Зодрӯзат хуҷаста бошад, Раҳматҷон!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, узви Гурӯҳи 24 ва фаъоли ҷамъиятӣ Раҳматҷони Маҳмадҷонро ба ӯ, ба аҳли оила ва дӯстону ҳаводоронаш табрику таҳният мегӯяд.

Ногуфта намонад, ки Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳам шаҳрвандии Русияро дошт, вале мисли дигар фаъолони сиёсии тоҷик, ки муқими Русия буданду шаҳрвандии Русияро доштанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ду кишвар бар хилофи ҳама меъёрҳо ва қонунҳои байналмилалӣ, боз як шаҳрванди Федератсияи Русияро аз қаламрави Русия рабуда, ба Тоҷикистон супурданд.

Дар баёнияи Гурӯҳи 24, ки баъди пайдо шудани Раҳматҷони Маҳмадҷон дар зиндони Тоҷикистон нашр шуд, омадааст: “Даҳшатноктарин паҳлӯи ин қазия он аст, ки ҳамаи ин қонуншиканӣ дар қаламрави давлати демократӣ – Федератсияи Русия бо иҷоза ва кӯмаки намояндагони мақомоти расмии Русия сурат гирифтааст. Ва он, ки дар ҷинояти рабудан ва ба Тоҷикистон фиристодани Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳар ду ҷониб, ҳам мақомоти Русия ва ҳам Тоҷикистон даст доранд, равшану возеҳ аст, аммо дар ин ҷиноят ба адолат ноил шудан ва гунаҳкоронро ҷазо додан ғайриимкон аст. Ва пайомади беҷазоӣ боз ҷиноятҳои нав хоҳад шуд.” Ва ҳамин пайомади беҷазоӣ буд, ки ин раванд то имрӯз давом дорад ва пас аз Раҳматҷон боз даҳҳо нафари дигарро рабудаву ба Тоҷикистон бурданд ва ба мӯҳлатҳои тулонӣ равонаи зиндон карданд. Вале Раҳматҷону дигар фарзандони ҷоннисори ин миллат ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд ва то рӯзе муқовимат ҳаст мо аз онҳо ёд хоҳем карду бегуноҳ зиндонӣ шуданашонро ба гуши тамоми олам мерасонем.

Бори дигар зодрӯзат муборак, Раҳматҷони гиромӣ!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

Варшава, Лаҳистон

05.09.2022

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: