Ин чӣ гуна адолати судӣ аст?

Фарҳод Худоёров

Ба муносибати Ҳафтаи дифоъ аз рӯзноманигорони боздоштшуда

Беқонунӣ ва ҷиноят аз ҷониби мақомоти қудратӣ дар Тоҷикистон ба авҷи аъло расидааст. Далели ин гуфтаҳо журналистони боздоштшуда Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳамадзода, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Сайидаминӣ, Mуҳаммадсултон Малоназаров, Улфатхонум Мамадшоева, Ҳушоми Ғулом (ва дигарон) мебошанд.

Таҷриба нишон додаст, ки мақомоти тафтишотӣ пешакӣ ҳар маводди сохта ва бофтаеро ҷамъоварӣ ва ба додгоҳ ирсол мекунанд. Дар умрат ҷинояте содир накарда бошӣ, (назди) ҳукумат аз қабл омода аст, додгоҳ танҳо фармон иҷро мекунад.

Фарҳод Худоёров, блогер, фаъоли иҷтимоӣ

Ҷомеа медонад, ки ҳеч додгоҳ дар Тоҷикистон адолатро барқарор накардааст, вале боз ба додгоҳҳо умед мебандем, макру ҳилаву дурӯғашонро таҳаммул мекунем, ҳарчанд медонем, ки дурӯғ мегӯянд, боз дил бо умедем, ки шояд нафари бегуноҳро озод ва парвандаашро сафед кунанд, вале ҳайҳот ҳеч нашуд, ки бегуноҳеро дар Тоҷикистон аз сари суд аз дастонаш завлонаро боз кунанду бигӯянд, ки озодӣ бирав, канори аҳли оилаат бош, зиндагии осуда бикун.

Адолати судӣ чист?

“Ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.” Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти адолати судӣ тартиби махсус пешниҳод менамояд. Дар моддаи 2 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст, ки адолати судиро судҳо ба амал мебароранд:

Ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, хоҷагӣ ва маъмурӣ судяҳо мустақил буда, танҳо ба қонун итоат мекунанд. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба зиммаи суд вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининакардаро гузоранд. Ҳамаи судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми ягона буда, фақат бо ваколат ва салоҳияти худ тафовут доранд. Қонунгузории амалкунанда муқаррар кардааст, ки суд адолати судиро таввасути баррасии парвандаҳои гражданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ дар ҷаласаҳои судӣ амалӣ мегардонад.

Суд дар ҳама ҳолат вазифадор аст, ки манфиатҳои қонунро ҷонибдорӣ намуда, онро аз ҳама гуна сӯиқасд ҳимоя кунад. Предмети ҷаласаҳои судӣ танҳо он парвандаҳое шуда метавонанд, ки ба истеҳсолоти суд ворид гардидаанд…

Ягона шакли ба амал баровардани адолати судӣ маҷлиси судӣ мебошад. Аз ин хотир, адолати судӣ дар маънои аслиаш аз ҷониби суд татбиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқӣ нисбат ба баҳсҳо ва масъалаҳои дигари ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои конститутсионӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, хоҷагӣ ва маъмурӣ дар мачлисҳои судӣ мебошад.

Моддаи 8 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМҶ) муқаррар намудааст, ки адолати судиро аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ фақат суд ба амал мебарорад.

Ҳеч касро бе ҳукми суд ва бар хилофи қонун дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор донистан ва инчунин ҷазои ҷиноятӣ додан мумкин нест.

Вале мутаассифона ҳазорҳо инсон дар Тоҷикистон бидуни ҷинояте дар паси панҷара ҳастанд ба монанди журналистони номбурда.

Яке аз ҳусусиятҳои адолати судӣ дар он мебошад, ки ҳукм, ҳалнома, таъйинотҳои суд аз номи давлат бароварда мешавад. Ва ин хоссият водор менамояд, ки ҳамаи шахсоне, ки ҳукм ва таъиноти суд ба онҳо равона карда шудааст, бечунучаро талаботи онро иҷро намоянд. Вале мо мебинем, ки бо парвандаҳои дурӯғин инсонҳои бегуноҳро бо фармони боло, ки ҳеч ҳаққи қонунӣ надорад, аз қонун по берун кунад, паси панҷара мебаранд ба монанди журналистон.

Санади суд қонунӣ ва асоснок бояд бошад. Дар ҳолати чавобгӯ набудани ҳукм, ҳалнома, таъйинот ба қонун вай бекор ё тағйир дода мешавад. Вале мутаасифона ин гунае, ки дар қонун омадааст, умуман аз ҷониби Ҳокимияти судӣ ё судҳо риоя ва ҳаллу фасл намешавад, пас чӣ лозим аст ин мурофиаҳои дурӯғин?

Мақсади адолати судӣ на танҳо додани ҷазо ва чораҳои маҷбуркунӣ, балки дар таъмин намудани таъсири тарбиявии он низ ифода меёбад. Вақте, ки журналист барои фаъалоиляти касбии хеш аз ҷониби мақомот бидуни гуноҳ бозодошт мешаваду дар додгоҳ бидуни риояи қонун паси дарҳои баста дар сизои Амният ё ва ВКД бидуни иштироки журналистон паси панҷара меравад, пас ин чӣ гуна адолати судӣ будааст?

Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бар он равона бояд месозанд, ки қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоиро ба роҳ монанду бегуноҳонро озод намоянд.

Бо умеди он, ки адолати суди барқарор гардад!

Озодӣ ба журналистони ҳақгӯйи Тоҷикистон!

#Ҳафтаи_дифоъ_аз_рӯзноманигорони_боздоштшуда

#Озодӣ_ба_рӯзноманигорони_боздоштшуда

#Озодӣ_ба_Далери_Имомалӣ

#Озодӣ_ба_Абдуллоҳ_Ғурбатӣ

#Озодӣ_ба_Абдусаттор_Пирмуҳаммадзода

#Озодӣ_ба_Завқибек_Саидаминӣ

#Freedom_for_jailed_journalists

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Блог на WordPress.com. Тема: Baskerville 2, автор: Anders Noren.

Вверх ↑

%d такие блоггеры, как: