Ҳушом Ғулом кист?

Ба муносибати Ҳафтаи Ҳушом Ғулом

Ҳушом Ғулом дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар дар бораи таъриху забонҳо ва фарҳанги мардуми Помир матлаб нашр мекард. Ӯро боздошт ва зиндонӣ карданд. Танҳо “гуноҳи” вай ин буд, ки ӯ баъди ҳаводиси Хоруғу Роштқалъа, аз дархости эътирозгарони Хоруғ, ки ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкорони марги Гулбиддин Зиёбеков ва бардоштани посгоҳҳоро талаб доштанд, ҳимоят карда буд ва дигар ҳеч…

Хушрӯз Ҷумъаев, ки ба номи мустаори Ҳушом Ғулом маъруф аст, мутаваллиди 1 январи соли 1998 аст. Вай дар пойтахт, шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард. Ҳушом Ғулом набераи Шодавлат Шодавлатов, собиқ раиси ВМКБ, ки дар таърихи 14 марти соли ҷорӣ (2022) аз дунё чашм пӯшидааст мебошад.

Номи ӯ барои бори аввал дар таърихи 20 марти соли 2022 расонаӣ шуд замоне ки ӯро боздошт ва сипас раҳо карда буданд. Дар гузорише дар 20.03.2022, ӯро дар шаҳри Хоруғ дастгир карданд. Сабаби боздошти вай маълум нест. Дар он таърих, Алим Шерзамонов, аз роҳбарони оппозитсияи тоҷик, барои нахустин бор хабари боздошти Ҳушом Ғуломро нашр карда буд. Ӯ навишта буд, Ҳушом дар 20 марти 2022, соати тақрибан 13, дар шаҳри Хоруғ дастгир шуд. Ба гуфтаи ӯ, Ҳушом Ғулом баъди ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 аз Душанбе ба Бадахшон рафта, бо аъзои комиссияи 44, ки аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои музокирот бо мақомот ва назорати ҷараёни иҷрои талабҳои эътирозгарони Хоруғ ташкил шудааст, фаъолона ҳамкорӣ дошт.

Гуфтанист, баъди эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Бадахшон чандин нафар аз фаъолони бадахшонӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Аз ҷумла варзишгари маъруфи зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев ва яке аз роҳбарони ҷамъияти бадахшониҳои Русия Амриддин Аловатшоевро аз Русия оварданд ва чандин нафари дигар, аз ҷумла Содиқ Амадбеков ва Тӯтиё Амиршоев дар фурудгоҳи Душанбе ва узви комиссияи 44 Ифтихор Саидбеков дар Хоруғ дастгир шуданд.

Бино ба гузориши 21 марти 2022, Ҳушом Ғуломро раҳо карданд. Мақомот хабари боздошту раҳоии ин блогери бадахшониро расман шарҳ надодаанд. Алим Шерзамонов дар 21 марти 2022 дар сӯҳбат бо пойгоҳи хабарии Бомдод, тафсилоти раҳоии Ҳушом Ғуломро нақл кард. Вай гуфт: “Бино ба иттилои расида, аз соати даҳи субҳ бо ёздаҳи шаб бозпурсӣ карда, баъд ҷавобаш додаанд. Вале бозпурсии ӯ дар бинои раёсати КДАМ гӯё бидуни протокол, дар шакли сӯҳбат баргузор шудааст. Прокурор низ ба идораи КДАМ омада, Ҳушом Ғуломро ҳаминҷо бозпурсӣ кардааст.”

Боздошти дуюм бори Ҳушом Ғулом

Бар асоси гузориши 20 майи 2022, кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона (УБОП, собиқ шӯъбаи шашум)-и ВКД Тоҷикистон, дар таърихи 19 майи 2022 дар шаҳри Душанбе Хушрӯз Ҷумъаев, маъруф ба Ҳушом Ғулом, блогери зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дастгир кардаанд.

