Таъқиб ва таҳдиду фишор ба хабарнигоронро бас кунед!

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони боздоштшуда

Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва низ чанд созмони хабарнигорӣ боздошти чаҳор журналист: Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абудусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро “таъқиби ҳукумат барои танқид” номида, айбҳои эълоншуда нисбати онҳоро беасос донистаанд. Режими Эмомалӣ Раҳмон дар се моҳи охир ҳафт блогеру рӯзноманигорро дастгир кардааст. Хабарнигорони дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гаштааст ва худашон ҳушдор гирифтаанд. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқиб ва таҳдиду фишор ба хабарнигоронро бас кунад. Мақомот посухе надодаанд.

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) ин ҳафтаро барои дифоъ аз рӯзноманигорон ва блогерони боздоштшуда ихтисос додааст. Дар ин навиштор кӯшиш шудааст, гузориши нисбатан кӯтоҳе дар бораи онҳо ироа бишавад.

Ӯро “шаппотӣ ва мушт” заданд

Бино бар гузорише дар 4 июни 2022, Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери шинохтаи тоҷик, гуфт, мақомоти интизомӣ ӯро панҷ соат боздошт ва бозпурсӣ кардаанд ва ба гуфтаи ӯ, ӯро “шаппотӣ ва мушт” заданд. Вай изҳор дошт: “Аз се шаппотӣ ва як мушт ҳамагӣ аввалашро дар ёд дорам. Дар қисмати рости рӯям буд, болои гӯш. То субҳ таъсири дардаш истод.” Далер бо наворҳояш дар бораи мушкилоти мардум маъруф шуда ва соҳиби ҷоизаи “Эътимод”-и як созмони хабарнигорони Тоҷикистонро соҳиб шуда буд.

Бар асоси гузорише дар 5 июни 2022, Далери Имомалӣ гуфт, тасмим гирифтааст, муваққатан дар саҳифааш дар Ютюб навор нагузорад.

Даҳ созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақилу давлатии Тоҷикистон аз мақомот хостанд, ки сабабгорони латукӯби Далери Имомалӣ ва ҳамчунин Муллораҷаб Юсуфиро, ки ӯ низ латукӯб шуда буд пайдо карда, ҷазо диҳанд. Дар баёнияи онҳо ба масолие чун: маҳдуд кардани расонаҳо барои бозтоби воқеаҳои ВМКБ, ба бозпурсӣ даъват шудани баъзе хабарнигорон, монеъ шудан ба фаъолияти рӯзноманигорон ва мусодираи телефону дастгоҳҳои наворбардории онҳо ишора шудааст.

Зери ин баёния Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, Созмони ҷамъиятии “Хома”, Созмони ҷамъиятии “Машварати расонавӣ”, Медиа Алянси Тоҷикистон, Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”; Рӯзномаи “Садои мардум”, Ҳафтаномаи “СССР” ва ҳафтаномаи “Минбари халқ” имзо гузоштаанд.

Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро бо худ мебаранд

Бар асоси гузорише дар 15 июни 2022, шоми 15-уми июн дар Душанбе кормандони додситонии ноҳияи Шоҳмансур ду журналист ва блогери тоҷик – Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатиро бо худ бурданд. Мақомот аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд ва нагуфтанд, ки ба чӣ сабаб онҳоро бурдаанд.

Бино бар хабари 16 ибни 2022, Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ аз сӯи мақомот боздошт шудаанд. Алайҳи Далери Имомалӣ бо иттиҳомҳои “фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ” ва “дидаву дониста додани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят” бар асоси моддаҳои 259 қисми 1 ва 346 қисми 2 банди А-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Рӯзноманигор Абдулло Ғурбатиро бар асоси моддаи моддаи 328, қисми 1, яъне “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар донистаанд.

Ба гуфтаи вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов, Абдулло Ғурбатӣ дар вақти бозпурсӣ иттиҳоми алайҳаш эълоншуда дар бораи “зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият”-ро рад кард.

Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ давоми чанд моҳи охир фаъолона дар бораи кори идораҳои мухталифи давлатии Тоҷикистон гузоришҳои видеоии танқидӣ омода мекарданд ва ин барномаҳои онҳо тамошобини зиёд дорад.

Дар вокуниш ба иттиҳомот, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохта навишт: “Ду нафар самимонаву содиқона ва беғаразона рисолати касбии худро иҷро мекарданд ва исбот менамуданд, ки дар дохили кишвар ҳоло ҳам василаҳои гуфтани воқеиятҳо вуҷуд дораду барои гуфтани “ҳақиқат” набояд ба гурӯҳҳои иртиҷоиву мухолиф рӯ овард. Дар сурати ниқорталабона муносибат кардани мақомоти Тоҷикистон ба ин ду нафар, танҳо онҳо ба нерӯҳои беруна далел хоҳанд доду бас.”

Вокунишҳо аз беруни Тоҷикистон

Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) боздошти блогеру хабарнигорони тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хост, онҳоро озод кунад.

Петра Гаспарова, муовини раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон низ гуфт, аз ин қазия ва ҳодисаҳои дигари вобаста ба кори хабарнигорон огоҳанд. Вай афзуд: “Мо аз озодии баён ва кори журналистони мустақил ҳамчун авлавияти бахши ҳуқуқи башари Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ мекунем, зеро матбуоти озод ҷомеаро бештар демократӣ, нерӯманд ва гуногун месозад ва василаи хубе барои ҳимояти ҳуқуқи инсон мешавад.”

“Бунёди Бузургмеҳр” аз Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) хост, ба фишору боздошти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон расидагӣ кунад. Ин созмони мустақар дар Аврупо рӯзи 17-уми июн гуфт, дар як моҳи охир дар Тоҷикистон дастикам чаҳор журналисту блогер дастгир ё ба самти номаълум бурда шуда, чанд хабарнигори дигар латукӯб ва таҷҳизоташон рабуда шудааст.

Далери Имомалиро ҳабс карданд

Далери Имомалиро ба “ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ” (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ) гумонбар дониста, ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ин хабарнигору блогер борҳо дар сӯҳбатҳои видеоияш гуфтааст, бо ягон ҳизбу гурӯҳе ҳамкорӣ надорад ва танҳо рисолати хабарнигории худро анҷом медиҳад.

Ва ин дар ҳолест, ки шинохтатарин созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ дар Тоҷикистон ҳама гуна ҳамкорӣ бо Далери Имомалиро рад карданд.

Бобоҷон Қаюмов, фаъоли Паймони миллии Тоҷикистон ва сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломӣ гуфт, “Далер мустақим ё ғайримустақим бо ҲНИТ робита надошт. Аммо мавқеи Далери Имомалӣ ҳамон мавқеъ буд, ки ҳаракатҳои озодихоҳ доштанд. Ӯ адолат мехост, дигар созмонҳо низ. Дигар робитае байни онҳо вуҷуд надорад.”

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, масъули ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт, Далери Имомалӣ ҳеч вақт узв ва ҳамкори онҳо набуд ва бо ин созмон робитае надошт.

Коршинос Абдумалик Қодиров гуфт: “Ростӣ, ҳеч гумон намекардам, ки бархӯрди мақомот ба қазияи Далер ва Абдуллоҳ чунин мешавад. Ба назар мерасад, дар “боло” тасмим гирифтаанд, ки “Тоҷикистонро аз мунаққидон ба пуррагӣ пок кунанд” ва ҳабси Далер аввали кор аст. Агар ин танҳо “гирифтани алови чашми дигарон” аст, як дард аст, вале агар “оғози маъракаи густарда” аст, пас, оқибати чунин “маърака” барои ояндаи кишвар хатарнок аст.”

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум шуд

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 2 моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Мақомоти тафтишотӣ ба додрас гуфтаанд, дар бораи Абдуллоҳ Ғурбатӣ “баъзе маълумотҳо” доранд. Баъди ин Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур иҷоза додааст, то Абдуллоҳ Ғурбатӣ ду моҳ ба ҳабс гирифта шавад. Мақомот Абдуллоҳ Ғурбатиро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯё як корманди милисаро дар бинои бахши корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур латукӯб кардааст. Иддаое, ки худи Абдуллоҳ онро рад мекунад.

Додгоҳи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ бегоҳи 18 июни 2022 дар шароити мармуз баргузор шуд. Вакили дифоъ аввал гуфт, мурофиа дар бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешавад. Вале вақте наздикон ва рӯзноманигорон ба назди ин бино омаданд, маълум шуд ки аввал мурофиаи Далери Имомалӣ дар бинои Додгоҳи Шоҳмансур гузаштааст.

Бо шунидани ин хабар пайвандон ва рӯзноманигорон ба назди додгоҳ ҳозир шуданд, аммо то он вақт аллакай мурофиаи Далери Имомалӣ ба поён расида, ӯро дар мошини сиёҳшиша ба боздоштгоҳ бурданд.

HRW аз Тоҷикистон хост, блогерҳоро озод кунад ва фишор ба расонаҳоро поён диҳад

Бино бар гузориши 22 июни 2022, Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), созмони мудофеи ҳуқуқи инсон, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки блогерҳои тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро “фавран” озод кунад. Ин созмон мегӯяд, ки ин ду рӯзноманигори тоҷик ба хотири фаъолияти касбиашон боздошт шудаанд. Human Rights Watch ҳамчунин аз мақомоти тоҷик хостааст, ки фишор ба расонаҳо ва хабарнигоронро поён диҳад.

“Огоҳии охирин” барои Абдусаттор Пирмуҳаммадзода

Бар асоси хабари 8 июли 2022, маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро бозпурсӣ, хонаашро кофтукоб ва телефонашро мусодира карданд. Мақомот сабаби чунин тасмимро нагуфтанд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигори пешини Радиои “Садои Душанбе”, моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президент маъруф шуд. Он замон гуфта буд, ки аз ночорӣ таксӣ меронад, вале аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва баҳудаву беҳудаи нозирони роҳ ба дод омадааст.

Завқибек Саидаминӣ боздошт шуд

Бино бар гузориши 9 июли 2022, Завқибек Саидаминӣ, хабарнигор ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, шоми 8 июл дар Душанбе боздошт шуд. Наздиконаш 9-уми июл гуфтанд, ки ӯро аз назди як Маркази шустушӯи нақлиёт боздошт карда, ба шаҳри Ваҳдат бурданд. Як тан аз наздиконаш гуфт, Завқибек он бегоҳ ҳамроҳ бо як ҳамсинфаш мошинашонро мешустанд, то барои таҷлил аз Иди Қурбон ба зодгоҳаш, деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун, бираванд. Мақомот ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Завқибек Саидаминии 37-сола солҳо дар нашрияҳои мустақил ва Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Пас аз тарки кор дар телевизиони давлатӣ ӯ дар як дӯкони хурд тиҷорат дошт ва дар бинои навсохте дар Душанбе ба ҳайси ронандаи крани борбардор кор мекард, вале пайваста дар мавзӯъҳои гуногун назарҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекард.

КШНГЗС ва “Бунёди Бузургмеҳр” боздошт ва ҳабси хабарнигоронро шадидан маҳкум карданд

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ва низ Бунёди “Бузургмеҳр” ҳар як ба таври ҷудогона бо судури баёния, боздошти Завқибек Саидаминӣ ва бозпурсии Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро шадидан маҳкум карданд.

Бунёди “Бузургмеҳр” фишор болои рӯзноманигоронро ба фаъолияти расонавии онҳо рабт дод.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро ба бозпурсӣ бурда, ҷавоб надоданд

Бино бар хабари 10 июли 2022, маъмурони интизомӣ дар шаҳри Ваҳдат Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро дар таърихи 9-уми июл дигарбора ба бозпурсӣ даъват карда, ӯро ҷавоб надоданд.

Ба иттилои шахсони наздик ба хонаводаи Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, фишор ба ӯ дар се ҳафтаи охир ва баъди наворҳояш дар бораи хабарнигорони боздоштшуда – Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ – афзудааст.

Ҳукумат Пирмуҳаммадзодаро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. Абдукарим Пирмуҳаммадзода, бародари Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфт, бародараш “танҳо ҳақиқатро мегуфт”.

Ба ӯ бисёр гуфтанд, ки гап назан. Вай барои ислоҳи камбудӣ мегуфт. Мақомоти мо баръакс карданд. Бародари ман ифротгаро набуд. Ҳама наворҳояш ҳаст, ягон касро ба муноқиша даъват накардааст. Мақомоти мо ошкоро гӯянд, ки барои чӣ ҳамин иттиҳомро ба бародари ман заданд. Худам дар ҳолати шок ҳастам,” – афзуд ӯ.

Абдукарим Пирмуҳаммадзода гуфт, чанд рӯз пеш аз боздошт бародари ӯро дар идораи пулиси Ваҳдат шиканҷа карданд ва ӯ ба Вазорати корҳои дохилӣ шикоят карда буд. Ҳодисае, ки ба гуфтаи пайвандони Пирмуҳаммадзода таҳқиқ нашуд ва баръакс “ӯро чап гирифтанд.”

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки дар бораи куҷо будани хабарнигорон, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, маълумот дода ва фавран онҳоро аз боздошт раҳо кунад.

Эълони иттиҳоми нав ба зидди Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Абдуллоҳ Ғурбатиро ба узвият дар Ҳизби наҳзати исломӣ гумонбар донист. Масъулони ҲНИТ гуфтанд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳеч гоҳ узв ё ҳамкори онҳо набуд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, намояндаи ҲНИТ, дар таърихи 19-уми июли 2022 гуфт: “Абдуллоҳ Ғурбатӣ узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нест ва ҳеч гоҳ узви ин ҳизб набуд. Инҳо ҳама туҳматҳои беасос ва сохта ҳастанд.”

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз ҳукумат хост, хабарнигоронро фавран озод кунад

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро озод кунанд.

Изҳороти Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон рӯзи 21-уми июл нашр шуд. Гулноза Саид, ҳамоҳангсози созмон барои кишварҳои Осиёӣ Марказӣ ва Аврупо, гуфтааст, чаҳор хабарнигор “ноадолатиҳои иҷтимоӣ”-ро бозтоб медоданд.

Ба ифротгароӣ муттаҳам шудани онҳо шубҳаовар аст ва тарсро аз мавҷи нави саркӯби матбуот дар Тоҷикистон ба миён овардааст,” – гуфт Гулноза Саид. “Ягона гуноҳи онҳо гузориш додан дар мавзӯъҳои ҳассос аст,” — афзудааст ӯ.

“Гузоришгарони Бидуни Марз” парвандаи чор хабарнигорро “қалбакӣ” хонд

Созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” (Reporters Without Borders) боздошти хабарнигорони тоҷик бо гумони пайвандӣ бо созмонҳои ифротгароро маҳкум кард. Ин созмон боздошти онҳоро усуле барои “тарсондани журналистон” номид.

Жана Кавела, раҳбари бахши Осиёи марказии Созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” гуфт, Тоҷикистон бояд ба боздошти хабарнигороне, ки камбудиҳоро ошкор мекунанд, хотима диҳад. Созмон аз афзоиши таъқибу фишор болои журналистон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, гуфт, “бо ҳадафи бастани даҳони хабарнигорон онҳоро бо иттиҳоми бардурӯғ боздошт мекунанд.”

Журналистони боздоштшуда чӣ ҳол доранд?

Бино ба гузорише дар 15 августи 2022, наздикони Далери Имомалӣ гуфтанд, ки вай дар боздоштгоҳ саломатиаш хуб нест ва аз нафастангӣ шикоят дорад.

Пайвандони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода гуфтанд, ки ҳар рӯз барояш ғизо мебаранд, вале хеле шуд, мулоқот накардаанд.

Мубораки Қосим, ҳамсари Абдулло Ғурбатӣ гуфт: “Ду ҳафта шуд, ки барои вохӯрӣ меравам, вале додситон иҷозат намедодаст. Муфаттиш гуфт, рӯзи қабул равам, шояд иҷозат медиҳад. Лекин ду бор дар рӯзи қабул рафтам, додситон набуд. Дирӯз додситон иҷозатнома дод, вале вақте рафтам, гуфтанд, ки парванда ба додгоҳ рафтааст ва танҳо бо иҷозаи додрас метавонам, бо шавҳарам вохӯрам.”

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_рӯзноманигорони_боздоштшуда

#Озодӣ_ба_рӯзноманигорони_боздоштшуда

#Озодӣ_ба_Далери_Имомалӣ

#Озодӣ_ба_Абдуллоҳ_Ғурбатӣ

#Озодӣ_ба_Завқибек_Саидаминӣ

#Freedom_for_jailed_journalists

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: