Шӯҳрати Раҳматулло, фаъоли сиёсӣ ва рӯзноманигори маъруф, дар ҳошияи нишасти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар ин рӯзҳо дар Варшава, пойтахти Лаҳистон (Поланд) дар ҳоли баргузорӣ аст, бо гузоштани се акс дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, дар бораи маҷаллаи ахири Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС), ки дар бораи фоҷеаи Бадахшон аст, изҳори назар кардааст.
Изҳори назари вай ба ин шарҳ аст:
“Ин нашрия бо номи “Наслкушӣ дар Бадахшон” аз тарафи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар ҳаҷми 96 саҳифа ва бо забони тоҷикӣ ва англисӣ мунташир шуда. Дар он аз ҳодисаҳои ВМКБ, қатли омми мардуми онҷо, шаҳидону боздошти даҳҳо тан аз фаъолони ин минтақаи зебои кишварамон нақл мекунад.
Дар долони маҷлисгоҳи САҲА ҳаминхел маҷаллаҳои зиёде дида мешавад, ки бо акси Эмомалӣ Раҳмон чанде аз гӯшаҳоро пур карда.
Ин нашрия бо номи “Наслкушӣ дар Бадахшон” аз тарафи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар ҳаҷми 96 саҳифа ва бо забони тоҷикӣ ва англисӣ мунташир шуда, дар он аз ҳодисаҳои ВМКБ, қатли омми мардуми онҷо, шаҳидону боздошти даҳҳо тан аз фаъолони ин минтақаи зебои кишварамон нақл мекунад.
Дар ин маҷалла назару пешниҳодҳои чанде аз коршиносони тоҷик нашр шудааст.
Дар саҳифаи 30-и он чашмам ба сурати Раҳмон афтид, ки дар паҳлӯяш навишта шуда: “МАН ФАРМОНИ ОТАШКУШОДАНРО ДОДАМ!” Ҳамоне, ки дар як нишаст бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ҷараёни суханронияш бо ифтихор ин фармони додаашро нақл мекард.
Акс бо Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон.
Варшава-2022”


Гуфтанист, ахиран КШНГЗС маҷаллае ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар бораи ҳаводиси Бадахшон мунташир кард:
Добавить комментарий