Муҳаммади Султон
(Бознашр аз 8 апрели 2020 аз сафҳаи фейсбукии Муҳаммади Султон)
Ба муносибати Ҳафтаи Муҳаммади Султон
Беш аз чиҳил сол қабл, моҳи декабри соли 1976-ум мардуми тоҷик 150–умин солгарди Аллома Аҳмад Махдуми Донишро гиромӣ дошт, ки устод Садриддин Айнӣ ӯро дар уфуқи тираву тори Аморати Бухорои нимаи дуюми асри ХIХ ва “Ситораи тобони саҳарӣ” ном бурда, дар ин муҳити заҳрогун раҳбари инқилоби илмӣ, адабӣ ва сиёсӣ қаламдод намуда буд.
Дар арафаи таҷлили ин санаи бошукӯҳ тавассути килки пурафсуни устод Сотим Улуғзода ва санъати волои нақшофарандагони театри академию драмаи ба номи устод Лоҳутӣ намоишномаи “Алломаи Адҳам ва дигарон” таҳия ва пешкаши мардум гардид. Коргардони он яке аз боистеъдодтарин ва маҳбубтарин нақшофарандагони тоҷик, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (рӯҳашон шод бод!) Маҳмудҷон Воҳидов буд, ки пас аз нӯҳ моҳи заҳмат бори нахуст чунин намоишномаи мураккаберо таҳия мекард.
Солҳои зиёде сипарӣ гашта бошанд, ҳам вале ҳанӯз ҳам аз хотирҳо нарафтааст, ки чӣ навъ Аллома ва ҳаммаслаконаш бо даъвати байте аз ғазали шӯрангези Ҳофизи малакутӣ:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем,
— вориди сахна мегарданд.
Аз оғоз то анҷоми намоишнома чизе, ки аз пеши назар дур намерафт – девори фарсудаи аморати Бухоро буд. Ин девор камтарин нури маърифату озодандеширо бераҳмона пӯшонда нест мекард. Бухорое, ки бо ҳашамати аъёну ашрофаш, бо ҷомаҳои зарбофти амирону вазиронаш,тасбеҳу азону қироатҳои муллову муллобачаҳо ба қафасу зиндони саросарӣ шабоҳат дошт. Чӣ даҳшатест ҷаҳолате, ки расмияти давлатӣ гирифта бошад!
Нақши ин шахсияти бузурги замонро бо истеъдоди худододаш, бо камоли устодӣ, бо тамоми нозукиҳояш Ато Муҳаммадҷонов (хонаи охираташон обод бод!) ба дараҷаи олӣ офарида буданд. Алломаи Адҳами ин нақшофарин як марди фозил, ҳақиқатҷӯ, маорифпарвар, пуштибони мардуми нодору ҷафокаш аст. Ӯ баҳри ҳақиқатҷӯйӣ ва ҳақиқатгӯйиаш аз корҳои давлатӣ дур карда шуда, ба қавли худаш «дар рикоби Ҷаноби Олӣ» нест. Ӯ танҳост. Пайкараш дар миёни зулмоти саҳна чун шамъи танҳое нурафшонӣ дорад. Аллома медонад, ки роҳи наҷот ҳаст ва он роҳ девори фарсудаи аморатро аз беху бун канда сарнагун сохтан аст.
Дигар аз нақшҳои хотирнишин – нақши амиралмӯъминин Музаффархонро Убайдулло Раҷабов басо табиӣ ва фаромӯшнашаванда офарида буд. Амир Музаффархони ҷоҳилу мутаассиб ва сустиродаи ӯ нақши ҳақиқии «кӯдаки нодонеро» мемонд, ки бо амри тасодуф ба сари давлатдорӣ баромадааст. Намоз Ойматов дар нақши қозикалони хушомадгӯ, Раҷаб Ҳусейнов дар нақши шогирди Аллома ва чандин нақшҳои дигари ба дараҷаи олӣ иҷронамуда, ҳанӯз ҳам аз хотираҳо зудуда нашудаанд.
“Алломаи Адҳам” мухлисони сершуморе пайдо карда, то оғози ҷангҳои шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ борҳо ба намойиш гузошта шуда буд. Он замон ман ба ҳайси муҳаррири Саридораи гуфторҳои адабиву драмавии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон адои вазифа намуда, беш аз шаш бор ба тамошои ин намоишнома рафта будам. Он солҳо Идораи гуфторҳои адабӣ ба муҳите табдил ёфта буд, ки бисёре аз шоиру нависандагони номии тоҷик аз санҷиши он гузашта, пас ҳар яке бо кӯлвори хеш ба шоҳроҳи адабиёт қадам мегузоштанд. Гуфтан кифоя аст, ки устод Лоиқ Шералӣ (рӯҳашон шод бод!), Аскар Ҳаким, Сорбон, Сайидалӣ Маъмур, Баҳроми Фирӯз (рӯҳашон шод бод!), Иноят Насриддин (рӯҳашон шод бод!), Абдурофеъ Рабиев ва чандин номбардорони дигари адабиёти имрӯзаи тоҷик солҳои мухталиф нахустин чакидаҳои хомаи хешро дар ҳамин ҷо эҷод ва ба мардум муаррифӣ намуда буданд.
Сарварии ин идораро он солҳо Инаойтӣ Рустамова – ҳамсари нависандаи ҷавонмарги тоҷик Пӯлод Толис ба ӯҳда дошт. Ин зани меҳрубону чашмикордон, ки дар зиндагӣ бар ивази ҳама некиву некӯкорӣ ва покизагиаш ба ҷуз ғаму ғусса ва зарбаҳои бераҳми рӯзгорон чизи дигареро подош нагирифта буд, барои ҳамаи мо ҷавонон ҳаққи модарӣ дошт. Ӯ аз субҳи барвақт то бегоҳи шаб дар такопӯ буд — маводҳои навиштаи моро ислоҳ мекард, маслиҳат медод, адибони номдори тоҷикро барои ҳамкорӣ даъват намуда, баромадҳояшонро дар навор сабт мекард.
Дар як ҳуҷраи корӣ якҷоя бо нависандаи номӣ Адаш Истад, шоир ва мутарҷими баркамол Аслам Адҳам (рӯҳашон шод бод!), мунаққид ва нависанда Фотеҳ Абдулло (Ардамеҳр), шоир Ҷумъаи Дӯст (ҷояшон ҷаннат бод!), журналисти хушзавқ Кароматуллои Шукрулло кор мекардем. Ҳар замон аз идораи ҳамшафати барномаҳои хоҷагии деҳот нависанда Инояти Насриддин (хонаи охираташон обод бошад!) омада, бо мо ҳамроҳ мешуд. Ва чун одат сухан аз вазъи баланди адабиёти куҳанбунёди мардуми тоҷик ва сатҳи пасти маърифату ахлоқи имрӯзаи ҷомеа мерафт…
Дар яке аз чунин рӯзҳои фасли хазонрези соли 1978 нияти ба навор бардоштани намоишномаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» — ро иброз доштам, ки қариб ҳар бегоҳӣ театри давлатии академиву драмавии ба номи устод Лоҳутӣ намойиш медод. Ҳамаи ҳамкоронам – ҳам Адашу Аслам, Фотеҳу Иноят, Ҷумъаву Кароматулло ин иқдомро дастгирӣ намуданд ва пас аз муддате сарварамон Инаойтӣ Рустамова барои ба Хонаи радио даъват намудани нақшофарандагон розигӣ дод. Ӯ пешакӣ бо роҳбарони онвақтаи Кумитаи радио ва телевизион масъаларо ҳал намуда буд, зеро ба навор бардоштани як намойишномаи мукаммал мушкилоти хосае дошт ва маблағи зиёдеро низ талаб мекард.
Баъди вохӯрӣ бо роҳбарони театри Лоҳутӣ ва имзои созишнома нақшофарандагон фаъолияташонро дар Хонаи радио оғоз намуданд ва яке аз ҳунармандтарин коргардонҳои радиои ҷумҳурӣ — саркоргардони идораи мо Ҳалимаойтӣ Насибулина (ҷояшон ҷаннат бод!), ҷилави корро ба даст гирифт.
Хуллас, аҳли театри ба номи Лоҳутӣ тӯли ду ҳафта меҳмони Хонаи радио буд. Иҷрокунандагони нақшҳо таҳти роҳбарии Ҳалимаойтӣ ва муназзими баландихтисоси овоз Маърифат Холиқова намойишномаро рӯйи чанд навор сабт намуда, оқибат корро ба анҷом расонданд. Яке аз рӯзҳои якшанбе «Алломаи Адҳам ва дигарон» мебойист тӯли беш аз ду соат дар барномаи «Театр дар назди микрофон» садо медод.
Вале муддате нагузашта айён гашт, ки Алломаи Адҳам на танҳо дар он рӯзгори тираву тори аморати Бухоро зери фишору таъқиб қарор доштааст. Баъди саду панҷоҳ сол низ суханони буррову нишонраси Аҳмади Дониш чун ҳамешагӣ писанди амалдорону мансабталошон ва маҳалгароён набуданд. Намойишномаи ба тозагӣ ба навор бардоштаро аввал сардори идораи барномаҳои радио Субҳон Раҳматов, ки вазифаи котибии ташкилоти ҳизби ҳокими кормандони радиоро низ ба ӯҳда дошт, мавриди таҳқиқ қарор дода, тавассути барномаи аввали радио садо додани онро ба таври қатъӣ мамнӯъ эълон кард.
Исботу даъвоҳои моро касе шунидан намехост. –
— Ин хел бошад, устод Сотим Улуғзодаро ҷеғ зада супориш додан даркор, то барои барномаи авали радио намоишномаи махсуси «Алломаи Адҳам» — ро иншо намоянд, аз алам « таклиф» намудам ман.
Баъди ин ҷилави корро ҷойнишини раиси Кумитаи радио ва телевизион Мерган Султонов ба даст гирифт. Ӯ Шӯрои бадеиро дар ҳайҳати сармуҳаррирони идораи ахбор Бобоев, идораи тарғибу ташвиқ Иброҳим Атохонов ва чанд тан «театршиноси» дигар барпо карда, дар якҷоягӣ «Алломаи Адҳам ва дигарон» — ро аз сар то ба по гӯш карданд. «Шӯро» бо як овоз тарғиби порчае аз зиндагиномаи аллома Аҳмади Донишро дар шаройити сусиёлизми мутараққӣ ғайри имкон ҳисобид. Қарор шуд, ки чаҳор наворҳои калонҳаҷм — тақрибан ду соати сабтгардидаи намойишнома пурра кӯр ва аз болои он гуфторҳои дигаре навишта шаванд.
Инаойтӣ Рустамова аз «Шӯро» чун мурғи болупаршикаста баргашт. Қарори «Шӯро» қатъӣ ва эътироз муқобили он қобили қабул набуд. Мунақидони намойишномаро хусусан монологи Аллома Адҳам ва шогирдаш Абдусалом сахт ба таҳлука афтонда буд, ки бо як кушодагӯйиву ҷасорати хос ҳарф мезаданд:
«мансабҳои давлатӣ ба дастони шахсони ҷоҳилу нодону ношуд гузашта, одамони донишманду фозилу маърифатдӯст аз кори давлат дур карда шудаву дар хориву зиллат умр ба сар мебаранд». Вале чӣ илоҷ, ки ин гуфтаҳои паямбаронаи Аҳмади Дониш садсолаҳои дигар низ эътибори худро аз даст нахоҳанд дод…
Ҳамаи кормандони идораи гуфторҳои адабӣ – устодон Адаш Истад, Аслам Адҳам, Фотеҳ Абдулло, Ҷумъаи Дӯст, Кароматуллои Шукрулло, Инаойтиву Ҳалимаойтӣ бо димоғи сӯхта аз беадолатии замонаву бесалоҳиятии калоншавандагон ҳарф мезаданд. Инаойтӣ ва Ҳалимаойтӣ оҳи сард аз дили пурдард кашида, қиссаи онро мекарданд, ки навъ чанд сол қабл аз Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон фарди аз адабиёт фарсахҳо канораву аз фарҳанг пиёда «супориш» — и телефонӣ дода буд, ки шунавонидани достонҳои қаҳрамонии «Гурӯғлӣ» – ро тавассути радиои тоҷик манъ созанд, зеро эпоси «Гурӯғлӣ» моли мардуми турк аст. Чиҳилу ҳафт навори пур аз корномаҳои Авази қаҳрамону тасвири диёри Хуррамободу Чамбули Мастон дар таҳияи достонсароёни забардаст – «Ҳомери асри ХХ» — Ҳикмати Ризо, Ҳақназари Кабуд ва чанде дигарон ба ҳабс маҳкум гашта, дар бойгонии савту овози Хонаи радио бекор мехобиданд. Азбаски идораҳои барномаҳо аз лентаи сабти овоз танқисӣ мекашиданд, чандин бор хатари кӯр кардану аз болои наворҳои «Гурӯғлӣ» сабт намудани суруду тарона ва ахбору шарҳҳои сиёсӣ пеш омада буд. Вале маҳз ҷоннисории саркоргардони радио Ҳалима Насибулина ва сармуҳаррири Саридораи гуфторҳои адабӣ – драмавӣ Инаойтӣ Рустамова – ин ду зани аз зумраи мардон қавииродатар имкон дод, ки ин мероси аз ниёкон ба мо ёдгор монда бе ному нишон аз байн наравад.
Адаш Истад тахмин кард, ки шояд монеаи асосии ҳамаи ин амалҳо сензура – Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ дар матбуот ва дигар расонаҳои гурӯҳӣ — Главлит бошад, ки он замон қабл аз чоп шудан ё садо додан тамоми маводҳоро аз назар гузаронда, пас аз он иҷозат медод.
Ман гӯшаки телефонро бардошта бо роҳбари ин идора Ҷумъа Олимов занг задам ва ибрози матлаб намудам. Сардори Главлит бо овози нарму як ҷаҳон меҳрубонӣ посух дод, ки идораи онҳо бо «Алломаи Адҳам ва дигарон» танҳо соли 1970, ҳангоме, ки устод Сотим Улуғзода онро нав таълиф карда буданд, сарукор дошт. Ва ӯ шахсан чунин меҳисобад, ки ин намоишнома шоҳасари саҳнаи тоҷики солҳои охир аст…
Ҳуҷраи кории моро як ҳолате басо ҳузнангезе фаро гирифта буд. Дасткӯтоҳиву нотавонӣ назди бесалоҳиятӣ ва нописандӣ ба ҳама алам мекард. Зиёда аз ин, мувофиқи шартномаи бо театри ба номи устод Лоҳутӣ ба имзорасида, мебоист ба суратҳисоби он наздики 2000 сӯм пул гузаронем, ки замони Шӯравӣ маблағи басо калоне ҳисоб меёфту акнун Кумитаи радиову телевизион аз пардохти он саркашӣ мекард. Дар муқоиса маоши онвақтаи мо кормандон ҳамагӣ 130 – 170 сӯмро ташкил медод.
Аслам Адҳам таклиф ба миён гузошт, ки тӯли ду – се моҳ аз ҳисоби маошҳоямон пули театри Лоҳутиро баргардонем, то кор ба ҳакаму ҳакамбозӣ наанҷомад.
— Дар байни журналистони радио одамони хайрхоҳ хеле зиёданд, ба қадри тавон ёрдам мекунанд, — хулосаашро ҷамъбаст намуд Аслам Адҳам. Ҳамагӣ ба ин таклиф розӣ шуданд. Ҳатто собиқ корманди идора Истадойтӣ, ки нафақа баромада буданду ҳар замон омада ба корҳои мо ёрӣ мерасонданд, ӯҳдадор шуданд, ки нисфи пули нафақаашонро оварда супоранд.
Дар як чунин вазъи барои ҳамаи мо мушкил болои сӯхта намакоб як корманди миёнасоле аз идораи ҳамсоя вориди ҳуҷраи корӣ гашт. Истадойтӣ баройи дағаливу беҳудагӯйиаш ба ӯ лақаби «Несерёзный» — ро часпонда буд. «Несерёзный» аз афташ аллакай аз асли воқеа хабар дошт, ки чун одати пешина бетааммул, мисли тарошаи аз бом афтода, ба «қисса» оғоз намуд:
— Пагоҳ ҳамаи шумоёнро ба КГБ даъват мекунанд. Ман ҳамаи инро нағз медонам.
Сипас ба сӯям ишора карда идома дод:
— Шумо коррро шӯхӣ фаҳмидаед. Аз дасти онҳо ба зудӣ халос намехӯред…
Тоқати Адаш Истад бегумон тоқ шуда буд, ки аз ҷояш хест:
— Дафъ шав аз ин ҷо! Чӣ моро бо КГБ метарсонӣ?! Худи ту кистӣ, аблаҳи гузаро?
Баъди ғайб задани «Несерёзный» аҳли идора бо фикру хаёли вазнин оҳиста – охиста парешон шуд. Инаойтиву Ҳалимаойтӣ охирон аз ҷой бархостанду баногоҳ Ҳалимаойтӣ пешниҳод карданд:
— Ина, ман наворҳои «Алломаи Адҳам» — ро кӯр намекунам, намоишномаро пинҳонӣ ба «Фонди тиллоӣ» мегузаронам. Шумо ҳам розӣ шавед, бо бойгонӣ худам гуфтугӯ мекунам. Агар шуниданаш ба ҳамзамонони мо насиб нагардад, шояд наберагони мо онро гӯш кунанд.
— Майлаш, ман ҳам тарафдор, лекин ягон ҷонзод ин сирри моро набояд фаҳмад…
Тӯли як ҳафта қазияи ба театри ба номи устод Лоҳутӣ баргардондани қарз ҳам худ ба худ ҳал гардид. Ба театр омада бо роҳбарони онвақтааш вохӯрдам ва тавассути радио иҷозат надодани намоишномаи сабтгаштаро муфассал ҳикоя кардам.
Дар ин хароба макаш баҳри ганҷ ғуссаву ранҷ,
Ки зоғ нағмасаро гашту чуғз қофиясанҷ! – кӯтоҳ ҷавоб дод Гурминҷ Завқибеков, ҳунарманди шинохтаи ҷумҳурӣ, ки он солҳо сарвари театр буд ва шартномаро аз рӯйи миз бардошта пора – пора кард. – Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки «Алломаи Адҳам» дар ҷойи боэътимод маҳфуз аст, — ҳангоми хайрухӯш изҳор намуд ӯ.
Аз миён чанд муддате гузашту ман ба Кумитаи бехатарии Тоҷикистон ба кор даъват шудам ва рӯзгори беқарори касби нав бароям оғоз ёфт. Солҳои зиёде сипарӣ гаштанд. Тахмин аввалҳои солҳои 1991 фаро расида буд. Наздикии нисфирӯзӣ телефони рӯи мизи кориам баланд садо дод. Гӯшакро бардошта овози яке аз беҳтарин коргардонҳои ҷавону болаёқати Кумитаи радиову телевизион Олим Зарробековро (рӯҳашон шод баод!) дарҳол шинохтам.
— Ин хабари ман лоиқи он аст, ки онро баъди сенздаҳ сол нахустин шуда ба шумо расонам.
— Чӣ, дар Хонаи радио ягон ҷосуси хориҷиро ба даст афтондаӣ? Ин тавр бошад, дасту пояшро бо сими телефон сахтакак баста монда ба таҳхона баред, ман ҳозир расида меоям… – чун ҳарвақта шӯхиро идома додам ман.
— Кор аз ин ҳам вазнинтар. Баъди сенздаҳ сол «Алломаи Адҳам ва дигарон» — ро аз ҳабси якумрӣ озод кардем… Рӯзи якшанбе тӯли се соат тавассути барномаи якум садо хоҳад дод…
Рӯзи якшанбе, дар ҳақиқат, «Аллома» — и аз маҳбас озодгашта бо иштироки ҳунармандони варзидаи театри ба номи устод Лоҳутӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар баланд садо дод. Алломаи маҳбуби халқ, ки рӯзгору амали ӯ на танҳо ибрати ҳамзамонон, балки сазовори омӯзиши наслҳои имрӯзаву оянда аст, бо дили дардошно, рӯҳи шикастнопазир ва заковати беназир дар Ватани азизи аҷдодӣ дубора зуҳур намуд.
(Муаллиф Муҳаммад Султон ҳоло дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад.)
Добавить комментарий