Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор, дар ёддоште, бо ишора ба зиндонӣ карда шудани халифа, Музаффар Давлатмиров тавассути режими Эмомалӣ Раҳмон, тасреҳ кард, ки халифа Давлатмиров “касонеро, ки ҳукуматиҳо дар Помир куштанд, шаҳид хитоб кард. Ӯ аз чеҳраҳои нофорам барои ҳукумат буд, чунки дахолати онҳоро ба умури мазҳабӣ напазируфт.”
Ёддошти Рустами Ҷонӣ ба шарҳи зерин аст:
“Музаффар Давлатмиров, халифаи маҳаллаи “Тӣр Чид”-и шаҳри Хоруғро бо айби “даъват ба ифротгароӣ” 5 сол зиндон карданд.
Ӯро нерӯҳои амниятӣ 26-уми июл аз хонааш дуздиданд ва 3-уми август ҳукми суд маълум шуд.
Аз рӯзи боздошт то ҳукми суд як ҳафта гузашт. Мурофиа боз ҳам паси дарҳои баста сурат гирифтааст.

Судҳо дигар барои фаъолони Бадахшон бидуни ягон баррасӣ ҳукм мунташир мекунад.
Музаффар Давлатмиров як рӯҳонии мардумӣ ва фаъол буд. Ӯ динро аз донишмандони помирӣ омӯхт. Падараш ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ буд ва модараш омӯзгор.
Соли 2013 мардуми маҳаллаи “Тӣр Чид” ӯро халифа интихоб карданд.
Ӯ аз тарафдорони анъаноти қадимаи мазҳабӣ ва бо ислоҳоти ҷадид мухолиф буд. Суханашро бепарда ва беибо мегуфт.
Ӯ касонеро,ки ҳукуматиҳо дар Помир куштанд, “шаҳид” хитоб кард.
Аз чеҳраҳои нофорам барои ҳукумат буд, чунки дахолати онҳоро ба умури мазҳабӣ напазируфт.”
Добавить комментарий