Рустами Ҷонӣ
24-уми июн ду журналисти помирӣ, Муяссар Садоншоев 11 сол ва Ифтихор Саидбеков 10 сол ҳукми ҳабс гирифтанд.
Суди саркӯбгар онҳоро бо банди «хиёнат ба ватан» гунаҳкор донист.
Ин ду ҷавон, ба қавли мақомоти тоҷик, муроҷиатҳои «Комиссияи 44»-ро навор мегирифтанд, танзим карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекарданд.
Муҳтавои ин муроҷиатҳо қонунӣ буданд ва кирдори ин ду ҷавон мухолифи ҳич ҷои қонун нест.
Муяссар ва Ифтихор кореро мекарданд, ки ҳар журналисти масъул дар чунин вазъ бояд кунад.
Барои баёни воқеият ва расондани паёми зарур суди тоҷик онҳоро зиндон кард.
Барои ҳукумати Тоҷикистон гуфтани воқеият ва расондани иттилооти зарурӣ, ки ҳич рабте ба асрори давлат надорад «хиёнат» таъбир мешавад, ки хело таассуфовар аст.