Ба муносибати Ҳафтаи Нуриддин Маҳкамов
”Тоҷикистон давлати демокративу ҳуқуқбунёд эълон шудааст. Ҳозир мегӯянд, ки дар кишварҳои беруна террористҳо тайёр мешаванд ва агар ҷавонҳои моро аз кишварҳои мусулмонӣ наоварем, таҳти таъсири террористҳо мемонанд. Аммо савол ин ҷост, ки дар Тоҷикистон террорист аз куҷо пайдо мешавад? Террорист аз он ҷиҳат пайдо мешавад, ки ҳуқуқҳои ӯро одамҳои доро поймол мекунанд… Ин ҳолат, аз он ки халқро ба зулм оварда таҳқир мекунанд, ба вуҷуд меояд. Дар ҳар қадам дар ин ҷо ҳуқуқи инсон поймол мешавад. Кор нест, шароити иҷтимоӣ бисёр бад аст, пули одамҳоро зада мегиранд, пас, дигар онҳо чӣ кор кунанд?.. Додситони кулли Тоҷикистон чаро нисбати Ҳасан Асадуллозода чора намеҷӯяд, ки аз соли 2003 қарори додгоҳро иҷро намекунад?.. Ман ҷонам ба лаб расид, косаи сабрамон пур шуд. Чаро дар назди қонун ҳама баробар нест? Ман фикр дорам, ки президент президенти як авлод нест, президенти ҳамаи мардум аст… Ман ҷойи пас гаштан надорам. Ҳар чизе Худо бихоҳад. Мекушанд маро, ё чӣ коре ҳам, ки мекунанд, Худо медонад…”
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин ҳафтаро барои зиндонии сиёсӣ, вакили мудофеъи машҳур, Нуриддин Маҳкамов ихтисос додааст. Дар ин навиштор, ба муаррифии ин озода пардохта мешавад.

Нуриддин Маҳкамов кист?
Нуриддин Маҳкамов, вакили мудофеъ, собиқ раиси ширкати “Бахт”, ҳуқуқшиноси Коллегияи адвокатураи “Сипар” ва дӯсти самимӣ ва ҳамкори вакили мудофеъ, Бузургмеҳр Ёров – ки ӯ низ дар ҳоли ҳозир зиндонӣ аст — дар таърихи 25 августи соли 1956 дар хонаводаи деҳқон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови устони Суғд таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии политехникии шаҳри Душанбе мебошад. Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст.
Замоне номи Нуриддин Маҳкамов барои тоҷикҳо маъруф ва шинохта шуд, ки вай раиси ширкате ба номи “Бахт” буд ва алайҳи “Ориёнбанк” ва соҳиби он, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон, Ҳасани Асадуллоҳзода ба додгоҳ шикоят бурд ва ба гуфтаи худаш, “қиссаи баҳси ӯ бо “Ориёнбонк” дуру дароз буда, ҳанӯз дар соли 2004 оғоз шудааст.”

Баҳси Нуриддин Маҳкамов бо Ҳасани Асадуллозода чӣ буд?
Барои ошноии дақиқ бо баҳс ва кашмакаши Нуриддин Маҳкамов бо Ҳасани Асадуллозода шоиста аст, мусоҳибаеро, ки вай дар таърихи 1 ноябри соли 2011 бо хабарнигори вақти Радиои Озодӣ, Абдуқаюми Қаюмзод анҷом додааст, биёварем. Инак, гузориши Радиои Озодӣ ва қисматҳое аз мусоҳиба бо Нуриддин Маҳкамов:
Радиои Озодӣ: Чандест, ки дар расонаҳо миёни ширкати тиҷоратии “Бахт” ва “Ориёнбонк” баҳсҳо идома дорад. Масъулони ин ширкат “Ориёнбонк”-ро ба паймоншиканӣ ва ба таври ғайриқонунӣ аз худ кардани маблағ муттаҳам карда, қазияро ба додгоҳ кашонидаанд. Аз Нуриддин Маҳкамов, раиси ширкати “Бахт” дар шаҳри Хуҷанд мепурсем, ки асли қазия чӣ аст?
Нуриддин Маҳкамов: ”Ин баҳс аз соли 2004 ба ин сӯ идома дорад. Асли қазия ин аст, ки ширкати мо бо корхонаи орди ба номи Темурмалики шаҳри Қайроқум ҳамкорӣ мекард ва мо ба ин муассиса гандум ворид карда будем. Бояд бигӯям, ки корхонаи орди ба номи Темурмалик як муассисаи хеле бузург аст ва аз ин ҷиҳат на танҳо бо мо, балки бо чандин ширкат ва афроди алоҳида ҳамкории тиҷоратӣ дошт. Аммо ин корхона бо мушкилоти молӣ мувоҷеҳ шуда, мунтаҳо кораш ба додгоҳ рафт. Додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд ба андозаи маблағе, ки мо ба ин корхона гандум ворид карда будем, бо қарори худ як қисмате аз амволи онро ба ширкати мо дод. Дар ин миён “Ориёнбонк” ҳам дар қатори дигар қарзхоҳони корхонаи Темурмалик ҳузур доштааст. Намояндаи “Ориёнбонк” пешниҳод кард, ки ба хотири ҳифзи корхонаи бузурги Темурмалик ва ҷилавгирӣ аз қисмат шудани он розӣ бишавем, ки онро “Ориёнбонк” хусусӣ кунад ва дар давоми се моҳ қарзҳои моро баргардонад. Гуфтанд, ки мо серпул ҳастем, ин маблағҳои Шумо он қадар маблағи бузурге нест, мо метавонем онро ба Шумо бидиҳем. Аммо ҳайф аст, ки корхонаеро ба ин бузургӣ аз байн бубарем. Мо розӣ шудем. 19 феврали соли 2004 бо таъйиноти додгоҳ ҳама ширкатҳое, ки дар ин корхона ҳисса доштанд, розӣ шуданд, ки “Ориёнбонк” онро бигирад ва пулҳои моро дар зарфи се моҳ пас диҳад. Додгоҳ дар ин бора қарори худро иттихоз кард. Се моҳи муҳлати таъйиншуда гузашт. Аз ҷониби “Ориёнбонк” садое нашуд. Ҳамин тавр як сол, ду сол, се сол гузашт, боз ҳам сукуту хомӯшӣ. Дигар маҷбур шудем ба Додгоҳи иқтисодӣ, ба корхонаи Темурмалик ва ба худи “Ориёнбонк” шифоҳиву хаттӣ борҳо муроҷиат намоем. “Ориёнбонк” ҷавоб медиҳад, ки ин корхонаро бар ивази қарзҳояш гирифтааст, вале ба сифати соҳибмулк ба ширкати “Исмоили Сомонӣ-Асри 21” фурӯхтааст. Пулро аз онҷо рафта гиред.”

Радиои Озодӣ: Яъне, ба ин тартиб “Ориёнбонк” пули Шуморо баргардонидан намехоҳад?
Нуриддин Маҳкамов: ”Онҳо аз аввал фикри нодуруст, фикри вайрон доштаанд. Яъне, ки онҳо зӯранду мо ҳеҷ касему ҳеҷ коре карда наметавонем ва аз дастамон чизе барнамеояд. Онҳо аз аввал маблағро додан намехостаанд ва фақат бо роҳи фиреб моро ба дом андохтанд. “Мо зӯр, мо “Ориёнбонк”, мо хешу табори Ҷаноби Олӣ, ҳеҷ коре карда наметавонад” гуфта. Мо рафтем ба суроғи ширкати “Исмоили Сомонӣ-Асри 21”. Онҳо гуфтанд, ки аз ту чизе нахаридаем, мо ширкати мазкурро аз “Ориёнбонк” харидаем. Пеши “Ориёнбонк” меравем, мегӯянд, ки мо корхонаро аз ширкати “Исмоили Сомонӣ-Асри 21”-гирифта ба “Сомонсуғд” фурӯхтем. Пеши “Сомонсуғд” меравем, мегӯянд, ки мо аз ту чизе нагирифтаем, мо аз “Ориёнбонк” гирифтаем ва агар дарде, шикояте доред, биравед назди бонк. Ҳамин тавр се-чаҳор сол мо байни ин муассисаҳо сарсону саргардон шудем. Ба даъватҳои мукаррари додгоҳҳои иқтисодӣ аслан ҷавоб намедиҳанд. Худашон шоҳу табъашон вазир…”
Радиои Озодӣ: Бо он, ки баҳси миёни Шумо ва “Ориёнбонк” хеле тӯл кашид, оё маслиҳату машваратҳо набуд, ки хотима диҳед, суд надорад, зарар оварданаш мумкин?
Нуриддин Маҳкамов: ”Албатта буданд, хеле бисёр. Оилаам ҳам борҳо гуфт, ки чӣ кор мекунӣ, онҳо аз дасташон ҳар кор меояд. Дигар ин ки давоми ин 8-9 соле, ки ман миёни Хуҷанду Душанбе равуо дорам, албатта, бидуни хароҷот намешавад. Гоҳо мешавад, ки дар моҳ ду маротиба меоям. Ин мусофиратҳо ба буҷаи хонаводаам ҳам зиёни бузург меоварад. Пас аз чопи мақолаҳо дар матбуот боз чунин маслиҳату машваратҳо бештар шуд. Мегӯянд, ки ту чи кор кардӣ, маъюб мекунанд, сарбасар шудӣ, нобуд карданашон мумкин. Вале гуфтам, ки ё сарбасар мешаваму пуламро рӯёнида зиндагониамро пеш мебарам ё ин, ки бигузор бо ман чӣ коре кунанд. Роҳи бозгашт нест. Ё ин ки озодона, ҳамчун инсон зиндагӣ мекунам ё беҳтараш, ки мемурам, то назди хешу табору дӯсту душман муттаҳам набошам. Чаро соҳибони “Ориёнбонк” метавонанд зиндагӣ кунанд, ҳақ доранд, ки зиндагӣ кунанду мо надорем. Онҳо метавонанд, ки самолёт харанд, хуб, мо ҳам ҳақ дорем, ки зиндагиамонро пеш барем, мисли одам зиндагӣ кунем.”

Радиои Озодӣ: Яъне Шумо пас намегардед?
Нуриддин Маҳкамов: ”Не. Ман ҷойи пас гаштан надорам. Ҳар чизе Худо бихоҳад. Мекушанд маро, ё чи коре ҳам, ки мекунанд, Худо медонад…”
“Ҳоло ба куҷо, ки наравед иншооти пеши назаратонро мегӯянд Ҳасан Асадуллозода гирифтааст. Бисёр мешунавем, ба куҷо, ки наравем, ҳамин ҳарфҳоро мешунавем. Масалан, ба наздикӣ дар Колхозобод будам, чунин гапҳоро шунидам ва ё дар Хуҷанд низ вазъ ҳамин тавр аст…”
”Ман гуфтаниҳои зиёд дорам. Тоҷикистон давлати демокративу ҳуқуқбунёд эълон шудааст. Ҳозир мегӯянд, ки дар кишварҳои беруна террористҳо тайёр мешаванд ва агар ҷавонҳои моро аз кишварҳои мусулмонӣ наоварем, таҳти таъсири террористҳо мемонанд. Аммо савол ин ҷост, ки дар Тоҷикистон террорист аз куҷо пайдо мешавад? Террорист аз он ҷиҳат пайдо мешавад, ки ҳуқуқҳои ӯро одамҳои доро поймол мекунанд. Ман ҳис мекунам, ки террорист шудаам ва фарқ танҳо ин аст, ки дар дастам силоҳ надорам. Ин ҳолат, аз он ки халқро ба зулм оварда таҳқир мекунанд, ба вуҷуд меояд. Дар ҳар қадам дар ин ҷо ҳуқуқи инсон поймол мешавад. Кор нест, шароити иҷтимоӣ бисёр бад аст, пули одамҳоро зада мегиранд, пас, дигар онҳо чӣ кор кунанд? Ман аз як чиз дар тааҷҷубам, ки Президент оё кафили ҳуқуқу озодиҳои танҳо хешу таборҳои худ аст? Чаро ҳуқуқҳои дигарҳоро муҳофизат намекунад? Президент барои ҳама бояд кафил бошанд ва он кас ба шири сафеди модар қасам хӯрдаанд. Додситони кулли Тоҷикистон чаро нисбати Ҳасан Асадуллозода чора намеҷӯяд, ки аз соли 2003 қарори додгоҳро иҷро намекунад? Чаро ягон маротиба президент намепурсад, ки кори ширкати “Бахт” чӣ тавр ҳал шуд. Чаро қонун танҳо хешу табори мансабдоронро ҳимоят мекунаду мардуми оддиро не? Ҳодисаҳои давлатҳои арабӣ аз ҳамин гуна беадолатиҳо рух доданд. Ман ҷонам ба лаб расид, косаи сабрамон пур шуд. Чаро дар назди қонун ҳама баробар нест? Ман фикр дорам, ки президент президенти як авлод нест, президенти ҳамаи мардум аст. Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки ҳоло маблағҳои бисёре аз мардум, ки саҳмияи Роғунро харидаанд, дар “Ориёнбонк” нигоҳ дошта мешавад. Ман дар ташвишам, ки дар ҳоле маблағи ночизи маро додан намехоҳанд, оё сарнавишти пулҳои мардум чӣ мешуда бошад. Ба назари ман, бояд мардум аз ҳоло дар пайи пулҳои худ шаванд.”

Нуриддин Маҳкамов ба унвони вакили мудофеъ ба муборизаи худ алайҳи беадолатӣ идома медиҳад
Пас аз ин моҷаро, Нуриддин Маҳкамов камар барои мубориза бо беадолатиҳо дар ҷомеа мебандад. Тибқи он чи дар расонаҳо омада, яке аз ҳимоятҳои вай ба унвони вакили мудофеъ, аз як руҳонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Бар пояи гузорише дар таърихи 8 июни 2015, Додситони вилояти Суғд муовини имомхатиби масҷиди марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров домулло Искандар Фиробҷанов ва панҷ тан аз сокини ин ноҳияро бо моддаи 307, қисми 2 (фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ) айбдор кард ва парвандаи онҳоро барои муҳокима ба додгоҳи вилоятӣ ирсол дошт. Нуриддин Маҳкамов ба ҳимояти ӯ бархост.
Бар асоси ин гузориш, ба эътиқоди мақомоти интизомӣ, Домулло Искандар дар хутбаҳои қабл аз намози ҷумъаи худ, ба намозгузорон бештар дар бораи ҷараёни “Салафия” ҳарф зада ва шогирдонашро дар ин рӯҳия тарбия мекардааст. Нуриддин Маҳкамов гуфт, Домуллло Искандар ин иттиҳомро дар ҳаққи худ тӯҳмат медонад ва мегӯяд, азбаски мардуми мо саводи ками мазҳабӣ доранд, онҳо “Салафия”-ро аз мазҳаби Ҳанбалӣ ё Моликӣ ва ё Шофеъӣ, ки ба сурати умум мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд, фарқ намекунанд ва дар сурати дар бораи ин мазҳабҳо сӯҳбат кардан, фикр мекунанд, ки дар бораи Салафия ҳарф зада шудааст.

Вақте Бузургмеҳр Ёровро ба “қаллобӣ” муттаҳам карданд, Нуриддин Маҳкамов ба ҳимоят ӯ камар баст
Бино бар гузориши 29 сентябри 2015, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро ба “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам кард ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Ҳамкору ҳамроҳи ӯ, Нуриддин Маҳкамов ба ҳимоят аз Бузургмеҳр камар баст.
Бар асоси гузориши дигар дар таърихи 2 октябри 2015, дар пайи боздошти вакили дифоъ, Бузургмеҳр Ёров, фаъолияти Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳои ҲНИТ қатъ ва вакилони дифое, ки дар он ҷамъ омада буданд, пароканда шуданд. Тибқи ин зузориш, Нуриддин Маҳкамов, адвокати Коллегияи адвокатураи “Сипар” ва узви кумитаи навтаъсиси дифоъ, ки ба ҳайси вакили Зарафо Раҳмонӣ ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, фаъолони ҲНИТ, муаррифӣ шуда буд, гуфт, ӯ аз ҳимояи ҳуқуқи зерҳимояҳояш даст накашидааст, аммо ҳоло бештар сари қазияи Бузургмеҳр Ёров кор мебарад. Ҷаноби Маҳкамов гуфт, боздошти Бузургмеҳр Ёров ба таъсиси Кумитаи дифоъ аз фаъолони ҲНИТ рабт дошт ва баъди боздошти раҳбари он кумита ҳам дигар парешон шудаву аз кор монд.

Боздошти Нуриддин Маҳкамов
Нуриддин Маҳкамов дар моҳи октябри соли 2015 аз тарафи мақомот боздошт шуд. Ӯро монанди Бузургмеҳр Ёров бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва бар асоси моддаҳои 307 ва 307 қайди 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ барои “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, мазҳабӣ ва даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” муттаҳам ва ба 21 соли зиндон маҳкум карданд.
Нуриддин Маҳкамов иттиҳоми ифротгароиро рад карда, рӯзи 20-уми сентябри соли 2016 дар суханронии охиринаш дар додгоҳи Душанбе изҳор дошт, ки бо иттиҳом розӣ нест, зеро ҳеҷ гоҳ ифротгаро набуда ва андешаҳояшро ҳамчун як шаҳрванди оддии кишвар дар шабакаҳо иҷтимоӣ баён кардааст.
Баъди мурофиаи судӣ, Муаззама Қодирова, вакили мудофеи Ёров ва Маҳкамов, ки айни ҳол дар Урупо паноҳанда аст гуфт, бо изҳороти айбдоркунандаи давлатӣ, Рустам Такдирзода розӣ нест ва аз додгоҳ хост, ки нисбати зерҳимояҳояш ҳукми одилона содир кунанд. “Чӣ гуна метавон ду вакили маъруфро ба ду ифротӣ табдил дод ва муҷозоти сахт бигиранд?” Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни баррасии ин қазия ба иштибоҳҳои зиёд роҳ дода шуда, “таҳлили одилонаи қазияи муштариёнаш” сурат нагирифтааст.
Тибқи гузориши 27 январи 2016, Human Rights Watch гуфт, вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар тӯли соли 2015 бадтар шуд ва таъқибу боздошти мухолифони мунтақидони ҳукумат ҳамчунон идома дорад. Гузориш тасреҳ кард, “дар моҳи сентябр дар пайи ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, мақомот даҳҳо узви ҳизби наҳзатро боздошт ва бо вуҷуди камбуди далоил онҳоро ба дааст доштан даор ин хушунатҳо айбдор карданд.” Фаъолияти ҲНИТ манъ шуд ва ”то моҳи ноябр мақомот тақрибан 200 узви ҳизби наҳзат ва дастикам 3 вакили мудофеъ – Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додарҷоноваро, ки ба ҳимояти ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ розӣ шуда буданд, дастгир карданд.”

Ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо тасреҳ кард: ”Мо аз ҳабси вакилони мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, Нодира Додоҷонова ва Нуриддин Маҳкамов, ки мехостанд аз аъзои муттаҳамшудаи ҲНИТ ҳимоят кунанд, изҳори нигаронии ҳамсон мекунем.” Боздошти ин вакилон, бино ба ин баёния нигарониҳои қобили мулоҳизаеро дар робита ба қонунияти боздоштҳо ва додгоҳҳои мунсифона ба миён меорад ва ”ба фаъолияти қонунии бахши ҳимоят дар низоми адлияи Тоҷикистон зарба мезанад.”
Нуриддин Маҳкамов ба 21 сол зиндон маҳкум шуд
Бар пояи гузорише дар таърихи 6 октябри 2016, Додгоҳи шаҳри Душанбе вакилони дифоъ Нуриддин Маҳкамовро ба 21 сол ва ҳамроҳаш, Бузургмеҳр Ёровро ба 23 сол зиндон маҳкум кард.
Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов иттиҳоми ворида алайҳи худро рад кардаанд. Ҳам Нуриддин Маҳкамов ва ҳам Бузургмеҳр Ёров дар суханронии охирони худ, ин иттиҳомотро дорои ангезаҳои сиёсӣ номиданд.
Human Rights Watch ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия – ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсон борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки 4 вакили мудофеи боздоштшуда ва ду писари як вакили дигарро, ки низ дар боздошт қарор доранд, “билофосила ва бидуни қайду шарт” озод кунанд. Дар гузориши ин ду созмон, ки бори аввал моҳи майи соли равон бо номи “Тоҷикистон: Вакилони ҳуқуқи башарро озод кунед” нашр шуд, гуфта мешавад, ки аз соли 2014 ба ин тараф дар Тоҷикистон дастикам 5 вакили мудофеъ – Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова ва ҳамин тавр Фирӯз ва Далер Табаровҳо – ду писари вакили дигари шинохта Исҳоқ Табаров бо иттиҳомоти мухталиф дастгир шуда, аз ин миён танҳо Фахриддин Зокиров баъди ду дафъаи боздоштҳои тӯлонӣ раҳо ёфтааст.

Нигаронии Созмони Милал аз ҳукми Нуриддин Маҳкамов
Тибқи гузориши 12 октябри 2016, Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ бо пахши изҳороте аз ҳукми адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҷиддан изҳори нигаронӣ кард. Дар матни изҳороти ин созмон гуфта шуд, ин ду вакили дифоъ “дар мурофиаи амалан пӯшида” аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Душанбе зиндонӣ гардиданд. “Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои “Сипар” моҳи сентябри соли 2015 баъди иқдомаш барои ташкили кумитаи ҳифзи аъзои ҲНИТ ва расонаӣ кардани эҳтимоли шиканҷа шудани зерҳимояаш — муовини раиси ҲНИТ дастгир шуда буд. Баъдтар, моҳи октябри соли 2015 Нуриддин Маҳкамов, ки ҳамчун ҳимоятгари Ёров баромад менамуд, дастгир гардида, минбаъд бо ҷурмҳои монанд маҳкум шуд. Илова бар ин, ҳарду аз машғул шудан ба фаъолияти адвокатӣ баъди адои ҷазо ба муҳлати 5 сол маҳрум шуданд”, — таъкид шудааст дар изҳорот.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ҳукми онҳо “бо фаъолияти қонунии касбии онҳо алоқаи зич дошта, интиқом барои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба аъзои ҲНИТ мебошад ва Идораи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз ин амиқан нигарон аст”. Идораи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, ин ҳукмҳо бо уҳдадориҳои давлат дар бораи эҳтиром ва таъмини мустақилияти адвокатҳо комилан мухолифат доранд.
Бар асоси гузорише дар 24 июли 2018, чор созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз мақомоти аршади Иттиҳодияи Аврупо ва Комиссиюни Аврупо тақозо карданд, ки дар робита бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд, то ки ин кишвар дар амри иҷрои ӯҳдадориҳояш дар масъалаи мурооти ҳуқуқи башар ҷиддан амал кунад. Муроҷиатномаи рӯзи 23 июли 2018 ба унвонии Федерика Могеринӣ, раиси вақти сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва раҳбарияти Комиссиюни Аврупоро созмонҳои Human Rights Watch, Кумитаи норвежии Ҳелсинки, Freedom Now ва Мудофеони ҳуқуқҳои маданӣ (Civil Rights Defenders) имзо кардаанд.

Дар муроҷиати онҳо аз сарнавишти зиндониҳои сиёсӣ – Муҳаммадалии Ҳаит, Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов, Шӯҳрат Қудратов, Далер ва Фирӯз Табаровҳо ва Хайрулло Мирсаидов ёдоварӣ шудааст. Аз ҷумла, аз мақомоти Аврупо дархост шудааст, ки талаби озод кардани Ёров, Ҳаит, Саидов ва Мирсаидовро аз мақомоти тоҷик тақозо кунанд.
Созмони Милали Муттаҳид (СММ) низ бо сиёсӣ донистани ин боздоштҳо, ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия кардааст, фавран вакилони дифоъро озод кунад.
#Ҳафтаи_Нуриддин_Маҳкамов
#Озодӣ_ба_Нуриддин_Маҳкамов
#Свободу_Нуриддину_Махкамову
#Free_Nuriddin_Makhkamov
Добавить комментарий