Зафари Сӯфӣ
Музаффар Давлатмиров, ин халифаи сарбаланд ва озодаро додгоҳи бедодгар панҷ сол маҳкум ба зиндон карда.
Танҳо ҷурме, ки ӯ дошт, чоплус набуд, имонашро ба савдо нагузошт, ҷавонмардиву садоқатро усули зиндагияш қарор дода буд.
Ӯ ба сифати як руҳонӣ ва як мусалмон вазифаву қарзи худ донист, ки ҷанозаи Муҳаммадбоқирро баргузор кунад.
Ҳукумат мехост, ки ҷаноза баргузор нашавад ва ё хеле камрангу камҷамъият барпо гардад.
Ҷасорати халифа Музаффар дар ин амал, яъне баргузор кардани ҷаноза, ҳаммаънои қад алам кардан дар баробари пуррӯиву зулму беадолатии ҳукумат буд. Ҳоло гӯё бо пушти панҷараи зиндон бурдан ӯро муҷозот карданд. Аммо ин ғуломакон намедонанд, ки расми озодагй чист.
Як инсони озода ва баимон дар сиёҳчол ҳам озод асту бо Худои хеш ва аз эътирози худ дар муқобили зулм эҳсоси қаноату ризоият мекунад.
Аммо дар мавриди ташйеъи ҷанозаи шаҳид Муҳаммадбоқир. Имрӯз, пас аз хондани хабари зиндонй шудани халифа Давлатмиров боз як бори дигар он видеои кутоҳ, вале аз ҷиҳате ғамангез ва аз ҷиҳате ифтихорбарангезро бори дигар тамошо кардам.
Вақте видеои маросими ҷаноза ва ба сафари охират гусел кардани Муҳаммадбоқирро бори аввал дидам, дарвоқеъ бароям собит гашт, ки тавон ва ҷасорати ин ҷавонмард такяи самимонаи ӯ ба мардумаш буд.
Имрӯз ҳам боз бар ин амр боварам афзуд.
Як фарди ҷомеа, ки содиқона сарсупурдаи мардумаш буд, мардум низ садоқату самимияти ӯро шинохтаву аҷр гузоштанд ва самимона дӯсташ медоштаанд. Ин амр мояи рашку ҳасаду нигарониву тарси мақомот то болотарин сатҳи ҳукумати Тоҷикистон гашта, ки вокунишашон дар шакли саркӯби мардум гувоҳи он аст.

Воқеан ин ташйеъи ҷаноза, ки алорағми ҳама таҳдиду фитнаи мақомоти ҳукумати худкома ва саркӯбгар садҳо тан омаданд то бо фарзанди қаҳрамонашон худоҳофизӣ кунанд. Ин амал бори дигар нишон дод, ки мардуми Бадахшон сарбаланд, озода, самимӣ, содиқ ва қадршинос ҳастанд.
Ба садоқати онҳо Боқир эътимод дошт ва ин бовари ӯ ба мардумаш буд, ки дар баробари мошини азим ва бераҳму саркӯбгари ҳукумати худкома қад алам кард ва бо дасти холӣ дар муқобили одамкушҳои ҳукумат мардона истод ва гуфт: «ни шагу назад!»
Мардум бовари ӯро дар амал ва бо ҳузури густарда дар вопасин лаҳзаҳои бадрақаи ӯ собит карданд. Ин ҷасорати мардуми сарбаланд ҳукумати худкомаро сахт нороҳат кард ва ҳоло ошкору ниҳон ба дунболи муҷозоти фаъолон ва аз байн бурдани хотираву осори ин ҷавонмардиву қадршиносии помириҳост. Вале ҳар инсони озода медонад, ки ин кор об дар ҳован кӯфтан аст.
Аз сӯи дигар помириҳо собит карданд, ки барои чунин мардум то пои ҷон майдондорӣ кардан ва ҷоми шаҳодат нӯшидан меарзад. Ва ман ҳам ба такрор мегӯям: Мурдан дар роҳи хидмат ба шумо ва шуморо дифоъ кардан аз фитнаву хатарҳои душманони дӯстнамо шараф аст, зеро қадршиносед.
Узум ту живҷ, мардуми сарбаланду озодаи Бадахшон!
Равони Муҳаммадбоқир шод, ҷойгоҳаш дар биҳишт ва ёдаш барои ҳамеша гиромӣ бод!
Добавить комментарий