“Интизор доштам, бузургони ин ҳизб ӯро муаррифӣ мекунанд, вале ин корро накарданд”

Ба муносибати Ҳафтаи Абдуқаҳҳор Давлат

Амруллоҳи Низом

Ин бачаи хуб солҳо оинанамои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд. Ӯ сардабири нашрияи ин ҳизб бо номи “НАҶОТ” буд.

То вақте дар озодӣ буд, барои ҳифзи обрӯ ва эътибори ин ҳизб талош мекард, аммо ҳоло, ки ба хотири ин ҳизб пушти миллаҳои зиндон равонаш кардаанд, қариб, ки хелеҳо дар ин ҳизб ӯро фаромӯш кардаанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ин ҳафтаро ҳафтаи Абдуқаҳҳори Давлат эълон кардааст, дасти якояки аъзои он дард накунад, вале ман интизор доштам, ки чандин нафар аз бузургворони ин ҳизб ӯро аз нав муаррифӣ мекунанд, вале то ҳол чунин кореро накардаанд ё шояд дақиқтараш ман ба онҳо даст пайдо накардам, то бо мутолеъаи онҳо аз зовияи дигар ӯро бишносам.

Ман бо ин ном ҳанӯз беш аз 20 сол пеш ошно будам. Агар иштибоҳ накунам, ӯ соли 1998 Донишкадаи олии Имом Абӯҳанифа барои омодасозии муаллимонро дар Пешовари Покистон хатм кардааст.

Замоне, ки банда ҳам дар ин донишкада таҳсил мекардам, борҳо аз забони устодоне чун Фасиҳулло ва Абдулматин, Абузайд ва Абумуҳаммад таърифу тавсифҳои ӯро шунида будам.

Дар Тоҷикистон ӯ фориғуттаҳсили бахши ғоибонаи Факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Вақте дар ин ҷо ҳам таҳсил мекардам, хеле аз устодон дар вақти намуна овардан барои донишҷӯён бо даҳони пур мегуфтанд, ки сардабири “НАҶОТ” ҳам дастпарвари ҳамин факулта аст.

Агар хотираам фиреб надиҳад, рамазони соли 2006 вақте сардабири НАҶОТ буд, барои қайчӣ кардани як мақолаам дар НАҶОТ бо ӯ даъво карда будам. Он вақт ба эшон гуфта будам, ки вақте вориди мавзӯъ нестӣ, ба ҳеч ваҷҳ ҳаққи таҳрир ва ё таҳрифро надорӣ!

Гапҳомон баланд рафт, Худо аз домулло Зубайдуллоҳи Розиқ розӣ бошад, ки аз куҷое даъвоҳои моро шунида, омада маъзарат пурсид, ки тақсир аз вай буда, ки таҳрири матлаби диниро дар набудани ӯ касе дигар анҷом додааст…Он даъво ибтидои шиносоии мо аз наздик буд…

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор ва фаъоли сиёсӣ

Абдуқаҳҳори Давлат як замоне дар ҲНИТ масъули равобити хориҷии он ҳам буд ва барои эътибори он дар хориҷ ҳам хеле талош карда буд ва дар рӯзҳои охири фаъолиятҳои он дар Тоҷикистон яке аз маъдуд афроде буд, ки то охир устувор боқӣ монд…

Дар он рӯзҳои ахир, ки борҳо ба зиёрат ва ё дидорбиниашон рафта будам, фикр мекунам, иштибоҳи ӯ ва дигар ёрони гирифтораш дар зиндон он буд, ки ба ин ҳукумат хушбин буданд ва ба ин ҳад золиму фосид ва бадҷаҳл будани сарони фитна дар ҳукуматро бовар нанамекарданд.

#Ҳафтаи_Абдуқаҳҳори_Давлат

#Озодӣ_ба_Абдуқаҳҳори_Давлат

#Свободу_Абдукаххори_Давлату

#Free_Abduqahhori_Davlat

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: