Ба қалами Муҳаммади Султон
Оғози пайроҳаи чекистии сарвари ҳозираи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов аз ноҳияи Рӯшон ибтидо мегирад. Миёнаҳои солҳои 80-ум, баъди хатми мактаби чекистӣ ӯро барои идомаи кор ба ноҳияи Рӯшон фиристода буданд. Аксари мавридҳо дастпарварони ин мактабҳоро он давр ё дар Дастгоҳи марказии Кумитаи бехатарӣ ва ё ноҳияҳои минтақаҳои Ленинободу Кӯлоб бо кор таъмин мекарданд. Ба чунин ноҳияҳои дурдасти Помир ва алалхусус ноҳияи Мурғоб, чун қоида, аксаран кормандони бо гуноҳе “ҷаримашуда” (“оштрафованные”)-ро равона мекарданд. Аз ин рӯ маълум буд, ки чекисти ҷавон ё дар мактаб дарсҳоро ба қадри имкон дуруст наомӯхтааст ва ё гуноҳе содир намуда, ки дар тавсифномааш қайд гардидааст.
Шояд ҳамагӣ як-якуним сол кор карда бошад, ки барои тез–тез “ошиқ” шудан ба моҳрӯёни рӯшонӣ ва хусусан ҳар замон пеши роҳи яке аз зебосанамонро гирифтанаш, ҷавонони ғайюру баномуси кӯҳистонӣ огоҳ гашта қавл медиҳанд, ки мурдаи чекист С.Ятимовро ба дарёи Панҷ хоҳанд партофт. Ҳамкорон аз ин ҳодиса хабардор гашта, ба Шӯъбаи Кумитаи бехатарии дар шаҳри Хоруғбудаи ВАБК муроҷиат мекунанд, то чекистбачаро ҳарчӣ зудтар аз Рӯшон бадарға кунанд.
Бо нахустин сардори чекистии С.Ятимов дар бахши амнияти ноҳияи Рӯшон Сайналӣ Перузалиев (зодаи води Сучони ноҳияи Шуғнон) солиёни зиёде баъди нафақа баромаданаш дар сохтори Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ якҷо кор карда будем. Ӯ тафсилотҳои зиёдеро аз давраи рӯзгори рӯшонии С.Ятимов ҳикоят карда буд. Вале марги нобаҳангому ҳайратовараш, ки гӯё ҳангоми оббозӣ дар наъри Варзоб ба вуқӯъ пайваста бошад (тахмин соли 2011 — ум) ва, алалхусус, рӯзи сеюми вафоташ, ҳангоми маросими “Цировпидhид” (“Чароғравшанкунӣ”) ногаҳон аз дунё рафтани занаш барои хешу пайвандон ва кулли бадахшониён то ба ҳол муаммои сарбаста шуда мондаанд.
Вале биёем сари мақсад. Сарварони шӯъбаи дар Хоруғбудаи КГБ пешомадҳои эҳтимолии фалокатборро ҳис намуда, С.Ятимовро фаврӣ Хоруғ даъват менамоянд. Он давраҳо ин шӯъба одами зиёде надошт (тахмин 20-25 нафар) ва илова бар ин ҷойҳо ҳамагӣ банд буданд. Ин тарафу он тарафро андеша карда С.Ятимовро “ваколатдори бахши водии Шоҳдара”, ки дар асл вуҷуд надошт, яъне на бинои шӯъбача, на зеридастон, на мизу курсӣ, на мошину котиба дошт, таъйин мекунанд. Азбаски ноҳияи Роштқалъа ягона мавзеи Бадахшон аст, ки бо дигар давлатҳои хориҷӣ ҳамсарҳад нест ва дар ин тарафҳо соле ҳамагӣ се-чаҳор ҳодисаи дуздиву аксаран садамаи нақлиётӣ рух медоданду халос, барояш идораи амниятро раво надида буданд.
Кори ваколатдори амният танҳо бо ҷустуҷӯву зери назорат гирифтани маддоҳхонон (ҳофизоне, ки шаби вафот, ҳангоми ҷаноза сурудҳои мотамӣ ва мадҳи Пайғамбару Ёронашро мекарданд) анҷом меёфт, то аз болояшон “Сигнал” (маълумоти оперативии ибтидоӣ) кушода, баъдан барои огоҳ кардану тарсондан ва агар имкон даст диҳад, инчунин барои ҳамкорӣ бо мақомоти КГБ ҷалб намудан замина мусойид намояд. Бахши Кумитаи амниятро дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо бинову чанд коргараш танҳо миёнаҳои солҳои 90-ум иҷозат дода буданд.
Хуллас, акнун барои вохӯрӣ бо одамони даркорӣ (агентҳо), С.Ятимовро лозим меомад, ки мошинҳои боркаши колхозҳои Калинин, Сталин, Ленин, Маленков, Дзержинскийро, ки ба комбинати шири шаҳри Хоруғ шир мекашонданд, пойида интизор шавад. Роҳ аз Андарситез то Ҷавшангоз наздики 150 километр тӯл мекашиду ронандаҳои помирӣ дар кабинаҳояшон танҳо занҳои кӯдакдору пиронсолонро мешинонданд. Аз ин рӯ ваколатдор маҷбур буд дар ин тӯлонироҳи ноҳамвор, байни флягаҳо аксаран бе ҷойи нишаст мувозинат нигаҳ дорад ва бонавбат аз мошини ин колхоз ба колхози дигар гузарад. Баъди чандин сол бо лақаби “муллоқапак” муддатҳо дар яке аз шӯъбаҳои Кумитаи давлатии бехатарӣ ифои вазифа намуд, ки аз рӯйи шеваи кораш бештар гирди масҷидҳо чарх мезад.
Дар Душанбешаҳр ҳам аксаран савори троллейбусу автобусҳо (алалхусус рақами 8-ум, ки хонааш дар шаҳраки 102-юм воқеъ буд), С.Ятимови ҳанӯз хело ҷавон назди бонувони хушхиром худашро тез бой додаву шефтаи ҳусну ҷамолашон мегашт ва одатан то коргоҳ онҳоро пайгирӣ мекард. Воқеае дар ёд мондааст, ки чӣ тавр Саймумин даруни автобус аз паси бонуи зебои шавҳардор то коргоҳаш — собиқ филиали ВААПП СССР (Всесоюзное агентство по авторским правам), ки дар кӯчаи Пушкин воқеъ буд, кашола шуда, ба ҳуҷраи кориаш ворид гаштаву барои таъсири бесобиқа гузоштан, тарсондану розу ниёз кардан гӯшаки телефони кориашро бардошта аз хадамоти навбатдории Кумитаи амният “пароли” идораи суроғаҷӯйиро (адресное бюро МВД-ро) фаҳмида ному насаби духтаракро барояшон “дикта” мекунад: — Мо дар бораат ҳама чизро медонем. Он тарафашро худат медонӣ… — илова мекунад “пайгир».
Пас аз лаҳзае гӯшаки телефон аз он тараф маълумотро ойиди ному насаби духтарак ва шавҳараш, рӯз, моҳ ва соли таваллуд, ҷойи кор, дар суроғаи кӯчаи Шамсӣ зиндагӣ карданаш, маълумотҳои шиносномаро як — як шунавонидан мегирад. Бонуи зебо бо рангу рӯйи канда давида назди муовини директор Телман Соҳибович Назаров медарояд ва қиссаро канда — канда нақл мекунад. Телман Соҳибович, ки подполковники Кумитаи амният буд (макони охираташон обод бод!) ва зери “парда” (под прикрытие) дар ин идора кор мекард, рафта С.Ятимови дар ғафлатмондаро, ки “инҷо ҳам роҳбар чекист аст” ҷойи воқеа, болои курсии мулоим дастгир мекунад. Баъдан барои ин рафтораш “ошиқи раҳораҳро” назди сардори шӯъба Муҳаммад Ҳакимович Сироҷиддинов даъват карда, ба гуфти чекистони он давр “қаламфур” монда буданд.
Бояд гуфт, ки роҳи раиси оянда ҳамвор набуд. Чандин бор пешпо ҳам хӯрда ва замоне аз ҳаводиси рӯзгор сахт тарсидаву Душанберо муддати муайяне тарк намуд. Аввал ба ноҳияи Шӯрообод ва баъдан Москваи вилояти Хатлон паноҳ ҷуст.
Вақте соли 2002-юм Давлат Усмон аз ҷониби интиқодгарони давлат бо квота муовини Сарвазири Тоҷикистон ва сарпарасти сохторҳои қудратӣ таъйин гардид, С.Ятимов ягона чораи наҷоташро дар мақоли машҳури “қочмаган номард” пайдо намуд, зеро то ҷойе дарак дорам, бародарашро ба маҳбас кашидаву бо худаш ҳам сарукор дошт.
Ба ҷояш дар Кумита кормандони ба қавлу савганди худ содиқ монданд, ки аз феврали соли 1990-ум ва бахусус муддати тӯлонӣ — аз солҳои 1992 то 1998-ум шабонарӯзӣ дар як муҳити бадхоҳонаву хусумат ва илова бар ин эълони казарманишинии бепул заҳмати беандоза мекашиданд. Шабҳо аз соати 8-и бегоҳ то 8-и субҳ дастаҳои мусаллаҳи чекистҳо бо БТР-ҳо ҳамроҳ бо милисаҳо дидбонгоҳҳои ағбаи Фахробод, Чоряккорон, километри 9-уми роҳи Орҷоникидзеобод, кӯпруки Путовский, муҳимтарин иншооҳои саноативу иҷтимоии шаҳрро муҳофизат намуда, тамоми намудҳои нақлиёти ояндаву раванда, борҳо, ронандаҳову мусофиронро тафтиш менамуданд, то мабодо аслиҳаву муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёҳҳои мамнӯъ вориди шаҳр нагарданд.
Гуфтан басанда аст, ки ибтидои ин воқеаҳо ҳатто замоне барои аз дари Кумитаи амният баромада хона рафтан рухсатномаҳо ҷорӣ карда буданд ва кулли хурду хоби мо андаруни ин бино мегузашт. Тамоми телефонҳои шаҳриямон аз кор монда, смартфонҳо нав дар АмриковуАврупо пайдо шуда буданд. Наздики 3 моҳ, масалан натавониста будам, то фарзандҳоямро, ки дар шаҳраки 101 уми пойтахт мезистанд, ҳатто бо телефон хабар гирам.
Воқеан он нафароне, ки авзои таҳдидомезу рӯзҳои даҳшатноки солҳои ҷанги бародаркушро мардонавор тоб овардаву паси сар карданд (ва барои казармапулӣ, барқароркунии қобилияти меҳнатиашон (реабилитатсия), ки дар тамоми хадамотҳои махсуси кишварҳои дуру наздик ҳатмист ва давлат ҳаққонӣ аз онҳо қарздор аст, яъне мувофиқи қонуни амалкунанда тӯли 5 сол ба ҷойи як маош бояд ду маошӣ мегирифтанд), соли 1999 пас аз сари кор омадани раиси нави дар соҳаи чекистӣ камсаводу аз кӯчаи одамгарӣ гузарнакарда — Хайриддин Абдураҳимов ва думравону косалесонаш, “одамҳои Саидамир Зуҳуров” гӯён ҳамагӣ як — якро бо тӯҳмату таҳдиду қундоқи автомат аз кор барканор кардан гирифтанд. Аввалин шуда писари фарзанди накӯному фарзонаи миллат, устоди кулли чекистҳои Тоҷикистон, генерали мардумӣ Саидамир Зуҳуровро, ки дар Раёсати тафтишот як муфаттиши одӣ шуда кор мекард, аз кор ронданд. Сипас навбати сардори Хадамоти хоҷагӣ Гулмад Ёқубов ва дигарон ҳам расид.
Абдураҳимов ва К* баландихтисостарин кадрҳои маҳалии дар мактабҳои Олии КГБ СССР таҳсилнамуда, 15 — 20-солу аз он ҳам зиёдтари умрашонро ба хизмати Ватан бахшидро пайи ҳам бо таъқиби рӯйирост, тӯҳмат ва ҳатто қундоқи Калашникуф, бо зӯриву хархаша аз Кумитаи амният ихроҷ кардан гирифт. Ба қавли худашон ва шиори машҳуру аблаҳонаи давраи ҷангии Фронти машҳур “чистка” гузаронданд. Маълум буд, ки ишора аз болост ва бо ҳамин роҳ мехоҳанд сутунмӯҳраи Кумитаи амнияти абарқудрату чун булӯр шаффофи даврони Шӯравиро аз байн баранд. Дар ин гирудорҳо шояд беш аз 200 нафар мутахассисони соҳаро аз кор ронданд. Ба ҷояшон Кумитаи хешу табор, маъшуқаву дугонаҳояш ва маҳалли зистро ба роҳ андохтанд, ки имрӯз аз роҳбарони шӯъбаву раёсат сар карда то раису иддае аз муовинон ҳамагӣ зодагони як минтақаву як қавму як қабилаанд. Дар сохтори амният аз маҳалгаройиву хешутаборчигӣ дида ҷурми бештаре нест, зеро оқибат он чун “бумеранг” — силоҳи қабилаҳои австралиягӣ пас аз ҳаво додан боз ба сари каси ҳаводода бармехӯрад.
Таъқиби ба қавли ин тойифаи бесаводу манқурту дунёбехабар “беэътимодҳо” (“неблагонадёжние”), ки назари нисбатан интиқодӣ доранд баъди нафақа баромаданашон, давраи “ҳукмронии” Саймумин Ятимов боз ҳам шадидтар гашта, шакли аблаҳонатаре касб кард. Акнун он афсаронеро, ки бо зӯриву таҳдиду тӯҳмат аз кор ронда буданд, “25 соли календарӣ собиқа надорад” гӯён нафақаи дар соҳа пасттарин муқаррар ва баробари нафақаҳои аз 3000 то 5000 сомона барояшон 900 сомониро раво диданд. Даври душвортарини таърихи кишвар ҳамин кормандон буданд, ки бо баҳонае аз Душанбе нагурехтанд ва панҷ соли расо заҳмати беандозае кашидаву ҳолати казармавии шабонарӯзии бепулро бо кати оҳании кушодашаванда (раскладушка) дар ҳуҷраи корӣ паси сар карданд.
Дафъаи дуввум аст, ки барои чунин нафақагирон андозаи нафақа тағйир намеёбад. Тахмин соли 2014-ум ҳам ҳангоми ба ҳарбиён муқаррар намудани нафақаи нав, андозаи нафақаашонро тағйир надоданд. Агар дар болоҳо ашхоси боақлу адолатпешаву заковатманд менишастанд, барои афсароне, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷойи корро тарк накарда буданд, нафақаи пурра 25 сол не, балки 20 соли календариро муқаррар менамуданд. Зеро 25 соли календариро таъйинкунандагони имрӯзаи тоҷик аз Қонунҳои даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дуздидаанд, ки на ҷанг буду на ҷанҷол ва олам ҳама гулистон. Итминони комил дорам, ки дар Қонунҳои дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки даҳшати ҷангро аз сар гузарондаанд, ин рақам 20 соли календарист ва ё онро бо ҳисобҳои имтиёзнок (льготное исчисление) якҷо ба кор мебаранд.
Барои Ҳукуматдорони Тоҷикистон, алалхусус онҳое, ки ба сиёсати нафақаи мардум сару кор доранд, мӯҷиби шармандагист, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамагӣ каме бештар аз 100 нафар нафақагир дорад ва қисмате аз ҳаминҳо ҳам нафақаи пасттарин мегиранд. Беш аз 1000 нафар кормандони соҳаи амнияти Тоҷикистон аз феъли бади таъйинкунии нафақаи тоҷикӣ хулосаи даркорӣ бароварда, нафақагири ФСБ-и Федератсияи Русия шуданд, ки андозааш дар ҳақиқат арзандаву барои зиндагиашон басанда аст. Аз он хавф дорам, ки ҳамин сад нафари боқимондаи дигар имрӯз — пагоҳ як — як рӯ ба Русия хоҳанд овард ва дар Тоҷикистон С.Ятимов бо чанд генерали дигараш ду даст дар бинӣ хоҳанд монду бас… Азбаски кисаҳои раисҳои дар боло нишаста бо докториву академикии то дараҷае шубҳаангез варам кардаву пури пул аст, подаи гову рамаи бузу гӯсфанд ва галаи аспу харашон бо номи хешу табор дар чарост, ба қавли мардум “шикамсер кай парвои гурусна дорад.”
“Шубҳаангез” гуфта онро дар назар дорем, ки дар бисёре аз саҳифаҳои корҳои номзадиву докторӣ ва китобу китобчаҳои дигар бӯйи “Бюллетени Раёсати 5-уми КГБ СССР», ки аз солҳои 60-ум то 90-ум аз ҷониби КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ ҳармоҳа бо мӯҳри “махфӣ” вориди “Китобхонаи чекистӣ”-и Кумитаи амният мегашт ва сар то по ба масоили терроризму ваҳҳобизм, идеулужии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон, Хумайниву ҳодисоти Афғонистону Толибон, Қаробоғи Кӯҳиву Андиҷону Ӯш ва ғайраҳу ғайра бахшида шуда буданд, баръало ҳис мегардад. “Сборник КГБ ССР”, дигар маҷаллаҳои соҳавӣ, адабиётҳои сершумор ва диссертатсияҳои ойиди ин мавзӯъҳо дар Кумитаҳои амнияти 15 Ҷумҳуриҳои бародар дифоъ гашта, ки ҳамагӣ мӯҳри “махфӣ” доранду барои сарвари кори диссертасионӣ, тақризнавис, Академияи улум ва кулли олимони соҳа умуман дастрас нестанд, гузаргоҳоеанд (лазейки), ки аз онҳо қаллобон аз илм хеле устокорона истифода мебаранд.
Аз рӯи инсоф, бароям роҳи фарде, ки ибтидои солҳои 80-уми даврони Шӯравӣ институти он замон ҳанӯз беному нишони шаҳри Кӯлоб ва замони муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон будан (соли 2001) ғойибона факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст, ба файласуфӣ по дароз намудаву худи ҳамон соли 2001-ум дар мавзӯи «Асосҳои идеологии сиёсати берунаи Ҷумҳурии исломии Эрон” рисолаи номзадӣ ва баъди як сол — соли 2002-юм дар мавзӯи «Хумайнигароӣ ва идеологияи сиёсати хориҷии Эрон” рисолаи докторӣ ҳимоя кардан, басо шубҳанок менамояд. Дар шаройити кишвари офтобрӯяи мо ҳамагӣ нағз медонанд, ки фалсафа он тараф истад, ҳеҷ як раису вазир дар дарсҳову сессияҳои тобистонаи шӯъбаи ғойибона иштирок намекунад, дониши казоӣ намегирад ва барои рӯйбардор кардани корҳои курсӣ, супурдани санҷишҳо дигарон ба ӯ ёрдам кардаву имтиҳонҳоро ҳам “тӯғрӣ” мекунанд.
Билохира бояд ин ҳақиқатҳо ҳам гуфта шаванд, зеро мардум аз ин бозиҳои ба ном “амният” кайҳо хаставу монда шудаанд. Дар ҷомеаи одилона баробари назари мувофиқ назари муқобил низ бояд озодона амал кунад, то баробарвазнӣ эҷод гардад ва тарафе зӯран иродаашро ба дигарон бор накунад.
Агар ҳамаи ин душмантарошиву парвандабофӣ, ин ҳама таъқибу фишору тааддӣ амнияту тавоноии кишварро пурзӯр мекард, ҳеҷ ҷойи гилае набуд. Вале чунин ба назар мерасад, ки дар пушти ин душмансозиҳо бархе мехоҳанд камбудиҳои воқеии низоми амниятии Тоҷикистонро пинҳон кунанд. Ва ин камбудиҳо, мутаасифона, кам нестанд. Наздики 2 ҳазор нафар (!!!) — бузургтарин шумори ҷангиён аз Осиёи Марказӣ дар Сурияву Ироқ чанд соли охир зери парчами сиёҳи ДОИШ саф кашиданд, фармондеҳи ОМОН-и ВКД ба Сурия рафта, «вазири ҷанг”-и ДОИШ шуд. Ҳамаи ин хараҷу мараҷро Тоҷикистон бо ҳамагӣ 9 миллион аҳолӣ барояшон “тӯҳфа” кард, ки ҷилавгирӣ аз он вазифаи ҷонӣ ва масъулияти бевоситаи мақомоти амнияти кишвар аст ва аз он бояд ҳатмӣ сари вақт саркӯб мешуд, агар амният аз паси “секси муллоҳо” — ву “фабрикаи ҷавоб”, таъқиби равшанфикрону душмантарошиҳои дигар намерафт.
Мардуми тоҷик тоза ҳайбати НКВД-и шӯравиро аз ёд фаромӯш кардаанд ва лойиқи онанд, ки бояд ҳайбати базӯрӣ барқароргаштаи КДАМ — ро низ паси сар кунанд.
Манбаъ: Фейсбук
#Ҳафтаи_Муҳаммади_Султон
#Озодӣ_ба_Муҳаммади_Султон
#Свободу_Муҳаммади_Султону
#Free_Muhammadi_Sulton
Добавить комментарий