Музаффар Давлатмиров кист?

Ба муносибати Ҳафтаи халифа, Музаффар Давлатмиров

Чаҳор рӯз пеш яъне дар таърихи 4 августи соли ҷорӣ (2022), Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Музаффар Давлатмиров, халифаи пайравони мазҳаби исмоилияро бо иттиҳоми “даъват ба ифротгароӣ” ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Исмоилиёни Бадахшон ба руҳонӣ ва мулло халифа мегӯянд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) ин ҳафтаро барои ин руҳонии бедор ихтисос додааст. Дар ин навиштор, ба муаррифии ин шахсияти миллӣ пардохта мешавад.

Музаффар Давлатмиров дар таърихи 6 июли соли 1963 дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаваллид шудааст. Ӯ маълумоти миёнаро дар мактаби шумораи 2-и шаҳри Хоруғ фаро гирифта. Вай халифаи маҳаллаи “Тирчид”-и шаҳри Хоруғ буд.

Музаффар Давлатмиров дар моҳи майи соли 2014 бештар шинохта шуд

Ин шахсияти мазҳабӣ, дар миёни аҳолии Бадахшон аз обрӯву эътибори хоссе бархӯрдор аст. Ва бо ин ки Музаффар Давлатмиров барои мардуми Бадахшон, махсусан хоруғиён, фарди шинохтае мебошад, аммо дар моҳи майи соли 2014 дар асари як ҳодисаи нохушоянд дар Бадахшон, барои нахустин бор барои кулли тоҷикистониён маъруф гардид вақте номаш дар феҳристи шахсиятҳои музокиракунанда бо ҳукумат омада буд.

Моҷаро ин буд, ки дар таърихи 21 майи 2014 як тазоҳурот дар Хоруғ барпо шуд. Сабаби он кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз шаҳрвандон аз сӯи нерӯҳои интизомӣ буд, ки дар пайи он, садҳо нафар ба нишони эътироз ба кӯчаҳо рехтанд. Эътироз дар Хоруғ бо талаби муҷозоти гунаҳкорони ин тирпарронӣ сурат гирифт ва 4 рӯз давом кард ва шоми 25 майи ҳамон сол бо имзои як протокол байни намояндагони “ҷомеаи шаҳрвандӣ”-и Бадахшон ва ёвари вақти Раҳмон генерал Шералӣ Хайруллоев, ки ҳамроҳ бо вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода аз Душанбе барои ҳалли бӯҳрон ба Хоруғ омада буд, ба поён расид.

Дар ин музокира, “ҷомеаи шаҳрвандӣ”-и Бадахшон рӯйхати афродеро пешниҳод карданд, ки бояд аз номи эътирозгарони Хоруғ бо мақомот музокира кунанд. Дар ин рӯйхат номи халифа Музаффар Давлатмиров дар садр қарор дошт, аз ин қарор:

Халифа Музаффар Давлатмиров – руҳонӣ;

Фаромӯз Эргашов – ҳуқуқшинос;

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров — раиси маҳаллаи Хоруғи боло;

Толиб Аёмбеков — раиси маҳаллаи “Хлебзавод”;

Зоир Раҷабов — раиси маҳаллаи УПД;

Ёғибек Ёғибеков — намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ;

Холбаш Холбашев – сардори раёсати нерӯҳои марзбонии Бадахшон;

Алим Шерзамонов — раҳбари бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократ;

Улфатхоним Мамадшоева — раҳбари созмони “Номус ва инсоф”.

Чаро Музаффар Давлатмировро дастгир ва зидонӣ карданд?

Бино ба гузориши 4 августи соли ҷорӣ (2022), Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Музаффар Давлатмировро бо иттиҳоми “даъват ба ифротгароӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Вай рӯзи 26-уми июл аз ҷониби мақомоти интизомӣ ба сӯҳбат давъат ва сипас боздошт шуд.

Бар асоси ин гузориш, масъулони додгоҳи Бадахшон ҳозир нашуданд, то ҳукми ӯро шарҳ диҳанд, вале наздикони ӯ гуфтанд, додгоҳ шитобзада ҳукмро содир кард ва ҳеч далеле нишон надод.

Яке аз наздикони Музаффар Давлатмиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, касе намедонад, ки халифаро дақиқан ба содир кардани кадом ҷурм гунаҳкор донистаанд. Ба гуфтаи ӯ, Музаффар Давлатмиров дар амри маъруфҳои худ бештар мардумро ба оромӣ даъват мекард ва ҳам қонуншиканиҳои мақомотро танқид менамуд.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, сабаби боздошти Музаффар Давлатмировро обрӯву эҳтироми вай байни сокинони Бадахшон донист ва гуфт: “Адлхоҳии халифа ва бештар эҳтиром шуданаш дар назди сокинону лидерони ғайрирасмӣ ба мақомоти интизомӣ хуш намеомад.”

Як сокини дигари шаҳри Хоруғ гуфт, халифа Музаффар дар миёни ҷомеаи исмоилиҳои Бадахшон, мақомдорон ва лидерони ғайрирасмӣ нуфузи зиёд дошт. Вай гуфт, чун мақомот расман сабаби боздошти ӯро шарҳ намедиҳанд, дар Хоруғ овоза аст, ки гӯё як сабаби боздошти ӯ хондани ҷанозаи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Зоир Раҷабов ва Хурсанд Мазориев, се лидери ғайрирасмӣ будааст. Гуфтанист, ин се лидер охири моҳи май ва июн дар Хоруғ шаҳид шуданд.

Бино бар ин хабар, дар чанд моҳи ахир беш аз 200 сокини Бадахшон бо иттиҳоми узвият дар “гурӯҳи ҷиноятӣ” боздошт шуданд. Наздиконашон мегӯянд, гуноҳе надоштанд. Наздик ба 10 фаъоли бадахшонӣ аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуданд.

Гуфтанист, дар амалиёти моҳи май дар Рӯшон ва Хоруғ наздик ба 40 нафар ба шаҳодат расиданд. Мақомот иддо карданд, ки онҳо муқобилияти мусаллаҳона карданд, вале наздиконашон инро дурӯғ дониста, мегӯянд, онҳо силоҳ надоштанд ва танҳо ба эътирози осоишта баромада буданд.

Алим Шерзамонов: “Музаффарро ба хотири мавқеи устувораш зиндонӣ кардаанд”

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва яке аз раҳбарони Бадахшон, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо сайти “Зиндониён”, бо ишора ба ин ки Музаффар Давлатмиров бо вай ҳамсинф буд ва аз овони мактабхонӣ мешиносад, гуфт: “Музаффар Давлатмиров одами хеле босавод чӣ дар соҳаи динӣ ва чӣ дунявӣ аст. Ӯ дорои мавқеи мушаххаси шаҳрвандӣ аст, ки рӯшод мавқеашро иброз мекард.”

Муовини раиси ПМТ афзуд: “Музаффар Давлатмиров ҳаргиз бо фармоиши мақомот ягон амали ғайриқонунӣ аз қабили даъват ба артиш, ширкат дар маъракаҳои интихоботӣ ва ба ин монандро анҷом намедод.”

Алим Шерзамонов дар идома, бо баёни ин ки пас аз байн рафтани Мухаммадбоқир, зиёиёне мисли Музаффар мавриди таъқиб қарор мегирифтанд, гуфт: “Зиндонӣ кардани Музаффар ногузир буд. Ин бандаи Худоро новобаста аз он ки ҷанозаи киро хонд ё нахонд, ҳатман зиндонӣ мекарданд. Мисоли чунин зиёӣ, Улфатхоним Мамадшоева буд, ки ӯ низ ягона ҷинояташ мавқеи устувори шаҳрвандиаш буд.”

#Ҳафтаи_Музаффар_Давлатмиров

#Озодӣ_ба_Музаффар_Давлатмиров

#Свободу_Музаффару_Давлатмирову

#Free_Muzaffar_Davlatmirov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: