Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи Абдуқаҳҳори Давлат, узви Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати олии ҲНИТ, сиёсатмадор, собиқ раиси шӯъбаи равобити хориҷии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, рӯзноманигор, собиқ сардабири нашрияи “Наҷот” ва зиндонии сиёсиро ба ӯ ва аҳли байташ муборак бод мегӯяд.
Давлатов Абдуқаҳҳор Абдукаримович санаи 5-уми августи соли 1975 дар ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ (Собиқ Колхозобод) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, факултаи забони арабии Донишгоҳи ба номи Имом Абӯҳанифаро хатм карда, сипас факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро бо муваффаққият ба итмом мерасонад.
Баъдан дипломи риштаи иқтисодиёти ҷаҳонро аз донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон дарёфт намудааст. Донандаи забонҳои русӣ, арабӣ, англисӣ ва форсӣ аст. Оиладор ва соҳиби як фарзанд.
Бошад, ки зодрӯзи ояндаатро дар ҷамъи оила ва дӯстон бигзаронӣ Абдуқаҳҳори арҷманд!
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
Варшава, Лаҳистон
05.09.2022
Добавить комментарий