Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ
Муддате пеш, Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро ба сабаби он ки шаб бедор мешавад ва намоз мехонад, ба ин баҳона, ки намози шаб хондан аз назари режими Эмомалӣ Раҳмон мамнӯъ будааст, ба утоқи ҷаримавӣ маъруф ба ШИЗО мунтақил намуданд; утоқе, ки ба гуфтаи огоҳон, бисёр ваҳшатнок аст ва ҳар касе тоқати истодан дар онҷоро надорад. Баъд, чанд рӯз пеш хабар расид, ки бори дигар Домуллоро ба ин утоқи ваҳшатнок мунтақил ва ба истилоҳ, муҷозот кардаанд. Ин дафъа сабаби “муҷозот”-и вай “аз ҷойи хобаш пайдо кардани китоби Қуръон ва адабиёти исломӣ буда ва ин китобҳо барои режим мамнӯъ будааст.” Оё зулм аз ин бадтар мешавад?

Дӯстон дар Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) ин ҳафтаро барои дифоъ аз ин зиндонии сиёсӣ, ки 80 сол син дорад, ихтисос додаанд. Иллати ихтисоси ин ҳафта барои вай, бо ин ки пештар ҳафтае барои ӯ ихтисос ёфта буд, ду масъала аст: яке, ҳамин моҷарост, ки дар боло ёдовар шудем, ки чанд рӯз аст Домулло дар ШИЗО қарор дорад. Ва аммо сабаби дигари ихтисоси ин ҳафта барои Домулло Зубайдуллоҳи Розиқро дар поёни ин навиштор ёдовар мешавем.
Зубайдулло Розиқов маъруф ба Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, сиёсатмадори маъруф аст. Ӯ мудири Академияи улуми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) буд. Домулло инсони бисёр огоҳ ва олим аст, ӯ қаблан имомхатиби масҷиди ноҳияи Ғозималик (Хуросони имрӯза) буд. Ҳамчунин сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” — нашрияи ҲНИТ ба шумор рафта ва низ аз аъзои Шӯрои сиёсӣ ва Раёсати ҳизби мазкур аст.
Ҳисомуддин Зубайдуллозода, фарзанди Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, ки дар ҳоли ҳозир ба унвони паноҳандаи сиёсӣ дар яке аз кишварҳои аврупоӣ зиндагӣ мекунад, чанд рӯз пеш яъне дар 8 сентябр, дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук навишта буд: “Шармандагии режими Раҳмонов, ки зӯраш ҳамеша ба муйсафедону занҳо мерасад, дирӯз 07.09.2022, падари пиронсоламро, ки дар асорати ин режими хунхор қарор дорад, боз ба ШИЗО (утоқи ҷаримавӣ) равон карданд. Сабабаш аз ҷойи хоби муйсафеди 80-сола пайдо кардани китоби Қуръон ва адабиёти исломӣ будааст. Ва ин китобҳо барои режим мамнӯъ будааст.”

Вай дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо сайти “Зиндониён” дар хусуси ин моҷаро гуфт: “Рӯзи 08.09.2022 як манбаъи мувассақ – ки намехоҳам аз ӯ ном бибарам, чун зери фишор қарор мегирад – ба ман хабар расонд, ки дар рӯзи 7 сентябр падарамро ба ШИЗО яъне утоқи ҷаримавӣ бурдаанд. Маъмурони зиндон сабаби интиқоли падарам ва мӯҳлаташро нагуфтанд.”
Ҳусомуддин афзуд: “Сипас ман аз тариқи манбаъҳои худам маълумот пайдо кардам, ки падарамро ба мӯҳлати 15 шабонарӯз ба ин сабаб, ки дар ҷойи хобаш китоби Қуръон ва аҳодиси Паёмбар (с)-ро пайдо карданд, ба унвони муҷозот ба ШИЗО бурда будаанд. Ва гӯё ба дигарон дар утоқаш аз ин китобҳо дарс гуфта, онҳоро ифротӣ мекардааст.”
Вай дар идома гуфт: “Вақте, ки журналистҳо бо кормандони зиндон тамос гирифта ва дар бораи сабаби интиқоли Домулло ба ШИЗО аз онҳо мепурсанд, онҳо мегӯянд, ки дар ҷойи хобаш адабиёти диниро нигаҳдорӣ мекунад ва аз ин китобҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудаанд, дарс мегӯяд.”
Ҳусомуддин идома дод: “Вақте журналист аз онҳо суол мекунад, ки Домулло чӣ китобҳоеро нигаҳдорӣ мекардааст ва он китобҳои дар кишвар мамнӯъ чӣ гуна дар зиндони низомаш вазнин ба дасти Домулло расида ва номи китобҳо чӣ хастанд, дар ҷавоби журналист маъмурон мегӯянд: “Ин сирри махфӣ аст.”
Гуфтанист, писари дигари Домулло, Асроруддин Розиқов низ дар ҳоли ҳозир дар зиндон қарор дорад. Ӯро дар таърихи 25 июни соли 2020 маъмурони КДАМ боздошт ва сипас дар як додгоҳи пушти дарҳои баста барои 5 сол равонаи зиндон карда буданд. Сабаби зиндонӣ кардани вай, кӯмаки пулӣ расондан ба падари зиндониаш буд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗС) дар таърихи 27 июни 2020 бо судури баёнияе, зимни шадидан маҳкум кардани иқдоми КДАМ дар боздошти Асроруддин ва дигар шаҳрвандони бегуноҳ ва таҳти фишор қарор додани онҳо, ин иқдомҳоро хилофи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ хилофи тамоми қонунҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ дониста, аз ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ махсусан Созмони Афви байналмилалӣ, тақозо намуда буд, ки бетараф набошанд ва ҳукумати Тоҷикистонро ба риояти меъёрҳои байналмилалӣ дар поймол накардани ҳуқуқи шаҳрвандон водор намоянд.

Ва аммо сабаби дигаре, ки КШНГЗС ин ҳафтаро барои Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ ихтисос дода ин аст – ва бояд гуфта шавад – ки дида мешавад, баъзе аз рӯзноманигорон ва хабаргузориҳои тоҷикзабон, дар ҳаққи Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ воқеан зулм мекунанд, илова бар зулмҳое, ки режими Раҳмон ба ӯ ва ҳамроҳонаш мекунад. Ва зулми онҳо ин аст, ки онҳо вақте аз рӯзноманигорон ва журналистҳои зиндонӣ ёд мекунанд, ҳеч номе аз сардабири нашрияи “Наҷот” — нашрияи ҲНИТ, ки дар зиндон аст, намебаранд. Гӯё журналист ва рӯзноманигор будан ба назари онҳо ба ин аст, ки одам ҳатман хатмкардаи факултети масалан журналистӣ ва ё таҳсилдидаи риштаи филология дар донишгоҳ бошад.
Оё ин азизон медонанд, ки Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ муддатҳои мадид сардабири нашрияи “Наҷот” буд? Оё рӯзноманигор будан ва ё мақоланавис будан ба ин аст, ки ҳатман ва воҷиб аст, ки шумо он риштаро дар донишгоҳ хонда бошед? Ҳарчанд матолибе, ки тавассути шумо навишта мешавад, ҳазорон бор аз мақолаҳо ва гузоришҳои рӯзноманигорони расмӣ беҳтар ва пурбортар бошад?
Домулло як одами воқеан босавод дар ин замина аст. Беҷиҳат ӯро ба унвони сардабири нашрияи “Наҷот” интихоб накарда буданд. Ӯ на танҳо ворид дар ин замина ва балки роҳнамои рӯзноманигорон буд вақте ба унвони раиси Академияи ҲНИТ фаъолият мекард.
Бинобар ин, воқеан ситам аст амсоли Домулло аз ёди хабаргузориҳо ба унвони як соҳиби қалам, ки феълан дар зиндон аст ва ба хотири қаламаш зиндонӣ шудааст, биравад.
Гуфтанист, Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ дар соли 1946 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар хонаводаи кишоварз таваллуд шудааст. Вай маълумоти миёнаро дар зодгоҳи худ ва олиро дар шаҳри Душанбе ва аммо дарсҳои диниро аз уламои маъруфи кишвар, аз ҷумла Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ фаро гирифтааст.
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ яке аз бунёнгузорони ҲНИТ ва руҳонии бонуфузи кишвар аст. Ӯ солҳои зиёд дар ҲНИТ фаъолона иштирок дошт, аз ҷумла сармуҳаррир ва муаллифи ҳафтаномаи “Наҷот”, мудири шӯъбаи илмии ҳизб, узви Шӯрои уламои ҳизб ва ҳамчунин раиси Академияи улуми ҲНИТ буд.
Вай забонҳои русӣ, форсӣ ва арабиро медонад. Оиладор аст ва 5 фарзанд дорад.
Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ баъд аз зуҳри 16 сентябри соли 2015 дар манзили худ аз ҷониби кормандони КДАМ ба иттиҳоми даст доштан дар шӯриши шаҳид генерал Ҳоҷӣ Абдулҳалим Назарзода – муовини вақти вазири дифоъи кишвар дар шаҳри Душанбе боздошт шуд. ҲНИТ ин иттиҳомро комилан рад мекунад.
Зубайдуллоҳи Розиқ — узви шӯрои сиёсӣ ва раёсати ҲНИТ, мудири бахши илмии ҲНИТ, исломшинос, собиқ имомхатиби масҷиди ноҳияи Ғозималик, собиқ сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” буд. Ӯро ба иттиҳомоти сохта ва бофта дар додгоҳи пӯшида ба 25 соли зиндон маҳкум карданд.
#Ҳафтаи_Зубайдулло_Розиқов
#Озодӣ_ба_Зубайдулло_Розиқов
#Свободу_Зубайдулло_Розикову
#Free_Zubaydulloh_Roziq
Добавить комментарий