Зодрӯзат хуҷаста бошад Сураҷ!

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) зодрӯзи зиндонии сиёсӣ, Сураҷ Назаровро табрик мегӯяд.

Назаров Сураҷ Хушвақтович дар таърихи 9 сентябри соли 1975 дар рустои Рохарви ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.

Вай мактаби миёнаи рақами 4-и маркази ноҳияи Ванҷро хатм ва дорои маълумоти олӣ аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон мебошад. Ӯ пас аз хатми донишкада, ба сабаби набуди кор дар кишвар, мисли ҳазорон ҷавони тоҷикистонии дорои маълумоти олӣ, ночор ба ҳиҷрат ва машғули кор шуд. Сипас ба ватан баргашт ва ба соҳибкорӣ машғул ва муддате ҳам бекор буд.

Ӯ оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Дар аввалҳои соли 2021 мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон Сураҷро ба иттиҳоми фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хусусан Фейсбук ва бознашри яке ду суханронии Муҳаммадиқболи Садриддин ва матлаби сомонаи “Ислоҳ” ва ҳамчунин матолиби Паймони Миллии Тоҷикистон боздошт ва ба 7 сол зиндон ва маҳрумият аз озодӣ маҳкум карданд.

КШНГЗС бори дигар ин зиндонии сиёсиро ба муносибати зодрӯзаш табрик ва аз даргоҳи илоҳӣ озодии ҳарчи зудтари вайро таманно мекунад.

КШНГЗС

10.09.2022

Варшава, Поланд

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: