Донишманди хуби улуми исломӣ, инсони шариф ва беозору беолоиш

Ба муносибати Ҳафтаи Домулло Саъдуддини Рустам

Муҳаммадсаъид Ризоӣ

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Алҳамдуллиҳ, вассалоту вассалому ало расулиллоҳ ва ало олиҳӣ ва саҳбиҳӣ ва ман воллоҳ.

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ آمَنُوا بِاللَّهِ وَرَسُولِهِ ثُمَّ لَمْ يَرْتَابُوا وَجَاهَدُوا بِأَمْوَالِهِمْ وَأَنفُسِهِمْ فِي سَبِيلِ اللَّهِ ۚ أُولَٰئِكَ هُمُ الصَّادِقُونَ

Мӯъминони воқеӣ танҳо касоне ҳастанд, ки ба Худо ва Расулаш имон овардаанд, сипас ҳаргиз шакку тардиде ба худ роҳ надода ва бо молҳову ҷонҳои худ дар роҳи Худо талош кардаанд; онҳо ростгӯёнанд.” (Ҳуҷурот: 15)

Домулло Саъдуддин таълимоти аввалияи динии худ (сарф, наҳв ва фиқҳу ҳадис)-ро дар назди домуллоҳои машҳури кишвар фаро гирифтааст. Ӯ тафсир, адаб, балоғат ва таърихро назди устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода (р) комил кардааст. Вай донишманди хуби улуми исломӣ, инсони шариф, беозору беолоиш аст. Бартарии ӯ нутқи балиғ, ҷаззоб ва маҳорати баланди суханрониву мавъизаҳои ширинаш мебошад. Бояд эътироф кунем, ки домулло Саъдудин бо даъват ва суханрониҳои худ маҳбуби дилҳои иштиёқмандону ташнагони каломи Худо ва Паёмбарамон (с) гашта, дилҳои бисёрреро тасхир кардааст.

Ин доди худовандӣ буда, талоши худи бародар домулло Саъдудин ҳам аст, ки ба мавзӯъҳои ҷавонон, бонувон, мушкилоти рӯзмарраи мусулмонон ва мавзӯъҳои доғ пай бурда, ғӯта дар китоби Худо ва суннати Расулаш (с) ва сарчашмаҳои мӯътамади илмӣ ва таърихӣ зада, дурри мақсудро берун меорад ва бо он симои ҷаззоби муллоиву домуллоӣ ва лаҳҷаи шевои ширину сабки латиф ва баёни фасеҳ ба муштоқон ҳадя мекунад.

Дар мавриди домулло Саъдуддин намехоҳам зиёдагӯӣ кунам. Шахсияти ӯ ба ин зиёдагӯиҳо ниёз надорад. Ӯ маҳбуби хоссу ом ҳаст ва мемонад. Танҳо чизҳое ҳастанд, ки мутаассифона баъзеҳо дониста ё нодониста, мутмаиннам аз ҳасад бар алайҳи ин доъии роҳи Худо ва суханвари номӣ, он ҳам ба хотири паст кардани мақому манзилати доштаи вай дар байни мардум, онҳоро мегӯянд, як ишораи сареъ мекунам.

Бадтарини онҳо тӯҳмат кардани ин мубалиғи ширинбаён ба шиъӣ будан аст. (Арз кунам, барои ин ҷониб ин иттиҳом бетафовут аст). Ман ин иттиҳомро бо тамоми масъулият рад мекунам ва мегӯям, ҳар чи дар ҳаққи домулло Саъдуддин гуфтанд ва мегӯянд, ҳама дурӯғ ва бӯҳтон аст. Ва таъкид мекунам, он ба хотири паст кардани шаъну шӯҳрати ӯ дар байни дӯстдорон ва шефтагони гуфтор ва ахлоқи ҳамидаш мебошад, ки дар ниҳоят латма ворид кардан ба даъвату пешгирӣ аз пазириши ислом ва пайвастан ба ҳаракати мӯътадили Наҳзат аст.

Ин ҷо хоҳиш мекунам якҷоя назаре ба таърихчаи марҳилаҳои аввали фаъолияти худи Наҳзат андозем. Наҳзате, ки муассисони он домулло ва олимони исломии машҳури кишвар ва ҳама аъзову тарафдоронаш мардуми мусулмони бумии Тоҷикистон ва пайрави мазҳаби ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ҳастанд, тӯҳмат ба Ваҳҳобӣ карда шуданд. Ваҳҳобӣ ин вожаи сиёсӣ, салбӣ (отрицателний) як фирқаи салафӣ ва манбаъи онҳо Саъудӣ аст, ки на мардуми мусулмони Тоҷикистон дар он давр тасаввуру огоҳӣ ба асли он фирқа доштанд ва на Наҳзату наҳзатиён ҳам ба он кучактарин мансубияте доранд. Ин тӯҳмат аз тарафи дастгоҳи махсуси амниятии Шуравӣ (КГБ) танҳо ба хотири ташвиши афкори мардуми мусулмон ва дур нигоҳ доштани онҳо аз дастгирӣ ва тарафдории ин ҳаракати исломӣ буд. Дар ин иттиҳом идораи динӣ ва имомхатибони дастнишондаи вақти он давра, пештоз буданд. Ҳоло бошад ҳаракате, ки як вақт ба ваҳҳобӣ будан тӯҳмат мешуд, имруз аъзоёни он ба Шиъӣ ва шиъигароӣ муттаҳам мешаванд, махсусан аъзоёни муассир ва домуллоҳои саршиноси он. Инҳо ҳамааш аз ғарази палид ва мақсадҳои нопок роҳандозӣ шудаанд дар муқобили Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва қурбониёнаш саъдудинҳо.