Бино бар ин гузориш, ин боздошти дуюми Ҳушом буд. Ба гуфтаи хешовандони вай, баъди он боздошти аввал Ҳушом Ғуломро ба хотири амнияташ ба Душанбе фиристоданд, вале мақомот ин дафъа ӯро дар пойтахт пайдо карданд. Хешовандонаш мегӯянд, онҳое, ки барои бурдани блогер омаданд, худро аз УБОП муаррифӣ карданд, вале бо гузашти як шабонарӯз аз бурдани Ҳушом Ғулом, ВКД Тоҷикистон дар бораи боздошти ӯ ва ба чӣ айбдор ё гумонбар шуданаш иттилои расмие то ҳол нашр накардаанд.

Маҳкум шудани боздошти Ҳушом Ғулом аз сӯи Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ)

Бар асоси гузориши 12 августи 2022, Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) дар таърихи 11 августи соли 2022 дар як изҳорот гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд журналистон Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев, мутахаллис ба Ҳушом Ғуломро билофосила озод карда, ҳама иттиҳомоти зидди онҳоро бекор кунанд ва таъқиботи пинҳонии журналистонро бас кунанд.

Ҷодӣ Гинзберг, президенти Кумитаи дифоъ аз журналистон дар қароргоҳи марказии ин созмони байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорк гуфт: “Мақомоти Тоҷикистон бояд Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаевро озод карда, иттиҳомоти зидди онҳоро бекор кунанд ва пардаи асрорро аз рӯи парвандаҳои онҳо аз байн бардоранд.

Ӯ афзуд: “Журналистони помирӣ ва ҳамаи журналистон дар Тоҷикистон бояд имкони озодона анҷом додани кори худ дар баробари амалиёти ҳукумат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дошта бошанд.”

Дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев, боз дастикам 4 журналисти дигар дар ҳабс қарор доранд: Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода. Кумитаи дифоъ аз журналистон қаблан озодии он 4 журналисти тоҷикро ҳам талаб карда буд, вале Душанбе ба даъвати ин созмон гӯш надод.

Бино бар ин гузориш, то 11 августи 2022 мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти Ҳушом Ғуломро расман ягон шарҳ надодаанд. Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки ӯро гӯё ба даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ айбдор мекунанд. Моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ин то 15 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Манобеи огоҳ аз ин ду парванда ба Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфтаанд, мақомот парвандаҳои ҳар ду журналистро мӯҳри махфӣ зада, аз адвокатҳои онҳо забонхат гирифтаанд ва аз ин рӯ, на расонаҳо ва на хешовандони Мамадшоева ва Ҷумъаев дар бораи иттиҳомоти ба зидди онҳо эълоншуда ягон маълумоти дақиқ ба даст оварда наметавонанд.

Хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд, Мамадшоева ва Ҷумъаев барои чанд тарҳи фарҳангию матбуотӣ ва лингвистӣ дар Бадахшон кор мекарданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳароити иҷтимоию сиёсӣ дар ин минтақаи мухтор мақолаҳо менавиштанд.

Бино бар ин хабар, субҳи 19 майи 2022 як нафар худро устои барқ гуфта, дари хонаи Хушрӯз Ҷумъаевро кӯфт. Вақте ки журналист дарро кушод, кормандони мақомот вориди хона шуда, дастони ӯро тоб дода, ба берун бароварданд ва ба як мошин бор карда бурданд. Танҳо баъди 5 рӯз наздикони журналист хабар ёфтанд, ки ӯро кормандони УБОП дастгир кардаанд.

Рӯзи 23 май Ҳушом Ғулом барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Яке аз дӯстонаш ба Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфт, ки ӯ баъди ҳабси Мамадшоева нигарон буд, ки акнун навбати ӯст, вале мегуфт, ягон кори ғайриқонунӣ накардааст.

Кумитаи дифоъ аз журналистон бо дархости шарҳи парвандаҳои ин ду журналист ба ВКД ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ расман нома фиристодааст, вале то ҳол посухе нагирифтааст.

#Ҳафтаи_Ҳушом_Ғулом

#Озодӣ_ба_Ҳушом_Ғулом

#Свободу_Хушому_Гуляму

#Free_Hushom_Ghulam

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: