Ба муносибати Ҳафтаи Исломиддин Файзалӣ
Шавқи лиқои дӯст бисӯхт устухону пӯст,
Тақдими ҷон ба васли азизонам орзуст.
Аҳду вафову ишқи ту эҳсос мекунам,
Рӯзи вафо ба аҳду ба паймонам орзуст…
(Домулло Исломиддини Файзалӣ)
Ин ҳафта барои зиндонии сиёсӣ, узви Раёсати олии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва корманди Академияи улуми ин ҳизб, Домулло Исломиддин Файзалӣ ихтисос ёфтааст. Дар ин навиштор, ба муаррифии ин шахсияти маъруф мепардозем.

Домулло Исломиддин Файзалӣ кист?
Домулло Исломиддин Файзалӣ дар таърихи 1 январи соли 1959 дар маҳаллаи Сафедорои нушури деҳаи Хонақоҳи ноҳияи Ховалинги Кӯлоб дар хонаводаи руҳонӣ ба дунё омадааст. Падараш, махдуми Асомуддин, шахсияти ботақво ва диндоре буд. Домулло Исломиддин дар мактаби миёнаи ҳамин русто яъне деҳаи Хонақоҳ таҳсил ва онро хатм намудаааст. Вай хидмати аскариро дар замони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) адо карда.
Домулло Исломиддин улуми диниро дар шаҳри Душанбе дар маҳзари марҳум Домулло Эшонҷони Қаротегинӣ ва низ марҳум Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода фаро гирифтааст.
Домулло Исломиддин тахассуси камназире дар адабиёти форсӣ дорад. Маснавии Мавлавӣ, Куллиёти Аллома Иқболи Лоҳурӣ, Бӯстону Гулистони Саъдӣ ва чанде дигар аз осори гаронмояи форсиро тадрис гуфтааст. Ӯ ҳамчунин бо фанни фалсафа ва мантиқ ошноӣ дорад.
Ӯ узви Раёсати олии ҲНИТ ва корманди Академияи улуми ин ҳизб буд.
Оиладор ва соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Боздошти Домулло Исломиддин
Бино бар гузориши сайти ҲНИТ дар таърихи 30 июли соли 2020, мақомоти қудратии режими Раҳмон Домулло Исломиддинро бо худ бурдаанд. Ӯро аз манзилаш дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кормандони КДАМ бурдаанд. Домулло Исломиддини Файзалӣ пас мамнӯъ шудани фаъолияти ҲНИТ дар дохили Тоҷикистон, ҳеҷ фаъолияти сиёсӣ надошт ва бо ҲНИТ дар иртибот ҳам набуд. Аммо бо ин вуҷуд, режим мисли ҳамеша, ки аз вуҷуди аъзои боқимондаи ҲНИТ дар дохили кишвар ҳамчун гаравгон истифода мекунад, ӯро бе ягон айб боздошт кард.
Бар асоси гузориши Радиои Озодӣ дар 6 августи 2020, Саидисҳоқ Бобоев, яке аз наздикони Домулло Исломиддин Файзалӣ, гуфт, мақомоти интизомӣ ӯро дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи ҳамсараш боздошт карданд ва баъд аз як рӯз ҳамсарашро ҷавоб доданд. Вай афзуд: “Вале аз як ҳафта зиёд шуд, аз он кас хабаре надорем.”
Раёсати Олии ҲНИТ дар таърихи 4 августи 2020 дар хусуси боздошти Домулло Исломиддин Файзалӣ ва низ Ҷалолиддин Маҳмуд, ки ба ҳамроҳи вай дастгир шуда буд, изҳорот пахш кард. ҲНИТ дар ин изҳорот, зимни шадидан маҳкум кардани ин боздошт, онро аҳдшиканӣ донист ва баён намуд: “Эҳтимоли зиёд меравад, ки Ҳукумат мисли парвандаи “Ихвонмуслимин” аз “ошкор кардани боз як шабакаи пинҳонии хатарнок ва идорашаванда аз хориҷ” хабар диҳад ва ангушти ишора ба сӯи ҲНИТ ва ё ягон “кишвари ба ҳама маълум” намояд.”
Раёсати Олии ҲНИТ дар ин изҳорот аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ва ватании дифоъ аз ҳуқуқи башар ва расонаҳо даъват кард, ки “садои худро баланд намуда, аз фоҷеаи навбатии инсонӣ дар Тоҷикистон пешгирӣ намоянд.”
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) низ бо пахши баёнияе, бо маҳкум кардани ин боздошт, аз мақомот хост, бо эълони макони Исломуддин Файзалӣ ва вазъияти ӯ барои бастагонаш, ин руҳонии тоҷикро фавран озод кунанд.

Ба 5,6 соли зиндон маҳкум шудани Домулло Исломиддин Файзалӣ
Бино ба хабаре дар таърихи 5 октябри соли 2020, Домулло Исломиддин Файзалӣ дар ҷаласаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста, ба 5,6 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба гуфтаи Саидисҳоқ Бобоев, яке аз наздикони Домулло Исломиддин, бо кадом ҷурм маҳкум шудани Исломиддин Файзалӣ маълум нест. Танҳо ҳамин миқдор маълум гардид, ки ӯ мебоист дар филми “Хиёнат” — таҳиякардаи сохторҳои амниятии Тоҷикистон ширкат варзида, назди дурбин зидди раҳбарияти ҲНИТ сухан бигӯяд, аммо ӯ ба ин розӣ нашудааст.
Ба гуфтаи Саидисҳоқ Бобоев, ба наздикони Исломиддин Файзалӣ аз мақомот гуфтаанд, ки фармон аз боло аст ва аз дасти онҳо чизе намеояд.
Бобоҷони Қаюмзод: “Мақомоти кишвар ҳаргиз дар бораи боздоштҳо маълумоти дақиқ ироа намедоранд”
Бобоҷони Қайюмзод, сухангӯи ҲНИТ, дар сӯҳбат бо сомонаи Равзан дар таърихи 22 феврали соли 2021, дар робита бо боздошт ва ба зиндон маҳкум кардани Домулло Исломиддин Файзалӣ ва шумори дигар аз аъзоёни ҲНИТ ва иддаоҳои Рамазон Раҳимзод, вазири умури дохилаи режим гуфт: “Бо вуҷуди он ки Вазири корҳои дохила омори аъзои боздоштшудаи ҲНИТ–ро 17 нафар унвон кард, вале маълумоти дақиқе аз теъдод ва далели боздошти аъзои ҲНИТ вуҷуд надорад. Ҳамагон медонем, ки дар соли гузашта Ҷ. Маҳмуд, Исломиддин Файзалӣ, Асрориддин Розиқов, Зайнидин Юсупов ва Дониёр Набиев боздошт шуданд, ки ҳама аъзои ҲНИТ ҳастанд. Аммо бештар аз ин на ҲНИТ, на расонаҳо ва на созмонҳо маълумот надоранд.”

Вай афзуд: “Мақомоти кишвар ҳаргиз дар бораи боздоштҳо маълумоти дақиқ ироа намедоранд ва ҳатто ба хонаводаҳои боздоштшудаҳо ҳам таҳдид мекунанд, ки ба расонаҳо маълумот надиҳанд, вагарна вазъияти боздоштшуда бад мешавад ва худи онҳо низ муттаҳам ба ҳамкорӣ бо мухолифин мешаванд. Қисмеро ҳам ваъдаи дурӯғ медиҳанд, ки агар сокит бошанд, барои боздоштшуда ва ҳам худи онҳо беҳтар аст ва метавонад зиндонӣ дар афв ё бо ришва бахшида шавад. Бинобар ин хонаводаҳо гоҳе аз тарс ва гоҳе бо умеди сабукӣ овардан аз боздошт шуданашон сукут мекунанд ва маълумотро ба касе намерасонанд. Мақомот бошанд, он тавре худашон мехоҳанд, ҳамон гуна қазияро ба ҷомеа матраҳ мекунанд, на он гуна ки ҳаст.”
Домулло Исломиддинро бишносем!
Барои ошноӣ бо як фард, ҳеч чиз беҳтар аз эҷодиёт ва аҳёнан суханони худи ӯ дар мавзӯъҳои мухталиф нест. Ба ҳамин манзур ва бо мақсади беҳтар ошно шудан бо Домулло Исломиддин Файзалӣ, ду навори ӯро пешкаши бинандаҳо мекунем: яке, дар мавзӯи ҳиҷрати Паёмбар (с), ки ҳамроҳи Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ – ки вай ҳам зиндонӣ аст – матраҳ карда ва яке ҳам, дар мавзӯи чистии сиёсат аст, ки ҳамроҳ бо Азимҷон Ваҳҳоб, яке дигар аз фаъолони ҲНИТ эрод фармуда. Ва ҳамчунин шеъре аз ӯ, ки дар Рамазони 2021 дар зиндон эҷод кардааст, меоварем:
Ҳиҷрати Паёмбар (с):
Сиёсат чист?
Рӯзи вафо ба аҳду ба паймонам орзуст
* * *
Ёро биё, ки чеҳраи хубонам орзуст,
Дар ин ғарибӣ дидани ҷононам орзуст.
Дар гӯшае зи ғамкадаи зулмати замон,
Нуру сафо, муҳаббати шоёнам орзуст.
Фарсуда ҷон ҳадяи ноқобили шумост,
Муштоқи Хизру чашмаи ҳайвонам орзуст.
Яздон кунад насиб ҷамоли ҷамили ту,
Миннатпазиру шукри фаровонам орзуст.
Шавқи лиқои дӯст бисӯхт устухону пӯст,
Тақдими ҷон ба васли азизонам орзуст.
Аҳду вафову ишқи ту эҳсос мекунам,
Рӯзи вафо ба аҳду ба паймонам орзуст.
Мурғи дилам ба ёди ту ҳар лаҳза мепарад,
То пар кашад ба сӯи ту ошёнам орзуст,
Ҳарчанд хирачашм ба роҳат нишастаам,
Пироҳане зи Юсуфи Канъонам орзуст.
Гар дасти марҳамат ба сари ошиқат кашӣ,
Ранҷуриям зи ёд равад, онам орзуст.
Наҷво кунам, ки нек шавад охирин нафас,
Эй соҳиби карам, ба дилу ҷонам орзуст.
Гуфтанд, бигзар аз шаби ялдои зиндагӣ,
Шамси рабеъу нам-нами боронам орзуст.
Бо суратат дуои халоиқ ба арши Ҳақ,
Омин бигӯ, ки васл ба Яздонам орзуст.
Бигзоштаам даст ба дасти валӣ, вале,
Бо ту расам ба равзаи ризвонам орзуст.
(Домулло Исломиддини Файзалӣ, Рамазони соли 2021)
#Ҳафтаи_Исломиддин_Файзалӣ
#Озодӣ_ба_Исломиддин_Файзалӣ
#Свободу_Исломиддину_Файзали
#Free_Islomiddin_Faizali
Добавить комментарий