Домулло Саъдуддинро аз овони ҷавонӣ ва муллобачагӣ мешиносам. Муллобачаи қобилятнок, кӯшо ва соҳиби ихлос буд. Илова ба дарс назди уламо, нисбати сайидзодагон ва бузургони тариқат эҳтиром ва дидану зиёрати онҳоро махсус, воҷиби худ медонист, ҳар чанд вақт ба дидани яке аз ин бузургворони дину соҳибони тариқат мерафт, дар сӯҳбати эшон менишаст ва аз панду андарзҳо ва дуъои холисонаи онҳо истифода менамуд. Аз мо ва бисёри толибилмон ҳам талаб мекард, то аз файзи суҳбатҳои бузургони дин, шариъату миллат истифода намоем.

Домулло Саъдуддин ба хотири муллобачаи қобилиятнок ва ахлоқи хубу болояш, марде ба номи Эшон як шахсияти исломдӯсту муллодӯст ва хидматгузори толибилмон духтари худашро ба ӯ ба занӣ дод ва то охири ҳаёташ дар паҳлӯи домодаш дар хидмати уламо ва муллобачоҳо буд. Ҳазрати Эшон (р) ба хотири ислому домуллоҳо махсусан домодаш, домулло Саъдуддин (албатта ба сабаби хабаркашии баъзе мунофиқон) соли 1992 боздошт шуд ва бо зарби автомати “Калашников” ҳамроҳ бо мулло Шарифхуҷа (алайҳӣ раҳмаҳ) як ходими ислому уламо ва аҳли тариқат ба шаҳодат расонида шуданд.

Домулло Саъдуддин дар ҳодисаҳои солҳои 1992-1997 қарни бистуми кишварамон дар масири Масчоҳи кӯҳӣ аз тарафи кормандони амниятӣ ноҳияи Айнӣ боздошт ва баъдан дар як муъомилаи табодули асирони режими “Раҳмон” ҳамроҳ бо чанде аз шахсиятҳои тарфдори озодӣ ва адолат, мубодила шуданд. Ӯ аз азоб ва шиканҷаи он давр ёдоварӣ мекард, ки зиндониёни мухолифин, чӣ тавр дар дохили зиндон тавассути силоҳбадастони ҳукуматӣ латукӯб мешуданд, махусусан дар ҷабҳа вақте дар набардҳо аз муҷоҳидин шикаст мехӯрданд.

Хуб аст як воқеъиятро, ки худ дар домулло Саъдудин мушоҳида кардам ин ҷо бозгӯ кунам. Вақте табодул шуд, хеле ранҷур буд, хоссатан ҳолати руҳӣ ва асабияш вахим буд, барои дармон аввал ба Кобул пойтахти Давлати Исломии Афғонистон ва пасон вақте авзоъ дар он ҷо бар асари даргириҳои дохилӣ вазнин шуд ба Ҷумҳурии Исломии Эрон фиристода шуд. Мо, ки бо ҳам аз хурдӣ ва даврони муллобачагӣ якдигарро мешинохтем дар дафтари намояндагии Наҳзат дар шаҳри Кобул, бори аввал пас аз ҷудоиҳои дароз ва иштиёқ ӯро дидам, бо хеле муҳаббати зиёд ӯро оғӯш гирифтам ва шукргузории Парвардигор кардам, ки боз солим мебинамаш, аммо вай мисле, ки маро намешиносад бе таваҷҷӯҳ буд. Ман дар он вақт сахт озурда шудам аз ин навъи бархӯрди Домулло.

Ва лекин вақте бори дуввум дар шаҳри Толиқони вилояти Тахори Афғонистон баъд аз табобат гирифтан ҳамдигарро дидем, ӯ бо шавқи хеле зиёд манро ба бар гирифт ва аз бародари бузургам, ки дар ҳамон солҳои ҷанг шаҳид шуда буд ва ба Домулло алоқа ва ихлоси хосс дошту зиёд дар хидматгузоии вай буд, бисёр пурсуҷӯ кард. Ва аз ин, ки манро солим мебинад Худоро шукри зиёд мегуфт.

Ман барояш гуфтам: аҷиб, дар Кобул шуморо дидам, ҳеҷ таваҷҷӯҳе накардед, ҳоло бошад ин қадар бо муҳаббат ва бо тафсил пурсуҷӯ мекунӣ?! Дар посух гуфт: дар куҷо ва кай? Ва савганд хӯрд, ки аз Кобулу дидори бо ман ҳеҷ ёд намеорад. Бале, он қадар шиканҷа шуда буд, ки ғолибан 70% зокираи худро аз даст дода буд ва ба фазли Илоҳӣ оҳиста, оҳиста табобат шуда, ҳофизааш бар қарор шуд.

Аммо нуқтаи ибрат аз устод, домулло Саъдудин ин ҷост. Бо он, ки дар гирифтории қаблияш аз озору шиканҷа дар маҳбас огоҳӣ дошт, баъди раҳоӣ ва баргаштан ба кишвар дар роҳи худ дар сафи Наҳзате, ки худ аз фаъолони он буд, боқӣ монд. Ҳол он, ки мисли бисёре аз домуллоёну тарафдорони Наҳзат, ки онро раҳо ва пайи зиндагии дунёии худ, дур аз даъвату дур аз ҳизб шуданд, метавонист домулло Саъдуддин Наҳзатро тарк намуда, муллогӣ ва дунболи зиндагии худ шавад. Ва шояд аз будааш ҳам обруи бештар ва зандагии хубтарро ба даст меовард. Вале домулло Саъдуддин ин корро накард, чун вай тибқи фармудаи Худо, ки дар боло зикр кардем аз ҷумлаи содиқин аст. Содиқ аст ва медонад, ки ин роҳ, роҳи Худост ва Наҳзат корхона Худост ва дурӣ аз роҳи Худо ва кор дар ғайри корхонаи Худо маргаст агар чӣ ба зоҳир зинда ҳам бинамоӣ.

Домулло Съдуддин дар таъаҳҳуди бо Худо ва паймони бо ҳаракати исломии Наҳзат пойбанд ва бе ин, ки табдил ёбад содиқ монд. Сабру истиқомати домулло Саъдуддин ҳақиқат ва дурустии диндорӣ, мактаби инсонии Илоҳӣ ва фидокориву бандагӣ, имон, садоқат ва хидматро ба Худо, Ватан ва мардумашро мекунад.

“Имтиҳонҳои илоҳӣ мактаби тарбияти иродаҳо ва падидоварандаи истеъдодҳо мебошанд.”

“Худованд бандагони мӯъминашро аз як сӯ ба василаи имтиҳонҳои сангин тарбият намуда, обутоб медиҳад ва аз сӯи дигар ба василаи фишорҳои ҷониби муқобил ҳисси бедорӣ ва озодихоҳиро аз зулму ситам дар дили онон бармеангезад.”

Муҳаммадсаъид Ризоӣ, руҳонӣ ва фаъоли сиёсӣ

“Ҳамин имтиҳону озмоишҳо ва мушкилоту сахтиҳост, ки истеъдодҳои нуҳуфтаи инсонҳоро ошикор месозад ва миқдори шахсияти ҳар фардро барои ҷомеа маълум месозанд.”

“Бояд донист, ки мушкилоту сахтиҳо ва хавфу ноамнӣ, ғаму андӯҳ ва заҳмату зарар дар ин роҳ ҳама имтиҳони илоҳӣ буда, шахсият ва мақому ҷойгоҳи пуяндагони ин роҳро ба андозаи навъи бархӯрдашон ба он мушахас мекунанд.”

“Мубориза ва сабру истиқомат дар роҳи Худо сахтиҳои зиёд дорад, вале кафили бақои ислом, арзишҳои волои он ва ҳаёти хушу сарбаландонаи мусулмонон мебошад.”

Аз Аллоҳи Мутаъол қабули рӯзаву намоз ва ҳамаи корҳои некро аз якояки шумо азизон дорам! Ва ҳамчунин мехоҳам дар ин фурсати беҳтарин, ки дар меҳмонии Офаридгори олам қарор дорем, шоистагии ин меҳмониро бароямон насиб кунад ва қалбҳои моро бозсозӣ намуда, нафсҳоямонро ислоҳ ва худамонро солеҳ барои анҷоми корҳои писандидаи худаш омода кунад!

Бародари мо, домулло Саъдудин ва дигар бародарони мо ва ҳама асирону маҳбусини уммати исломро аз банду зиндонҳо раҳоӣ бидиҳад. Руҳи устодони ин мактабро аз мо розӣ бигардонад махсусан устодони марҳум: устод Сайид Адуллоҳи Нурӣ ва устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода (раҳматуллоҳӣ алайҳимо) ва бародароне, ки то ин дам моро тарк карда ба лиқоуллоҳ пайвастаанд дар ҷаннати Фирдас ҷой бидиҳад!

PS: Ин як суханроние дар моҳи Рамазон, соли 2016 дар ҷамъи дӯстон дар Истабули Туркия буд, ки аз бародарамон домулло Саъдуддин ҳафизаҳуллоҳ, ёдоварӣ кардем.

#Ҳафтаи_Саъдуддини_Рустам

#Озодӣ_ба_Саъдуддини_Рустам

#Свободу_Садуддини_Рустаму

#Free_Saduddin_Rustam

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: