Адаш Истад: “Муҳаммад Султон соҳибқалам ва пуштибони адолат ва ҳақиқат буд”

Ба муносибати Ҳафтаи Муҳаммади Султон

Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Вай зодаи Самарқанд ва дар ҳоли ҳозир сокини онҷост. Фаъолияти рӯзноманигориро дар соли 1969 дар идораи рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба сифати ходими адабӣ шурӯъ кардааст. Вай соли 1993 ба Самарқанд баргашта дар идораи “Овози Самарқанд” дар вазифаи мудири шӯъбаи маънавиёт ва баъд дар рӯзномаи “Овози тоҷик” паёмнигори вилоятӣ гардид. Мақолаҳои машҳури Адаш Истад асосан ба эҳёи фарҳанги ғании миллӣ бахшида шудаанд. “Анъанаи нек куҷост?”, “Номҳо — нишони маърифат”, “Забони миллат — пояи миллат”, “Хоҷа Аҳрор кӣ буд?” “Расмулхати бобоӣ — нури басари моӣ!” “Миллати тоҷикро тақсим накунед!” “Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?” мақолаҳои машҳури ӯянд. Навиштаҳои вай ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, украинӣ, белорусӣ, чехӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.

Адаш Истад, нависанда ва рӯзноманигори номии тоҷик, бо баёни ин ки дар замони Шӯравӣ дар радиои Тоҷикистон “агар бо адабиёти тоҷик алоқаманд набошед, кор кардан хеле душвор буд”, гуфт: “Султон дар ин ҷо (радиои Тоҷикистон) соҳибқалам будани худро нишон дод.” Вай таъкид кард: “Султон пуштибони адолат ва ҳақиқат буд.”

Ин нависандаи маъруфи тоҷик дар як гуфтугӯи катбӣ бо сайти “Зиндониён”, бо ишора ба дӯстӣ ва ҳамкориаш бо Муҳаммад Султон, гуфт: “Ӯ дар радиои Тоҷикистон бо номи Султон Мавлоназаров кор мекард. Дар Сарредаксияи адабӣ-драмавӣ. Ман гоҳ дар ин редаксия ва гоҳ дар Мудирияти барномаҳо кор мекардам. Ҳамсари Толис, Иноят Рустамова сардабир буданд ва ба ҳама ҷавонони ин шӯъба модарона ғамхорӣ мекарданд.”

Адаш Истад дар идома, бо таъкид бар ин ки Муҳаммад Султон соҳибқалам буд, баён дошт: “Султон дар ин ҷо (радиои Тоҷикистон) соҳибқалам будани худро нишон дод.”

Ин рӯзноманигори коркуштаи тоҷик бо баёни ин ки Муҳаммад Султон “пуштибони адолат ва ҳақиқат буд”, гуфт: “Дар ин шӯъба агар бо адабиёти тоҷик алоқаманд набошед, кор кардан хеле душвор аст. Аммо ӯ, ки хушзеҳн ва дилсоф буд, зуд ба муҳити адабии мо шахси худӣ гардид.”

Дорандаи ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар хусуси чигунагии ба кор гирифта шудани Муҳаммад Султон дар Кумитаи бехтарии давлатӣ (КГБ), гуфт: “Султон як радиои ВЭФ дошт ва рӯзе дидам, ки муколамаи ду касро, ки бо радиотелефон оиди ба ивази ришва иҷрои кори ҷиноӣ ҳарф мезаданд, дар наздаш, ки магнитафони репортерӣ буд, забт карда, ба КГБ бурд. Баъди ҳамин ӯро ҳамчун шахси ҳақиқатпараст шинохтанд ва ба кор дар ин идора даъват карданд.”

#Ҳафтаи_Муҳаммади_Султон

#Озодӣ_ба_Муҳаммади_Султон

#Свободу_Муҳаммади_Султону

#Free_Muhammadi_Sulton

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: