“Фармони ба ҳабс кашидани домулло Исломиддин мустақим аз мақомоти баландпоя иблоғ шуда буд”

Ба муносибати Ҳафтаи Исломиддин Файзалӣ

Саидисҳоқ Бобоев

Саидисҳоқ Бобоев, фаъоли сиёсӣ ва яке аз шогирдони наздики домулло Исломиддин Файзалӣ, дар ёддоште, бо ишора ба моҷарои боздошти домулло Исломиддин ва сабаби ба зиндон афкандани вай гуфт: “Баъд аз боздошт ва ҳабси домулло Исломуддини Файзалӣ, бо наздикони эшон тамос гирифтам. Аз шароити домулло ва моҷарои боздошт пурсидам. Наздикони эшон нақл карданд, ки мо барои дидор бо домулло ба зиндон рафтем ва бо мақомоти онҷо сӯҳбат кардем. Пурсидем, ки ба чӣ ҷурме домулло Исломуддинро ба ҳабс кашиданд? Дар ҷавоб мақомоти зиндон гуфтанд, ки дар ҳукми вай касе наметавонист дахолат бикунад, зеро фармони ба ҳабс кашидани он мустақим аз мақомоти баландпоя иблоғ шуда буд. Далелаш ин буд, ки ҳукумат дар сохти мустанади хиёнат, домулло Исломуддинро таҳти фишор қарор дод то дар ин мустанад дар навор бар алайҳи муқаддасоту ҲНИТ-у дӯстону ҳамраҳонаш тӯҳмату дурӯғу фаҳҳошӣ бикунад, аммо домулло Исломуддин ба ҳеч ваҷҳ ин хостаи ҳукуматро напазируфт ва зери бори ин зиллат нарафт. Муқовимат кард ва бо ҳукумат ҳамкорӣ накард. Ба ҳамин далел вайро ба ҳабс кашиданд…”

Матни пурраи ёддошти Саидисҳоқ Бобоев ба шарҳи зерин аст:

Ин ҳафта ихтисос ёфтааст ба руҳонӣ ва муҷоҳид домулло Исломуддини Файзалӣ. Ба унвони касе, ки аз наздик бо ин шахсият ошноӣ дорад, вазифаи худ донистам, ки чанд каломе аз ин шахсияти барҷаста бигӯям.

Дар боби шахсияти ахлоқии эшон, ҳаминро гуфтаниам, ки аз ҳамон даврони ҷавонӣ чунон тақво зи кирдораш намоён буд, ки касе аз вай гуноҳе шоҳид набуд. Чуноне ки то ҳол надидам касе аз наздиконашро, ки аз ахлоқи эшон шикояте дошта бошад. Ва на танҳо шикояте надоранд, балки дилдодаи кирдору гуфтори вай ҳастанд.

Ман ҳамеша эшонро ҳамчун устоди ахлоқи хеш медонистам ва аз эшон медидаму мешунидаму меомӯхтам. Ин яъне, вай беш аз он, ки бигӯяд чунину чунон бикун, худ амал мекарду марди амал буд.

* * *

Дар боби шахсияти сиёсӣ ва илмии ин шахсият бояд гуфт, домулло Исломуддин аз соҳибназарон дар соҳаҳои сиёсат ва фарҳанг буд. Ҳамчунин эшон мутахасиси улуми динӣ ва адабиёти форсӣ буд.

Домулло Исломуддин ҳеч гоҳ ҳукумати тоғутро на дар дил ва на дар амал пазируфт. Мешунидам, ки мегуфт: “Ҳатто як рӯз дар ниҳодҳои давлатии тоғут кор накардаам ва нахоҳам кард. Зеро ҳамкорӣ бо тоғут, мӯҷиби тақвияти вай мешавад ва ман инро намехоҳам.

Саидисҳоқ Бобоев, фаъоли сиёсӣ ва яке аз шогирдони наздики домулло Исломиддин

Эшон аз фаъолони пурранги ҲНИТ, узви Раёсати олӣ ва узви Шӯрои ҲНИТ буданд.

* * *

Мехоҳам аз рӯзҳое бигӯям, ки ҳеч гоҳ фаромӯш нахоҳам кард. Он рӯзҳое, ки ҳукумати истибдодии Эмомалӣ Раҳмон даст ба ҳазфи алании ҲНИТ ва мухолифон зад. Рӯзҳое, ки сармояҳои илмӣ ва маънавии ҷомеа яке пас аз дигарӣ ба пушти милаҳо зиндон андохта шуданд; соли 2015.

Ман низ боздошт шуда будам, аммо пас аз як моҳ озод шудам.

Он рӯзҳо мукаррар ба дидори домулло Исломуддин мерафтам. Эшон танҳо шуда буд ва тамоми дӯстон ва ҳамраҳонаш ё зиндонӣ шуда буданд ё аз кишвар хориҷ шуда буданд.

Намояндагони ҳукумат мукаррар ба хонаи эшон рафта, вайро таҳдид ва таҳти фишор қарор медоданд. Дар он ҳаёҳӯи боздоштҳо, бародарам Эшони Абдусаттор ба ман гуфта буданд, ки ба домулло Исломуддин кӯмак бикунам, то аз кишвар хориҷ шаванд; чун ҳукумат билохира бо як баҳона ҳатман эшонро низ ба ҳабс хоҳад кашид.

Рӯзе ба назди домулло Исломуддин рафтам. Баъд аз аҳволпурсӣ ба эшон гуфтам, ки биёед ба шумо кӯмак бикунам аз кишвар хориҷ шавед.

Домулло Исломуддин дар ҳоле, ки ором ашк аз чашмонаш ҷорӣ мешуд, гуфт: “Баъд аз ин воқеаҳо ман дар хона мунтазир нишастаам. Медонам, ин ҳукумати худкома манро низ ба зиндон хоҳад андохт ва ё ба шаҳодат хоҳад расонд. Ту ба ман мегӯӣ, ки фирор кунам, дар ҳоле, ки ин рӯзҳо беҳтарин дӯстонам ва беҳтарин шахсиятҳои ҷомеаро ба ҳабс кашида истодаанд. Имрӯз боздошт шудан ва фидо шудани ману дӯстонам агар мӯҷиби огоҳии мардум аз зулмҳои ин золим мешавад, ман дар ҳамон пушти милаҳои зиндон ва дар ҳамон ҳуҷраҳои торик, озодам, озод!.. Ман фирор намекунам.

* * *

Баъд аз озод шуданам, ҳар ҳафта то се маротиба маъмулан ба дидори домулло мерафтам. Вақте аз шиканҷаҳо ва озору азияти режим сухан мегуфтам, ҳамдардӣ мекарданду ҳамеша ояти 2 сураи Анкабутро тиловат мекарданд:

أَحَسِبَ النَّاسُ أَنْ يُتْرَكُوا أَنْ يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لَا يُفْتَنُونَ

(“Оё мардум гумон кардаанд, ҳамин, ки бигӯянд: имон овардем, раҳо мешаванд ва онон мавриди озмоиш (имтиҳон) қарор намегиранд?”)

Ва мегуфтанд: “Як мӯъмини воқеӣ бояд дар мубориза бошад бо зулм. Ва бидон дар ин роҳ сахтиҳо ҳаст ва мӯъмин имтиҳон мешавад. Бояд истиқомат ва муқовимат кард.” Ва мегуфтанд: “Он рӯзе хоҳад расид, ки ҳамин золимон ба пои миллат хоҳанд афтод ва шикасти ин золимонро иншоаллоҳ хоҳем дид.”

* * *

Баъд аз боздошт ва ҳабси домулло Исломуддини Файзалӣ, бо наздикони эшон тамос гирифтам. Аз шароити домулло ва моҷарои боздошт пурсидам. Наздикони эшон нақл карданд, ки мо барои дидор бо домулло ба зиндон рафтем ва бо мақомоти онҷо сӯҳбат кардем. Пурсидем, ки ба чӣ ҷурме домулло Исломуддинро ба ҳабс кашиданд? Дар ҷавоб мақомоти зиндон гуфтанд, ки дар ҳукми вай касе наметавонист дахолат бикунад, зеро фармони ба ҳабс кашидани он мустақим аз мақомоти баландпоя иблоғ шуда буд. Далелаш ин буд, ки ҳукумат дар сохти мустанади хиёнат, домулло Исломуддинро таҳти фишор қарор дод то дар ин мустанад дар навор бар алайҳи муқаддасоту ҲНИТ-у дӯстону ҳамраҳонаш тӯҳмату дурӯғу фаҳҳошӣ бикунад, аммо домулло Исломуддин ба ҳеч ваҷҳ ин хостаи ҳукуматро напазируфт ва зери бори ин зиллат нарафт. Муқовимат кард ва бо ҳукумат ҳамкорӣ накард. Ба ҳамин далел вайро ба ҳабс кашиданд…

* * *

Домулло Исломуддини Файзалӣ мӯътақид буд, ки кӯчактарин ҳамкорӣ бо тоғут дар ислом пазируфта нест ва ҳар кас бо тоғут ҳамкорӣ бикунад, бӯе аз ислом набурдааст.

Аз домулло Исломуддин омӯхтам, ки бузургтарин сармояи мӯъмин имони ӯст; имоне, ки дар муқобили он ҳама дабдабаву кабкабаи золим, мӯъминро қавӣ ва устувор мекунад ва ба мӯъмин қудрати истодагӣ ва муқовимат дар муқобили қудрат ва сарвати зоҳирии тоғут медиҳад. Агар инсон худсозӣ накарда бошад ва имони хешро қавӣ насохта бошад, дар майдони мубориза шикаст хоҳад хӯрд.

Агар имон набошад, умед дар дил хоҳад мурд ва дар натиҷа дар ъамал низ тавони муқобила ва муқовимат хоҳад мурд…

Шавқи лиқои дӯст бисӯхт устухону пӯст,

Тақдими ҷон ба васли азизонам орзуст.

Аҳду вафову ишқи ту эҳсос мекунам,

Рӯзи вафо ба аҳду ба паймонам орзуст…

(Домулло Исломиддини Файзалӣ)

#Ҳафтаи_Исломиддин_Файзалӣ

#Озодӣ_ба_Исломиддин_Файзалӣ

#Свободу_Исломиддину_Файзали

#Free_Islomiddin_Faizali

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: