Ба муносибати Ҳафтаи Нуриддин Маҳкамов
Муҳаммадсаъид Ризоӣ
Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим
Гӯянд, як мақомдори боинсоф ва хидматгори мардумиро бо тӯҳмат аз мансаб барканор ва ба эъдом ҳукм мекунанд. Вақте ӯро таги пояи дор ҳозир мекунанд, ҳамсари пири бемор ва фарзанди маъюбу наберагонаш ба ӯ наздик шуда, фарёд мебароранд.
Ҳамасараш садо баланд карда, бо доду фарёд мегуяд: “Эй вою сад лаънат бар ин рӯзгори бадрафтор! Ҳама медонад, ки шаваҳар ва сарвари оилаи мо марди боинсоф, адолатхоҳ ва хидматгори мардуму кишвараш буд. Он чӣ ба вай мегӯянд, тӯҳмат аст, дурӯғ аст, ҳасудону ғоратгарони мардуму ин марзу бум аз ҳасад ба ӯ ин корро карданд.”
Вай ба шавҳараш рӯ оварда, гуфтааст: “Модоме эъдом мешавӣ, эй кош лоақал он чӣ ба Шумо нисбат доданд, рост мебуд!”
Мард бо меҳру навозиш, аммо бо зоҳири норозӣ ба ҳамсараш мегуяд: “Ором ҳамсари ранҷур ва амонатдорам! То ин ҳад содда мабош, аз ҳавсала кор бигир, эҳсосоти ноҷои зиёд маҷбурат накунад аз эътидол берун ва ҳарфҳои нодурусте бигуӣ. Шумо чӣ мегуед ва чӣ хаёлоти ғалате дар сар доред, Азизам?!
Муҷриму гунаҳкор ҳаққаш аст ҷазо бинад, ин ифтохори ҷовидонист, ки шахс бо тӯҳмат ва бо дурӯғ ҷазо дода шавад. Шумо баргардед, фарзанди маъюб ва наберагони ятимро парасторӣ ва тарбия намоед ва бо ифтихор, худиву бегонагона ва ҳасоя ва ҳамватанҳоямонро роҳи дурусту адолатхоҳиро биомӯзед!”
Ин як ривояти таърихӣ аст, вале мебинем, имрӯз як ҳуқуқшиноси ҷасур, адолатхоҳ ва ғамхору содиқи миллату Ватан, Ҳоҷӣ Нуруддин Маҳкамов дар зиндагии худ, он қиссаи таърихиро ба ҳақиқат табдил сохт. Ҳоҷӣ Нуруддин бори дигар исбот кард, ки ҳаёт иборат аз муборизаи байни ҳаққу ботил аст. Вай ба ҳамасрони худ равашан сохт, ки зулму ноадолатӣ поён ёфтанӣ нест. Ӯ аз худ ва бо худ ба мо нишон дод, ки ҳодисаҳои таърихӣ ҳақиқат ва такрорёбандаанд.

Имрӯз ин вакили мардумӣ, ҳомии адолат, муборизи ҷасур ва ифшагари ҳақиқатҳои таърихӣ, Ҳоҷӣ Нуруддин Маҳкамов пушти панҷари зиндон қарор дорад.
Ман Ҳоҷиро ва дар симову пайкори ӯ адолат, ҳақиқат ва абармардони сарфароз, ҷасур ва мардуми арзишмеҳварро дуо мекунам, Аллоҳ пирӯзиро насибу рузӣ бигардонад!
Аз Худои қодиру тавоно, ҳар чӣ сареътар раҳоии Ҳоҷӣ Нуриддин ва ҳамкасбону ҳамфикрони мазлуми ӯро аз зиндони золимони аср,талаб дорам.
#Ҳафтаи_Нуриддин_Маҳкамов
#Озодӣ_ба_Нуриддин_Маҳкамов
#Свободу_Нуриддину_Махкамову
#Free_Nuriddin_Makhkamov
Добавить комментарий