки дар ин асарҳо роҷеъ ба корномаи Паёмбари бузурги Ислом (с), саҳобаҳои кибор, маҷрои ҳаракати Ислом, азобҳои кашидаи ҳазрати Аммору Билолу Ёсиру Абӯбакру Умару Усмону Алӣ, ҷонбозиҳои онон дар ин роҳ нақл карда мешуд, барои ҷавонони кишвари мо намунаи ибрат буданд.

Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки дар Тоҷикистон дар он замон чунин адабиёт тамоман мавҷуд набуд. Ба ғайр аз китобҳои “Мухтасарул-виқоя”, “Ҳидоя”, “Шарҳи Ҳидоя”, “Фиқҳи Кайдонӣ”, “Кофия” дигар адабиёти фиқҳие набуд, ки аз онон таълим бигирем. Китобҳои нави ақидатӣ, таърихи дини Ислом, сирати Паёмбар (с), аҳодиси набавиро, ки меомӯхтем, бо афкоре ошно мегардидем, ки инсонро ба бедорӣ, навандешӣ ва истиқлолталабӣ ҳидоят мекарданд. Ҳамаи ин тадбиру омилҳо барои қавӣ гардонидани ҳаракати сиёсии исломӣ ҲНИТ мусоидат мекард. Баъди ҳабси устод С.А.Нурӣ мо таҳсилро то соли 1990 дар пеши устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода бомуваффақият идома додем.

Соли 1990 Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Тирмизӣ таъсис ёфт ва маро ба ин даргоҳи улуми исломӣ ба сифати омӯзгори риштаи забон ва адабиёти форсӣ, барномаи махсуси Иқболшиносӣ ба кор даъват карданд. Ман бо роҳбарияти ҲНИТ маслиҳат кардам ва онҳо салоҳ донистанд, ки ба мақсади пурзӯр кардани корҳои таблиғотӣ ва иршоди исломӣ дар байни ҷавонон ин даъватро бипазирам. Ҳамин тавр, ман устоди донишгоҳи мазкур таъйин гардидам ва ба улуми тарбиявию ахлоқӣ, паҳн кардани ақоиди пешқадами мазҳабӣ ва миллӣ дар байни донишҷӯён бо шавқу завқ машғул шудам. Ба ростӣ, он солҳо авҷи ҳаракати озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ дар ҷумҳуриямон буд ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дар тамоми чорабиниҳои миллӣ-озодихоҳӣ ва фарҳангиву мазҳабии кишварамон иштироки фаъолона доштанд.

— Устод, ба вижа маҳфили Иқболшиносии Шумо дар байни донишҷӯён дар дигар мактабҳои олии шаҳри Душанбе, аҳли илму фарҳанг хеле маъруфият пайдо карда буд. Ҳамин тавр не?

— Бале, рост гуфтед. Маҳфили Иқболшиносӣ чунон машҳур гардид, ки бо даъвати бародарон Давлат Усмон, Сайидумари Ҳусайнӣ, Муҳаммадсиддиқи Комил ва дигарон ҳар ҳафта як бор дар бинои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон маҳфили Иқболшиносӣ доир мегардид ва дар онҳо садҳо нафар омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат меварзиданд ва перомуни эҷодиёти аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ақоиди фалсафӣ, афкори пешқадаму нави ислоҳотхоҳии исломии ишон баҳсу андеша мекарданд. Ширкаткунандагони ин маҳфил озодона баромад намуда, дар баҳсҳо нуқтаи назари хешро баён мекарданд. Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки яке аз сарчашмаҳои бедории миллӣ ва исломии мардуми мо, ба вижа ҷавонони тоҷик дар солҳои 1988-1992 осори гаронқадри аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ буд ва бесабаб набуд, ки шеъри машҳури ишон «Аз хоби гарон хез» ба як навъ гимни тазоҳуркунандагон табдил ёфта буд.

— Ҷанги таҳмилӣ барои саркӯб кардани ҷунбиши истиқлолталабӣ ва исломӣ дар Тоҷикистон ба роҳ андохта шуд. Шумо бигӯед, ки Шуморо дар куҷо ва кай дастгир карда зиндонӣ намуданд?

— Баъди даргириҳои ҷанги дохилӣ ман низ маҷбур шудам бо аҳли хонаводаам ба зодгоҳам ноҳияи Ғарм биравам. Ин 12 декабри соли 1992-ум буд. Дар он ҷо тақрибан 1,5 -2 моҳ будем. Вақте ки ҳуҷуми нерӯҳои давлатӣ ба минтақаи Қаротегин авҷ гирифт, салоҳ донистем ба диёри Мастчоҳи Кӯҳӣ, ки бо ноҳияи мо ҳаммарз аст, биравем. Фасли зимистон, дар кӯҳистон барф ба чаҳор метр мерасид, мо дар чунин шароити вазнин тавассути ағба бо сад азобу уқубат худро ба деҳаи Пакшиви Мастчоҳ расонидем. Дасту пои як қисм аз ҳамроҳони моро хунук зада буд, вале шукри Худованд, ки камина осебе надида будам. Дар ҳамин деҳа будем, ки моро милисаҳои ноҳияи Айнӣ дастгир карда, ба Душанбе фиристоданд.

Маро чун ҷонишини оқои Хоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муаррифӣ карданд, ҳол он ки ман фақат омӯзгори оддии Донишгоҳи исломии ба номи Тирмизӣ будаму дигар вазифаеро дар Идораи Қозиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда надоштам. Ман аз органҳои давлатӣ хурсандам, ки бо он иттиҳоме, ки сари камина бор карда буданду метавонистанд бе пурсишу таҳқиқ ба як тир аз байн бибаранд, вале онҳо ба ин кор даст назада, тамоми айбҳои эълонгардидаро якто-якто санҷида ба таҳқиқ расониданд, ки ман ҳеҷ гуноҳе надорам. Бо вуҷуди ин маро бо ҷурми «хиёнат ба Ватан», «даст доштан дар табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон» зиндонӣ карданд.

— Дар вақти зиндонӣ буданатон ба Шумо имкони хондани китоб, навиштану таълиф кардан медоданд?

— То даҳ моҳи аввал шароити мутолиа ва таълиф набуд, баъд аз ин ба мо имкони хондани китоб бахусус Қуръонро доданд. Ба ғайр аз ин ман дар зиндон хотироти худро болои саҳифа оварда будам, ки онҳоро Ризвон баъди озодӣ аз дасти ман чун гарав гирифт ва дигар онҳоро бебозгашт аз даст додем.

— Шумо чӣ гуна аз ҳабс озод шудед?

— Шумо хабар доред, ки дар байни ИНОТ ва ҳукумати Тоҷикистон барои озод кардани асирони низомӣ ва маҳбусони сиёсӣ тавофуқ ҳосил гардид, камина, Аҳмадшоҳи Комил, Мирбобои Мирраҳим, Хуршеди Назар, Хайриддини Қосимро ба шаҳри Хоруғи Бадахшон бурда, дар ҳузури намояндагони СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ озод карданд. Касе, ки куҷое мехост, мерафт. Мо чанд нафар роҳи Афғонистонро пеш гирифтем, то назди устоди гиромӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ биравем. Мутаассифона, ба гуфти зарбулмасали халқӣ «аз борон гурехта, ба новадон дучор гардидем» ва ба дасти Ризвон Садиров, ки он вақт дар мавзеъи Баҳораки Афғонистон аз нерӯҳои мухолифин ҷудо шуда буд, ба асорат афтодему 19 рӯз он ҷо мондем. Сипас бо сад ҳилаву найранг китобу навиштаҳои зиндонии худро пеши ӯ чун гарав гузошта, ба назди устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба шаҳри Толиқон расидем.

— Хуш, дар ҳиҷрат чӣ вазифаҳоро ба дӯш доштед?

— Баъди мулоқот бо устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ишон диданд, ки дар зиндон хеле хаста ва ба табобат мӯҳтоҷ гардидаем, маро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон фиристоданд. Дар беморхонаи “Хотамул-анбиё” гурда ва чашмонамро муолиҷа намуданд, биниамро, ки зада шикаста буданд, ҷарроҳӣ карданд. Баъди бемористон боз як моҳи дигар истироҳат кардам. Сипас дубора бо даъвати устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ баргаштам ба Афғонистон ва масъулияти бахши фарҳанги ИНОТ ва ҲНИТ ба ӯҳдаи ман гузошта шуд. Бо нерӯи тоза боз ба даъвату таблиғ дар байни мардуми муҳоҷир ва муҷоҳид пардохтам.

— Шумо дар музокироти байни тоҷикон бевосита ширкат доштед?

— Танҳо як бор, дар давраи гуфтушиниди сулҳи тоҷикон дар шаҳри Ишқободи Туркманистон чун узви ҳайати музокирот аз ҷониби ИНОТ ширкат доштам. Дигар имкони ширкат надоштам чун маро бо супориши роҳбарияти ҲНИТ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси сарпарасти ҷавонони донишҷӯи тоҷик фиристоданд, ки ин масъулиятро то соли 2000 ба ӯҳда доштам.

— Баъди бозгашт то ба имрӯз Шумо мушовири фарҳангии Раиси ҲНИТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мебошед? Ҳамин тавр?

— Оре, дар ҳамин вазифаи гуфтагиатон фаъолият дорам. Боз сарварии қабулгоҳи муроҷиаткунандагони ҲНИТ – ро низ ба ӯҳда дорам.

— Устод мебинам, ки Шумо китобҳои бисёре ҷамъ оварда истодаед, мехоҳед ягон китобхона бунёд кунед?

— Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ тақрибан аз соли 2002–ум ҳамеша таъкид мекарданд, ки бояд қароргоҳи марказии ҲНИТ китобхонае дошта бошад, ки ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ин ҳаракати сиёсии исломӣ тавонанд аз ин ганҷи бебаҳо истифода баранд. Шукри Худованд, ин китобхонаро алҳол бунёд карда истодаем, то ин дам беш аз 700 номгӯй китобҳои динӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва ғайраро ҷамъ оварда, дар рафҳо ба тартиб гузоштем. Умед дорем, ки теъдоди китобҳо дар ин ганҷина беш аз пеш зиёд гардад. Худо хоҳад, ин китобхона дари худро дар рӯзҳои наздик бар рӯи хонандагон боз хоҳад кард.

— Мавқеъ ва мақоми ҲНИТ-ро дар ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Алҳамдулиллоҳ, рӯз ба рӯз мисли офтобе, ки абрҳо аз болояш пароканда мегарданд, ин ҳизб нурафшонӣ мекунад ва умед дорем, ки дар оянда низ мақому манзалати ҳизби мо болотару волотар мегардад. Зеро ҲНИТ ифодагари умеду армонҳои мардуми мусалмони Тоҷикистон аст.

— Чуноне ки дар боло қайд кардем, Шумо яке аз муфассирон, донандагон ва тарғибгарони асори аллома Муҳаммад Иқбол дар кишварамон мебошед. Пораи шеъри дӯстдоштаи Шумо аз ашъори шоир ва мутафаккири бузурги Шарқ кадом аст?

Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони Шумо,

Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони Шумо.

Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад,

Дидаам аз равзани девори зиндони Шумо

— Гули дӯстдоштаи Шумо?

— Садбарг.

— Ранги дӯстдоштаи Шумо?

— Сафед.

— Аз хислатҳои хуби инсонӣ кадоме бештар бароятон писад аст?

— Тавозӯъ ва хоксорӣ.

— Бадтарин хислати инсон, ки нафрат доред?

— Кибру манманӣ.

— Мусиқиро дӯст медоред?

— Бале, мусиқии асилро хеле дӯст медорам.

— Садои кадом сози мусиқӣ ба Шумо лаззати маънавии бештар мебахшад.

— Овози най. Зеро устод Ҷалолиддини Румӣ фармуда:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

 Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

#Ҳафтаи_Саъдуддини_Рустам

#Озодӣ_ба_Саъдуддини_Рустам

#Свободу_Садуддини_Рустаму

#Free_Saduddin_Rustam

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: