Муҳаммад Султон
Ба муносибати Ҳафтаи Муҳаммади Султон
(Бознашр аз 21 сентябри 2020 аз аккаунти Муҳаммад Султон дар Фейсбук)
Ду сол қабл дар ҳамин рӯзҳо субҳакӣ барои гирифтани роҳхати ширхоргоҳи наберачаи дусолаам ба шӯъбаи маорифи ноҳияи Синои пойтахт раҳсипор гардида будам. Нав аз бинои истиқоматӣ баромадам, ки ду мошини сиёҳшишаи рақамҳои 37-07 ва 77-07 маро пайгирӣ намудаву наъразанон (бе садопасткунак (глушитель) ғубори роҳро ба осмон бардошта, гузашта рафтанд. То истгоҳи мусофиркаши 15-уми шаҳраки 82-юм расидан, тахмин шаш–ҳафт мошини сиёҳу сафедшишаи рақамҳои 77–07, 07–37, 70–00, 00–07 ва монанди ҳамин доштаву баландсадо аз пасу пешам баромада нопадид гаштанд. Назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон пиёда шуда, тахмин як истгоҳ қадам задам. Мошинҳои 77-07, 37-37, 07-37, 00-07 лаҳзае маро ором нагузошта, мокувор пасу пеш равуо доштанд. Дар тангкӯчаи ҷониби идораи маориф сӯям якбора се мошин “ҳамла” намуданд. Бо азобе аз байнашон гузаштаву чанд ҳарфи обдоре ҳам гуфта мондам.
Воқеан, ба ёдам омад, ки ягона телефони барои мардум дастраси Кумитаи амният, ки шабонарӯзӣ кор мекунад ва ба Хадамоти навбатдории он пайваст аст, рақами 221-37-37- ро дорад, ки аз рӯйи мантиқи харобу аблаҳонаи роҳбарияти ин идора гӯё ҳар замон огаҳӣ ба мардум аз солҳои пурдаҳшати 37–ум бошад, ки дар вақташ бо айби чандин моҷароҷӯёни сиёсӣ миллионҳо одами бегуноҳ зери хок рафта буданд.
Ба шӯъбаи маориф расида корҳоямро ҳал намудам ва тараддуди баромадан доштам, ки се ҷавон дохили қабулгоҳ гаштанд. Яке рост наздам омада, эълон дошт:
— Ман корманди шӯъбаи амнияти ноҳияи Сино. Ҳуҷҷати худро пешниҳод намоед…
Шаҳодатномаи нафақаро нишон дода гуфтам, ки вақташ бо имзои муовини вазири амният раҳматӣ Сергей Анатолевич Купсов аз дасташ гирифта будам.
“Команда” ҳамагӣ бо ҳайрат ба ҳам нигаристанд ва яке овоз баланд кард:
— Ака чаро шумо қоидаи шаҳрвандиро вайрон мекунед, ронандаҳо, Кумитаи амният, бо ким-киро ҳақорат медиҳед…
— Ҳамагӣ мошинаҳои Хадамоти 7-ум (ОПУ) ва кофтукови ҷиноияд, ки бештар бо рақамҳои қалбакӣ маро пайгирӣ мекунанд, — посух додам ман.
Барои пайгирии ғайриқонунӣ на танҳо ҳақорат, балки сутунмӯҳраи якхелҳоро шикастан даркор. Аз болоям парвандаи ҷиноӣ кушодаед, ё ман ҷосуси ягон давлати хориҷиам, ки таъқиб мекунед?
— Не — е – е ака, ин хел гапҳо нест… — нимғурма овоз баланд кард яке аз онҳо.
— Ба мо аз идораи андоз (?) хабар доданд, — ҳарфи ҳамроашро қувват дод дигарӣ.
— Идораи андоз ҳозир ба суханчинии сарироҳӣ машул аст? Инҳо ба ман чӣ кор доранд?.. Инаш аниқ гашт, ки ҳарду ин идораҳо паҳлӯйи ҳам қарор доштаанд.
Маълум буд, ташаббускори қади роҳ боздоштанам, албатта, калонҳои Кумитаи амният, ВКД, Раёсатҳои ҷустуҷуи ҷиноӣ, шаҳрии онҳо, ОПУ-и амният бо ҳамкории ОПУ-и ВКД-анд, ки аз фаъолияти журналистӣ, мақолаву навиштаҳоям дар матбуоти давриву “Фейсбук” чандин солҳост, ки сахт нороҳатанд. Аз ин рӯ солҳост, ки қариб тамоми “аслиҳаи” — (арсенали) таъқибу таҳдиди дар ихтиёр буда бо қарори аблаҳонаи иддае аз бахилону чоплусакони лаганбардору косалесони беҳунар муқобили як нафар, пайвандон, хешу ақрабояш равона гардидаанд.
Бо шиносҳои навам қадамзанон мубоҳиса доштем, ки аз пеш се-чор нафар “чекисти” дигар баромаданд. Яке аз онҳо худро ҳамчун сардори шӯъбаи амнияти ноҳия муаррифӣ намуд. Суолҳои пештара, ҳуҷҷаттафтишкунӣ, суолҳое, ки амлан ба салоҳияти сохтори амният тааллуқ надоранд.
— Пеш дароед, назди шеф – идораи Раёсати амнияти шаҳрӣ меравем, баъзе чизҳоро аниқ кардан даркор! — амр намуд яке.
— Ман ҳеч ҷо рафтанӣ нестам. Шефатро гӯй, ки дар ҳолатҳои қонунӣ даъватномаи имзову мӯҳр доштаро равона мекунанд…
Вақте хона баргаштам, фикре барқосо ба майнаам зад: охир хонаи дар назари аввал назарногири нӯҳошёнаи мо, ки аз ду даромадгоҳ иборат аст, кайҳо диққати сохтори амнияту кофтукови ҷиноиро ба худ кашидааст: ягона хонае дар ин макон аст, ки ба ду даромадгоҳаш 5 видеокамера насб кардаанд.
…Се-чаҳор сол қабл нахуст лифти даромадгоҳи якуми хонаамон худ аз худ (барои асабонӣ кардану халалрасонӣ ба кори касбии эҷодии журналистӣ, ки солҳост чун устухон дар гулӯи саг “органҳоро” ором намегузорад), баъди расо 15 ва 30 дақиқа болову пойин ба ҳаракат даромадан гирифт. (Алҳол — пас аз гузашти ду сол худ ба худ ҳаракат намудан ба як соати расо баробар шудааст, ки чорабинии оперативии хело дақиқу пешрафтаи сохторҳои кофтукови ҷиноӣ ва опу ҳисоб меёбад). Бо гузашти рӯзҳо ба шахта, худи лифт ва ҳавокаши ошхона, балконҳои хонаҳои ҳамсояи ошёнаи болоӣ ва поёнӣ “устоҳои махсус” аз ОПУ ва угрозыск пинҳонӣ самбуферҳову (баландгӯякуҳову) моторҳои баландсадои иловагӣ часпонда, онро аз дур («дистанционно») идора мекардагӣ шуданд. Баъди ин лифт ба мисли чархбол “ғуррон” шуд. Нисфишабӣ наърааш онҳоеро, ки дар хоби нозанд, ҳаққо ки ором намегузорад…
Ин амалро, албатта, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноӣ ҳамчун шиканҷа (“пытка”) маҳкум менамоянд ва аз рӯйи ин санадҳо «устоҳо” ва роҳбаронашон, ки дар чунин қорҳои ғайриқонунӣ даст доранд, бояд чанд соли умрро дар маҳбас гузаронанд…
Бо мақсади халал нозу нузи телевизори кабелӣ оғоз гардид, ки аз ҳамкории “органҳо” бо роҳбарияти ин шабака шаҳодат медод. Аввалҳо руйи аксҳо хатҳои каҷу килеб, сипас якбора чанд муддате қатъ гаштану хира нишон додан, дар як рӯз то ду-се бор ҷой иваз кардани каналҳо ва ғайра ҳодисаи муқаррарӣ гардиданд.
Аммо бо баҳонае даромадгоҳи хонаро бо 5 дурбини видеоии ҳамсони “кӯчаҳои протоколӣ” муҷаҳҳаз гардондан, ки амсоли онро дар хонаҳои муқаррарии шаҳриён ёфтан амри муҳол аст, ҳамаро ҳайратзада кард. Райиси хона, ки дар маҷлиси умумӣ аз сокинон касе ӯро интихоб накардааст, балки намояндагони «органҳо», ҳукумат ва “ЖЭУ” базӯрӣ таъйинаш намудаанд, ҳамаашро дидаву хуб фаҳмида, на танҳо даҳон намекушояд, балки ҳамчун одами худӣ ба хизматгори беминнати ин хадамотҳо бадал гаштааст. Масҷиди пешгоҳи хонаро холӣ карда, ба қавли мардум, кормандони махфии амнияту милисаро (ба қавли раҳматӣ ҳамсояаам «уголовникҳои розыскро») ҷой доданд. Ҳамагӣ 8 метр аз дари даромадгоҳи асосии бинои 9–ошёна ва 4 метр аз девори хонаи кӯчаи Ҳисор 31, дар саҳни он, ҳудуди майдончаи варзиши кӯдакон ҳоҷатхонаи беканализатсияро бунёд карда,танҳо баъди гузашти чаҳор сол (!), — чанд моҳе қабл ба он лӯлаи обро пайваст намуданд.
Чораҳои бехатарӣ “эҷоднамудаи” амниятиҳову кормандони опу ва кофтукови ҷиноӣ дар яке аз ҳуҷраҳои ин бино ниҳоят зиёду басо ҷиддианд. Чаҳорхонагиҳои ошёнаи саввум (хонаи 10) ва панҷуми (хонаи 18)–и ҳамсояҳоро бо техникаи махсус ҷиҳозонидан, асбобҳое (датчикҳое), ки руйи фарш пойгузорӣ, ҷойи хоб, ҳатто ваннаву ҳоҷатхонаро қайдкунанда, дастгоҳи кулли гуфтугӯҳҳои телефонҳои хонаро ба мошинаҳои гирди хона интиқолдиҳанда, қатъ гаштани интернету вирусолуд сохтани компутар, ташкили саҳифаҳои қалбакӣ дар “Фейсбук”, ногаҳон куштани барқ ва ё нисфишабӣ аз меъёр зиёд сар додани он, ки боиси корношоям гаштани чандин телевизор, яхдон, обгармкунак, фурӯзонакҳо гардид, рӯзе то чаҳор нозир — об, ахлот, барқу “жэу”-ро ба суроға фиристодан ва дигар амалҳоиаблаҳона, ки одами рӯҳан солим ҳатто ба хаёлаш намеорад ва ҳамагӣ дар илми ҳуқуқ ҷинояткорӣ ном гирифтаанд, аз ҷумлаи чунин “чорабиниҳои оперативианд”, ки амниятиҳову милиса солҳои охир баройи сокинони ин ҳуҷра ин раво дидаанд.
Мақомот аз бадномкуниву тӯҳмату сиёҳкунии фарди номақбул худдорӣ наварзида, худашро рӯйирост аз ҳуқуки конститусионии кор кардан маҳрум ва кулли хешу пайвандонашро низ пайваста аз кор маҳрум сохтаву роҳҳоашонро баста, дар ин росто бештар усули тарсонданро пеш гирифтааст.
Тамоми қонунҳои ҳуқуқи инсонро зери по карда, хадамотҳои генерал — академики машҳури чекистҳо С.Ятимов (ки даврони Шӯравӣ ва баъдан ҳам чандин солҳо дар як шӯъбаву идора — Дастгоҳи марказии КГБ-и Тоҷикистон якҷо кор мекардем ва ба ростӣ бо он дониши дар пединститути он замон на он қадар пешрафтаи шаҳри Кӯлоб гирифтааш, ҷаҳонбинии маҳдуду малакаи ночизаш ҳеҷ касе умед ҳам надошт, ки ҳатто сардои шӯъбае таъйинаш кунанд, чӣ бошад раиси Кумита) ва генерал-шоири байни милисаҳо маъруф Р.Раҳимзода таъқиботҳои руйиросту ғайрсудиро, ки яқин солҳои пурдаҳшати 37-ум ва Берияву Ежовро хотиррасон менамоянд, “қаҳрамонона” идома медиҳанд.
Вале ба гуфти алломае – “Ин роҳ, ки ту меравӣ — ба Туркистон” аст. Мардум аз кормандони Ҳукумат, чиновникҳои бешумори сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ, онҳое, ки аз ҳисоби кисаи халқ, аз ҳисоби андози супурдаи онҳо зиндагиву маош гирифта майишати худу оилаҳояшон ва хешу таборашонро хело хуб ба роҳ мондаанд, талаб доранд, ки савганди ба Ватану мардуми он додаашонро ҳама вақт нағз дар ёд нигоҳ дошта, поквиҷдонона, аз рӯйи адолату инсофу қонунҳои қабулнамуда, алалхусус Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал кунанд, амнияти шахсӣ, фарзандону хешу таборашонро ба ҳар роҳе набошад, ҳатмӣ ҳифз намоянд. То мардум аз ноилоҷӣ ба таъқибу саркӯби хешу таборони ин зумра ҳаромкорҳо напардозанд, зеро ба қавли бузургон “Кулӯхандозро подош санг аст”.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 5) эълон намудааст, ки “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳимоя мекунад”. Оре, ҳаёт, қадру номуси шаҳрвандон бояд ҳатмӣ ва ҳақиқатан ҳам (на аз рӯйи коғаз!) зери ҳимояи давлат бошад ва ҳеҷ касе ҳуқуқ надорад (ҳатто Ятимову Раҳимов ҳам), ки бо ғаразҳои шахсӣ ва ниятҳои нопок вуҷуд доштани “душманону бадбинони” давлатро дар ҷомеа “исбот” намуда, ба болоҳо пайиҳам “рапортҳо” равона кунанд. Дар асл, агар қазия ин амалҳо мунсифона ва беғаразона чуқур таҳлил гарданд, маълум хоҳад шуд, ки ин тойифаи иғвогарҳои касбӣ (профессиональные провокаторы) худашон махсус одамҳоро ба чунин роҳҳо тела медиҳанд.
Аз ин рӯ, хонаеро, ки 38 сол боз истиқомат дорам, “Қалъаи амният” ном ниҳодаам. Аниқ маълум нест, ки дар Душанбеву Ҷумҳурии демокротӣ, дунявиву ҳуқуқбунёди ягонаи мо аз файзи чунин “қалъаҳо-и ятимурраҳим” боз чӣ қадар ҳамватанони мо баҳраваранд? Шояд созмонҳои сершумори байналмилалии ҳуқуқи инсон (Раёсати ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, Раёсатҳои марбутаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо – ОБСЕ), дигар созмонҳои ҳуқуқи башар ба таври ҷиддӣ ба ҳисобкунии дижу қалъаҳои махуфи Тоҷикистон оғоз намоянд?
21 сентябри 2020
#Ҳафтаи_Муҳаммади_Султон
#Озодӣ_ба_Муҳаммади_Султон
#Свободу_Муҳаммади_Султону
#Free_Muhammadi_Sulton
Добавить комментарий