Дар сахттарин шароит, ӯ масъулияти Комиссияи назорати оташбасро ба ӯҳда гирифт

Ба муносибати Ҳафтаи Ҷалолуддини Маҳмуд

“Он чизеро, ки Наҳзат ба миллати мусалмони мо дод, бидуни муболиға метавон гуфт, ин дарки дурусти Ислом аст. Инро танҳо аз мактаби Наҳзат омӯхтанд, ки барои дар зеҳни мардум ҷой намудани ин ақида роҳбарони Наҳзат заҳматҳои зиёд кашиданд…” (Ҷалолиддини Маҳмуд)

Ҳафтаи ҷорӣ барои зиндонии сиёсӣ, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва собиқ раиси Комиссияи назорати оташбас аз ҷониби мухолифин дар солҳои ҷанги дохилӣ (1992-1997) Ҷалолиддини Маҳмуд ихтисос дода шудааст. Дар навиштори ҳозир, ба муаррифии ин шахсият мепардозем:

Ҷалолиддини Маҳмуд кист?

Ҷалолиддини Маҳмуд дар таърихи 15-уми феврали соли 1960 дар деҳаи Чуқураки тоҷикони ноҳияи Ҳисор, дар хонаводаи руҳонӣ ба дунё омадааст. Падараш, мулло Бурҳониддин моҳи январи соли 1993 бо дасти ҷангҷӯёни “Фронти халқӣ” ба шаҳодат расида.

Вай дар солҳои 1967-1977 дар мактаби миёна таҳсил ва дар солҳои 1978-1980 дар саффи Артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) дар Муғулистон адои хидмат намудааст.

Ҷалолиддин дорои ихтисоси техникии “Кассири роҳи оҳан” ва хатмкардаи риштаи Иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1988 мебошад. Аз соли 1980 бо пешниҳод ва роҳнамоии марҳум домулло Абдулғаффори Бурҳонӣ шомили Наҳзати Исломии Тоҷикистон шуд.

Вай ба забонҳои русӣ ва арабӣ ҳарф мезанад ва соҳиби маълумоти хуби динӣ аст.

Соли 1990 дар Анҷумани таъсисии Ҳизби наҳзати исломии СССР дар шаҳри Астрахани Русия ба ҳайси вакил ширкат намуда, дар Конфронси таъсисии бахши тоҷикистонии он узви котиботи Конфронс интихоб шуд.

Ҷалолиддини Маҳмуд дар ҳамаи анҷуманҳои ҲНИТ ба ҳайси вакил иштирок карда, дар ҳамаи давраҳо узви Раёсати Олии ҲНИТ интихоб шудааст. Аз соли 1992 масъулияти раисии шӯъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказро ба ӯҳда дошт.

Дар аснои ҷанги дохилӣ яъне аз охирҳои 1992 дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аз декабри 1993 дар шаҳри Маскави Русия дар ҳиҷрат ба сар бурдааст.

Моҳи майи соли 1994 раиси дафтари ҲНИТ дар шаҳри Маскав таъйин шуд.

Баъди таъсиси Комиссияи оташбаси ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон, аз ноябри соли 1994 ба ҳайси муовини ҳамраиси Комиссияи оташбас фаъолият кард ва аз феврали соли 1996 масъулияти ҳамраисии Комиссияи оташбасро ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1995 дар тамоми музокирот ва машваратҳои миёни тоҷикон ширкат намудааст.

Ҷалолиддини Маҳмуд ба кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Эрон сафарҳои кории зиёд анҷом додааст ва соли 1996 мушарраф ба зиёрати хонаи Худо, Каъба гашт.

Соли 1997 баъди ташкили Комиссияи оштии миллӣ (КОМ), ба ҳайси узви зеркомиссияи низомии КОМ фаъолият намуд.

Аз сентябри 1997 то сентябри 1999 аз тарафи роҳбарияи Наҳзат раиси Кумитаи танзимии ҲНИТ таъйин шуд, ки вазифаи ин кумита ҷамъ намудани аъзо ва масъулини ҲНИТ баъд аз парокандагӣ буд.

Соли 1999 раиси шӯъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ ва соли 2003 муовини раиси ҲНИТ интихоб мешавад.

Аз соли 2007 то соли 2010 масъулияти ҳамоҳангсози Раёсати олӣ ва аз соли 2010 мушовирии раиси ҲНИТ-ро ба ӯҳда дошт.

Аз моҳи ноябри соли 2011 иҷрокунандаи вазифаи раиси шӯъбаи ҲНИТ дар НТМ буд.

Ҷалолиддини Маҳмуд аз соли 2000 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) буд.

Вай оиладор ва соҳиби 5 фарзанд мебошад.

“Ҳадафи мухолифон ҷанг набуд…”

Ҷалолиддини Маҳмуд ҳамон тавр ки гуфтем, дар даврони ҷанги дохил дар Тоҷикистон (1992-1997) риёсати Комиссияи назорати оташбасро аз ҷониби мухолифон ба ӯҳда дошт. Вай дар таърихи 30 августи соли 2011 дар як мусоҳибаи ихтисосӣ, тасреҳ кард, ки “мо ҳарггиз ҷангро намехостем. Ба мо онро таҳмил карданд ва ҳамеша вазифаи мо дифоъ кардани худамон буд…”

Нахустин боздошт ва зиндонӣ шудан

Дар феврали соли 2015 Ҷалолиддини Маҳмудро ба иттиҳоми “нигаҳдории аслиҳа дар манзили ҳамсоя” боздошт карданд. Бино ба гузориши 11 феврали соли 2015 дар ВВС форсӣ, вай ба ин иттиҳом аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуд.

Бар пояи гузориши 11 феврали 2015 дар Радиои Озодӣ, Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошти Ҷалолиддини Маҳмудро пеш аз интихоботи парлумонӣ “тарҳрезишуда” ва “сиёсӣ” донист ва хостори раҳоии ҳарчӣ зудтари ӯ шуд. Дар баёнияе, ки ҲНИТ дар он таърих мунташир кард, омадааст: ”Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷ.Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳилаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад.”

Додгоҳи ноҳияи Ҳисор дар таърихи 20 июли 2015 Ҷалолиддини Маҳмудро ба 5 соли зиндон маҳкум кард.

Вай дар таърихи 4 апрели соли 2019, баъди адои 4 солу 2 моҳи ҳукм, озод карда шуд.

Боздошт ва зиндонӣ кардани Ҷалолиддини Маҳмуд барои бори дуввум

Ҷалолиддини Маҳмудро дар таърихи 3 августи соли 2020 аз хонааш дар Ҳисор дастгир карданд. Бо чӣ ҷурм маҳкум шудани ӯ маълум набуд. Ӯ барои бозпурсӣ бурда буданд ва баъди чанд соат манзилашро кофтукоб карда, китобҳояшро ҳам мусодира карданд. Вале ба гузориши Радиои Озодӣ дар 5 январи 2021 аз қавли як мусоҳиби худ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Ҷалолиддини Маҳмудро бар асоси моддаи “бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” маҳкум карда, аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбаси “Ваҳдат” бурдаанд.

Раёсати Олии ҲНИТ бо интишори баёнияе дар 4 августи 2020, боздошти дуюмин бори Ҷалолиддини Маҳмудро маҳкум кард ва гуфт: “Ҷалолиддин Маҳмудов ҳамагӣ як сол пеш аз зиндон озод шуда буд ва мисли дигар боздоштшудагон ба фаъолияти сиёсӣ машғул набуд. Ҳукумати кишвар бо роҳандозии ин иқдомҳо дар арафаи интихоботи президентӣ барои дур кардани диққати мардум аз мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фазои сиёсии кишварро амниятӣ намуда, руҳияи тарсу ваҳшатро дар ҷомеъа меафзояд.”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗ) низ бо интишори баёнияе, аз шиканҷа шудани Ҷалоддини Маҳмуд дар зиндон изҳори нигаронӣ кард. Дар ин баёния омадааст: “Ду зиндонии сиёсӣ, аъзои Раёсати Олии ҲНИТ — Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд дар зиндон шиканҷа шудаанд, ки дар натиҷа вазъи саломатиашон вахим гардида ба бемористони шаҳри Ваҳдат интиқол дода шудаанд. Тибқи иттилои манобеъи гуногун, ин ду нафарро ба хотири гирифтани эътирофоте алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зери шиканҷаи шадид қарор додаанд.”

Бино бар гузорише, “Аз ӯ (Ҷалолиддини Маҳмуд) хостанд, бар зидди ҲНИТ дар назди камера сухан гӯяд, вале ӯ ҳам сахтҷонӣ карда, чизе нагуфт ва барои ин сарпечӣ карданаш ончунон ӯро заданд, ки аз по тамоман монд ва дигар бо қошуқча хӯрокаш медоданд. Роҳгашта наметавонист. Акнун чанд рӯз шудааст, ки бе кӯмак мустақилона роҳ меравад…

Гуфтугӯи муфассали Ҷалолиддини Маҳмуд ба мунсибати 40-солагии таъсиси ҲНИТ

Барои ошноии бештар бо Ҷалолиддини Маҳмуд, лозим донистем, мусоҳиба бо ӯ ба муносибати 40-солагии таъсиси ҲНИТ-ро пешкаши хонандаҳо бикунем:

– Шумо 33 сол собиқаи ҳизбӣ доред. Ба андешаи Шумо, муҳимтарин дастовардҳои Наҳзат чист?

– Худоро шукру сипос мегӯям, ки аз соли 90 (-и қарни 20-ум), ки Ҳизб ба фаъолияти расмӣ оғоз намуд банда дар тамоми анҷуманҳои он ширкат доштам. Аз Анҷумани таъсисии ҲНИ-и СССР, ки соли 1990 дар Астрахан баргузор гашт, то Конфронси Чортут ва то имрӯз дар ҳама давраҳо ба ҳайси вакил ширкат доштам.

Аз нигоҳи ман, Наҳзат ҳамеша пеш рафта истодааст, ҳеч анҷуманашро надидам, ки назар ба пешинааш хубтар набошад. Муҳимтарин дастоварди Наҳзат он аст, ки баъди солҳо фаъолияти пинҳонӣ ба фаъолияти ошкоро ва қонунӣ гузашт. Аз рӯзе, ки ҳизби Наҳзат фаъолияти расмиро шурӯъ кард, дар зеҳни мардуми Тоҷикистон тавонист ин ҳақиқатро ҷой кунад, ки Исломро наметавон аз сиёсат ҷудо кард. То солҳои навадум, ба истиснои афроди маҳдуд, дигарон тасаввур надоштанд, ки Ислом бо шууни сиёсии мардум сару кор дорад. Он чизеро, ки Наҳзат ба миллати мусалмони мо дод, бидуни муболиға метавон гуфт, ин дарки дурусти Ислом аст. Инро танҳо аз мактаби Наҳзат омӯхтанд, ки барои дар зеҳни мардум ҷой намудани ин ақида роҳбарони Наҳзат заҳматҳои зиёд кашиданд. Имрӯз метавон гуфт, дигар ниёзе ба таблиғи он, ки Ислом аз сиёсат ҷудо нест, намондааст. Ҳам мусалмонони кишвар ба ин бовар расидаанд ва ҳукуматдорон низ инро хуб дарк намудаанд, ки Исломро наметавон аз сиёсат ҷудо тасаввур намуд. Пас ба таври мухтасар гӯем, муҳимтарин дастоварди Наҳзат, ин ба вуҷуд овардани инқилоб аст дар зеҳнҳои мардуми мусалмон ва ба хусус табақаи рӯҳонияти кишвар.

– Шумо дар ҳама давраҳо узви Раёсати Олии ҲНИТ будед. Метавонед бигӯед, ки кадом яке аз қарорҳои РО ва ё ШС иштибоҳ буд?

– Албатта, ман гуфтанӣ нестам, ки мо ҳаргиз иштибоҳ накардаем, вале инро метавонам бигӯям, ки дар тасмимҳо ва қарорҳои Раёсати Олӣ ва Шӯрои Сиёсии ҲНИТ ман иштибоҳи ҷиддиеро намебинам.

— Яъне ба адешаи Шумо, ҲНИТ дар масири дуруст ҳаракат мекунад ва ниёз ба бознигарии хатти машйи он нест?

— Бубинед, Наҳзатро соли 1973 таъсис доданд ва ман соли 1980 ба он ворид шудам. Дар ибтидо андешаҳову орзуҳо ва мароми Наҳзат сирф динӣ буд ва агар дар андешаи онҳо афкори сиёсӣ бошад ҳам, дар асоси мафкураи сирф динӣ буд. Феълан эҳсос мешавад, ки фаъолиятҳои сиёсии мо нисбат ба корҳои динӣ бештар шудааст.

Дар ибтидо хоҳиши аъзо он буд, ки сиёсати мо тобеи диёнат бошад ва дар ҷомеъа ҳам ҳамин чизро мегуфтанд. Ман ба ҳайси як шахси собиқадор, гумон мекунам имрӯз аҳамият додан ба масоили сиёсӣ нисбат ба масоили динӣ бештар шудааст.

Албатта, дар Наҳзат ин як падидаи наву тоза нест, муассис ва роҳбари марҳуми Ҳизб дар авохири ҳаёташ мегуфт, ки фарҳанги диниямон назар ба фарҳанги сиёсиямон болотар рафтааст ва аз ин ҳақиқат нигарон буд. Эшон таъкид менамуд, ки дар майдони сиёсӣ бояд бештар фаъолият намоем. Имрӯз ман афроди зиёдеро медонам, ки моро интиқод намуда, мегӯянд сиёсати Шумо аз диёнататон пештар рафтааст. Аз нигоҳи банда, яке аз иштибоҳот ва камбудии ҷиддии мо ҳамин аст. Ман гуфтанӣ нестам, ки аслан ба сиёсат даст назанем, манзури ман он аст, ки сиёсати мо тобеъи диёнатамон бошад ва ё ақаллан тавозун риоя шавад.

– Шумо зимнан қайд кардед, ки устод С. А. Нурӣ аз он изҳори ташвиш дошт, ки фаъолияти динии мо бештар шудааст ва бояд ба масоили сиёсӣ таваҷҷуҳ намоем. Ин чӣ маъно дорад?

– Бале, ин суханро воқеан устоди марҳум гуфта буд, вале дар охирин айёми ҳаёташон ва дар ҳамон замон низ ман ва чанде аз бародарон ба ин гуфтаҳо розӣ набудем ва ба андешаи мо ҳамон замон ҳам диёнатамон тобеъи сиёсатамон шуда буд.

– Баъди бозгашт аз муҳоҷират яке аз аввалин иқдомоти роҳбарияти Наҳзат ин таъсиси Кумитаи танзими ҲНИТ бо сарварии Шумо буд. Лутфан мегуфтед, ки ҳадаф аз таъсиси ин кумита ва вазифаи асосии он чӣ буд?

– Моҳи сентябри соли1997 устод С. А. Нурӣ ба ҳайси раҳбари КОМ ба Тоҷикистон баргашт ва фаъолияти Наҳзатро Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 манъ карда буд. Роҳбарият медонистанд, ки Суди Олӣ ин ҳукми худро бекор мекунад ва Наҳзат дубора ба фаъолият шурӯъ менамояд. Барои онҳо лозим буд, то барои аз сар гирифтани фаъолият омодагӣ бинанд ва аъзо, масъулин ва собиқадорони Наҳзатро ҷамъ намоянд. Ман дар Комиссияи оташбас будам ва дар дохили кишвар се сол пеш аз омадани аъзои КОМ фаъолият доштам ва авзоъи ҷумҳуриро хуб медонистам. Дар сӯҳбате, ки оиди ин масъала бо марҳум Устод доштем, аз ман хоҳиш намуданд, ки роҳбарии ин кумитаро ба ӯҳда бигирам. Чунончи дар шарҳи ҳолам ёдрас шудам, ман риштаи Иқтисоди Донишгоҳи миллиро хатм намуда ва мутахассиси соҳа будам. Дар он рӯзҳо, ки бояд дар ҳаҷми сӣ фоиз бо ҳукумат шарик мешудем, аз аъзои Наҳзат шахсони дорои маълумоти олӣ намерасиданд, вале бо вуҷуди ин, Устод аз ман хоҳиш намуд, ки дар ҳукумат кор накунам. Бо талаби бархе аз бародарон маро ба ҳайси мушовир дар зеркомиссияи низомӣ дохил намуданд, аммо аслан дар фурсатҳои мувофиқ корҳои ҳизбиро анҷом медодам. Бо талошу заҳмати ин Кумита тамоми собиқадорон ва собиқ раисони дар қайди ҳаётбудаи шаҳру навоҳӣ, ки дар ватан ба сар мебурданд, ҷамъ оварда шуданд. Ҷаласаи нахустини кумита дар шаҳри Душанбе моҳи сентяҷри 1997 баргузор гардид ва дар ҳамин ҷаласа онро Кумитаи танзими ҲНИТ ном ниҳодем. Ин кумита ҳафтае як бор бо ширкати тамоми аъзои он ва моҳе як маротиба бо ширкати масъулини ҳизб аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҷаласа доир менамуд. Ба сабаби сардии зимистон ва мушкилоти роҳ аз вилояти Суғд дар ҷаласаҳои мо як ё ду нафар ширкат менамуданд. Кумитаи мо то баргузории Анҷумани таъсисии ҲНИТ, ки соли 1999 баргузор шуд, фаъолият кард. Дар муваффақияти ин кумита саҳми муовини раиси кумита эшони Абдусаттор Бобоев ва котиб Иброҳим Ҳусайнӣ ва махдуми Абдусаттор хело зиёд аст.

– Шумо ҷаласаҳои худро дар куҷо баргузор менамудед?

– Мо дар шаҳри Душанбе чанд манзилро иҷора гирифта ва тамоми шароити кориро муҳайё када будем ва ҷаласаҳоро дар он ҷо баргузор менамудем. Охирин қароргоҳи мо манзили рақами 95, кӯчаи Тухтагул, воқеъ дар маҳаллаи Калинин аст, ки номаи расмӣ ба Вазорати адлия барои таъсиси ҲНИТ бо ҳамин унвон навишта шуд. Аксарияти вакилони Анҷумани таъсисии ҲНИТро афроди ҷамъовардаи кумита ташкил дод ва ҳамон масъулони дар кумита таъйиншуда дар ибтидои фаъолият дар навоҳӣ ва вилоятҳо масъулияти ташкили шуъба ва бахшҳои ҲНИТро ба ӯҳда гирифтанд ва корро хуб анҷом доданд.

– Соли 1992 Шумо раиси шуъбаи ҲНИТи шаҳри Душанбе ва НТМ интихоб шудед, Шумораи аъзо ва фаъолони Наҳзат дар ин минтақа хеле зиёд буд. Имрӯз ҳам Шумо ҳамин масъулиятро ба ӯҳда доред, метавонед бигӯед, ки чаро аъзо ва фаъолони наҳзат дар ин минтақа камтар ба назар мерасанд?

– Минтақаи НТМ аслан минтақаҳои ҷангзада мебошанд ва ҷангу куштор дар ин минтақа бештар ба вуқуъ омадааст ва ҳатто идомаи он то соли 2011 мушоҳида мешуд. Табиист, ки фишори ҳукумат алайҳи Наҳзат дар ин минтақа бештар аст, вале аз тарафи дигар баъзе дилсардиҳо ҳам дар миёни собиқ наҳзатиҳо дида мешавад. Онҳо аз нигоҳи худ баъзе иқдомот ва фаъолиятҳои Наҳзатро мусбат арзёбӣ намекунанд. Омили дигар он аст, ки минтақа аз лиҳози ҷуғрофӣ хело пароканда мебошад, агар як тарафи он аз ҳудуди ӯзбекистон ва ноҳияи Турсунзода оғоз ёбад тарафи дигари он дар ноҳияи Ҷиргатол ва сарҳади Қирғизистон мунтаҳӣ мешавад. Он чи гуфтам, омилҳои берунианд, вале омилҳои дохилиҳизбӣ низ дида мешавд, ки боиси заъфи фаъолияти мо гаштааст. Иллати асосии кундии фаъолиятро на дар мардум, балки дар худи шуъба бояд ҷуст, зеро мо имкон надорем дар ҳама бахшҳо фаъолият намоем. Барои мисол ҳудуди шаш моҳ шудааст, ки ба сабаби сардии ҳаво, дурии роҳ, набудани барқ ва вазъияти пасти иқтисодии мардуми минтақа наметавонем аз ноҳияи Файзобод то Ҷиргатол фаъолона кор кунем.

– Чанд сол аст, ки узви КМИР мебошед, ба андешаи Шумо, ин ниҳод дар мавриди назорати шаффофияти интихоботҳо чӣ салоҳиятҳо дорад?

– Касоне, ки ба салоҳият ва фаъолияти КМИР хуб ошно нестанд, гумон мекунанд, ки сарриштаи кор дар дасти ҳамин комиссия мебошад, вале дар воқеъ худи комиссия ҳам гирифтори мушкилот аст. Масъалаи як ё ду нафар аз аҳзоби мухолиф дар ин комиссия ба фаъолияти парлумон монанд аст. Гоҳо мардум савол мекунад, ки Кабирӣ ва Сайидумар дар парлумон чӣ кор мекунанд, ки қарорҳо ба нафъи мардум қабул намешаванд. Аммо он касе, ки аз воқеияти парлумон ва ё КМИР бохабар аст, медонад, ки як ё ду овоз барои қабули қарор наметавонад таъсир гузорад. Аз тарафи дигар комиссия имконият надорад тамоми рафти интихоботро назорат кунад ва масъулини участка ва ҳавзаҳоро таъйин намояд. Дар ноҳияҳо аъзоёни ҳавзаҳо аз тарафи ҳукумати ноҳия интихоб мешаванд, КМИР онро танҳо тасдиқ ё рад мекунад. Вале дар интихоби аъзои он ҳеҷ ҳуқуқ надорад. Аъзои участка аз тарафи ҳукумати ноҳия таъйин мешавад. Агар шикояте аз участкаи интихоботӣ сурат бигирад, КМИР ҳаққи дахолат надорад, зеро участка тобеъи ҳавза аст ва ҳавза зери назорати ҳукумати ноҳия қарор дорад. Қонуни интихоботро Маҷлиси намояндагон ба тасвиб мерасонад ва КМИР ҳамчун як органи иҷроия онро иҷро мекунад ва ҳеҷ ҳуқуқи дахолат, ё тағйир дар қонуни интихоботро надорад.

– Ба фикри Шумо, чаро бо вуҷуди даъвои демократӣ ва ҳуқуқбунёдӣ доштани ҳукумат то ҳол омода нест, ки интихоботҳо ба таври шаффоф ва озоду демократӣ баргузор шаванд?

– Бо вуҷуди он ки 20 сол аз истиқлолияти кишвар гузаштааст, ҳукумат то кунун натавонистааст дар мафкураи мардум маънои ҳақиқии демократияро ҷой кунад ва бовар дорам, қисме аз ҳукуматдорон аз мафҳуми аслии он огоҳӣ надоранд. Бо он ки ҳукуматдорони мо шиори демократияро баланд мекунанд, ҳанӯз ҳам бо мафкураи коммунистӣ пеш мераванд. Онҳо демократияро ба унвони арзиш қабул надоранд, балки онро ба он хотир шиор кардаанд, ки дар ҷаҳони имрӯза бидуни демократия мақом пайдо намудан маҳол гаштааст.

– Табиист, ки берун аз ҳизбро мо ба осонӣ мушоҳада мекунем, вале аъзои як ниҳод он чи дар дохил мегузарад, ба равшанӣ мушоҳада карданаш душвор аст, аз назари Шумо дар дохили ҲНИТ меъёрҳои демократӣ чӣ гуна амалӣ мешаванд?

– Дар дохили ҲНИТ амалан аз услубҳои демократӣ истифодаи воқеӣ мешавад, чаро ки Ислом дар ин масъала арзиш қоил аст ва ҳанӯз чаҳордаҳ аср пеш, замоне ки дар тамоми кишварҳои олам аз озодӣ асаре вуҷуд надошт, Паёмбари Ислом (с) мардумро ба озодӣ даъват мекард ва меъёрҳоеро, ки имрӯз ба номи демократия ёд мешавад, амалӣ менамуд. Аз ин хотир мо дар дохили ҳизб ин меъёрҳоро ба унвони арзиши исломӣ риъоя мекунем. Интихоботҳои мо дар дохил ба таври демократӣ баргузор мешаванд ва тамоми масъулин, шуруъ аз роҳбари аввал то узви қаторӣ интиқодпазиранд ва масоилро аз тариқи Шӯро ҳаллу фасл менамоянд.

– Агар Наҳзат ба қудрат бирасад, оё ҳамин суннатро идома медиҳад?

– Ман бовар дорам, ки агар Ҳизб аз роҳи интихобот ба таври демократӣ ба сари қудрат биёяд, арзишҳои демократиро эҳтиром ва амалӣ хоҳад кард. Бо боварӣ гуфтанам ба хотири он аст, ки вақте мардуми кишвар озодона ва аз роҳи демократӣ ба ҳизбе бовар намуда, онро интихоб кунанд, чӣ гуна ва бо кадом рӯ боварии мердумро зери по мениҳад?! Илова ба ин риояи меъёрҳои мардумсолорӣ аз талаботи Ислом аст ва як ҳизби исломӣ ҳақ надорад ин меъёрҳоро нодида бигирад. Имрӯз яке аз даъвоҳо ва талаботи Наҳзат он аст, ки ҳукуматҳо бояд меъёрҳои демократияро риоя намоянд ва ин аз мантиқ ниҳоят дур аст, ки худ чизеро аз дигарон бихоҳад ва худ амалан онро риоя накунад.

– Шумо ҳамраиси Комиссияи оташбас будед, метавонед бигӯед, ки ба узвияти он чӣ тавр интихоб шудед?

– Замоне, ки ман ба унвони муҳоҷир дар Маскав ба сар мебурдам, тақрибан моҳҳои майи 1994 ба ҳайси раиси дафтари ҲНИТ дар кишварҳои муштаракулманофеъ интихоб шудам. Лозим ба ёдоварист, ки Наҳзат дафтари худро дар шаҳри Маскав аввалҳои соли 1993 кушода ва пеш аз ман чанд нафар раиси он интихоб шуда буданд. Албатта, Наҳзат фаъолияти ҳизбӣ надошт ва ба ҳаракати Наҳзат табдил шуда буд, бинобар ин ҳамчун ҳаракат амал мекардем.

Вақте мавзӯъи Комиссияи оташбас пеш омад, ҳар Наҳзати дастур гирифт, то аз шумори неруҳои дар ҳиҷрат амалкунанда Чаҳор нафарро ба ҳайси намояндаи неруҳои мухолиф ба узвияти Комиссияи оташбас интихоб намуда, ба Душанбе фиристанд. Баъди машварат ба хулоса омаданд, ки як нафар аз неруҳои демократӣ, як нафар намоянда аз Созмони муҳоҷирон, як нафар аз собиқ Идораи Қозиёти ҷумҳурӣ ва як нафар намояндаи Наҳзат бошад. Ва қарор шуд роҳбарии ин ҳайатро намондаи ҲНИТ ба ӯҳда гирад. Дар миёни муҳоҷирони Маскав марҳум Латифӣ ва марҳум Сангинов таъсири бештар доштанд, зеро онҳо Созмони муҳоҷирин таъсис дода онро ба қайд гирифта буданд, қароргоҳ низ доштанд ва аз муҳоҷирон корафтодаҳо ба эшон муроҷиат мекарданд. Аз нерӯҳои демократӣ Ҳасанов Муҳиддин, ки аз афроди Ризвон Садиров буд, интихоб шуд ва Идораи Қозиёт ҳоҷӣ Музаффар, аз Созмони муҳоҷирон Мирзоев Сайидмухтор ва мебоист як нафари дигар ба ҳайси намояндаи Наҳзат аз Афғонистон меомад. Ин се нафар дар Маскав ҷамъ шуданд, вале як нафари дигар, ки ба Наҳзат тааллуқ дошт, ба иллати бо худ надоштани ҳуҷҷатҳои шахсӣ натавонист ба Маскав биёяд. Роҳбарияти Наҳзат аз банда хоҳиш намуд, ки ин намояндагиро ба ӯҳда бигирам. Ҳуҷҷатҳои ман низ ҷавобгӯ набуд, сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳуҷҷатҳои маро омода кард. Ва баъди ду ҳафта вақте ба Душанбе омадам, ҳоҷӣ Музаффар ҳамраиси комиссия интихоб шуда буд.

– Дар муддати кор дар Комиссияи оташбас, оё бемамониат фаъолият мекардед?

– Фишорҳо болои мо хело зиёд буд ва ҳамеша мавриди таҳқир, дашном ва ҳатто сӯиқасд қарор мегирифтем. Яке аз аъзои комиссия Ҳасанов Муҳиддин дар ибтидои соли 95 ҳангоми сафар ба Афғонистон беному нишон шуд, ҳамраиси комиссия ҳоҷӣ Музаффар аввалҳои соли 96 дар маркази шаҳри Душанбе дар рӯзи равшан рабуда шуд ва беному нишон гашт. Дар ҳамон рӯзе, ки ҳоҷӣ Музаффарро рабуданд, худи ман ва дигар аъзои Комиссияи оташбас Иззатуллоҳи Саъдуллоҳ ва Юсуфи Ҳаким таъқиб шудем, мехостанд ба ҷони мо низ сӯиқасд намоянд, вале муваффақ нашуданд. Кор бо ин тамом нашуд, борҳо такрор ёфт, И. Саъдуллоҳ ва Ю. Ҳакимро ҷанговарони бародари Ризвон дар роҳ гаравгон гирифтанд ва ҳудуди ду ҳафта зери фишору лату куб қарор доштанд ва эҳтимоли кушташуданашон зиёд буд. Онҳо бо мушкилоти зиёд наҷот ёфтанд. Боре худи ман ҳамроҳи бародар Юсуф рабуда шудем ва ҳукми моро хонданд, бо гӯшҳои худ шунидем, ки мегуфтанд, имрӯз баъди шом инҳоро бурда, дар Қӯрғонтеппа парронед. Аз касе умед набуд, дасти дуо ба осмон баланд кардем. Хулоса ин хел воқеаҳо хело зиёд буданд ва рӯзе набуд, ки таҳдид, лату кӯб бар сари яке аз аъзои ин комиссия наомада бошад. Ҳамин гуна хатарҳо ба аъзои комиссияи аз тарафи ҳукуматбуда низ таҳдид мекард. Албатта, аз ҷониби худашон онҳоро камтар азият медоданд, вале вақте ҳамроҳи мо ба минтақаҳо мерафтанд, нерӯҳои мо баъзан азияташон мекарданд.

– Вазифаи асосии ин комиссия чӣ буд?

– Комиссияи мазкур як моҳ кам се сол фаъолият намуд ва вазифаи асосии он назорати иҷрои Созишномаи оташбаси муваққатӣ миёни тарафайн буд. Ҳар рухдоде, ки ба оташбас таҳдид мекард, ин комиссия дахолат менамуд. Ҳам ҷониби мо ва ҳам ҷониби ҳукумат имконияти мустақиман машварату маслаҳат бо роҳбарони худро доштем, аз ин лиҳоз тамоми шароит барои мо муҳайё буд. Агар аз ҷониби афроди ба ҳукумат тааллуқдошта оташбас вайрон мешуд, намояндагони ҳукумат тарафи худашонро аз вазъият огоҳ менамуданд ва агар аз тарафи мо вайрон мешуд, мо тавассути мухобара ба Устод мебаромадем.

– Амнияти Шуморо кӣ таъмин менамуд?

– Комиссияи оташбас зери назорати Созмони Милал амал мекард, зеро музокирот ҳам зери назорати ин созмон сурат мегирифт. Тамоми масорифи комиссия, таъмини мошин ва ҷойи хоби мо ҳама аз буҷаи он буд. Дар ибтидо вақте ба Тоҷикистон омадем, аз сабаби он ки аз нерӯҳои амниятии ҷумҳурӣ бовар надоштем, бехатарии моро қисмате аз Дивизияи 201 Артиши Русия ба ӯҳда дошт. Онҳоро «кулоҳкабуд» мегуфтанд. Ронанда ва ҳозирбошҳои мо низ аз ҳамин гурӯҳ буданд ва чанд вақт амнияти моро онҳо таъмин карданд. Баъдтар вақте нерӯҳои амниятии кишвар мавриди эътимоди мо қарор гирифтанд, таъмини амнияти мо ба дӯши онҳо афтод. Шӯрои Амнияти Тоҷикистон бо роҳбарии Амирқул Азимов ва яке аз муовинони вазири амният Баҳодур Абдуллоев куратори мо буд.

– Мушкилтарин лаҳазоте аз даврони фаъолияти комиссияро дар ёд доред?

– Бале, моҳи феврали соли 1996 Ҳукумати Тоҷикистон эълон намуд, ки дигар таъмини амнияти моро ба дӯш намегирад ва ба мо гуфт, ҳамон меҳмонхона медонаду Шумо. Аз амният афроде, ки моро муҳофизат мекарданд, дигар наомаданд ва дар ҳамон рӯз ҳамраиси комиссия ҳоҷӣ Музаффар рабуда шуд. Як гурӯҳ афроди ношинос дар назди хонаам камин гирифтанд ва бо заҳмати зиёд аз он ҷо халос шуда, ба дафтари Созмони Милал рафтем, ки раиси он дар он замон Дарко Шилович буд, онҳо ба ҷои моро ҷой додан аз дафтар берун карданд ва ошкоро гуфтанд, ки даромадани Шумо ба ин ҷо барои худи мо хатар дорад. Ратсияҳои мо аз кор баромаданд. Дар он ҳолат бояд ҳатман Тоҷикистонро тарк мекардем. Саргардон монда, намедонистем куҷо равем ва ба ки муроҷиат кунем. Ба сафорати Покистон муроҷиъат кардем, моро кӯмак накард ва ба сафорати ҶИЭ муроҷиъат кардем онҳо ба Созмони Милал фишор доданд ва мо тавонистем Изатуллоҳ, Абдуллоҳ ва Юсуфро аз Тоҷикистон тавассути Панҷи Поён ба Шерхонбандари Афғонистон интиқол диҳем. Худи ман, ки баъди рабуда шудани ҳоҷӣ Музаффар ҳамраиси комиссия таъин шудам, дар сафорати Эрон як рӯз паноҳанда шудам. Онҳо барои ман виза ва билет таҳия намуданд ва бо ҳамоҳангии СММ маро ба фурудгоҳ бурда, ба ҳавопаймо савор карданд, то ба Эрон биравам. Маро аз ҳавопаймо фароварданд ва мошини СММро ки ҳанӯз нарафта буд ва дар ҳудуди фурудгоҳ қарор дошт, дидам ва давида дар он нишастам ва онҳо зуд ҳаракат карда маро бурданд. Бо миёнаравии онҳо сафорати Покистон барои ман виза дод ва рӯзи дигараш бурда дар ҳавопаймо савор карданд. Ногаҳон эълон шуд, ки ҳама аз ҳавопаймо берун шавед, зеро он таъмирталаб шудааст. Боз бо кӯмаки Созмони Милал ва дастгирии баъзе бародарон ва пеш аз ҳама бо мадади Худованд аз ин мушкилот дубора раҳо ёфта, ба Покистон рафтам.

– Шумо дар баъзе музокирот ва гуфтушунидҳо ширкат доштед, оё тарафайн тавозун доштанд ва ё заъфи ҷонибе эҳсос мешуд?

– Аз ҳамон рӯзе ки ман шомили Комиссияи оташбас шудам, ёд надорам, ки дар музокирот ширкат накарда бошам ва хусусан дар тамоми вохӯриҳои миёни устод С. А. Нурӣ ва Президент. Дар ин вохӯриҳо ва музокирот банда ба ҳайси коршинос даъват мешудам, зеро дар дохил будам ва бо авзоъ аз наздик ошноӣ доштам. Музокирот агарчӣ ғолибан дар фазои ором мегузашт, вале чун сухан аз қудрат мешуд, ҳарфи қудрати тарафи ИНОТ зиёдтар мушоҳида мешуд.

– Падари Шумо дар ҷанги шаҳрвандӣ кушта шуд. Оё иллати кушта шудани эшон фаъолиятҳои сиёсии Шумо аст ё чизи дигар?

– Падари ман узви Наҳзат ва дар Ҳисор яке аз чеҳраҳои шинохта буд. Эшон дар тазоҳуротҳо ширкат мекард ва ҳама ӯро мешинохтанд. Рӯзе як гурӯҳи мусаллаҳ омада Жигулии нави 06 амакамро аз хонааш бурданд. Амакам онҳоро мешинохт ва шояд онҳо ба хулосае омаданд, ки амакамро ба қатл расонанд, то сиррашон фош нашавад. Касе ба онҳо хабар медиҳад, ки амакам дар хонаи ҳамсояаш пинҳон шудааст. Онҳо дар он хона амакам не, балки падари маро пайдо карданд. Гӯши падарам вазнин буд ва то аппаратро ба гӯшаш намемонд, чизеро намешунид. Онҳо чун ӯро диданд, гуфтанд, хоб рав мӯйсафед ва аз хона баромаданд. Касе дар берун мегӯяд, ин мӯйсафед падари Ҷалолиддин аст ҳамон касест, ки ӯро ҷустуҷӯ мекардед. Онҳо дубора баргашта ӯро бо худ мебаранд ва аз деҳа баромада дар он ҷо се тираш мезананд. Ман намедонам, ки қаблан худи ӯро меҷустанд ва ё ба сабаби ман парронданд.

– Дар охир кадом гуфтание доред?

– Ман аз Ситоди омодагӣ ба ҷашни чилсолагии Наҳзат изҳори миннатдорӣ мекунам, ки даст ба иқдомоте заданд, ки қаблан дида намешуд. Дуо мекунам, ки Худованд эшонро муваффақ гардонад.

Ростӣ, масъалаи сулҳу оштӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ рӯз то рӯз заиф шуда истодааст. Мо расман ин рӯзро ҷашн мегирем, вале онро то кунун ҳамчун арзиш қабул накардаанд ва бандҳои он аз тарафи ҳукумат нодида гирифта мешавад. Ман ба ҳайси яке аз собиқадорони наҳзат, ки дар музокирот ширкат доштам ва дар Комиссияи оташбас фаъолият намудаам ва раванди ҷанг ва мушкилоти расидан ба сулҳу оштиро хуб медонам, ҳаминро гуфтаниям, ки бояд миллати тоҷик ба қадри сулҳу оштӣ бирасад ва бандҳои Оштиномаро риоя кунад, то бори дигар пои ин мардуми азияткашида ба вартаи бало дарнамонад.

#Ҳафтаи_Ҷалолиддини_Маҳмуд

#Озодӣ_ба_Ҷалолиддини_Маҳмуд

#Свободу_Джалолиддини_Махмуду

#Free_Jaloluddini_Mahmud

Дар сахттарин шароит, ӯ масъулияти Комиссияи назорати оташбасро ба ӯҳда гирифт: 2 комментария

Добавьте свой

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: