Адабиёти динӣ чист?

Ба қалами Шоҳраҷаб Шоҳимӣ

Ин мавзӯъро мехоҳам тариқи суолгузорӣ матраҳ кунам: як олими динӣ дар бораи адабиёти динӣ маълумот надошта бошад, ӯ чӣ гуна олим аст?

Як донишманди динӣ дар бораи адабиёти динӣ чизе надонад, нахонад ё таълиму тадрис накунад, олим буданаш зери суол бояд равад.

Аслан вожаи “адабиёти динӣ” як вожаи авомфиребонаи дастгоҳҳои амнияту дохила дар ҶТ барои шикори уламову донишмандони динӣ истифода бурда мешавад.

Ба мақомотии амнияту дохила ва зиндон гуфтаниям, ки агар устод Зубайдуллоҳи Розиқ дар бораи адабиётҳои тиббӣ, варзишӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ сӯҳбат кунад, ки бовар дорам метавонад ва дар ӯҳдааш мебарояд, ҳатман сарзаниш ва таҳқираш мекунед, пас лоақал монед дар бораи тахуссуси худаш, ки адабиёти динӣ аст, сӯҳбату кор кунад.

Мутмаин будам, агар ин калимаи “адабиёти динӣ” забон медошт, ҳазор бор аз уламову донишмандони тоҷики мусалмон узр мехост.

Аслан адабиёти динӣ гуфта мо мусалмонон Қуръону суннат ва ҳамаи китобу дастхатту дастнависҳое, ки барои шарҳу тафсири ин ду сарчашмаи ноби исломӣ навишта шудааст, мефаҳмем.

Вақте ҳукумат ва нонхӯронаш борҳо эълон медоранд, ки (Алҳамдулиллоҳ, мо мусалмонем) ё (99 дар сади тоҷикистониён мусалмон ҳастанд) ва мусалмоне, ки аз асли худ, сарчашмаи дини худ ва адабиёти динии худ хабар надошта бошад, вой бар ҷонашу ҳазор бор вой бар ҷонаш!

Шумо зимомдорони умур дар кишвар набояд худро ва Худоро фиреб диҳед, ки гӯё шумо адабиёти ҳамаи динҳоро таҳти назорат ё таҳти назорати Маркази исломӣ ё Кумитаи дину Вазорати адлия дореду доштед, вақте мегӯед, ки 99 дар сад мусалмонем, пас автоматӣ адабиёти дигар динҳо истисно мешавад, мемонад адабиёти дини ислом.

То ба кай ин зулму ситам болои донишмандону уламои динии тоҷик?

То ба кай таҳдиду фишор болои миллати мусалмони тоҷик?

Ба умеди пирӯзии тамоми зиндониёни бегуноҳи динӣ, адабиёти динӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ!

Озодӣ ба устод Зубайдуллоҳи Розиқ!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: