Зодрӯзатон муборак бошад, Абдусаттор Бобоев!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи раиси ин кумита, мӯҳтарам Абдусаттор Бобоевро табрик ва барояш муваффақият дар умури шахсӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоиаш таманно мекунад.

Абдусаттор Бобоев 5 сентябри соли 1968 дар деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъи собиқ вилояти Кӯлоб дар як хонаводаи руҳонӣ ва аз пирони тариқати нақшбандия таваллуд шудааст. Ҳам аҷдоди падарӣ ва ҳам аҷдоди модариаш, аз содоти Сари Хосоранд. Падараш пешво ва пири тариқат буд.

Бобоев маълумоти миёнаро дар мактаби деҳаи мазкур фаро гирифтааст. Ӯ аз соли 1987 то 1989 дар саффи артиши Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) хидмат кардааст.

Вай дар Донишгоҳи миллии кишвар дар риштаи рӯзноманигорӣ таҳсил ва онро хатм намудааст.

Абдусаттор Бобоев аз навҷавонӣ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва аз фаъолони он аст ва дар канори поягузори ҳизб, марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ қарор дошт. Сипас узви Раёсати олии ҲНИТ гардид. Вай яке аз наздиктарин дӯстони шаҳид махдуми Абдусаттор буд.

Пас аз эълони манъи фаъолияти ҲНИТ дар даруни кишвар аз сӯи режими Эмомалӣ Раҳмон, нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ қасд доштанд ӯро боздошт ва зиндонӣ кунанд, вале ӯ тавонист аз кишвар берун ояд. Феълан дар Поланд (Лаҳистон) ба унвони паноҳандаи сиёсӣ зиндагӣ мекунад.

Абдусаттор Бобоев узви Шӯрои Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) – эътилофи аҳзоб ва гурӯҳҳои опозитсияи тоҷик ба шумор меравад.

Вай оиладор ва соҳиби 7 фарзанд аст.

Абдусаттор Бобоев аз муассисони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) аст ва се соли паёпай аст, ки фаъолони ин созмон ӯро ба унвони раиси ин ниҳод интихоб мекунанд. Гуфтанист, раиси КШНГЗС бо аксарияти орои фаъолони ин созмон дар маҷлиси солонаи он ва барои як сол интихоб мешавад.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бори дигар Абдусаттор Бобоевро ба муносибати рӯзи таваллудаш табрик мегӯяд.

Зодрӯзатон хуҷаста бошад ҷаноби Абдусаттор Бобоев!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС)

05.09.2022

Варшава, Поланд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: