Муҳаммадсаъид Ризоӣ
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
“Мубориза ва истиқомат дар роҳи Худо ва ҳадафи олӣ сахтиҳои зиёд дорад, вале кафили бақои ислом, арзишҳои волои он ва ҳаёти хушу сарбаландонаи башарӣ мебошад…”
“Бояд донист, ки мушкилоту сахтиҳо ва хавф, ғаму андӯҳ, ранҷ ва заҳмату зарар дар ин роҳ ҳама имтиҳони илоҳӣ буда, шахсият ва мақому ҷойгоҳи пӯяндагони ин роҳро ба андозаи навъи бархӯрдашон ба он, мушаххас мекунанд…”
Домулло Зубайдуллоҳ дар назди домулло Ҳикматуллоҳи Қаротегинӣ таълими фиқҳ ва усул карда, тафсир, ҳадис, таърих ва дигар адабиёти арабиро назди устод Сайид Абуллоҳи Нурӣ (р) аз худ кардааст. Илова бар ин, университети ба номи В. И. Ленин (Донишгоҳи миллӣ ба номи Қандил Ҷураев)-ро хатм намуда, устоди риштаи адабиёт ва филолгияи тоҷик аст. Вай чӣ дар даврони Шӯравӣ ва баъди истиқлол, дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгор ва роҳбари илмӣ шуда, дар донишкадаҳои ихтисосӣ ҳамчун мудир ва директор кор кардааст.
Домулло Зубайдуллоҳ фақеҳ ва олим, соҳиби маълумоти олии исломӣ аст. Узви Шурои олии ҲНИТ, раиси маҷмаъи уламо, раиси Академияи Наҳзат ва болотар аз ҳамаи инҳо, хидматгори ростини ислом ва пойбанду вафодор ба аҳдофи Наҳзат, соҳиби ахлоқи олӣ, дар оила, ҷои кор ва дар байни аҳли илм ва ёру дустон ҷойгоҳи намоёни инсонӣ ва исломиро дошта, аз эҳтироми хос бархурдор аст.

Ин абардомулло аз ҷумлаи собиқадорон дар ҳаракати Наҳзат мебошад. Домулло Зубайдуллоҳ ҳанӯз дар даврони фаъолиятҳои сиррии Наҳзат бо андеша ва пешниҳодҳои илмӣ ва прогресивии худ баромад мекард ва бо мавқеъгириҳои дуруст ва муфид, қабули ҳар гуна қарорҳои тангназарона ва омиёнаро пешгирӣ мекард.
Як хотира аз домулло Зубайдуллоҳ
Нағз ёдам ҳаст, аниқ марҳилаи расман сабти ном шудани Наҳзат буд. Аз тарафи дигар ба раёсати идораи қозиёт, ҳоҷи Акбар Тӯраҷонзода омада, тағйирот ва беҳбудиҳои ҷузъие дар фаъолияти динии Идораи динӣ ва Қозиёти мусулмон ба вуҷуд омад, аз ҷумла рӯи кор омадани як маъҳади динӣ. Дар кушодашавии он (маъҳади ба номи Имом Тирмизӣ (р), ҳоло маъҳади Имом Абӯҳанифа (р)) меҳмонони зиёде аз саросари кишваарҳои исломӣ ва арабӣ ба Тоҷикистон омаданд.
Қозидомулло аз чӣ бошад, ки бо Наҳзат муъомилаи хуше намекард (дар асл омодаи ҳамкорӣ надошт) ба хусус дар як чунин ҷашни ба истилоҳ муҳим аз Наҳзат; қишри ҷавоне, ки барои густариши таълимоти ислом камари хидмат барзадаанд, даъват ба амал наёвард. Бар акси ҳол кормандони Идораи қозиёт дар робита ба Наҳзат ва ҳаракати ҷавонон, (Қозидомулло хабар дошт ё не?) ба меҳмонон маълумоти нодуруст ҳам медодаанд. Ин рафтори Идораи қозиёт, он ҳам бо вуҷуди Қозидомулло шӯру валваларо дар дохили наҳзатиён, махсусан қишри ҷавон боис шуд, ки дар ҷаласаи Шуро пешниҳоди гирифтани мавқеъи ҳаммонад ба он ба вуҷуд омад.
Домулло Зубайдуллоҳ нафаре буд, ки бо қотеъият тасмими чунин мавқеъгириро мухолифат кард ва мо як иддаи ками дигаре мисли бародар Сайидумару дигарон аз мавқеъи ӯ тарафдорӣ кардем, ки домулло Абдуқосим маломати сахтмонам кард ва агар домулло Амруддин (р) аз мо ҳимоят намекард, шояд ба ҷурми тарсуӣ ё ба қавли вай мухолиф ба аҳдофи Наҳзат аз ҷаласа берун карда мешудем.
Далели домулло Зубайдуллоҳ ин буд: “ҳизби сиёсӣ набояд ба як чунин корҳои содда, ки он ҳам ҷузъи барномаҳояш аст ва аз тарафи як ниҳоди дигари ҳаммраъйи худаш иҷро мешаванд ба иллати ночизе қотӣ ва аз худ аксуламали манфӣ нишон бидиҳад.”
Ин ҷо муносиб аст инро бигӯям, ки домулло Зубайдуллоҳ тарафдори он буд, ки домуллоҳои калонсолу миёнасол бо ҳар восита ба масоҷид шомил шуда кор кунанд ва ҷавонон аз ҳисоби хатмкунандагони мактабҳову донишгоҳҳои замонавӣ ба сиёсат ва корҳои идорӣ ва давлатӣ сафарбар шаванд. Ва ин барои беҳбуд шудани кор аст мегуфт ӯ. Худаш ҳам чанд муддат дар масҷид дар шаҳраки Уялии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ Куйбишев) имом ва сархатиб шуда кор кард.
Домулло Зубайдуллоҳ аввалин сардабири рӯзномаи Наҷот, нашрияи ҳизбӣ, ки аввалин шуморааш соли 1984 ба табъ расида буд, мебошад. Он рӯзномаро ба иллати он, ки ҳама корбурдҳояш аз тарафи шаб анҷом мешуд, “Шабнома” ҳам мегуфтем.
Иллати ҳабс шудан
Зубайдуллоҳи Розиқ, ин абармард дар синни 72-73 солагӣ ба ҳабс гирифта шуд. Айбномаи ӯ: “ширкат дар иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ва ба таври ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил” ва ба муҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум. Ба ин мӯҳлати тулонӣ ҳабс кардани як муйсафед, домулло ва аҳли илм, чӣ маънӣ дорад?
Инро бояд донист, ки ин гуна равиши Раҳмонов ва ҳукумати диктотуриаш, танҳо ва танҳо мухолифат ва душманӣ ба дину ахлоқ ва тамоми меъёрҳои инсонӣ ва исломӣ аст.
Ҳама золимони давр дар масири таърих нисбати шахсони поктинат, роҳнамо ва дастгири мардум чунин равишро дар пеш доштаанд. Бархӯрди Фиръавн бо ҳазрати Мусо (а.с), Абӯҷаҳл ва мушрикони Қурайш бо Паёмбарамон (с) магар ҳамин набуд?! Чун анбиё (а.с) ифшогари хилофкориҳои золимон ва монеъи бадиҳо ва зулму истибдоди онҳо буда, бедоркунандаи ҷомеаи башарӣ ва ҳидоят онҳо ба сӯи адолат, озодӣ ва саодат буданд.
فَمَا كَانَ جَوَابَ قَوْمِهِ إِلَّا أَنْ قَالُوا أَخْرِجُوا آلَ لُوطٍ مِنْ قَرْيَتِكُمْ ۖ إِنَّهُمْ أُنَاسٌ يَتَطَهَّرُونَ..
Пас посухи қавми Лут ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: хонадони Лутро аз диёратон берун кунед. Бешак онҳо мардумони поктинату покгустаранд. (Намл: 56)
Домулло Зубайдуллоҳ як вориси ҳақиқии Паёмбарамон (а.с) мебошад. Ҳамаи фарзандонаш дорои илму фазл ва соҳиби одоб ва ахлоқи бузурги инсонӣ ва исломӣ ҳастанд. Шогирдони зиёде ҳам таълим додаву ба воя расонидааст, ки дар тарбияву таълим намуна мебошанд.
Пас ин ҳабс карданҳо, дур кардани як иксири муфид, ки зари холис ба вуҷуд меорад, аст. Домулло Зубайдуллоҳ ва амсоли ӯ муҳаррики ҷомеаи худ ба сӯи ислоҳ ва хушбахтӣ мебошанд, миллат ва мардуми худро огоҳӣ ва биноии ҳақиқӣ мебахшанд, ба мансабдорон роҳи дурусти ҳукуматдорӣ ва хидматгузории мардумро таъйин мекунанд, барои ҷавонон ифтихори озод зистан, бошарафу поквиҷдон кору фаъолият карданро ёд медиҳанд, ба занон, модарону хоҳарон иффат, номус ва покдоман буданро меозонанд.
Домулло Зубайдуллоҳ ва амсоли ӯ идеал ва намунаҳои солими пайравони ҳақиқии паёмбарони Худо ва аҳли илм мебошанд. Барои мардум ситорагони дурахшони дину ҳидоят мебошанд. Дар набуди онҳо мардум бероҳнамову ҳидоятгар роҳгумзадагон дар шаби торикро мемонанд.
Кормандони идораи динӣ ва ба истилоҳ хатибдомуллоҳои дастнишондаи ҳукумати душман ба дину шариъат, илова бар он, ки аз роҳи рости Худо ва Паёмбарони ростини Ӯ дуранд, машғули мадҳу ситоиши ҳокимони золим ва анҷоми амру фармони онҳо ва намунаи бад аз дину диндории муллову домулоро нишон медиҳанд, ки нанги миллату инсоният, муллову домулло ва дину диндорӣ мешавад.
Ҳоло ин домулло, ин марди солрафта, беш аз 80 сол дорад ба Шизо интиқол дода шудааст. Ба ҳабси тулонӣ басанда нашуад ҳар чанд муддат ба ин қисми зиндон итиқол дода, шиканҷа мешавад, азоб дода мешавад. Барои адои намози шаб.. Худоё!
Мутмаъиннам Домулло сабр мекунад ва тоқат дорад, зеро соҳиби ҳадафи олӣ аст. Аллоҳ домуллоро дар ҳифзи худаш нигоҳ дорад ва заҳматҳои кашидаашро қабул кунад.
Аллоҳ ба домулло Зубайдуллоҳ ва дигар бародарон сиҳатӣ ва раҳоиро аз зиндон рузӣ бигардон!
“Албатта мардони пируз чунон чӣ таърих нишон додааст, касоне буданд ва ҳастанд ва боз ҳам дар ояндаҳо касоне мебошанд, ки ҳамагуна озмоишҳои илоҳиро дар роҳи ҳадафи олӣ, бо омодагии комил истиқбол намуда, бо шуҷоъат, сабру истиқомат ва имони комил майдондорӣ мекунанд.”
Добавить комментарий