Муҳаммади Султон кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Муҳаммади Султон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) дар таърихи 16-уми майи соли 2022 рӯзноманигор ва афсари пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), полковник Мамадсултон Мавлоназаров маъруф ба Муҳаммади Султони 72-соларо аз хонааш дар Душанбе бурдаанд.

КШНГЗС ин ҳафтаро барои ин зиндонии сиёсӣ ихисос додааст. Дар ин навиштор роҷеъ ба ин шахсият маълумот дода мешавад.

Мавлонназаров Маҳмадсултон маъруф ба Муҳаммади Султон, дар 29 декабри соли 1950 дар деҳаи Шоши ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар оилаи зиёӣ таваллут шудааст.

Вай аз соли 1957 то 1967 дар мактаби миёнаи рақами 67-и ба номи Ф. Энгелс (ҳоло мактаби миёнаи рақами 22-и ба номи Охон Мавлоназар) таҳсил карда.

Дар соли 1968 ба шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин (инак Донишгоҳи миллӣ) дохил ва дар соли 1973 онро хатм кардааст.

Муҳаммади Султон аз соли 1972 то соли 1975 дар рӯзномаи русизабони “Комсомолец Таджикистана” ба унвони мухбир ва ходими адабӣ машғул ба фаъолият шудааст.

Аз соли 1975 то 1977 ба ҳайси мудири шӯъбаи ташвиқу тарғиб, баъдан котиби масъули рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор карда.

Муҳаммади Султон аз соли 1977 то 1978 ба унвони муҳаррири калони Саридораи гуфторҳои адабӣ-драмавии Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 1979 ба Кумитаи бехатарии давлатии РСС Тоҷикистон (ҳаминак Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) номида мешавад) кор карда ва тӯли қариб чоряк аср дар Дастгоҳи марказии ин сохтор дар вазифаҳои мухталифи масъул фаъолият карда ва аз лейтенанти оддӣ то ба дараҷаи полковники хадамоти амният расидааст.

Мавлонназаров Маҳмадсултон хатмкардаи мактабии олии КГБ-и СССР (Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ) дар шаҳри Киев дар соли 1986 ва ҳамчунин фориғуттаҳсили Маркази Аврупоӣ оид ба масоили амниятӣ ба номи Ҷорҷ Маршалли шаҳри Мюнхени Олмон дар соли 1999 мебошад.

Муҳаммади Султон чанд сол ба ҳайси муовини аввали раиси Маркази иттилоотии “Ховар”-и назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва низ шореҳи сиёсии рӯзномаи ҳукуматии “Народная газета” кор кардааст.

Ӯ ба хотири муваффақият дар фаъолиятҳояш, бо ордену медалҳо, ифтихорномаҳо ва раҳматномаҳои Кумитаи бехатарии СССР, Вазорати амнияти РСС Тоҷикистон, Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Муҳаммади Султон Аълочии матбуоти Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мавлонназаров аз соли 1976 узви Иттифоқи журналистони СССР, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1994 узви Конфедератсияи байналмилалии журналистони ИДМ (Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, СНГ) мебошад.

Муҳаммади Султон солҳои охир дар саҳифааш дар Фейсбук назари худро дар робита ба кори мақомот, аз ҷумла ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон менавишт ва раҳбарони онҳоро сахт танқид мекард. Муҳаммади Султон зидди амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар Бадахшон буд.

Ӯ бознишаста аст. Дар Фейсбук дар мавзӯъҳои гуногун фикру назарашро менавишт ва баъзан аз Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, низ танқид мекард.

Дар яке аз навиштаҳои охираш, пас аз кофтукови манзили зисташ дар Фейсбук нигошта буд: “Тамоми қонунҳои ҳуқуқи инсонро зери по карда, хадамоти академик С.Ятимов таъқиботи рӯйиросту ғайрсудиро, ки яқин солҳои пурдаҳшати 37-ум ва Берияро хотиррасон менамоянд, “қаҳрамонона” идома медиҳад.”

Боздошти Муҳаммади Султон

Бино ба гузорише дар таърихи 16 июни соли ҷорӣ (2022) таҳти унвони “Муҳаммади Султон (Мамадсултон Мавлоназаров) куҷо шуд?” Муҳаммади Султони 72-соларо бурданд. Пайвандонаш гуфтанд, 16-уми июн маъмурони интизомӣ аз хонааш дар Душанбе “бурдаанд”, аммо маълум нест чаро ва ба куҷо.

Дар идораи милиса ва додситонии пойтахт дар ин бора ҳарфе нагуфтанд.

Муҳаммади Султон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста рафтори мақомотро танқид мекард. Аз ҷумла, дар мавриди ҳодисаҳои Бадахшон низ.

Муҳаммади Султон чанде пеш аз боздошташ дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишта буд, ки маъмурони интизомӣ моҳи апрели имсол кӯшиш кардаанд, ӯро аз хонааш дар маҳаллаи 101-уми Душанбе маҷбурӣ ба бозпурсӣ баранд.

Наздиконаш рӯзи 16-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “9 намояндаи мақомот, ки баъзе ба тан либоси милиса доштанд, субҳи панҷшанбе ӯро аз ҷойи хобаш бардошта бурданд.”

Ба гуфтаи онҳо, “ҳатто имкон надоданд, ки пойафзолашро бипӯшад… Пойи бараҳна ба самти номаълум бурданд ва то кунун даракаш нест.”

Дар Шӯъбаи корҳои дохилӣ, Додситонӣ ва Идораи амнияти ноҳияи Синои Душанбе ба пайвандонаш гуфтаанд, ки дар бораи дар куҷо будани Муҳаммади Султон чизе намедонанд. Мақомоти умури дохилӣ ва додситонӣ ба зангҳои онҳо посух надоданд.

Яке аз хешовандони Муҳаммади Султон дар таърихи 28-уми июни 2022 гуфт: “Мақомот ба вохӯрии наздикон ва бахусус ҳамсараш иҷоза намедиҳанд.”

Ба қавли хешовандонаш, Мамадсултон Мавлоназаров ба “тундгароӣ” айбдор дониста шудааст.

Дар таърихи 17 июни соли 2022, “Бунёди Бузургмеҳр” дар номае ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ), хост, ба фишору боздошти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аз ҷумла Муҳаммад Султон расидагӣ кунад.

Ин созмони мустақар дар Аврупо гуфт, дар як моҳи охир дар Тоҷикистон дастикам чаҳор журналисту блогер дастгир ё ба самти номаълум бурда шуда, чанд хабарнигори дигар латукӯб ва таҷҳизоташон рабуда шудааст.

“Ӯро ҳам аз пайи дигар шаҳидони Бадахшон надиданду нагуфтанд”

Пас аз боздошти Муҳаммади Султон, рӯзноманигор Рустами Ҷонӣ дар ёддоште кӯтоҳ таҳти унвони “Бо калтак садои виҷдонро намешавад “кушт”…”, бо ишора ба боздошти Муҳаммад Султон аз сӯи режими Раҳмон ва низ бо ишора ба сукути бемаънои рӯзноманигорони тоҷик нисбат ба ин қазия, таъкид кард: “Ӯро ҳам аз пайи дигар шаҳидони Бадахшон надиданду нагуфтанд ва ба фикрам, ӯ ба гуфтани инҳо ниёз надорад.” Вай навишт:

Рустами Ҷонӣ, рӯзноманигор

Муҳаммад Султонро ба хотири забони гӯёаш ҳабс карданд. Ӯ ҳам аз паси Улфатхонум Мамадшоева, Хушом Ғулом ва даҳҳо помирии дигар ҷурмашон ин шуд, ки ситами низомро болои мардум тоқат накарданду фарёд заданд. Фарёди онҳо, нидои номус, исёни ғурур буд аз ин муҳите, ки рӯз ба рӯз дар гӯҳдони лигомдорони давлат меғутад. Ва… Муҳаммад Султон… Ӯро ҳам аз пайи дигар шаҳидони Бадахшон надиданду нагуфтанд. Ба фикрам ӯ ба гуфтани инҳо ниёз надорад, чунки худаш барои таърих аз худ гуфт: Марде аз ҷасорат, марде аз ғурур ва марде аз табори Помэрӣ: ХО-О-ОБО!!!

Муҳаммади Султонро дар боздоштгоҳи Душанбе “ёфтанд”

Бар асоси гузорише дар таърихи 20 июни соли ҷорӣ (2022), Муҳаммади Султонро баъди се рӯзи бурда шуданаш, дар боздоштгоҳи Раёсати корҳои дохилии Душанбе пайдо карданд.

Яке аз пайвандони Мамадсултон Мавлоназаров рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз талошҳои зиёд маълум кардаанд, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ нигаҳ дошта мешавад. Вай гуфт, ду маротиба ба ӯ ғизову либос бурданд, вале иҷозаи мулоқот нагирифтанд ва маълум нест, ки ӯ вакили дифоъ дорад, ё не.

Муҳаммади Султонро ба Боздоштгоҳи КДАМ бурданд

Бино ба хабаре дар таърихи 8 июли соли ҷорӣ (2022), 4-уми июл Муҳаммади Султонро аз Боздоштгоҳи муваққатии умури дохилӣ ба Боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бурданд.

Яке аз наздикони Муҳаммади Султон 8-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт: “Аз рӯзе, ки ба Боздоштгоҳи КДАМ бурда шуд, хӯрок ва либос ҳам бурда наметавонем. Иҷозаи мулоқот намедиҳанд. Намедонем, чӣ ҳол дорад.”

#Ҳафтаи_Муҳаммади_Султон

#Озодӣ_ба_Муҳаммади_Султон

#Свободу_Муҳаммади_Султону

#Free_Muhammadi_Sulton

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: