Домулло Ҷалолиддини Маҳмуд “муфтӣ”*-и ҲНИТ буд

Ба муносибати Ҳафтаи Ҷалолуддини Маҳмуд

Амруллоҳи Низом

Тазаккур: Он чи дар ин ёддошт омада, назари шахсии муаллифи он аст ва лузуман мунъакискунандаи дидгоҳи фаъолони КШНГЗС нест. Сайти “Зиндониён” танҳо ёддошти мазбурро аз сафҳаи муаллиф бардошта.

* * *

Домулло Ҷалолиддини Маҳмуд, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Раёсати олии он аст.

Домулло ба он хотир мегӯям, ки ин марди хуб, дар воқеъ, яке аз донотаринҳои фиқҳи исломӣ ва дигар улуми исломӣ дар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд.

Ҷалолиддини Маҳмуд дар баробари доштани мутолиоти нисбатан зиёдтар ҳам донишҳои фаровон дошту ҳам ҷуръати баён кардани онро дошт, ки раъйи худро дар хеле аз масоили рӯз дар фиқҳи исломӣ, албатта бо бардоштҳое аз оятҳои Қуръон карим ва аҳодиси Набавӣ, бигӯяд.

Ба иборати возеҳтар, Ҷалолиддини Маҳмуд ҳам дар замони марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳам пас аз вай то замони боздошташ дар соли 2013, яке аз “муфтиҳо”-и ин ҳизб буд.

Раҳбарияти ҲНИТ ҳам дар хеле мавридҳо вақте дар бархе масоили рӯз дар мемонданд, ба суроғи ӯ мерафтанд, то аз “фатвоҳояш” баҳраманд шаванд ва бо шунидани ҳарфҳои вай дар хеле мавридҳо қаноатманд ҳам мешуданд.

Амруллоҳи Низом, рӯзноманигор, фаъоли сиёсӣ

Ҷалолиддини Маҳмуд дар баробари доштани донишҳои фаровони улуми исломӣ сиёсатмадор ва ходими давлатӣ ҳам буд. Вай дар корномаи худ собиқаи кор дар Комиссияи оштии миллӣ ва кор дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистонро ҳам дорад.

Инчунин вай яке аз раҳбарони ҲНИТ буд, ки ҳалқаҳои дарсиаш нисбат ба дигарон ҳам аз нигоҳи камият ва ҳам аз ҷиҳати кайфият фарқ мекард.

Аммо яке аз нуктаҳои “заъфи” ӯ он буда, ки ҳизбро манбаи даромади худ намедонист ва пулдор ҳам набуд. Заҳмат мекашид, кор мекард. Дар баробари корҳои ҳизбӣ ва давлатӣ корҳои дигареро ҳам аз қабили деҳқониву боғдорӣ, зотпарварӣ ва мусофиркашонӣ ҳам мекард.

Аз сӯи дигар, яке аз иллатҳои аслии он, ки Ҷалолиддини Маҳмуд дар ҲНИТ ва байни ёронаш мавқеи хосси худро дошт ва гапгузару бологузар буд, он буда, ки вай ба худаш иҷозат намедода, ки барои чизҳои дуюм ва сеюдараҷа пеши касе муттаҳам бошад.

Аммо, имрӯз яке аз мушкилҳои асосии ҲНИТ ва раҳбарону пайравони он дар хориҷ ин аст, ки ин бечораҳо дар хеле аз мавзӯъҳои рӯз ҳарфи наве барои гуфтан надоранд.

Вақте ин афрод барои ҷомеа ҳарфи наве надоранд, ин паҳлӯи масъаларо дарк кардан ва ё тавҷеҳ намудан осон аст, вале вақте барои ёрони худи худашон дар зиндон ҷуз як шиори хушку холӣ зери унвони “озодӣ ба фулонӣ” чизи дигаре барои гуфтан надоранд, ин чиз нигаронкунанда аст.

Акнун суоли матраҳ ин аст, ки ин афроде, ки сар аз раҳбарияти олии ҲНИТ то аъзои қатории он худашон ҳеч хотираи ҷолибе аз зиндониёнашон барои гуфтан надоранд ё тамоми онҳо вақте ба ҷойҳои амн худро кашондан, ҳама хотираҳои неки худро аз ҳофизаҳо пок кардаанд, ки дигар чизе намеёбанд, ки бигӯянд?

* * *

*ҲНИТ дар тӯли фаъолияти худ Маҷмаи уламо, Академия ва ғайра дошт, вале ҳеч гоҳ як мақом ва ё мансаби расмӣ барои худ ҳамчун Муфтӣ надоштааст.

#Ҳафтаи_Ҷалолиддини_Маҳмуд

#Озодӣ_ба_Ҷалолиддини_Маҳмуд

#Свободу_Джалолиддини_Махмуду

#Free_Jaloluddini_Mahmud

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: