Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони боздоштшуда
Абдуманнон Шералиев, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, бо ишора ба боздошти чаҳор рӯзноманигор ва блогери маъруф аз сӯи режими Раҳмон, навишт: “Аз 9 миллион сокини кишвар ҳазор нафар пайдо нашуд, ки садои эътироз баланд ва аз онҳо ҳимоят кунад.” Вай афзуд, мардуме, ки ин чаҳор нафар мекӯшиданд, то садои онҳо ба гӯши ҳокимон расад, комилан фаромӯшашон кард.
Матни ёддошти Абдуманнон Шералиев ба шарҳи зерин аст:

“Таърих бар бораи Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ хоҳад гуфт: ин чаҳор ҷавонмарди диловар, ватандӯст, содиқ ва боимон охирин гурӯҳе буданд, ки кӯшиданд садои мазлум ба гӯши золим бирасад. Онҳо бо вуҷуди риски зиёд ба озодӣ, ҷон ва хонаводаашон садои эътироз алайҳи зулми саросарӣ баланд мекарданду ҳар таҳдидеро нодида мегирифтанд, то охирин шӯълаи умед дар кишвари мазлумони худбохта хомӯш нагардад. Аммо режим бедаранг онҳоро низ ба зиндон кашид ва фарзандони кӯчакашонро зиндаятим сохт. Аз 9 миллион сокини кишвар ҳазор нафар пайдо нашуд, ки садои эътироз баланд ва аз онҳо ҳимоят кунад. Ҳамагӣ баъди як моҳи боздошт мардуме, ки ин чаҳор нафар ба баҳои озодиашон мекӯшиданд садояшро ба ҳокимон расонад, комилан фаромӯшашон кард.
Наберагону аберагони мо, ки бо даҳҳо забони дигар ба ҷуз тоқикӣ сӯҳбат хоҳанд кард, вақте дар бораи таърихи ватани аздастрафтаи аҷдодонашон бихонанду ба ин ҷо бирасанд, хоҳанд гуфт: ин ҳам яке аз сабабҳое, ки аҷдодони беурзаву тарсуи мо ватан, миллат ва забонашонро барои ҳамеша аз даст додаанд ва моро дар гӯшаву канори одам пароканда кардаанд.”
#Ҳафтаи_дифоъ_аз_рӯзноманигорони_боздоштшуда
#Озодӣ_ба_рӯзноманигорони_боздоштшуда
#Озодӣ_ба_Далери_Имомалӣ
#Озодӣ_ба_Абдуллоҳ_Ғурбатӣ
#Озодӣ_ба_Абдусаттор_Пирмуҳаммадзода
#Озодӣ_ба_Завқибек_Саидаминӣ
#Freedom_for_jailed_journalists
Добавить комментарий