Табрики КШНГЗС ба муносибати Иди саъиди Қурбон

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) иди шариф ва саъиди Қурбон — зеботарин иди ибодат, зеботарин ихлосу фидокорӣ, зеботарин бандагиву ишқи инсон бар Холиқи хеш Аллоҳи Зулҷалол, иди эҳсону исор, иди имону имтиҳон, иди қурбату қурбон ва иди шикасти ҳамаи шайтонҳо ва шайтонбаччаҳоро ба тамоми мусалмонон, мардум ва миллати азизи кишварамон Тоҷикистон ва махсусан азизони зиндонӣ табрику муборак бод гуфта, аз даргоҳи Худованди Мутаъол қабулии тоъоту ибодот ва озодии ҳарчи зудтари ҳамаи азизони зиндониро хоҳон аст.

Иди қурбон яъне фидо кардан ва гузаштан аз ҳамаи вобастагиҳост.

Азизон ва фарзандони ин миллат барои озодӣ, адолат, баробариву бародарӣ, эълои калиматуллоҳ ва халосӣ аз дасти шайтонсифатону золимони давр ҷони худро фидо карданд, ки бархе ҷоми шаҳодат нӯшиданд ва бархе ҳам дар гӯшаи зиндонҳои тангу торик аз ҷабру ситами шайтонсириштон ранҷ мекашанд ва наздикону ҷигаргӯшаҳояшон аз дурии онҳо ашк мерезанд ва ғам мехӯранд.

Худовандо!

Шаҳодати фарзандони ин миллат ва мардумро қабул бифармо ва бар наздикону пайвандонашон сабри ҷамил ато намо!

Озодии ҳарчи зудтари зиндониёни бегуноҳро муяссар бифармо!

Шикасти шайтонсифатонро дар баробари қурбониҳо ва озодихоҳии ин миллат наздик бисоз ва ашки шодиву сурур, пирӯзиву идро барои ин мардуму миллатамон ва ҷигаргӯшаҳои зиндониён насибу рӯзӣ бифармо!

Иншоаллоҳ дур нест он рӯз, ки ин миллат бар ин орзуву омоли худ мерасад ва иди пирӯзии хешро дар баробари қотилону золимони шайтонсиришт ҷашну таҷлил мекунад.

Мардуми кишварамон, Тоҷикистон бар асоси боварҳо ва имону эътиқодашон ба дини мубини Ислом, ба ҳамаи муқаддасоти ин дин ва ҷашну маросимҳои он эҳтироми комил доранд ва бар асоси он ҳам амал менамоянд, аз ҷумла иди саъиди Қурбон.

Мардум дар ин рӯз ба хонаҳои ҳамдигар ва дӯстону наздикон рафта, якдигарро ба ин иди саъид табрик менамоянд ва ҳеч гоҳ ёду поси хотири гузаштагонро фаромӯш намекунанд ва оёте чанд аз Каломуллоҳи Маҷид ба хотири шодии руҳи гузаштагон тиловат менамоянд.

КШНГЗС бо пайравӣ аз ин суннати ҳамида дуогӯйи тамоми гузаштагон ва қурбониёни кишварамон мебошад, минҷумла қурбониёни ахири дар Бадахшон аз даст рафта. Худованд руҳашонро шоду розӣ ва қабрашонро мунаввар ва ҷояшонро ҷаннатул маъво қарор бидиҳад!

Миллат ва фарзандони он ҳеч гоҳ ҳеч зулму ситам ва саркӯбгариро аз тарафи шайтонсифатон фаромӯш нахоҳанд кард ва интиқомашонро аз ин шайтонҳои давр хоҳанд гирифт.

КШНГЗСТ бори дигар ин идро ба тамоми мардум ва миллати азизамон табрик мегӯяд.

Иди саъиди Қурбон муборак бошад ҳамдиёрони азиз!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

08.07.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: