Зиндонии сиёсӣ, домулло Зубайдуллоҳи Розиқи 80-сола ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)-ро, ки дар тирамоҳи соли 2015 бе ҳеч гуноҳе боздошт ва ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба иттиҳоми “вайрон намудани тартибу низоми маҳбас” ба шӯъбаи ҷаримавӣ (ШИЗО) интиқол додаанд. Ӯ дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ мешавад.
Ба гузориши Радиои Озодӣ, як масъули зиндон дар 26-уми июли соли ҷорӣ ба ин расона гуфтааст: “Зубайдуллоҳи Розиқ чор рӯз пеш барои вайрон намудани низоми утоқе, ки ба сар мебарад, ба ШИЗО интиқол дода шуд ва 15 рӯз дар онҷо хоҳад монд.”
Бар асоси ин гузориш, ин масъули зиндон, ки нахоста номаш фош бишавад, шарҳ надодааст, ки домулло Зубайдуллои 80-сола кадом низоми зиндонро вайрон кардааст.
Гуфтанист, “ШИЗО” ҷоест, ки ба фарқ аз зиндон шароити сахттар дорад ва маҳбусро онҷо танҳо нигаҳдорӣ мекунанд.
Ҳисомиддини Зубайдулло, писари Зубайдуллои Розиқ, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш солхӯрда аст ва дар шӯъбаи ҷаримавӣ азият мекашад. Вай гуфт: “Мо намедонем, дар маҳбас чӣ ҳодиса шудааст ва чаро ӯро ба шуъбаи ҷаримавӣ бурдаанд. Ба наздиконам масъулони маҳбас посух намедиҳанд.”
Ба гуфтаи Ҳисомиддин, мақомоти маҳбас баъди ин ки чаҳорнафар аз аъзои маҳкумшудаи ҲНИТ, аз ҷумла падараш, домулло Зубайдулло, ба президент нома навишта, хоҳиши баррасии дубораи парвандаҳояшонро карда буданд, нисбаташон беэҳтиромӣ мекунанд.
Нусхаи ин нома 16-уми сентябри соли гузашта дастраси расонаҳо шуда буд. Аз рӯйи муҳтавояш онро пеш аз ҷашни 30-солагии истиқлол навишта будаанд. Тоҷикистон дар остонаи ин ҷашн қонуни афвро қабул карда буд, аммо нисбат ба онҳое, ки бо иттиҳоми “терроризм” ва “ғасби ҳукумат” зиндонӣ шудаанд, ин қонун татбиқ нашуд.
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ бо даҳҳо тан аз ҳамроҳонаш бо ҷурми даст доштан дар он чи мақомоти тоҷик “ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим” мехонанд, гунаҳкор эълон шуда буд. Худи онҳо ва низ ҲНИТ ин иттиҳомро ба шиддат рад кардаанд.
Добавить комментарий