Ба муносибати Ҳафтаи Абдуқаҳҳори Давлат
“Ҳифзи ин мактаб, ки аз бузургони мо ба мерос омадааст, аз масъулиятҳои мост. Онҳо дар сахттарин шароит тавонистанд аз ин мактаб ҳифозат кунанд ва нагузоранд, ки роҳи оғозгашта дучори лағзишҳо шавад. Хатарҳо ва адовати душманонро бо иноят ва сабри илоҳӣ паси сар карданд ва нагузоштанд, то Наҳзат як абзор барои доираҳои дигар бошад. Акнун масъулияти минбаъдаи таърихӣ бар дӯши мост ва мо ҳам бояд тавре ин мактабро ба мерос гузорем, ки роҳу равиш ва манҳаҷи он тибқи хостаи муассисон бошад…”
КШНГЗС ин ҳафтаро барои зиндонии сиёсӣ, рӯзноманигор, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Раёсати олии ин ҳизб, раиси шӯъбаи равобити хориҷии ҲНИТ, сардабири пешини нашрияи “Наҷот” ва директори Маркази иттилоотӣ ва таҳлилии “Пресс-панорама” Абдуқаҳҳори Давлат ихтисос дод. Дар ин навиштор, ба муаррифии ин сиёсатмадори ҷавон мепардозем.

Абдуқаҳҳорм Давлат кист?
Давлятов Абдуқаҳҳор Абдукаримович маъруф ба Абдуқаҳҳори Давлат, дар 5-уми августи соли 1975 дар ноҳияи Колхозобод (Ҷалолуддин Румии кунунӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Вай пас аз хатми таҳсилоти ҳамагонӣ, Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абӯҳанифа ва сипас факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДДМТ)-ро хатм кардааст. Ӯ сипас дипломи риштаи иқтисодиёти ҷаҳонро аз Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дарёфт намудааст.
Абдуқаҳҳори Давлат яке аз фаъолтарин ҷавонони ҲНИТ маҳсуб мешавад, ки дар маҳофили сиёсии кишвар ҷойгоҳи худро дорад.
Вай дар 15 соли ахир дар бахшҳои мухталифи ҲНИТ аз симати котиби дастгоҳ ва муовини раиси шӯъбаи кадр ва омӯзиши сиёсӣ то сардабири “Наҷот” ва узви Шӯрои сиёсии ҳизб ифои вазифа кардааст.
Дар баробари фаъолиятҳои ҳизбӣ, ӯ ҳамчунин ба унвони ёвари директори хабаргузории “Мизон”, сармутахассиси маркази матбуотии Вазорати саноати ҶТ, директори Маркази таҳлилии “Пресс-панорама” ва ғайра анҷоми вазифа намудааст.
Абдуқаҳҳор донандаи забонҳои русӣ, англисӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад. Ӯ оиладор ва соҳиби 1 фарзанд аст.

Боздошт ва зиндонӣ кардани Абдуқаҳҳори Давлат
Бино бар гузориши 17 сентябри 2015, дар миёнаҳои сентябри 2015 КДАМ Абдуқаҳҳори Давлатро ба иттиҳоми даст доштан дар он чи режими Раҳмон онро “ошӯби генерал Назарзода” меномад, боздошт шуд; иттиҳоме, ки ҲНИТ ба шиддат онро рад кардааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон раиси ҲНИТ, Муҳиддин Кабириро ба даст доштан дар “ошӯби Абдуҳалим Назарзода” айбдор кард. Кабирӣ ин иттиҳомро рад кард. Вай гуфт: ”Ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Додситонии кул ҳанӯз аз ин пеш алайҳи ман бо мавридҳои сохтаи иқтисодӣ парванда омода карда буд. Барои онки маро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор бидиҳанд, ба онҳо лозим аст, то моро ба ошӯбе, ки мо ба он ягон робита надорем, бипайванданд.”
Бино бар гузорише дар таърихи 24 феврали 2016, Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи 13 узви Раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҷумла Абдуқаҳҳори Давлатро дар 9-уми феврали 2016 оғоз кард.
Дар таърихи 8 феврали 2016 Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” (AHRCA), марказаш дар Фаронса, аз Иттиҳодияи Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва созмонҳои дигари байналмилалӣ талаб кард, то аз мақомоти Тоҷикистон анҷоми муҳокимаи мунсифона ва бози парвандаҳои аъзои баландпояи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро тақозо кунанд.
Тибқи гузориши 2 июни 2016, Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдуқаҳҳори Давлатро ба 28 сол зиндон маҳкум кард.
Дар як гузориши ихтисосӣ дар ҳамин таърих, бародари Абдуқаҳҳори Давлат нисбат ба ҳукми додгоҳ вокуниш нишон дод.
Баёнияи ҲНИТ дар мавриди шиканҷаи Абдуқаҳҳори Давлат
Дар таърихи 13 октябри 2012, ҲНИТ роҷеъ ба шиканҷа шудани Абдуқаҳҳори Давлат дар зиндон баёния содир кард, ба ин шарҳ:
“Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз вазъияти саломатии узви зиндонии Раёсати Олии ҳизб Абдуқаҳҳори Давлат сахт нигарон буда, аз мақомот талаб мекунад, ки аз вазъи саломатии ӯ дар расонаҳо гузориш пешниҳод кунанд.
Баъд аз шикояти муовини зиндонии раиси ҲНИТ Муҳаммадалии Ҳаит, латукӯби Ҳикматулло Сайфуллозода ва вазъияти бади саломатии Раҳматуллои Раҷаб, хабари шиканҷаи Абдуқаҳори Давлат расонаӣ шуд, ки бисёр нигаронкунанда аст.
Ин хабар бори дигар маълумоти моро дар бораи эҳтимоли амалҳои ғайриқонунии мақомот дар зиндони нав тақвият намуда, боиси он гардид, ки ҷиддитар ба созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар муроҷиат намоем.
Ба хусус ин шабу рӯз Раҳмоне, ки 30 сол аст қудратро дар Тоҷикистон хонаводагӣ ва инҳисорӣ кардааст, дар Аврупо қарор дорад. Мо аз Парлумони Аврупо ва президенти кишвари Фаронса ҳамчун маҳди демократия ва пуштибони арзишҳои инсонӣ дархост менамоем, ки қазияи Абдуқаҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода, Раҳматуллои Раҷаб ва дигар зиндониёни сиёсиро ба Раҳмон гушзад намоянд ва аз ӯ бихоҳанд, ки ба қарори кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар бораи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон амал намуда, онҳоро ҳарчӣ зудтар озод кунанд.”

Мусоҳиба бо Абдуқаҳори Давлат
Дар таърихи 19 феврали 2017 сайти ҲНИТ мусоҳибае бо Абдуқаҳҳори Давлатро, ки ба муносибати 40-солагии таъсиси ин ҳизб анҷом шудааст мунташир кард. Барои ошноӣ бо ин зиндонии сиёсӣ, муруре ба гуфтаҳои ӯ дар ин мусоҳиба лозим аст.
Пешгуфтор: Абдуқаҳҳори Давлат 5 августи соли 1975 дар ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Румӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ошноӣ бо улуми исломиро ҳанӯз аз овони кӯдакӣ дар назди домулло Саидхоҷа ва қорӣ Муҳаммадвалӣ дар зодгоҳи худ оғоз намуда, сипас дар назди домулло Муҳаммадтолиб онро такмил медиҳад.
Дар авоили солҳои навадум дар назди домулло Атохоҷаи Қумсангирӣ касби илм намуда, улуми сарфу наҳвро дар назди қорӣ Саидбек азбар мекунад. Баъди хатми мактаби миёна дар соли 1992 ба Техникуми савдои шаҳри Душанбе дохил мешавад ва баъди сар задани ҳаводиси солҳои 1992 ба Давлати Исломии Афғонистон ҳиҷрат намуда, аз он ҷо ба Покистон меравад ва Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абӯҳанифа (р)-ро бо баҳои хубу аъло хатм мекунад. Дар Покистон муддате ба ҳайси муҳаррири масъули маҷаллаи арабизабони тоҷикон бо номи “Ҷайҳун” кор кардааст.
Баъди имзои Созишномаи сулҳ ба Ватан баргашта, факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултаи Иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст ва унвонҷӯи Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷаи Федератсияи Русия мебошад.
Номбурда дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ёвари директори Хабаргузории илмию таҳлилии “Мизон”, сармутахассиси Маркази матбуоти Вазорати саноати ҶТ, ёвари директори генералии ҶСНК “Тоҷиктекстил” кор кардааст.
Фаъолияти ҳизбии худро аз соли 1999 оғоз намуда, дар бахшҳои мухталифи ҲНИТ фаъолият кардааст, аз ҷумла, котиби Дастгоҳи иҷроия (1999-2000,) муовини раиси шӯъбаи кадр ва омӯзиши сиёсӣ (2001-2004,) сармуҳаррири ҳафтаномаи “Наҷот”, раиси шӯъбаи табъу нашри ҲНИТ (2004-2010) ва раиси шӯъбаи робитаҳои хориҷии ҲНИТ будааст. Соли 2007 Маркази иттилоотиву таҳлилии “Пресс-панорама” таъсис ва директори ин марказ будааст. Вай узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати Олии ҲНИТ буд. Оиладор соҳиби 1 фарзанд аст.
— Бародари гиромӣ, шуморо ба муносибати ҷашни 40-солагии Наҳзат табрик мекунем.
— Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.Бо изҳори ташаккур дар ибтидо аз шумо тамоми бародарону хоҳарони наҳзатиро бо ин санаи муҳим табрику таҳният мегӯям. Воқеан дар тӯли ин 40 сол ҳизб марҳилаҳои гуногуни ташаккулёбиро аз сар гузаронид. Солҳои фаъолияти пинҳонӣ, ширкат дар ҳукумати эътилофӣ, ҳиҷрат, муборизаву муқовимат барои бозгашти сарбаландона ба кишвар ва соҳиб шудан ба ҳуқуқҳои аздастрафта, инчунин мушорикат дар КОМ ва ҳукумати давраи гузариш ҲНИТ-ро ба чиҳили камолот расонид. Ин сана маънои онро дорад, ки наҳзатии имрӯз аз наҳзатии ибтидои солҳои навад бо вижагиҳои хосе, ки ба узви як ҳаракати исломии муосир тааллуқ дорад, фарқ мекунад. Дар гузашта душманони ин ҳаракат бо ангушти иттиҳом онро ба тӯдаи «муллоҳои аз сиёсат» бехабар ташбеҳ мекарданд, вале имрӯз ин корро карда наметавонанд. Дар ин санаи хеле муҳим шояд таассуфовар ин бошад, ки дар паҳлӯи мо устодону бузургоне, ки дар таъсиси ин ҳизб заҳмат кашидаанд, нестанд. Ба хусус устодон Нуриву Ҳимматзода, Худованд онҳоро шомили раҳмати худ гардонида, дар биҳишти ҷовидон маъво диҳад.
— Замони даргириҳо Шумо донишҷӯ будед, аммо чӣ сабаб шуд, ки таҳсилро канор гузошта, ҳиҷратро ихтиёр намоед?
— Моҳи сентябри 1992 вақте ба айёдати волидайни худ ба ноҳияи Колхозобод рафтам, гурӯҳҳои мусаллаҳи сиёҳпӯш ба вилояти мо бо танку зиреҳпӯш ҳуҷум карданд. Аҳлу оила, падару модар ва дигар хешу ақрабо ба Душанбе муҳоҷир шуданд ва мебоист ман ҳам ба Душанбе меомадам, аммо роҳи рафтуомад якбора банд шуду омада натавонистам. Ман таҳсилро на аз рӯи ихтиёр, балки аз ноилоҷӣ канор гузоштам. Агар бигӯем, хотираҳои ҳиҷрат ҳама дарси зиндагӣ ва дарси ҳаёт аст, хато намекунем. Он шабурӯз мардум умед доштанд, ки ин мушкилӣ ҳарчи сареътар ҳалли худро хоҳад ёфт, хусусан баъди сессияи 16-уми “таърихӣ”. Ҳама бо чашми имдод ба қасри “Арбоб” менигаристанд, ки шояд роҳбарияти нави кишвар коре барои қатъи ҷангу хунрезӣ анҷом бидиҳад. Вале рафти ҳаводиси баъдӣ нишон дод, ки ин гумонҳо танҳо орзуву хаёланд. Ҳукумати нав ба ҷои ба мушкили мардум расидан, “отчистка”-ро дар ҷумҳурӣ, ба хусус дар вилояти собиқ Қӯрғонтеппа ва шаҳри Душанбе роҳандозӣ кард. Дар ноҳияҳои Шаҳритус, Қумсангир ва Панҷ мардуми зиёдеро ба шаҳодат расониданд. Ҳатто алайҳи бошгоҳҳои мардуми гурезаи бесилоҳ аз он тарафи симхор, дар лаби дарёи Ому ҳуҷум сурат гирифт, ки ман ва ҳазорон мардуми дигарро водор ба ҳиҷрат ба Афғонистон кард.

— Баъд аз ҳиҷрат Шумо дар бархе аз сохторҳои давлатӣ кору фаъолият намудед, ҳамон вақт назари масъулини ниҳодҳои ҳукуматӣ ба мухолифин чӣ гуна буд?
— Бояд қайд намоям, ки ҳадаф аз фаъолият дар ин сохторҳо танҳо касби таҷрибаи корӣ буд, на чизе беш аз ин. Дар Вазорати саноат ба ҳайси сармутахассиси Маркази матбуот ва дар ҶСШК “Тоҷиктекстил” дар ибтидо ба ҳайси сардори шӯъбаи умумӣ ва баъдан ба ҳайси ёвари директори генералии корхона фаъолият кардам. Роҳбарияти ин ду сохтор аз фаъолияти банда қаноатманд буданд. Дар байни давлатмардон низ афроде буданд, ки ба мухолифин назари мусбат надоштанд, ҳатто агар имкон пайдо мешуд, барои ихроҷи онҳо аз сохторҳои давлатй дастур медоданд ва дар айни ҳол афроди хуб хеле зиёд буданд, ки аз ваҳдату мусолиҳаи миллй ҳарф мезаданд.
Дар ин ҷо мехоҳам, як қиссаи воқеъиро аз фаъолиятам дар ҶСНК “Тоҷиктекстил” ёдовар шавам. Ҳар ҳафта ҷаласаи Шӯрои директорон баргузор мешуд ва ман ҳам ба ҳайси ёвари директори генералӣ дар ин ҷаласаҳо ширкат мекардам. ҲХДТ барои ҷалби аъзои нав бо як гурӯҳ коргарзанони ҶС “Нассоҷ” муроҷиат мекунад, дар он ҷо посух мешунаванд, ки мо аъзои ҲНИТ мебошем. Ин хабар онҳоро сахт нороҳат мекунад ва баҳсро то Шӯрои директорон мекашанд. Аҷибаш ин буд, ки маро барои суҳбат кардан бо ин коргарзанон муваззаф сохтанд ва ҳатто ёдам меояд, ки ба ман гуфтанд: “Куҷоро нигоҳ мекунӣ, ки Наҳзат дар корхона ячейкаҳояшро ташкил кардааст…
— Фарҳанги коргузории Наҳзат аз ниҳодҳои ҳукуматӣ чӣ фарқият дорад?
— Ба назари ман муҳимтарин фарқият дар фарҳанги муносибат ва кории исломӣ аст, ки дар асоси арзишҳои диниву мазҳабӣ пайдо мешавад. Дар Наҳзат ин фарҳанг роиҷ аст ва ҳамаи масъалаҳо дар доираи ҳамин арзишҳо, яъне арзишҳои исломӣ ҳаллу фасл мешаванд. Вале дар ниҳодҳои ҳукуматӣ то ҳол фарҳанги кӯҳнаи Шуравӣ роиҷ аст. Сабабаш дар он аст, ки афроде, ки сари қудратанд, аз мактаби Ҳизби коммунистӣ гузашта, тарбиядидаву таҳсилкардаи он замонанд. Муншии аввали ҳизби Коммунист, муншиҳои вилоятиву ноҳиявӣ таҳқиру дашном медоданд ва онҳо дар навбати худ ин фарҳангро дар маҳалҳо истифода мекарданд. Ҳанӯз ҳам аз ин гуна фарҳанги коргузорӣ дар идораҳо истифода мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ҳайсияти коргар ба инобат гирифта намешавад, вале мардум аз рӯи ночорӣ маҷбуранд, кор кунанд ва зиндагии худро пеш баранд.
— Шумо замоне раиси шӯъбаи табъу нашри ҲНИТ будед ва ин шӯъба дар пайи ислоҳоти сохтории ҳизб барҳам хӯрд. Ислоҳоти сохторӣ дар пешрафти кори ҲНИТ чӣ таъсир расонид?
— Албатта, ҳар ислоҳот ҷанбаи мусбии худро дорад, вале гумон мекунам, барҳам додани ин шӯъба ҷанбаҳои манфӣ низ дошт. Он замон як блоки қавии иттилоотӣ ва расонаӣ ба вуҷуд омада буд, ки нашри ҳама гуна матолиб бо ҳамоҳангии комил ва барномавӣ сурат мегирифт. Ҳафтаномаву маҷаллаҳо ва сомона дар таъмини маводу мақолаҳо комилкунандаи якдигар буданд. Маводе, ки хусусият ва талаботи жанрӣ дар он мутобиқат ба мӯҳтавои ҳафтанома, маҷаллаҳо ё ин ки сомона мекард, дар ҷои худ нашр мешуд. Мушкили асосие, ки имрӯз дар саҳифаҳои расонаҳо мебинем, ин баъзан ба хусусиятҳои жанрӣ ҷавобгӯ набудани матолиб аст, ки ба нашр мерасанд. Дар ҳоли ҳозир ҳар як расонаи мо ба шакли инфиродӣ ва барномаи дохилии худ фаъолият дорад, ки эҳтимолан дар баъзе ҳолатҳо корҳои муҳими расонаӣ ба сабаби ҳамоҳанг нашудан ё наомадани барномаҳои онҳо аз мадди назар дур мемонад. Ин амал дар инъикоси ҳаёти ҳизбӣ ва нашри матолиб таъсири манфӣ мерасонад. Дар баробари ин, шӯъбаи табъу нашр як идда корҳоеро барои худкифо шудани расонаҳои ҳизбӣ рӯи даст гирифта буд, ки ба ҳизб фоидаи молӣ меовард.
— Шумо яке аз номзадҳои ҲНИТ ба МН будед ва бо интихобкунандагони худ вохурӣ ва суҳбатҳо доштед, ҳоло мегуфтед, ки тақаллубкориҳо дар интихобот аз бетафовутии мардум нисбат ба сиёсат сар мезананд, ё мубтанӣ бар ташаккул наёфтани шууру фарҳанги сиёсии эшон аст?
— Дар ин ҷо ҳаргиз намешавад бетафовутии мардумро сабаби тақаллубкориҳо дар интихобот донист. Дуруст аст, ки фарҳангу шуури сиёсӣ дар мо тоҷикон ҳанӯз ҳам ба таври комил ташаккул наёфтааст, вале мо дар роҳи ташаккулёбӣ ва рушди ин фарҳанг ҳастем. Агар интихоботҳои баъди мусолаҳаи миллиро мо мавриди таҳлил қарор бидиҳем, мебинем, ки интихоботи 2010 комилан аз интихоботҳои қаблӣ фарқ мекард. Яъне ширкати густурдаи мардум дар интихобот ва муборизаи номзадҳо ба вакилӣ бозгӯи он аст, ки фарҳанги сиёсии мардуми мо як каме пеш рафтааст. Ба фикрам, аввалин бор баъди истиқлолият мақомот ва ҳизби ҳоким заъфу нотавонии худро дар пеши рақибони сиёсиаш бо чашми сар диданд. Барои умумигӯӣ нашудан, метавон аз ҳавзае, ки худи ман номзад будам, мисол биёрам. Рақибам, ки раиси ноҳия буду бар замми ин қаробати хешу таборӣ бо Президенти кишвар дошт, аз гузаронидани мулоқотҳои муштарак худдорӣ мекард. Ҳатто яке аз мулоқотҳоеро, ки мақомот ва ҳавза дар беморхонаи марказӣ бо ширкати фаъолони ноҳия ташкил карда буд, нахостанд моро даъват кунанд. Мо рафта, ба толор даромадем, талаботи қонунгузориро барояшон фаҳмондем, ки мо низ ҳаққи ширкатро дорем. Аз соати 9.00 то 30 ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, мо ҳамроҳи мардум мунтазири ӯ шудем, вале ӯ наомад. Аниқтараш аз дарвозаи беморхона ворид шуду ба толор надаромад.
Тақаллубкориҳо танҳо аз афроде сар мезанад, ки тааллуқ ба элитаи ҳоким доранд. Онҳо супориш мегиранд ва супориш иҷро мекунанд. Ин албатта, бармегардад, боз ба надоштани фарҳанги сиёсӣ, тамаъҷӯӣ, тамаллуқкорӣ ва тарси аз даст додани мақому ҷойгоҳи ин гуна афрод.

— Наҳзат дар барномаи кор ба муҳоҷирин хеле фаъол буд, вале ҳоло аҳзоб ва ба хусус ҲХДТ низ ба масъалаи муҳоҷирин аҳамият медиҳад. Ба андешаи Шумо рақобат миёни аҳзоб барои ҷалби аъзо ва ҷонибдорон аз ҳисоби муҳоҷирин шуруъ шудааст?
— Таваҷҷӯҳи ҲНИТ ба муҳоҷирон то ҷое ҳизби ҳокимро ба андеша водор кард ва як навъ рақобатро байни ду ҳизб ба вуҷуд овард. Наҳзат пешниҳод кард, ки дар кишвар як ниҳоди мустақил дар сатҳи вазорат бояд барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ташкил шавад ва мақомот бо таъсиси як хадамот иктифо намуд. Бояд ёдовар шавам, ки ҲНИТ се сол қабл бо даъвати худи муҳоҷирин як ҳайати 20 нафараро ба шаҳру вилоятҳои мухталифи Федератсияи Русия равон кард, ки ҳайат аз шаҳрҳои Владивосток, Новосибирск, Екатеринбург, Перм, Самара, Қазон, Уфа, Нижний Тагил, Сургут, Маскав, Санк-Петербург ва минтақаҳои дигар дидан намуда, бо муҳоҷирон суҳбату мулоқотҳо анҷом доданд. Ин барнома ҳанӯз ҳам идома дорад ва ҳамасола баъзе бародарон барои ин кор сафарбар карда мешаванд. Ба назари ман, ҷалби муҳоҷирин ба ҳизб он қадар муҳим нест, муҳим ба қалби муҳоҷир роҳ пайдо кардан аст, то ӯ ба қаноати қалбӣ бирасад ва дар ҳизб пуштибони ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ ва конститутсиониашро бубинад ва пойбандӣ ба ормону арзишҳои ҳизб нишон бидиҳад.Дар ғайри сурат узвияти нафаре, ки ба ормону арзишҳои ҳизб пойбанд нест, ҳеҷ маънӣ ё манфиате ба ҳизб расонида наметавонад.
— Наҳзат дар алоқа бо хориҷ бештар бо ҳукуматҳо робита ва ҳамкорӣ дорад ва ё бо созмон ва ташкилотҳои гайридавлатӣ?
— Наҳзат бо ҳама доира ва қишрҳои дохиливу хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Ҳамин гуна ҳамкориҳо буд, ки имрӯз Наҳзатро дар ҳама самтҳо мешиносанд ва аз он ҳамчун ҳизби дорои ҷаҳонбинии Исломи муътадил ном мебаранд. Дар баъзе аз кишварҳо таҷрибаи фаъолияти Наҳзат мавриди омӯзиш қарор дорад ва ҳамчун намуна истифода мешавад. Ин эътироф, албатта, саҳлу осон ба даст наомадааст ва робитаҳои доимии роҳбарияти ҳизб бо доираҳои мухталифи хориҷӣ, корпусҳои дипломатӣ, марказҳои таҳлиливу омӯзишӣ сабаби аслии ин эътироф аст.
— Оё Наҳзат дар сиёсатҳои худ зери таъсири барномаҳои ҳизбу ҳаракатҳои кишварҳои дигар қарор мегирад?
— Чунин таъсир вуҷуд надорад, вале Наҳзат аз таҷориб ва фаъолияти онҳо истифода мебарад ва ин кори маъмулии ҳар ҳизб аст. Табодули таҷриба ҳаргиз маънои зери таъсир қарор гирифтанро надорад. Фитрати инсонӣ ҳам ин гуна хусусиятҳоро дорад ва баъзан мешавад, ки гароишҳо пайдо мешаванд, ки дар кори ҷамъиятӣ ва гурӯҳӣ ҳаргиз таъсиргузор нест. Наҳзати мо наҳзати сирф, исломӣ бо андешаҳо ва ҷаҳонбинии тоҷикӣ аст.
— Шумо бо Вазорати хориҷии кишвар ва дигар сохторҳои он чӣ гуна ҳамкорӣ доред?
Ҳамкориҳо ҳаст, вале қонеъкунанда нестанд. Ин албатта, боз ба ҳамон фарҳангу муносибати сиёсӣ ва ҷаҳонбиние, ки дорем, бармегардад. Вале қадам ба қадам пеш рафта истодаем ва умед аст, ки ин ҳама бу хубӣ паси сар хоҳад шуд.
— Дар охир чӣ гуфтании дигаре доред?
— Ҳифзи ин мактаб, ки аз бузургони мо ба мерос омадааст, аз масъулиятҳои мост. Онҳо дар сахттарин шароит тавонистанд аз ин мактаб ҳифозат кунанд ва нагузоранд, ки роҳи оғозгашта дучори лағзишҳо шавад. Хатарҳо ва адовати душманонро бо иноят ва сабри илоҳӣ паси сар карданд ва нагузоштанд, то Наҳзат як абзор барои доираҳои дигар бошад. Акнун масъулияти минбаъдаи таърихӣ бар дӯши мост ва мо ҳам бояд тавре ин мактабро ба мерос гузорем, ки роҳу равиш ва манҳаҷи он тибқи хостаи муассисон бошад.
Абдуқаҳҳори Давлат кист? — (видео):
#Ҳафтаи_Абдуқаҳҳори_Давлат
#Озодӣ_ба_Абдуқаҳҳори_Давлат
#Свободу_Абдукаххори_Давлату
#Free_Abduqahhori_Davlat