Тазоҳуроти осоиштаи мардуми ноҳияи Рӯшонро — ки ҳодисае хунин ва нангин дар корномаи 30-солаи ҳукмронии Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад – режим “бархӯрди мусаллаҳона зидди ҳамлаи террористӣ” унвон кард. Албатта, барои худсафедкунӣ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ.
Ҳанӯз дар соли 2014 Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояш дар Бадахшон, ба роҳбарони мақомоти қудратӣ муроҷиат карда гуфта буд: “Чор ҷинояткорро безарар гардонда наметавонед? Агар аз ӯҳдаи вазифа набароед, ҷойро холӣ кунед.”
Аз ин сӯҳбат тақрибан 8 сол гузашт. Ва дар тӯли ин ҳама 8 сол, бо баҳонаи ин “чор ҷинояткор”, ки онҳо аслан вуҷуд надоштанд, ҳукумат тавтеаҳое гуногунеро дар Бадахшон роҳ андохт, то ҷомеаи байналмалӣ Тоҷикистонро рӯ ба рӯ бо хатари терроризм эътироф ва барои мубориза бо ин падида, ба Тоҷикистон маблағҳои зиёд ихтисос диҳанд. Ва ин ҳам боиси нигаронист, ки маҳз бо ин маблағҳо ва кӯмакҳо, режими Раҳмон ба наслкушӣ дар Бадахшон идома медиҳад.
Ҳодисаи 17-18 майи соли 2022 дар ноҳияи Рӯшон, ки ҳукумат онро “амалиёти махсус” меҳисобад, дар воқеъ пахши як тазоҳуроти мусолиматомез ва осоиштаи мардумӣ буд. Дар ин таърих, рӯшониён дар доираи қонун, ба тазоҳурот баромаданд ва аз сарбозон хостанд, ба Хоруғ барои рехтани хуни ноҳақ нараванд ва пасгарданд. Аммо мутаассифона бо дастури Раҳмон – ки ба он тасреҳ намуд – тазоҳургарон қатли омм шуданд. Бидуни шақ, ин як наслкушӣ буд. Ҳатто иҷозат надоданд, захмиён аз майдон берун бароварда шаванд, то ба онҳо кӯмаки тиббӣ расонда шавад.
Инак, бо истинод ба ахбори мувассақ ва гуфтаҳои шоҳидони айнии ин ҳодисаи хунин, гӯшае аз иттифоқотеро нақл мекунем, ки бисёр ғамангез ва андӯҳбор аст:

1) Исмат Шарифов (1984-2022)
Исмат дар он рӯзи шум бисёр сахт захмӣ шуд. Бо ишораи даст аз ҳамшираи шавқати бемористони ноҳия кӯмак хост. Ҳамшира хост, ӯро аз майдон, ки борони тир ба рӯи тазоҳургарон меборид, берун кашад. Аммо ин аз чашми низомиён дур намонд. Онҳо иҷоза надоданд, ки ба ӯ кӯмак расонида шавад. Исмати сангтарош ва устои чирадаст, ки умре дар хидмати мардум буд ва барои мазор санг метарошид, он лаҳза ба кӯмак ниёз дошт. Ӯро наҷот додан мумкин буд, лекин низомиён монеъ шуданд. Ҳамин тавр ӯ шаҳид гардид. Раҳмон ва қотилони ӯ се фарзанди хурдсоли ӯро аз навозиши падар маҳрум сохтанд. Фарзанди хурдияш тоза ҳафтмоҳа шуда буд;

2) Ардашер Муносибов (1996-2022)
Ардашер аз ноҳияи пояш сахт захмӣ гардид. Дар он рӯзи шум мехост худро ба назди модараш расонад, вале ба дасти низомиён афтод. Низомиён метавонистанд барояш кӯмаки тиббӣ расонанд. Аммо ба ҷойи ин, ба ӯ либоси афғонӣ пӯшонданд, азобу шиканҷа карданд. Дасту пояшро шикастанд, шикамашро чок карданд ва аз даҳонаш парронданд.
Ардашер дар 7 октябри соли 1996 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Соли 2003 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи мазкур дохил ва дар соли 2014 онро бомуваффақият хатм намудааст. Вай соли 2015 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2019 онро сарбаландона ба итмом расонд. Ардашер аз кӯдакӣ миёни ҳамсолон бо ахлоқи намунавиаш фарқ мекард. Табиатан шахси ором ва шӯх буд. Барои шӯхтабиатӣ ҳама ӯро дӯст медоштанд. Дар тими волейболбозони деҳа яке аз бозигарони калидӣ маҳсуб меёфт. Падараш дар шаҳри Москва ба ҳайси ронандаи автобус кор мекард ва Ардашер, ки писари ягона буд, дар деҳа асосан ба деҳқонӣ машғул буд. Дар вақтҳои холигӣ ба самти маркази ноҳия ё шаҳри Хоруғ бо мошини шахсиаш таксиронӣ менамуд ё ҳосили ҷамънамудаи меваю сабзавоти худу ҳамсояҳоро ба бозорҳои Рӯшону Хоруғ мебурд.

3) Алихон Назокатов (1997-2022)
Алихон вақте дид, сарбозон ба тарафи эътирозгарони бесилоҳ тир холӣ мекарданд ва чархболҳо аз болои сари онҳо тир мекушоданд, шурӯъ ба наворгирӣ кард. Ӯ ба захмиён низ кӯмак мерасонд. Аммо ӯро боздошт ва куштанд. Ҷасади ӯро бо шиками чок пайдо намуданд. Мақомдорон боздоштшудаҳоро на фақат шиканҷа мекарданду мекуштанд, балки ба ҷисмашон низ ҳар гуна таҳқирро раво медиданд.

4) Мунаввар Ғуломшоев (1986-2022)
Мунаввар сокини ноҳияи Рӯшон буд. Мунаввар барои ба дунё омадани фарзанди нахустинаш рӯз мешумурд. Баъди як моҳ ҳамсараш бояд таваллуд мекард. Мунаввар низ мисли аксари ҷавонони шаҳраки Вомар бекор буд. Ҳамарӯза бо дӯстонаш дар назди кӯпруки деҳа ҷамъ шуда, сӯҳбат мекарданд, рӯзашон бо ҳамин мегузашт. Дар он рӯзи шум, ӯ талош мекард, ба захмиён кӯмак расонад. Мунаввар ба ҳамсараш ваъда карда буд, ки хеле зуд бармегардад, аммо… Ӯро аз даҳонаш парронда буданд. Ҷасади Мунавварро бо устухонҳои шикаста ёфтанд. Вай аз ин ки шиканҷаи зиёд шуда буд, наздиконаш ӯро базӯр шинохтанд.

5) Шӯҳрат Руштов (1978-2022)
Шӯҳратро дар рӯзи 19.05.2022 ба идораи амният бурда, бидуни додгоҳ ва тафтишот, ба кӯча бароварда парронданд.

6) Ҷуманазар Баёзов (1967-2022)
Ҷумаъназар Баёзови 55-сола мисли дигар сокинони Бадахшон солҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт. Ин ҷавони панҷ панҷааш ҳунар ва бо тану тӯш, ки ҷисми паҳлавониаш аз чашми мақомдорон пинҳон намонд, чанд моҳ пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта буд. Он рӯзи шум ӯ баъди гусели ҳамсараш то ҷойи кораш ба хона баргашт. Баъди чанд соати дигар мақомдорон дари хонаи ӯро кӯфтанд ва ӯро бо худ бурданд. Ҷисми беҷони ӯро аз бемористони ноҳия пайдо намуданд. Се фарзанди ятиммондаи Ҷумаъназар то ҳол интизори ин посух ҳастанд, ки чаро падарашон кушта шуд?

7) Алишер Қиматшоев (1975-2022)
Алишер Қиматшоеви 47-сола дар рӯзи 17 май хеле шитоб дошт. Ингор ба пешвози марг мерафт. Вай чанд сол боз ба мусофиркашонӣ машғул буду ризқи кӯдаконашро аз роҳи душвори солҳо таъмирнадидаи Душанбе-Хоруғ меёфт. Он сафар ҳам ӯ ба писари нӯҳсолааш ваъда дода буд, ки зуд бармегардад ва рӯзҳои истироҳат ба кӯҳ хоҳанд рафт. Мақомот Алишерро, дар ҳоле, ки ӯ аз ҳама чиз бехабар, субҳи барвақт бо баҳонаи санҷидани телефон, аз хона бурданд. Ӯ ба писари нӯҳсолааш менигарист. Чашмонаш ба писараш мегуфтанд, зуд бармегардам, чун ба бегуноҳии худ бовар дошт. Аммо ҳайот писар ҳанӯз ҳам бовар надорад, ки падараш дигар намеояд.

8) Аслиддин Хурсандов (1993-2022)
Аслиддин, сокини шаҳраки Вамар, парастор (медбрат) буд. Барои хотирмон гузаштани тӯи арӯсияш нақша мекашид, ки қотилони режими хуношом орзуҳояшро ба хок бурданд. Ӯро дар он рӯзи шум ваҳшиёна куштанд.

9) Муҳиддин Қурбонасенов (1987-2022)
Муҳиддин Қурбонасенов низ аз шаҳраки Вамар буд. Вай ҳамроҳ бо Аслиддин Хурсандов аз ваҳшонияте, ки навкарони Раҳмон дар шаҳрак эҷод карда буданд, ба кӯҳҳо паноҳ бурда буданд, аммо чархболе, ки пайваста ба сари тазоҳургарон тир холӣ мекард, онҳоро низ ёфт ва сипас сарбозон куштандашон;

10) Алишер Почоев (1976-2022)
Алишер, ки дар тарбияи худ чор фарзанди ноболиғ дошту онҳоро бе модар калон мекард, дар шароити душвори иқтисодӣ қарор дошт. Ӯ тамоми вақту қувваашро барои тарбияи фарзандон сарф мекард. Тарбияи дурусти Алишер буд, ки духтараш дар мактаб бо баҳои аъло мехонд ва имтиёз барои шомил шудан ба дилхоҳ мактаби олии кишварро дошт. Алишерро куштанд, фарзандонаш ятим монданд ва ҳатто имтиёзи духтарашро барои донишҷӯ шудан аз ӯ гирифтанд. Алишер солҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт.

11) Ёдгор Ғуломҳайдаров (1974-2022)
Дар он рӯзи шум, ки то абад аз ёди мардуми минтақа ва балки кулли кишвар намеравад, Ёдгорро бисёр ваҳшиёна куштанд. Ғуломайдаров Ёдгор дар ноябри соли 1974 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Вай дар соли 1981 ба мактаби миёнаи рақами 8-и ноҳияи мазкур дохил шуда, соли 1992 онро бомуваффақият хатм намудааст. Пас аз итмоми мактаби миёна, ба хидмати ҳарбӣ меравад. Ӯ солҳои 1995-1997 адои хидмат кардааст. Даврони хидмати ӯ ба замони ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Ёдгор бо чанд тан аз ҳамдеҳагонаш маҳз дар нуқтаи асосии ҷанг — ноҳияи Тавилдара қарор доштанд. Замони хидмат ӯ аз дӯстони наздиктарин, писари амакаш Саидалиро аз даст дод. Саидалӣ дар пеши чашмаш қатл гардид. Пас аз итмоми мӯҳлати хидмат, ба хона баргашт. Муддате дар деҳа истода ба Федератсияи Русия ба мардикорӣ меравад. Зиёда аз 10 сол дар муҳоҷират қарор дошт. Соли 2012 ба ватан омад. Хост, ки оиладор шавад, аммо ҳодисаҳои дар Бадахшон рухдода ӯро ором нагузоштанд. Ҳамеша зери назорати кормандони КДАМ буд. Ҳарчанд доиман мегуфт, ки аъзои ягон гурӯҳи ҷиноӣ несту мехоҳад зиндагии оромона дошта бошад, аммо кӯшиши сиёҳкунӣ ва аз ин тариқ дастгиркунии ӯ зуд-зуд мушоҳида мегардид. Вай бино бар инсони росткору ростқавлу ростгӯй буданаш, ҳамвора аз “домашон” раҳо меёфт.
Ёдгор маҳбуби дилҳои ҳамагон буд. Аз хурд то бузург, зану мард, пиру ҷавон ӯро дӯст медоштанд. На танҳо дар кӯчаю деҳа, балки дар тамоми ноҳия ва вилоят ӯро иззату эҳтиром мекарданд ва аз инсонигарию ҷавонмардиаш ҳарф мезаданд. Шахси басо хоксор буд. Аз даҳонаш ягон ҳарфи дағалу зиёдатӣ шунида намешуд. Танҳо табассум мекарду бас. Ҳар мушкилот, нофаҳмӣ ё проблемае, ки дар деҳа ё ноҳия мешуд, маҳз аз ӯ маслиҳат мепурсиданд ва ӯ онро бе ягон ҷанҷолу нофаҳмӣ ҳал мекард. Ҳатто аз душмани худ ҳам сухани бад намегуфт.

12) Ҳабиб Мавлододов (1987-2022)
Баъди чанд рӯзи он ҳодисаи шум, дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое пахш шуд, ки дар назди ҷасадҳои беҷони Алишер Почоев, Ҳабиб Мавлододов, Ҷонибек Шехбуров ва Дохунда Паллаев яроқ мегузоштанд. Яъне нақшаи сохтаи низомиён, ки мехостанд инҳоро “гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ” унвон кунанд, ба дурбини касе афтида буд.
Мавлододов Ҳабиб Феткаевич 6 марти соли 1987 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи мазкур дохил шуда, соли 2005 онро бомуваффақият хатм намуд. Соли 2005 ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба факултаи таърих ва ҳукуқ ҳуҷҷатҳояшро супорид. Соли 2010 донишгоҳро бо сарбаландӣ ба итмом расонд.
Пас аз хатми донишгоҳ, мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафту пас аз чанд муддате ба ватан баргашт.
Ҳабиб аз хурдӣ баччаи ҷасуру нотарс ва меҳнаткаш буд. Бо ҳақгӯӣ ва ҳақҷӯияш миёни ҳамсолон фарқ мекард. Гапро дар рӯи одам мегуфту аз пушти кас ғайбат намекард. Кору гапи ноҳақро тоқати дидану шунидан надошт. Новобаста аз синну сол, бо ҳама якхел муносибат дошт. Ӯ рӯзу шаб ба меҳнати ҳалол кор мекарду аз ин ҳисоб ризқи ҳалол мехӯрд. Дар ҳамаи корҳои дастаҷамъона ва ҳашарҳои деҳа ва ноҳия дар саффи пеш буд. Гоҳҳо чунон машғули кор мешуд, ки ҳамроҳонаш аз хастагӣ тоқат накарда, бо ҳар баҳона мегурехтанд. Чанд соли охир дар деҳаи Дерзуд нуқтаи қабули бор аз Русияро кушоду бо қабул ва тақсимкунии ашёи фиристодаи муҳоҷирон машғул буд. Ҳамзамон барои зимистонгузаронӣ ҳамасола бо мошини боркаш аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд ангишт меоварду бо нархи дастрас барои сокинон мефурӯхт.
Ҳабиб оиладор ва соҳиби ду писар буд. Писарчаи хурдиаш Адиб бемории қалб дорад. Нияти аҳли хонавода буд, ки ҳуҷҷатҳои зарурии ин кӯдаки беморро ҷамъ намуда, тобистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия барои табобат баранд. Як рӯз пеш аз оғози ҳодисаҳои Рӯшон Ҳабиб барои ин ҳуҷҷатҳо ба табобатхонаи марказии вилоят рафта буд, то ҳарчи зудтар ӯро ба Москва баранд.

13) Ҷангибек Шехбуров (1996-2022)
Ҷангибек, ин ҷавони ғурамарг, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба дунё омада буд, умри кӯтоҳи худро дар ғарибӣ пушти сар карда буд. Вақтҳои охир дар Лаҳистон кору зиндагӣ мекард ва ба Тоҷикистон барои хонадоршавӣ рафта буд. Дар вақти шаҳид шуданаш, ҳамсараш ҳомиладор буд. Афсӯс, ки дидори тифл ба ӯ муясар нашуд.

14) Дохунда Паллаев (1969-2022)
Палаев Дохундаи 53-сола, ки сокини деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд, яке дигар аз шаҳидони он рӯзи шум аст, ки пайвандонаш ҳанӯз намедонанд, ки чаро ин мардро бо он ваҳшоният куштанд.

15) Ризвон Каримов (1967-2022)
Ризвон Каримов, сокини деҳаи Баррӯшонро фишор оварданд, ки ҷойи пинҳоншудаи тазоҳургаронро нишон диҳад. Ризвон медонист, ки ба дасти мақомот афтидани ҳамдеҳагонаш чӣ оқибатҳоеро ба сарашон хоҳад овард. Ӯ чашмони хунталаби низомиёнро дар чанд соати бозпурсӣ дида буд. Ризвон маргро авло донист.

16) Хушбахт Хушачинов (1964-2022)
Хушбахт Хушачинови 58-сола, сокини шаҳраки Вомар, ки коре ба сиёсат надошт ва ба зиндагии рӯзмарраи худ машғул буд, пас аз он ҳодисаи шум ӯро барои “бозпурсӣ” бурданд. Ӯ ҳатто намедонист чаро ӯро мебаранд. Бо ӯ муносибати бисёр ваҳшиёна сурат гирифт, ки қалам аз баёнаш шармсор аст. Хушбахт он ҳама таҳқиру фишори мақомотро таҳаммул карда натавонист ва мурданро авло донист. Ва дар натиҷа ӯ худкушӣ кард.
Бояд ёдовар шуд, ки сокини дигари шаҳраки Вомар, Алиёр Шоназмиев низ баъди бозпурсӣ, дигар зистан нахост ва кӯшиши худкушӣ намуд. Хушбахтона, ӯро наҷот доданд. Гуфтанист, мақомот кӯшиши ӯро ношӣ аз як касалии руҳӣ қаламдод карданд. Лозим ба зикр аст, ки як ё ду нафар агар даст ба худкушӣ мезаданд, инро ба ҳолати равонии онҳо рабт додан мумкин аст, аммо дар ин ҳодисаи хунбор, баъди бозпурсии мақомот, нафарони зиёде таҳти фишори равонӣ ва ҷисмонӣ, талош ба худкушӣ намуданд.
Тааҷҷубовараш ин аст, ки ҳеч як нафари ба қатлрасида ё даст ба худкушӣ зада, аз экспертизаи тиббӣ судӣ нагузаштаанд.

17) Амонҷон Содиқов (1974-2022)
Амонҷон Содиқови 48-сола, сокини деҳаи Вамар, маркази маъмурии ноҳияи Рӯшони ВМКБ, як устои хонасоз буд, ки соҳиби ду духтар буд. Амонҷон барои мардум хона месохту барои сохтани хонаи худаш омодагӣ медид. Ӯро дар он рӯзи шум ваҳшиёна куштанд. Хонаи худаш нимсохта монд. Ҳамсояааш қисса кард, ки гӯё кушта шуданашро медонист. Вай пеш аз ба тазоҳурот рафтан, асбобҳои дуредгариашро назди хонавода гузошта гуфтааст, ки ин лавозимҳо барои дӯстам аз ман як ёдгор. Ҳамдеҳаҳо ҳоло бо ҳам ба сохтани хонаи нотамомаш шурӯъ кардаанд. Хамдеҳаҳо мегӯянд, ки ин ҷавон – ки режим ба доштани яроқ муттаҳамаш кардааст — шояд яроқро фақат ҳангоми хидмати сарбозӣ дида бошад. Он рӯз, ки ба тазоҳурот мерафтанд, касе яроқ надошт.

18) Шогун Назриев (1967-2022)
Яке аз шаҳидони он рӯзи наҳс Шогун Назриев аз маҳаллаи “Санговак” аст. Ӯ дар он рӯз ба маҳаллаи “Пичов” барои аёдати дӯсташ мерафт. Ба нақли писараш, он вақт тирпаронӣ шурӯъ шуд ва ӯ аз ду пояш тир хӯрд. Дигар на ҳаракат карда метавонист ва на роҳ рафта. Хун фаввора мезад. Низомиён намегузоштанд, ки мардум ба захмиён кӯмак кунанд. Шогун бо заҳмат худро ба назди хонаи наздикбуда расонд. Соҳибони хона захмҳояшро бастанд, аммо пеши роҳи хунравиро гирифта натавонистанд. Ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ занг заданд, аммо низомиён мошини ба кӯмак омадаро нагузоштанд, ки гузарад. Шогун аз хунравии зиёд ҷон дод. Нафаре, ки дар тазоҳурот иштирок надошт ва ба гуфти наздикон, боре яроқ надоштаву ҳатто корд ба даст намегирифт, ки мурғ кушад, фардои он рӯз тавассути телевизионӣ марказӣ “террорист” эълон шуд.

19) Ховар Гулобшоев (1977-2022)
Гулобшоев Ховар Дилбарович 1 июни соли 1977 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Вай ҳанӯз аз даврони мактабӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд дошт ва вақти худро бештар дар толори варзишгоҳи деҳа мегузаронд. Ӯ дар байни сокинони ноҳия, хусусан, ҷавонон соҳиби иззату эҳтироми хосса буд. Ба тарбия ва кору рафтори насли наврас диққати ҷиддӣ медод. Ҳамеша кӯшиш мекард, ки наврасонро ҳар чӣ бештар ба варзиш ва омӯзиш ҷалб гардонаду аз корҳои ношоиста дурашон намояд. Яке аз чунин корҳои ибратомӯзи ӯ ин буд, ки вай дар назди хонаи падарӣ, дар пайи сохтани майдони бокс барои кӯдакону наврасон буд. Ҳамарӯза дар ин майдон шумораи зиёде аз хурду бузург тамрин менамуданд ва дар мусобиқоти деҳа ва ноҳия иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардиданд.
Пас аз хидмати ҳарбӣ чанд соли дигар дар деҳа истода, чун дигар ҷавонони кишвар барои таъмини рӯзгори хонавода ба Федератсияи Русия ба муҳоҷират рафт. Минбаъд зиндагии ӯ асосан дар муҳоҷират мегузашт. Ховар дар шаҳри Москва оиладор шуда, соҳиби ду фарзанд гардид.
Зимистони соли 2021 аз Федератсияи Русия ба ватан баргашт. Дар деҳаи Дерзуд ӯ ба таъмири хонаи навбунёдаш, ки имсол бояд бо аҳли оилааш ба онҷо кӯч мекарданд, машғул буд. Аз саҳар то бегоҳ тоқаву танҳо хонаро таъмир мекард, ба умеди он, ки тобистон зану фарзандонашро аз шаҳри Москва ва деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон оварда, пас аз солҳои дарози бехонагӣ ва дабадарӣ, якҷоя зиндагӣ намоянд. Аммо афсӯс, сад афсӯс, ки ин орзу ва умеди ягонаи Ховар ҳамроҳаш ба хок рафт. Ӯро куштанд.

20) Эҳсон Қувватбеков (1977-2022)
Қувватбеков Эҳсон Шикарбекович дар таърихи 16 сентябри соли 1997 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Соли 2004 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи мазкур дохил шуда, соли 2015 онро бомуваффақият хатм намуд. Дар мактаб аз шогирдони намуна ба ҳисоб мерафт. Аз фанни забони олмонӣ дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буд. Дастовардҳои варзишии ӯ низ шоистаи таҳсин буданд. Дар гӯштини миллӣ, ҷудо ва самбо яке аз беҳтарин паҳлавонони ноҳия буд. Барои ҳунари волои гӯштинаш, ӯро ба ҷои номаш “паҳлавон” гуфта ишора мекарданд. Ӯ чандинкарата чемпиони мусобиқаҳои гӯштини ноҳиявӣ ва вилоятӣ гардида буд.
Пас аз хатми мактаби миёна, Эҳсон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон барои давоми таҳсил сафар кард. Дар шаҳри Бишкек дар яке аз донишгоҳҳои ин кишвар дохил гардид. Пас аз як сол бо сабабҳои оилавӣ натавонист таҳсилро идома диҳад. Бинобар ин, ба ватан баргашта, сипас ба шаҳри Санк-Петербурги Федератсияи Русия мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷират рафт. Падару модари ӯ низ дар ин шаҳр муҳоҷир буданд. Баъди чанд соли ғарибӣ, Эҳсон ба Тоҷикистон баргашт. Орзуи ҳамешагии ӯ давоми таҳсил дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ буд. Ният дошт, моҳи сентябр дар донишкадаи мазкур ҳуҷҷатҳояшро супорад. Худ, ки гӯштингир буд, мехост ба кӯдакон ва наврасон низ ин риштаи варзишро омӯзаду онҳоро ба тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ намояд, аммо умр вафо накард. Ӯро куштанд.

21) Мунир Мируллоев (1996-2022)
Мируллоев Мунир Насруллоевич дар 26 январи соли 1996 дар деҳаи Барзуди ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Соли 2003 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи мазкур дохил шуда, соли 2014 онро бомуваффақият хатм намуд. Аз соли 2014 то соли 2018 дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Лахш адои хидмати ҳарбӣ намуд. Пас аз хидмати ҳарбӣ ба деҳа баргашту бино бар вазнин будани шароити зиндагӣ, ба Федератсияи Русия ба муҳоҷират рафт. Тирамоҳи соли 2021 Мунир барои оиладор шудан ба ватан баргашт. Худи ҳамин тирамоҳ дар деҳа тӯйро бо як шодию хурсандӣ гузаронданд. Аммо ҳайҳот! Ӯро куштанд.

22) Нусрат Завқибеков (1984-2022)
Завқибеков Нусрат Қувватбекович дар соли 1984 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Соли 1991 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳияи мазкур дохил шуда, соли 2002 онро бомуваффақият хатм намуд. Баъди итмоми мактаби миёна ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, факултаи “Сохтмони роҳ” дохил шуда, соли 2007 онро сарбаландона хатм кард. Баъди гирифтани диплом, аз рӯи ихтисоси худ дар шаҳри Душанбе ба кор даромада, чанд сол фаъолият намуд. Сипас ӯро ҳамчун мутахассиси ҷавон ва боистеъдод ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон фиристоданд. Ӯ дар зодгоҳ фаъолияташро давом дода, сипас дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ низ муддате кор кард. Солҳои охир Нусрат кори давлатро як сӯ гузошта, ба нигоҳубини модари пираш машғул буд. Ҳамзамон, барои таъмини рӯзгор ба деҳқонӣ банд буд. Тобистони ҳамин сол бо хоҳиши модари пираш бояд оиладор мешуд. Барои туй тайёрӣ низ дида буданд. Аммо сад афсӯс! Ӯро бераҳмона куштанд.

23) Салим Ширинбеков (1980-2022)
Ширинбеков Салими 42-сола, сокини деҳаи Вамар, маркази маъмурии ноҳияи Рӯшони ВМКБ буд. Ӯро низ дар он рӯзи наҳс ба тариқи бисёр ваҳшиёна ба қатл расонданд.
Номбаршудагон танҳо баъзе аз шуҳадои он рӯзи шум ба шумор мераванд, ки ба тариқи бисёр ваҳшатнок аз сӯи навкарони Раҳмон бо дастури мустақими вай – ки дар як вохӯрӣ бо мардум дар Хатлон тасреҳ кард – кушта шуданд. Мо натавонистем шарҳи ҳоли ҳамаи шуҳадоро инҷо биёварем. Дар оянда ният дорем ин корро бикунем. Бинобар ин, аз огоҳон хоҳиш мешавад, моро кӯмак кунанд, то ёду хотири шуҳадои Тоҷикистон ба фаромӯшӣ супурда нашавад.







Оре, ваҳшонияте, ки низомиён ба дастури мустақими Эмомалӣ Раҳмон дар охири моҳи май дар Рӯшон карданд, тамоми марзҳои инсониро убур карда буд.
Бо ин ҳол, оё метавон дам аз волоияти қонун зад? Ин волоияти қонун аст вақте низомиён ба ҷойи пароканда кардани тазоҳурот ё бо онҳо гуфтушунид кардану ҳарфи онҳоро шунидан, қатлу шиканҷа мекунанд ва ин амалашон беҷазо мемонад? Ин аст волоияти қонун? Пинҳон мондани чеҳраҳои низомиёни дар Бадахшон ба қатлу куштор машғул буда, далолат бар ин мекунад, ки онҳо пешакӣ иҷозаи ин ҳама ваҳшоният ва ваъдаи ба ҷавобгарӣ накашиданро гирифтаанд. Ин буд, ки ҳар чӣ мехостанд бо мардуми бегуноҳ карданд.
* * *
Шумори боздоштшудаҳо ва дастгиршудаҳои ин ҳодиса бештар аз шуҳадои он аст ва мо ҳанӯз натавонистем омори дақиқе аз боздоштшудаҳо ба даст оварем, ба хотири пинҳонкориҳое, ки ҳукумат мекунад. Фақат ба унвони намуна аз дастгирии ду нафар ном мебарем:

1) Фарҳодбеков Аъзамҷон Ширинбекович, зодаи деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, ки барои 10 сол равонаи зиндон карда шуд, гуноҳаш фақат ин будааст, ки дар соли 2020 дар тазоҳуроти Рӯшон иштирок намуда. Ва ҳарчанд он сол чизе нагуфта буданд, баъди тазоҳуроти моҳи майии Рӯшон ҳукумат иштирокчиёни тазоҳуроти чанд сол пешро ҳам ба рӯихати сиёҳ ворид намуд. Яъне рӯихати аз соли 2012 то 2020-ро низ боло кашид. Бо кадом модда суд шудани Фармонбеков маълум нест, аммо ҳукми сангини 10-сол, ки ҳатто баъзан қотилон ин қадар солро намегиранд, аз идомаи наслкушии мақомот дар Бадахшон хабар медиҳад. Падару модари солманд ва маъюби Аъзамҷон, ки писарашон ягона ноновари хонадон буд, намедонанд, ки ба кадом дар сар зананду аз бегуноҳии писарашон гӯянд. Онҳо имрӯз ягона гуноҳи писарашонро дар он медонад, ки он ҳам бадахшонӣ будан ва дар Рӯшон таваллуд шуданаш аст.

2) Ҳамчун шоҳиди ҳама қонуншиканиҳои охир дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бидуни ҳеҷ гуна асос ва ҳимояи ҳуқуқӣ зиндон шудани яке аз ҷабрдидаҳо Ҳамза Паҳлавонов, соли таваллудаш 1983-ро метавон ном бурд. Ҳамза Паҳлавонов сокини шаҳри Хоруғ, микрорайони Бойне, бо моддаи 187 ба иштирок дар созмони террористӣ ва экстремистӣ муттаҳам мешавад. Ӯро мақомот барои мусоҳиба даъват карданд ва ваъда доданд, ки пас аз пурсиши 3-соата озод хоҳанд кард. Пас аз ин дигар наздиконаш ӯро надиданд, танҳо баъд аз муддате ӯро як бор дар СИЗО-и шаҳри Хоруғ дар ҳолати хеле вазнин бар асари шиканҷа диданд. Баъди шиканҷаи сахт ҳарду пои Ҳамза сахт захмӣ шуда буданд. Ӯ ҳатто ба вакили мудофеъ дастрасӣ надошт, мурофиа бидуни ҳузури хешовандон сурат гирифт, хешовандон ҳатто дар бораи он, ки дар мурофиа чӣ рух додааст ва ба куҷо фиристода шуд, маълумот надоштанд. Пас аз даҳ рӯз аз тариқи чанд манбаъ маълумоте пайдо шуд, ки Ҳамза Паҳлавонов Музофирович ба 10 соли зиндон маҳкум шуда, ба Душанбе фиристода шудааст. Вай оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.
Добавить комментарий