Муслим Шерзамонов кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Муслим Шерзамонов

Ӯро фақат ба ин хотир, ки бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Милли Тоҷикистон аст, барои 18 сол равонаи зиндон кардаанд, вагарна Муслим Шерзамонов ҳеч “гуноҳе” надошт. Дар назди режими Раҳмон одат аст, ки алами мухолифи хешро аз бародар ва ё хоҳари ӯ бигиранд ва шаҳрвандон баҳои “гуноҳи” бастагони худро бипардозанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) ин ҳафтаро барои зиндонии сиёсӣ, Муслим Шерзамонов ихтисос додааст. Дар ин навишта, бо шарҳи ҳоли ӯ ошно хоҳед шуд:

Муслим Шерзамонов дар таърихи 28 ноябри соли 1966 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) зода шудааст.

Ӯ маълумоти миёнаро дар мактаби шумораи 8-и ҳамин шаҳр фаро гирифта ва бо шаҳодатномаи (аттестати) аъло онро ба поён расондааст.

Муслим Шерзамонов аз соли 1982 то 1986 дар техникуми бинокорӣ (строительный техникум)-и шаҳри Душанбе таҳсил кардааст.

Вай аз соли 1986 то 1988 дар саффи артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) дар воҳиди ракетии стратегӣ (ракетные войска стратегического назначения ва ба ихтисор: РВСН) хидмат карда.

Муслим Шерзамонов дар солҳои 1999 то 2006 дар қӯшунҳои сарҳадии артиши Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмат ва то рутбаи майор пеш рафтааст.

Ӯ ба сурати ғоибона дар донишгоҳ таҳсил ва соҳиби диплом дар риштаи таърих ва ҳуқуқ гардидааст.

Муслим Шерзамонов дар бинои бисёре аз иншооти муҳим дар кишвар аз замони Шӯравӣ то ба имрӯз ҳамчун мухандис саҳм гузоштааст.

Вай оиладор ва соҳиби 6 фарзанд аст.

Боздошти Муслим Шерзамонов

Бино ба хабаре дар 12 июни 2022, режими Эмомалӣ Раҳмон Муслим Шерзамоновро боздошт кард. бар асоси гузориши сайти Бомдод, ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар ҷараёни амалиёти махсус дар шаҳри Хоруғ Муслим Шерзамонов, бародари Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони Миллиро дастгир кард.

Бар пояи ин гузориш, режими Раҳмон иддао кард, ки “дар ҷараёни амалиёте, ки ба кушта шудани ду лидери ғайрирасмии маҳаллаи УПД шаҳри Хоруғ, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов мунҷар шуд, 10 нафари дигар, аз ҷумла Муслим Шерзамонов дастгир шуданд. Ситод ин 10 нафарро “алоқаҳои ҷиноятии Мазоров ва Раҷабов” ном бурда, гуфт, “ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо Имомназар Шоиширинов 2 адад автомат Калашников бо 3 тирдон, 120 дона тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим Шерзамонов — 1 адад автомат Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд”.

Муовини раиси ПМТ, Алим Шерзамонов, ки дар ҳоли ҳозир дар Полша (Лаҳистон) ба сар мебарад ва мақомот ӯро ба роҳбариву раҳнамоӣ ва ҳатто маблағгузории эътирозҳои Хоруғу Рӯшон муттаҳам мекунанд, иддаои режим дар бораи “алоқаи ҷиноии Мазоров ва Раҷабов” будани бародараш ва ҳамин тавр, дар хонааш яроқ доштани ӯро қатъиян рад кард.

Вай дар гуфтугӯ бо сайти Бомдод гуфт, бародараш Муслим Шерзамоновро, ки 56 сол дорад ва дар маҳаллаи Бархоруғ зиндагӣ мекунад, субҳи 12 июн барои бозпурсӣ ба мақомот даъват карда буд ва ӯ аз бозпурсӣ дигар барнагаштааст. Алим Шерзамонов таъкид кард: “Алакай баъди боздошти Муслим аз мақомот ба хонааш омада, гӯё автомат “ёфтаанд”. Магар одаме ки ба бозпурсӣ даъват шудааст, дар хонааш силоҳ пинҳон карда, меравад? Баъди куштани Боқир кӣ дар Бархоруғ ҷуръат мекунад, ки дар хонааш силоҳ нигоҳ бидорад?

Ба гуфтаи ӯ, бародараш дар замони фармондеҳи қисми низомии марзбонӣ будани Мамадбоқир Мамадбоқиров дар Мурғоб, раиси ситоди он қисми низомӣ буд, вале хеле сол боз аз хидмати ҳарбӣ канор рафта, як ширкати хурди сохтмонӣ дошт ва бо ҳамин роҳ зиндагиашро таъмин мекард. Вай гуфт: “Муслим узви ягон гуруҳи сиёсӣ ё ҷиноӣ набуд. Ягона “ҷиноят”-и вай ин буд, ки бародари ман аст.”

Барои 18 сол маҳкум ба зиндон шудани Муслим Шерзамонов

Бар асоси гузорише дар таърихи 29 июли 2022, Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муслим Шерзамоновро ба 18 сол зиндон маҳкум кард.

Дар он таърих, наздикони Муслим Шерзамонов дар бораи бо чӣ ҷурме ба чунин муддати тӯлонӣ маҳкум шудани Муслим Шерзамонов ва ҳатто дар бораи бар асоси кадом моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шуданаш чизе намедонистанд.

Алим Шерзамонов ба пойгоҳи хабарии Бомдод гуфт, ки мурофиаи парвандаи бародараш рӯзи 29 июл оғоз ёфта, аллакай баъди чанд соат бо судури чунин ҳукми сангин ба анҷом расид. Вай афзуд: “Ғайри ҳамон як силоҳе, ки баъди боздошташ дар хонаи Муслим партофтанд ва баъд гӯё худашон “ёфтанд” ва “мусодира” карданд, ҳеҷ далеле ба зидди бародари ман надошт тафтишот. Вале рӯзи мурофиа чанд иттиҳоми дигарро аз ҳаво ба номи ӯ часпонданд ва чунин ҳукми сангин доданд.”

Алим Шерзамонов ҳукми додгоҳро ғайри қобили қабул донист ва гуфт: “То имрӯз дар бораи он ки бародарамро бо кадом банди қонуни ҷиноӣ гунаҳкор карданд, иттилоъ надорам. Наздикон чизе намедонанд. Адвокате, ки ба сахтӣ пайдо карда будем, чизе намегӯяд. Дар боздоштгоҳ хешу табор ӯро дида буданд, вале худаш низ чизе нагуфтааст.”

Вай тасреҳ кард, ки бародараш ба ҳеч гурӯҳ ҳамроҳ набуд ва ӯро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии Алим Шерзамонов таъқиб кардаанд.

Мақомот ҳукми Муслим Шерзамоновро шарҳ надодаанд.

Бино бар хабари сайти Аздо дар таърихи 8 августи 2022, мақомоти интизомии кишвар Муслим Шерзамоновро аз Хоруғ ба Душанбе интиқол доданд. Манбаъ бо шарти зикр нашудани номаш ба Аздо гуфт, дар шаби 7-ум ба 8-уми августи соли ҷорӣ Муслим Шерзамоновро ҳамроҳи 21 маҳбуси дигар аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ ба Душанбе интиқол доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, наздикони боздоштшудаҳо дар Хоруғ гуфтаанд, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хоруғ аз сабаби зиёд боздошт кардани одамон вазъ хеле тоқатфарсост ва ҳама мехоҳанд, ки ҳарчи зудтар парвандаи боздоштшудаҳо баррасӣ шуда, ҳукми сафед кардан ва ё зиндонӣ шуданашон эълон шавад ва онҳоро ба дигар ҷой интиқол бидиҳанд.

Маҳкум кардани боздошт ва зиндонӣ шудани Муслим Шерзамонов

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зиндонӣ кардани Муслим Шерзамоновро бидуни ҳеч айбе барои 18 сол, шадидан маҳкум кард. Ҳамчунин Дидабони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) низ боздошт ва зиндонӣ кардани Муслим Шерзамоновро маҳкум намуд.

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари умури Осиёи Марказӣ дар Созмони Дидбони ҳуқуқи башар гуфт: “Дар Бадахшон даҳҳо фаъол ва дигар намояндагони ақаллиятҳои помирӣ бидуни дастрасӣ ба вакили мудофеъ, дар додгоҳҳои пӯшида ва ноодилона қарор доранд.”

Вай афзуд: “Додгоҳҳои Тоҷикистон ба як конвейер табдил ёфта, барои ҳар нафаре, ки дар тазоҳуроти моҳи май ширкат доштанд, бидуни назардошти қоидаҳои мурофиавӣ ҳукмҳои сангин содир мекунанд. Мақомот бояд ба ин рафтори худсарона хотима диҳанд ва ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар бораи хотима додан ба ҳабси ноодилона ва таъмини мурофиаи одилона дар хотир дошта бошанд.”

Парлумони Аврупо дар таърихи 7 июли 2022 бо қабули як қатънома, аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки фавран ба таҳқиқи муассир ва мустақилли хушунатҳо дар Бадахшон ва баъд аз тазоҳуроти эътирозии моҳи ноябри соли 2021 ва майи соли 2022, бахусус истифодаи зӯр аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, оғоз кунанд. Дар ин қатънома озодии фаврии ҳомиёни ҳуқуқи башар, рӯзноманигорон ва фаъолони маданӣ талаб шуд.

Дар таърихи 13 июни 2022 созмони Genocide Watch, ки эътилофи беш аз 90 созмони зидди наслкуширо ҳамоҳанг мекунад, ба Тоҷикистон ҳушдор дода, ки даст аз нааслкушӣ ва хушунат бардорад.

#Ҳафтаи_Муслим_Шерзамонов

#Озодӣ_ба_Муслим_Шерзамонов

#Свободу_Муслиму_Шерзамонову

#Free_Muslim_Sherzamonov

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: