Имрӯз (8 август) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ Домулло Зубайдуллоҳ Розиқов ва ҳамзамон зодрӯзи фарзанди барӯмандаш, ки ӯ ҳам дар зиндон аст, Асроруддин мебошад.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин падару писарро ба ин муносибат табрик мегӯяд ва таманно дорад, Худованди Мутаъол онҳоро ҳар чи зудтар аз сиёҳчоли режими Эмомалӣ Раҳмон озод созад.
Домуллоро, ки синнаш ба 80 расида, ахиран режими Раҳмон ба хотири адои намози шаб, “ҷазо” дод ва ба ШИЗО – утоқе махсус ва бисёр махуф барои ҷазои зиндониёни “қонуншикан” – барои чанд рӯз мунтақил кард. Режиме, ки хондани намози шабро навъе “ҷурм” меҳисобад ва соҳиби онро ҷазо медиҳад.
Асроруддин, фарзанди барӯманди Домулло низ, “ҷурмаш” ин буд ва ба хотири он аз озодӣ маҳрум гардид, ки ба зиндониён кӯмак расонда. Ҳамроҳи ӯ чанд нафари дигар низ ба ҳамин “ҷурм” зиндонӣ шудаанд. Дар ҳеч ҷои дунё кӯмак ба як зиндонӣ на танҳо “ҷурм”, ки ҳатто мамнӯъ нест, дар назди режими хуношоми Эмомалӣ Раҳмон аммо, “ҷурм”-у “ҷиноят” дониста шудааст. Режиме, ки ҳозир нест мухолифонаш ҳатто дар зиндон ва дар он шароити бисёр бад кӯмак шаванд.
Ва ҷои бисёр таассуфаш ин ҷост, ки созмонҳои ба истилоҳ дифоъ аз ҳуқуқи башар, чизе роҷеъ ба ин муқаррарорти зидди инсонии Эмомалӣ Раҳмон, ки нисбат ба мухолифонаш раво мебинад, намегӯянд ва кулӯх ба лаб гирифтаанд.
Бори дигар, Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ва фарзандаш, Асроруддинро ба муносибати зодрӯзашон табрик мегӯем.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)
08.08.2022
Варшава, Лаҳистон
Добавить комментарий