Ба муносибати Ҳафтаи Домулло Саъдуддини Рустам
Амруллоҳи Низом
Арабҳо як мақулаи хубе доранд, ки мегӯяд:
الحق ما شهدت به الأعداء
“Дуруст ё ҳақиқат онест, ки душман ба он шаҳодат бидиҳад.” Дар бораи домулло Саъдуддини Рустам, яке аз зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ин мақулаи маъруф хеле сидқ мекунад.
Дар замони Расули Худо душманони он Ҳазрат (с) ҳама иттиҳомоти бадеро, ки дар тавони гуфтанашон дар ҳаққи Муҳаммади Мустафо буд, бебокона мегуфтанд ва иддае ҳам аз аҳлу атрофиёнашон дар паҳн намудани он иттиҳомот саҳмгузорӣ мекарданд, аммо ҳама душманони қурайшии он Ҳазрат (с) дар Макка ба содиқу амонатдор будани Ӯ ШАҲОДАТ медоданд. Ҳама дӯсту душман Ҳазрати Муҳаммади Мустафоро дар Макка “содиқул амин” (ростгӯи амонатдор) мегуфтанд. Ин шаҳодати онҳо содиқона буд.
Домулло Саъдуддини Рустамро, ки дар корномаи зиндагиаш нишебу фарозҳои зиёдеро пушти сар карда ва ба қавле дар хеле аз дидгоҳҳо ва изҳори назарҳои худ борҳо таҷдиди назар намудаву дар баъзе мавридҳо низ бархе изҳори назарҳояш “баҳсбарангез” ҳам шудааст, доштани санъати суханравии ӯро дусту душаманонаш содиқона эътироф мекунанд.
Вай доштани пайванди муҳкаме бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро барои худ ифтихор медонист ва барои ин ифтихороти худ борҳо подошҳои сангине ҳам пардохт кардааст.
Домулло Саъдуддини Рустамро хеле аз фарҳангиёни чиҳл соли ахири Тоҷикистон мешинсонад. Зеро ҷойгоҳи хоссе дорад. Вай бар иловаи доштани донишҳои хуби динӣ ва дунявӣ яке аз пешгомони санъати суханварӣ низ дар Тоҷикистон буд.
Домулло Саъдуддини Рустам дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ба хусус, пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва ҳине, ки даъватгарони мазҳабӣ озодона аз минбарҳои мухталиф кори худро оғоз карда буданд, ӯ яке аз беҳтаринҳо буд.

Дар он замон ва суханвариҳо дар баробари фасоҳати калом, далелҳои муҳкам, истифода аз санъатҳои дигари суханварӣ, доштани чеҳраи хандонрӯ ҳам барои ӯ хеле кӯмак мекарданд.
Дар сафи раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чеҳраҳои донишманд зиёд аст, вале ба андозаи домулло Саъдуддини Рустам хандонрӯтар хеле кам аст.
Ин хандонрӯӣ аз як нигоҳ баёнгари озодаву бекина будани инсонҳоро ба намоиш бигузорад, аз сӯи дигар боиси ҷалби таваҷҷуҳ ба худ ва ҷазб кардани даҳҳо каси дигаре низ аз одамони гирду атрофро ҳам дар пай дорад.
Пас аз оғози ҷангҳои хонумонсӯзи Тоҷикистон ӯ яке замоне боздошт ва зиндонӣ ҳам шуда буд ва сипас озод гардид, вале бо вуҷуди таҳаммули рӯзҳои сахт ва азобу шиканҷаҳои зиёд аз роҳи худ қафо нагашт, ва барои расидан ба ҳадафҳои худ устувор монд.
Инчунин, пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки оҳиста-оҳиста муносибати ҳукумат бо мухолифин, бахусус Ҳизби наҳзатии исломии Тоҷикистон рӯз то рӯз тиртар мешуд, ӯ ҳам яке аз “қурбониён” буд.
Вале бо ин вуҷуд, касоне ҳам дар баданаи ҳукумат буданд, ки содиқона ба маҳоратҳои домулло Саъдуддини Рустам тан дода, дар бахши санъаи суханварӣ ӯро яке аз пешгомони ин санъат дар Тоҷикистон эътироф мекарданд.
Дар замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 2003-2008) як бор не, балки борҳо шунида будам, ки бархе аз устодони донишгоҳиамон дар вақти мисол задан ба суханварони номии Тоҷикистон исми домулло Саъдуддини Рустамро ҳам дар сафи пешгомони санъати суханварони кишвар зикр мекарданд.
Домулло Саъдуддини Рустам дар роҳи худ ва ба арзишҳои худ пойбанд монд ва дарсҳо ва даъватҳояшро ҳам идома медод, то он, ки дар сентябри соли 2015 боздошт ва барои муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуд.
#Ҳафтаи_Саъдуддини_Рустам
#Озодӣ_ба_Саъдуддини_Рустам
#Свободу_Садуддини_Рустаму
#Free_Saduddin_Rustam
Добавить комментарий