Дирӯз (27 июл) дар расонаҳои хабарӣ омада буд, ки маъмурони зиндони ҷадиди шаҳри Ваҳдат, ки шуморе аз зиндониёни сиёсӣ дар он нигаҳдорӣ мешаванд, домулло Зубайдуллои Розиқ, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба утоқи маъруф ба “ШИЗО” интиқол додаанд. Зиндониёнеро, ки низоми зиндонро нақз мекунанд, барои ҷазо ба ин маҳал интиқол медиҳанд. “ШИЗО” дорои шароити бисёр сахт аст, масалан имкони хобидан дар он нест, хис аст ва пур аз кайку шабушк мебошад.
Маъмурони зиндон дар посухи расонаҳо, иллати интиқоли домулло Зубайдуллои 80-сола ба ин макони ваҳшатнокро тавзеҳ надоданд, ба ҷуз ин ки гуфтаанд, домулло Зубайдулло ба ҷурми нақзи (вайрон кардани) низоми зиндон, ба ин утоқ интиқол дода шудааст.
Манобеи сомонаи “Паём” аз даруни зиндон, ба ин расона гуфтанд, сабаби интиқоли домулло ва ба истилоҳ, ҷазои ӯ, “адои намози шаб” будааст. Манобеъ гуфтаанд, домулло Зубайдулло “соати 2-и шаб ҳангоми хондани намоз дастгир шуд.” Бар асоси гуфтаи онҳо, тибқи муқаррароти зиндон, “дар ин вақт намоз хондан мамнӯъ” будааст.
Таъйини ҷазо ба хотири адои як амри илоҳӣ, нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамон кореро бо мухолифони худ мекардааст, ки Зунавоси Ҳимярӣ, подшоҳи Яман, бо мӯъминон мекарда; коре, ки дар сураи “Буруҷ” ба он ишора шудааст. Холӣ аз фоида нест, дар ин ёддошт ишорае ба ин достон бикунем.
Дар сураи “Буруҷ” аз Асҳоби Ухдуд ёд шудааст. “Ухдуд” ба маънои “гудол” (хандақ, ҷуқурӣ) аст. Қабл аз ислом, гурӯҳе аз мардуми Наҷрон дар шибҳиҷазираи Арабистон, ба масеҳият, дини барҳақ дар он аср, гаравида буданд. Ҳоким ва подшоҳи Яман, ки Зунавоси Ҳимярӣ ном дошт, аз ин масъала хашмгин шуда, дастур дод, гудоле ҳафр кунанд ва дар он оташ биафрӯзанд. Он гоҳ масеҳиёнро маҷбур кард ё аз ойини худ даст бардоранд ва ё худро дар оташ биандозанд. Теъдоде аз онон бар дини худ исрор карданд ва ба оташ даромаданд.
Дар қисмате аз сураи “Буруҷ” ба ин достон ишора шудааст; мефармояд:
قُتِلَ أَصْحَابُ الْأُخْدُودِ. النَّارِ ذَاتِ الْوَقُودِ. إِذْ هُمْ عَلَيْهَا قُعُودٌ. وَهُمْ عَلَى مَا يَفْعَلُونَ بِالْمُؤْمِنِينَ شُهُودٌ. وَمَا نَقَمُوا مِنْهُمْ إِلَّا أَنْ يُؤْمِنُوا بِاللَّهِ الْعَزِيزِ الْحَمِيدِ.
“Маргу азоб бар шиканҷагарони соҳиби гудол (-и оташ) бод! Гудолҳои пур аз оташи шӯълавар. Ҳангоме, ки дар канори он нишаста буданд ва он чиро нисбат ба мӯъминон анҷом медоданд, (бо хунсардӣ) тамошо мекарданд. Ҳеч эроде бар онҳо (мӯъминон) надоштанд, ҷуз ин ки мӯъминон ба Худованди азизу ҳамид имон оварда буданд…” (Сураи Буруҷ, оятҳои 4-8)
Яъне Зунавос ва навкаронаш, ки масеҳиёни мӯъминро ба он гудоли оташ меафканданд ва ҷазояшон медоданд, фақат ба ин хотир буд ва сабабаш ин буд, ки он мӯъминон ба Худои ягона имон оварда буданд, дигар ҳеч иллате надошт. Яъне гуноҳи он бандаҳои Худо фақат ин буд, ки имон овардаанд.
Хуб, таъйини ҷазо – он ҳам, интиқол ба “ШИЗО”, ки бисёр сахт аст — барои касоне, ки намози шаб мехонанд, оё фарқе бо амалкарди Зунавос бо мӯъминони асраш дорад? Зунавос низ фақат ба хотири имони мӯъминон, на чизе дигар, ҷазояшон медод ва ба гудоли оташ меафкандашон.
Добавить комментарий