Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов ба 18 сол зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷикро ба 18 сол зиндон маҳкум кардааст.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, мақомоти тоҷик рӯзи 12-уми июни соли ҷорӣ иддао карданд, ки аз хонаи Муслим Шерзамонов “1 автомати Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта” ва мусодира карданд. Наздиконаш инро рад карда, гуфтанд, худаш бо даъватнома ба бозпурсӣ рафта буд.

Алим Шерзамонов ҳукми додгоҳро ғайри қобили қабул донист ва гуфт: “То имрӯз дар бораи он ки бародарамро бо кадом банди қонуни ҷиноӣ гунаҳкор карданд, иттилоъ надорам. Наздикон чизе намедонанд. Адвокате, ки ба сахтӣ пайдо карда будем, чизе намегӯяд. Дар боздоштгоҳ хешу табор ӯро дида буданд, вале худаш низ чизе нагуфтааст.”

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва узви Шӯрои раҳбарии Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Мақомоти тоҷик иддао кардаанд, ки Муслим Шерзамонов, бародари 56-солаи Алим Шерзамонов узви “гурӯҳи муташакили ҷиноӣ” аст.

Бар пояи гузориши Радиои Озодӣ, Алим Шерзамонов тасреҳ кард, ки бародараш ба ҳеч гурӯҳ ҳамроҳ набуд ва ӯро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии ӯ таъқиб кардаанд.

Ба иттилои пайвандонаш, Муслим Шерзамонов дар аҳди Шӯравӣ техникумро бо ихтисоси сохтмончӣ хатм карда, сипас дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ таърихро омӯхт. Ӯ соҳиби шаш фарзанд ва як ширкати сохтмонӣ дар Хоруғ будааст.

Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нимаи моҳи майи имсол пас аз саркӯби эътирозгарон дар Хоруғ печида шуд.

Дар ҷараёни амалиёт дар ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғ даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо каси дигар дастгир шуданд. Мақомот онҳоро “узви гурӯҳи ҷиноӣ” меноманд. Наздиконашон мегӯянд, онҳо ба ҳеч гурӯҳе рабт надоштанд ва танҳо барои ҳимоят аз ҳаққи худ ба кӯчаҳо баромада буданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: