Ҷаннатуллоҳи Комил, фаъоли сиёсии тоҷик
— Шояд аксари мову шумо дар ин гармои тобистон дар хонаҳои сарду форам ва ё дар паркҳо зери сояи дарахтон нишаста бошему истироҳат кунем. Аммо медонед, домулло Зубайдуллоҳи 80-сола бошад дар як утоқи хурди пурнами нафасгири гарми ШИЗО муҷозот мешавад.
— Шояд мову шумо ба хотири хуб сард нашудани обҳои ранго ба ранг ва зулол ба ҳамсару фарзандони худ садо баланд кунем. Аммо медонед, муддатҳост, ки домулло Зубайдуллоҳи 80-сола аз оби оди маҳрум аст, куҷо расад ба обҳои ранго ба ранги сард?!
— Шояд аксари мову шумо ба хотири хуб пухта ва гарм набудани хӯрок, садо баланд кунему он хӯрокро нахӯрем. Аммо медоне, домулло Зубайдуллоҳи 80-сола бошад имрӯзҳо хӯроке барои хӯрдан надорад, куҷо расад ба гарму хунук будани он?!
— Шояд аксари мову шумо ба хотири сахт будан ва паст будани болишт хуб хобамон набараду худро нороҳат ҳис кунем. Аммо медонед, домулло Зубайдуллоҳи 80-сола болиште барои хоб рафтан надорад?!

— Шояд мову шумо ба хотири хурд ва ё ду-се ҳуҷра будани хонаамон шикоят кунему норозӣ бошем. Аммо медонед, домулло Зубайдуллоҳи 80-сола дар як утоқи ду се метра, ки имкони хоб рафтан ва пойҳоро хуб дароз кардан надорад, муҷозот мешавад?!
— Шояд аксари мову шумо ба муддати чанд рӯз агар фарзанду набераҳоямонро набинем, чӣ қадар ғамгину муштоқ мешавем. Аммо медонед, домулло Зубайдуллоҳ солу моҳҳост, ки аз дидори фарзанду наберагони худ маҳрум аст?!
— Шояд аксари мову шумо ба хотири як бемории андак ба чандин табиб ва чандин бемористон муроҷиат кунем. Аммо медонед, домулло Зубайдуллоҳи 80-сола, ки бемории қалб дорад, аслан аз табибу бемористон маҳрум шудааст?!
— Шояд аксари мову шумо ба хотири як либосро якбора чанд рӯзу чанд ҳафта пушидан бинолему худро бад ҳис кунем, аммо медонед, ки рӯзу моҳҳост, ки домулло Зубайдуллоҳи 80-сола ба ҷуз як-ду либос, дигар либосе барои пӯшидан надорад?!
Ва ҳамингуна даҳҳо шояди дигар.
Танҳо як лаҳза худатро ба ҷои домулло Зубайдуллоҳи 80-сола қарор деҳ ва худ хулоса кун.
Добавить комментарий