Панҷ хислати устод Зубайдуллоҳи Розиқ

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ

Илҳом Ёқубзода

Оё Шумо Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносед? Ман ифтихор аз он дорам, ки ин шахсияти бузург ва қаҳрамони даври мо устод Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносам. Ӯ як қаҳрамони зинда аст, олиму донишманд, мутафаккир, руҳонӣ, исломшинос, сиёсатшинос ва рӯзноманигор. Пеш аз ҳама номи ин бузургворро мешунавам ва ё мехонам, чеҳраи зебо ва хандонрӯи ӯ ба ёдам меояд. Инҷо мехоҳам чанд сифате аз ин бузургвор гуфта бошам:

1) Сифати аввал: табассум. Зубайдуллоҳи Розиқ хамеша дар ҳар ҳолат чеҳраи ботабассуме доштанд, то андозае, ки ҳеч касро мисли ӯ табассумкунанда надидам; табассуме, ки ба чеҳраашон ҳусн мебахшид ва табассуме, ки ибодат ва садақа низ ба шумор меравад. “Табассум ба рӯйи бародарат садақа аст.” (Ривояти Паёмбар (с), Имом Тирмизӣ (р)) Бале, то андозае табассумкунанда буданд, ки бинандаи ин табассум гӯё фикр мекунад, ки мисли Паёмбар (с) табассум дорад, зеро аз Абдуллоҳ ибни Ҳориса (р) ривоят шудааст, ки мегӯяд: “Ҳеч касеро ба андозаи Расуллуллоҳ (с) табассумкунанда надидаам”.

2) Сифати дуввум: риоят кардани зебоӣ дар сару либос. Ҳар касе устод Зубайдуллоҳи Розиқро мешиносад, медонад, ки либоси оддӣ, вале хеле шинаму покиза ва бӯйи хуше доштанд ва ба чеҳраи нуронии он кас ин либосҳои оддӣ зебогӣ ва таровати хосс мебахшид. Паёмбар (с) фармудааст: “Парвардигор зебост ва зебоиро дӯст медорад”. Ҳазрати Умар (р) мефармояд: “Маро аз шахси хушбӯ ва хушлибос хуш меояд”.

Илҳом Ёқубзода, фаъоли сиёсӣ, узви Шӯрои ПМТ, раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо

3) Сифати севвум: пешдастӣ дар салом. Зубайдуллоҳи Розиқ дар салом гуфтан ба хурду бузург кӯшиш мекарданд пешдастӣ кунанд; саломе, ки бо табассум, истиқболи гарм ва фишурдани даст.

Ибни Умар (р) вақте ба кӯча мебаромад, ба ҳар хурду калон салом мекард. Ҳасани Басрӣ (р) мегӯяд: “Даст додан муҳаббатро зиёд мекунад”. Паёмбар (с) мефармояд, ки ҳеч амали хубро беарзиш надонед, ҳатто агар он амал бархӯрд бо бародарат бо рӯйи кушода бошад. Расулуллоҳ (с) фармудааст: “Даст бидиҳед, то кина аз байн биравад ва ҳадия бидиҳед, то азиз шавед ва душманиро аз байн бибаред ва ҳамаи инҳо ба чеҳраи кушода вобаста аст”.

4) Сифати чорум: хомӯшӣ, хушрафторӣ, ҳарфи хуб ва хуб гӯш кардан. Зубайдуллоҳи Розиқ сифате доштанд, ки аксарият ин сифатро надорад ва ин сифат сифати хосси бузургон аст. Хомӯшӣ, хушрафторӣ ва ҳарфи хуб гуфтану хуб гӯш кардани сухан. Ҳар вақте утоқи кории ин абармард мерафтам, китобе ё рӯзномаеро мутолеа доштанд. Аз баланд сӯҳбат кардан ва бисёр ҳарф задан парҳез мекарданд. Хушгуфтору хушрафтор ва хеле камсухан, вале бо ду ҷумла ҳарфи дунёро баён мекарданд. Паёмбар (с) фармудаанд: “Хушрафтор ва камсухан бош. Зеро савганд ба Худо, ки ҳеч ахлоқе зеботар аз ин ду нест”. Истеьдоди хуб гӯш кардани суханро низ доро буданд, ҳеч вақт зарфи касеро қать намекарданд.

5) Сифати панҷум: некӣ кардану гумони нек доштан. Яке аз сифатҳое, ки доштанду доранд, ин некӣ кардану гумони нек доштан. Ҳар вақт пеши он ҳазрат мерафтам, ҳатман китобе ё шириние ҳадя мекарданд ва ҳамеша ба некӣ кардану баровардани ниёзи мардум насиҳат мекарданд. Ва бегумон яке аз бонафътарин инсон барои мардум ҳастанд. Тибқи шаҳодати зиндонбонҳо, ҳатто дар зиндон барои зиндониён нафъе доранду таьлиму тадрис, ки боиси хашми сахти мақомдорони “тоҷик” шудаасту имрӯз устод Зубайдуллоҳи Розиқро ба утоқи ҷаримавӣ банд кардаанд.

Паёмбар (с) фармудааст: “Маҳбубтарини мардум дар назди Аллоҳ бонафътарини онҳо барои мардум аст.” Аллоҳ мефармояд: “Некӣ кунед, ки Аллоҳ накӯкоронро дӯст медорад.”

Афсӯс, ки чунин як шахсияти бузурги таьрихӣ, дорои сифатҳои беҳтарини инсонӣ, олим, мутафаккири тоҷик дар чангу асорати зимомдорони золим, ҳукуматдорони бераҳму шавқат, қотилон, дуздону фосидон афтодааст ва инак беш аз ҳафт сол дар зиндон, пушти панҷарахои оҳанин, дар утоқи танг, торику нам зиндонӣ аст!

Дер ё зуд миллати тоҷик аз ин золимони аср, дуздони нобакор, фосидони пулмаст, қотилони ваҳшӣ қасди худро ИншаАллоҳ хоҳад гирифт.

#Ҳафтаи_Зубайдулло_Розиқов

#Озодӣ_ба_Зубайдулло_Розиқов

#Свободу_Зубайдулло_Розиқову

#Free_Zubaydulloh_Roziq

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: